20-уми марти соли 2020 синну соли устоди зиндаёд Нурулло Ҳувайдуллоев ба 80 мерасид. Ҳомии қонун Нурулло Ҳувайдуллоев дар лаҳзаи душвори барои миллату давлат тақдирсоз, санаи 24-уми августи соли 1992 аз тири нохалафон, душманони миллат қаҳрамонона ҳалок гардиданд, ки аз ин 28 сол сипарӣ мешавад.
Ин абармарди таърих на барои худ, балки барои пойдории ҳукумати қонунӣ, сохтори конститутсионӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва барои ҳимояи ҳуқуқи миллионҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷони ширини худро нисор карданд. Таърихро ҳеҷ кас дигар карда наметавонад. Ин қаҳрамонии бемислу монанди фарзанди сарсупурдаи миллат Нурулло Ҳувайдуллоев дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Зеро Нурулло Ҳувайдуллоев нағз медонистанд, ки мухолифин аз фалаҷ гардидани сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра дар маҳалҳо, аз поён то ба боло истифода бурда, ошкоро бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ масъалаи ғасби ҳокимияти давлатӣ ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ташкил намудани давлати ба ном “исломӣ”-ро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки он бархӯрдори манфиатҳои аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол намебошад. Аз тарафи гуруҳи мухолифин бо роҳи ғайриконститутсионӣ, яъне табаддулоти давлатӣ санаи 7-уми майи соли 1992 ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ, ки он баъдан ҳамчун ҳукумати “муросои миллӣ” ном гирифт, аз тарафи ба ном журналистони мардумӣ, ки аслан дар ғасби ҳокимияти давлатӣ даст доштанд, дар телевизиони Тоҷикистон ташкил намудани мусоҳибаи мустақим бо Нурулло Ҳувайдуллоев, 10-уми августи соли 1992 ғайриқонунӣ барканор намудани муҳофизони марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев, таҳдиди ошкорои ҳизбу ҳаракатҳои мухолифони ҳукумати онвақта, ба монанди Ҳизби наҳзати ислом, созмонҳои “Растохез”, “Лаъли Бадахшон”, “Наҷоти Ватан”, “Носири Хисрав” ва ғайра мебошад, ки марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев оиди аз тарафи мухолифин мақсади кӯшиши ҷисман нобуд карданашон ҳамчун Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти худ қайд карда буданд, ки он 2-юми июни соли 1992 дар рӯзномаи “ Садои мардум” нашр гардид.
Яъне вазъият ба он дараҷае расида буд, ки мухолифин қариб ҳама шароитро барои ғасби пурраи ҳокимияти давлатӣ ба миён оварданд, вале марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев новобаста аз таҳдиду хатарҳои ҷойдошта то охир истодгарӣ карданду таслим нашуданд. Баъди террори Нурулло Ҳувайдуллоев мардум аз мақсадҳои ғаразноки мухолифин пурра хабардор гардида, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва вилояти онвақтаи Кӯлоб гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор намуда, тарафдорони ҳокимияти онвақтаи қонунӣ ошкоро бар зидди гуруҳи мухолифин муборизаи худро сар карданд, ки яке аз ин гуруҳҳои фаъол “Фронти халқӣ” буд, ки баъдан ба ҳамаи ин бесарусомониҳо сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 бо таъсис додани ҳукумати қонунӣ ва таҷдиди сохторҳои давлатӣ хотима бахшид, ки ин марҳила бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 пурра роҳу равиши давлати тозаистиқлоли моро муайян намуд. Дар он дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Устоди азизи мо бо ин қаҳрамонӣ ва ватандӯстии худ содиқ будан ба қонун, риояи меъёрҳои Конститутсия, ҳимояи марзу буми онро аз душманону мухолифони миллату давлат ва агар зарур шавад, бо ҷони худ ҳимоя намуданро барои ҳомиёни Ватани азиз нишон доданд.
Қаҳрамонии содир намудаи устод Нурулло Ҳувайдуллоев ба мисли қаҳрамононии қаҳрамонони халқи тоҷик Спитамену Деваштич, Муқаннаъу Темурмалику Восеъ буда, дар дили мардум чун қаҳрамон асрҳои аср боқӣ хоҳад монд. Мо бояд насли наврасро дар симои чунин қаҳрамононе, ки ҷони ширини худро баҳри ҳифзу ҳимояи давлати қонунию конститутсионӣ нисор карданд, тарбия намоем ва мо шогирдону ҳамватанони ин қаҳрамони миллат ҳеҷ гоҳ қаҳрамонии ӯро фармомӯш нахоҳем кард ва Ватани азизро ба душман нахоҳем дод.
Шоири ватансаро Шодибек Дадоматов дар як шеъраш, ки чанд мисраашро меорам, бисёр ҷолиб мегӯяд:
Маро иқболу ғайрат ҳар дам аз меҳри Ватан бошад,
Ҳама шеъри шарарборам зи сӯзи ҷону тан бошад.
Бароям беҳтарин мулки ҷаҳон танҳо Ватан бошад,
Парастам ин Ватанро то даме ҷон дар бадан бошад.
(Шодибек Дадоматов, “Обшори сабз”.- Хуҷанд: Хуросон, 2019)
Мехоҳам мисраи охирини аҳду вафои шоирро ба хонандаи азиз бирасонам, ки шоир ин мисраро на танҳо барои худаш гуфта, балки аз ҳаммеҳанонаш даъват дорад, ки Ватанро бояд то даме ҷон дар бадан ҳаст, дӯст доранд. Воқеан, гуфтаи шоир дуруст аст ва ҳамватани ватандӯсту ҷоннисори мо марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев ин гуна қаҳрамонии бемислу монандро ба гарави ҷонашон содир намуданд. Ба мисли дигарон таслим нашуданд, давлату ватани азизашонро ба душманони миллат насупориданд, зеро медонистанд, ки агар он кас бо фишороварии мухолифони давлату миллат вазифаи худро супоранд ва ё ба истеъфо раванд, он вақт ғасби давлати Тоҷикистони ба тозагӣ истиқлолияти давлатиро бадастоварда аз тарафи душманон амалӣ гардида, ҳуқуқи миллионҳо нафар мардуми оддӣ поймол мешавад ва нагузоштанд, ки мақсади зишти мухолифин бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон амалӣ гардад. Он вақт ягон қуввае набуд, ки пеши роҳи ин бедодгарирро гирад ва мухолифони ҳукумати қонунӣ барои бо роҳи ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳукумати вақт талош меварзиданд. Нурулло Ҳувайдуллоев он замон оид ба ин масъала қарори худро қабул намуда буданд ва мусоҳибаи марҳум бо хабарнигорони рӯзномаи “Бизнес и политика” (№33 (56),18-21-уми августи соли 1993) баъди як соли ваҳшиёна ба қатл расиданашон таҳти сарлавҳаи “Я чист перед своим народом” чоп гардида буд. Аз нияти нопоки мухолифин ҷиҳати ҷисман аз ҳаёт маҳрум намуданашонро қайд намуда, зикр карданд, ки мақомоти прокуратура дар ҳама ҳолат он вазифаҳоеро, ки дар наздаш гузошта шудаанд, иҷро хоҳад кард. Таърих чунин воқеаи нангину хунинро бо ин даҳшаташ оид ба ҷисман нобуд кардани ҳомии қонун, яъне Прокурори генералии як давлати соҳибистиқлол ёд надорад. Қаҳрамонии Нурулло Ҳувайдуллоев дар ин ҳолат дар он зоҳир гардид, ки номбурда аз душманони давлати ба тозагӣ ба ҷаҳониён эъломияи Истиқлолияти худро маълумнамуда натарсида, наҳаросидаву ҷони худро барои пойдории ояндаи давлати соҳибистиқлол нисор карданд. Ҳол он ки, дар эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як инсон ва барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд пешбинӣ гардида буд. Ёдашон ба хайр бод!
Дар он вақт ягона мақсади мухолифони давлати қонунӣ, ки даъвои демократия мекарданд, ин ҳарчи тезтар ба сари қудрат омадан буд. Банда низ он вақт, ки бисёр вазъият тезутунд буд ва дар вазифаи Мушовири калони шуъбаи ҳуқуқии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа менамудам, борҳо дар радио ва телевизион баромад намуда, дар баромадҳоям қайд намуда будам, ки бояд ҳама гуна демократия, ҳама гуна амал танҳо дар чорчӯбаи қонун сурат гирад. Вақте ин амалҳо сарҳади қонунро убур мекунанд, ғайриқонунӣ ва ғайриконститутсионӣ мебошад ва бояд шахсони гунаҳгор дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
Марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев дар яке аз баромадҳои худ дар радио гуфтаҳои маро дастгирӣ намуда, қотеъона амалҳои мухолифони давлатро маҳкум ва таъкид карда буданд, ки ҳамагуна демократия бояд танҳо дар доираи қонун сурат гирад, зеро дар ҳолати дигар хилофи қонун мебошад.
Худ шоҳиди бевоситаи дар сессияи дувуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, санаи 24-уми августи соли 1990 қабул гардидани эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991, №392 “Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардида будам. Он вақт ман 36 сол доштам ва дар вазифаи Мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Комитети марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон кору фаъолият мекардам ва хушбахт аз онам, ки имрӯз ҳам ҳамқадами итиқлолият мебошам. Он шабу рӯз ба ҷаҳониён, ба тамоми мардуми сайёра, ба воситаҳои ахбори омма оиди дар курраи замин, дар қитъаи Осиё арзи вуҷуд кардани боз як давлати соҳибистиқлол бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Дар эъломия дарҷ карда шуда буд, ки бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини РСС Тоҷикистон, ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон иродаи халқи РСС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард (Эъломия 24-уми августи соли 1990 дар сессияи дуюми Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати дувозадҳум қабул шудааст).
Инчунин, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва якпорчагии сарзамини Тоҷикистон, таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шуда, Кумитаҳои Шӯрои Олӣ ва Девони Вазирон вазифадор гардида буданд, ки таҳияи лоиҳаи қонунҳоро, ки ба иҷрои ҳуқуқии истиқлолияти ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, таъмин намоянд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ созанд ва рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 “Иди миллӣ” ва рӯзи ид эълон карда шуд. (Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 9-уми сентябри соли 1991, таҳти №392).
Лекин он рӯзҳо дар бораи нигоҳ доштан, чӣ тавр ҳифз кардани истиқлолияти давлатӣ кам сухан мерафт, ки дар ҳақиқат кори осон набудани онро 29 соли таърихи навин ва пурталотуми давлатдории тоҷикон нишон дод. Ин таърих бо талошҳо барои насли оянда ҳамчун як сабақи таърихӣ дар роҳи пиёда ва ҳифз намудани истиқлолияти давлатӣ хоҳад гардид.
Вале, чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, барои амалӣ ва ҳифз намудани истиқлолияти давлатӣ монеа ва хатарҳои зиёде ба миён омаданд, ки хушбахтона ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба мардуми меҳнатқарин ва баору нанги миллат сари вақт баратараф карда шуд ва рӯзҳои сиёҳи мардум, яъсу ноумедӣ аз ояндаи давлат поён ёфтанд ва рӯзҳои нек насибамон гашта, соҳиби як давлати дунявӣ ва ягона гардидем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона имрӯз низ мухолифони ҳукумати қонунии конститутсионӣ мехоҳанд якҷоя бо хоҷагони хориҷиашон сулҳу салоҳи пойдоргардидаро халалдор созанд, вале онҳо бояд донанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ин мақсади ғаразнокашон нахоҳанд расид.
Вазифаи мо қаҳрамонии устодро поку беолоиш нигоҳ доштан, номи он касро зинда кардан ва зинда нигоҳ доштан мебошад ва ҳарчи бо рафтору кирдори худ содиқона ва софдилона ба Ватан хизмат намуда, арзишҳои Истиқлолияти давлатиро ҳифз намуда, руҳу арвоҳи устодро шод мегардонем.
Мутаассифона, гарчанде аз даргузашти устод қариб 28 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз дар бораи ин абармарди таърих ҳамагӣ як китобе бо номи “Қаҳрамонии прокурори генералӣ” аз тарафи устод Н. Азимов (мураттиб ва масъули чоп, И. Усмонов — муҳаррири масъул ва мушовир ва М. Хайруллоев — мушовир) дар нашриёти “Ирфон” соли 2010 ба чоп расидааст, ки он ба 70-солагии устод бахшида шудааст. Аҳсан ба Н. Азимов, ки бо меҳнату заҳмати зиёди шабонарӯзӣ ин китобро омодаи чоп намуданд. Умедвор ҳастем, ки бо кӯмаку дастгирӣ ва маводҳои пешбининамудаи дӯстдорону ҳаводорони устоди зиндаёд як китобе дар бораи зиндагиномаи Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамкасбон, шогирдон, ҳамдиёрон ва дӯстдорони аввалин Прокурори генералии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии устод ба чоп мерасад.
Ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол мехоҳам, ки дар Ватани азизи ман сулҳу ваҳдат пойдор бошад, аз хурд то калон ҳама Ватани азизро дӯст доранд, барои ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошанд, софдилона барои ин Ватан хизмат кунанд ва агар лозим шавад, барои пойдории Ҳукумати қонунӣ ва пиёда намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва ҳифзи марзу буми он ҷони ширини худро дареғ надорем ва ҳеҷ гоҳ ба монанди устоди азизам Нурулло Ҳувайдуллоев ягон хасу хори Ватанро ба душман надиҳем.
Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, «ҳифзи осмони мусаффо, ҳаёти осудаҳолона ва амнияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст».
Ман бояд дар ин мақолаи худ дар бораи ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаи устод, зиндагиномаи ин шахси бузург, ҳамчун як фарди соҳибкасб, ҳуқуқшиноси варзида, хизматҳои шоёнашон дар назди Ватани азиз, муносибату рафторашон бо мардуми оддию меҳнатқарин, гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо мардум, қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар фаъолияташон ҳамчун як сиёсатмадори воқеӣ менавиштам. Вале ман дар ин мақолаам танҳо як паҳлуи ҳаёти ин қаҳрамони миллат, яъне Ватандӯстии ин абармарди ҷонфидоро тасвир намудам. Кӯшиш кардам, ки ба хонандаи азизу хушбин, махсусан ба ҷавонони имрӯза аз он рӯзи сиёҳе, ки мухолифони давлати қонунии онвақта ба сари мардуми оддӣ оварда, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ ва боиси марги зиёда аз 100 000 нафар сокинони ҷумҳурӣ гардиданд ва имрӯз ҳам мехоҳанд бо ҳар баҳона ба сари мардуми мо он рӯзи сиёҳро таҳмил намоянд, нақл кунам. Аз ин лиҳоз, мо бояд баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ тамоми чораҳоро андешем ва нагузорем, ки онро ягон нохалафе халалдор созад.
Мехоҳам, ки доимо осмони Ватанам софу беғубор бошад, дигарбора душманони давлату миллат вазъи иҷтимоиву сиёсии ватани азизамонро халалдор насозанд, доимо волоияти қонун пойдор ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон таҳти ҳимояи қонун ва давлати конститутсионӣ қарор дошта бошад.
Нурмуҳаммад МАЪРУФЗОДА,
полковники адлия, собиқадори мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон