Ҳар коре, ки дар зиндагии мо ба вуқуъ мепайвандад ҳақиқати зоҳирии рӯзгори мост. Ҳақиқати ботинии зиндагӣ ва воқеъаҳои таърихиро на ҳар кас дидаю санҷида хулосаи таҳқиқӣ мебарорад. Ҳамаи воқеъаҳои таърихӣ ва афсонаю ривоятҳое дар рӯзгори ҳамаи миллату халқият ва давлату мамлакатҳои ҷаҳон навишта шудаанд ва ё ба таври шифоҳӣ аз насл ба наслу аз асрҳо ба асрҳо мегузаранд, маҳсули тарзи зиндагӣ ва натиҷаи андеша, ният, армон ва сиёсати ҳокимони давр будааст.

Мардумони одӣ дар ҳар давру замон барои халқу ватани худ хизматҳои шоиставу беғаразона анҷом дода, ҳеҷ гоҳ барои шуҳрату унвон ва мукофоту туҳфае накӯшидаанд. Рӯзгори атиқа ва муосири наслҳои одамӣ собит намудааст, ки зиндагӣ дар курраи Замин саҳнаеро мемонад, ки на ҳар бинандаи он ба умқи маънии намоишномаҳои он саофаҳм меравад. Далелҳои мантиқии рӯзгор, ибораҳои хайру шар, рӯзу шаб, гармию сардӣ, сиёҳу сафед, пасту баланд, адолату разолат, шоҳу гадо, садоқату хиёнат ва таззодҳои дигар тасодуфан пайдо нашуда, ҳар кадоме таърих ва сабаби арзи вуҷуд доштани худро доранд. Дар ниҳоди ҳар калимаи таззодӣ тобишу тафсири зиёде ҷой дошта, мазмуну мантиқи ҳар калимаю ибора шарҳу тавзеҳи оқилонаю одилонаи ҳар хонандаю шунавандаро тақозо менамояд. Оҳанги мусиқии ҳар намоиши саҳна ғаразу мизоҷи худро дошта, чашми на ҳар гӯши шунаванда гармию сардӣ, торикию рӯшноӣ, шодию ғам, дуру наздик ва саодату нокомиҳои паси пардагиву рӯи саҳнаро дидаю шунида метавонад.

Хулоса, ғаразҳои манфиатпарвар дар пероҳани ороишёфтаю дилрабо ва ҷаззобу тамошобоб пайконеро мемонад, ки ба сӯи кадом ҳадаф равона буданашро фақат коргардону ба саҳнагузоранда медонаду на ҳамаи тамошобинону ҳунармандон. Саҳнаҳо на як бору ду бор, балки чандин маротибаю солҳои зиёд идома меёбанд. Номашон, сенариянависашон, коргардону ҳунармандон, пардозгарону ороишгарони саҳна низ иваз мешаванд ва дар раванди ин ҳама тадбиру кӯшишҳо гоҳо қудрати адолату нерӯи ҳақиқат поймол гардидаю фурсате аз назарҳо ғайб мезананд. Нопадид мешаванд на бе бозгашту абади, балки мувақатан ва тасодуфан. Нерӯи тавонманди адолату ҳақиқат, ки сарчашмаи хушкнашавандаи маншааш аз таркиби ҳаёти маънавии мардум аст, бо дидиаи дурбину ҳақиқатҷӯёнааш дар назорати ҳамешагии нозирона буд ва ҳаст. Ва ҳамин нерӯи тавонои адолату ҳақиқат аст, ки аз рӯзҳои аввали бунёди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рағми ҳама гуна қувваҳои аҳримании дар олам тавлидёбанда дар набард аст. Ҳамин муқовимати адолату ҳақиқат аст, ки алангаи оташи рашку ҳасад, кинаю адоват ва сарвату шуҳратҳоро дар саросари олам аз моҷароҳои оилави сар карда, то ҷангҳои хурду бузурги байни давлатҳоро ба сулҳу субот мерасонад. Роҳгумзадагони ҷӯёи саодати умумибашариро бо умеди дарёфти нуру зиёи бомдодӣ, дар пайроҳаи самти шоҳроҳи умеду орзуҳои наҷиб ҳидоят менамояд. Қалбҳои зери бори ясъу ноумедӣ, тарсу ҳарос ва нифоқу фитна мондаро гармии меҳру муҳаббат ва садоқату шафқат мебахшад. Ҷисму ҷон ва рӯҳи хастаю ранҷур гаштаи дилдодагону пазмони худро аз нав эҳё гардонида, умеду армонашонро ба ояндаи нек мустаҳкам мегардонад.

Барои он ки умр бо баракат бошаду рӯзгорамон бо фазилат, таҷрибаҳои аз гузаштаи дур то имрӯз андӯхтаамон оинаест барои қадами оқилона гузоштанамон дар роҳи имрӯз ва фардои ояндадор. Ва роҳҳо ҳар гунаанду масофаю саранҷомашон низ на яксон. Касе аз оғози умр манзараю масофа ва охиру оқибати роҳи оғоз кардаашро намедонад. Дар як нигоҳ ва ибораи дигар мувофиқ аст бигӯем, ки умри одамӣ чи 80 солу чи 180 сол хоби кӯтоҳест, ки дигарон низ рафти оғозу анҷоми хоби дидаи ҳамзамононашонро мебинанд, шоҳид мешаванд ва мулоҳизакорона хулоса мебароранд.

Тафовут байни хоби рӯзона ва ё шабона дидаи ҳар инсони курраи Замин дар он аст, ки ба ҷуз худи ӯ дигар касе ҷараёни оғозу анҷом, мавсиму табиати лаҳзаҳои рухдода, хусусияту оқибат ва таъбиру тадбири он хобро дида наметавонад. Ҳар мушкили ва хушҳолие, ки ӯ дар хобаш мебинад фақат худаш шоҳиду мушоҳидакор асту дигарон танҳо аз нақл ва усули баёни хоббинанда хабардор мешаванд. Дар хоби кӯтоҳмуддати дидаи худ кас метавонад чанд муддате шоҳ бошад ва ё вазиру мансабдори олирутба бошад. Ҳар лаҳзаи умраш бо айшу ишрат гузарад. Ҳамаи дархосту орзуҳояш пайваста амали гардад. Ҳама ӯро эҳтиром гузоранд, ҳеҷ гоҳ хорию зорӣ ва лаҳзаю рӯзҳои тоқатфарсоро набинад. Дар ҳалқаи ёру дӯстон ҳамеша шодкому соҳибэҳтиром ва соҳибдавлату шӯҳратманд бошад. Шириниҳои зиндагӣ валаҳзаю фурсатҳои гуворо ҳамқадаму ҳамнафасаш бошанд. Ҳеҷ гоҳ ба фалокату нохушиҳо рӯба рӯ нагардаду ғаму ғусса ва фироқу нобарориҳоро набинад. Ҳар лаҳзаи зиндагӣ барояш бофазилату бобарор ва шавқовару шодифизост. Ва чун аз хоб бедор мешавад, ба ҷуз ҳақиқати воқеӣ ва рӯзгори муқарарӣ чизи дигареро намебинад. Хоҳу нохоҳ ҳисёти ногаҳони ва андешаҳои ғайримуқарарӣ ӯро фаро мегирад. Мехоҳад, ки зиндагии воқеъияш ба хоби дидааш ба воқеият табдил ёбад. Вале чӣ илоҷ, хоб хоб асту зиндагӣ зиндагӣ. Зиндагӣ воқеияти муқарарӣ буда, бо қонунҳои амалкунандааш дар ихтиёри амру хоҳишҳои мо нест. Мисоли он ки ҳеҷ кас бо хоҳиши худ фаслу солу моҳу рӯзи таваллуди худро интихоб накарда, ба ин дунё омадааст. Ҳеҷ кас қаблан намедонад, ки кай дар куҷо ва чи гуна таваллуд мешавад. Ҳеҷ кас аз оғоз то охири умр намедонад, ки кай чи гуна ва дар куҷо олами ҳастиро падруд мегӯяд. Ҳеҷ кас намедонад ва наметавонад дараҷаи сифат, маснаду манзалат ва мартабаи одамгарии худро дар назди Офаридгори тавоно чи гуна анҷом медиҳад ва кадом мақому баҳоро сазовор мешавад.

Хулоса ва натиҷаи идомаю анҷоми роҳи пурмуаммои умри ҳар яки моро саҳифаҳои таърих бозгӯ ва баҳогузори хоҳад намуд. Яке хоксору меҳнаткарин шинохта мешаваду дигаре маккору риёкор. Яке арҷгузори неъматҳои замона зист мекунаду дигаре ношукру бадгумон. Ҳар инсони соҳибфазлу боирода озоду мухтор саодатманду соҳибиқбол будани халқу ватани худро дӯст дорад ҳам, вале лаҳзаю соат, фаслу моҳ ва солу қарни соҳибистиқлол гардидани ватанашро дақиқ пешгӯӣ наметавонад кард.

Замоне, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати давлати собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) буд, рӯҳияи худшиносию ҷаҳонбинӣ ватандорию меҳанпарастӣ ва озодихоҳиву талошҳои миллии мардуми мо дар сатҳу сифати дигар буд. Хурду бузург, марду зан аз мактаббачаҳои синфҳои аввал сар карда, то мансабу вазифадорони олирутба СССР- ро ҳамчун ватан -модар мешинохтему дар роҳи иҷрои вазифаву уҳдадориҳоямон амал мекардем.

Салоҳиддин низ чун дигар ҷавонони қавииродаю хоксор ва меҳнатдӯсту хушмуомила дар оғуши куҳистони зебоманзари Варзоб ба воя расида, дар мактаб, оила, ҷойҳои ҷамъиятӣ, тӯю маъракаҳо ва ҳашару корҳои ободони фаъолона иштирок мекард. Ҳангоми кор ва иҷрои вазифаҳои шахсию дастаҷамъӣ низ бо фаъолият ва рафтори намунавияш ҳаҷми корҳои ба зиммааш гузоштаи мутасадиёну масъулиятшиносонро бо сифати баланду харҷи ками вақт иҷро менамуд. Ҳамсабақону ҳамдиёрон, дӯсту ҳамкорон ва волидайну хешу таборонаш аз он бештар дӯст медоштанду эҳтиром менамуданд, ки ҳама гуна супоришу корро бо чеҳраи кушодаю хандон, табассуму лабханд ва рӯҳи болидаю ҳазлгӯён иҷро тменамуд. Аз ин лиҳоз, ҳама бештар мехостанд, ки бо вай ҳамкору ҳамсӯҳбат бошанд.

Ҳануз айёми кӯдакияш дар роҳи берун аз деҳа савори хар барои иҷроиши коре мерафт.Масофаи тақрибан 3-4 км пайроҳаҳои соҳили дарёчаи Шинг-ро паси сар карда, дар роҳ бо мӯйсафеди ҳамдеҳаашон Муҳаммадқодир Орифзода вохӯрд, ки хеле оҳистаю ба фурҷа ба сӯи деҳа меомад. Баъди салому алейк аз мӯйсафед пурсид, ки ба куҷо равон аст. Мӯйсафед дар ҷавоб гуфт:

— Кӯдаки ҳамсоя фавтидааст, ба ҷанозааш меравам.

Салоҳиддини хурдакак дар идомаи саволу ҷавобаш гуфт.

— Агар бо ҳамин суръат рафтан гиред, Худо хоҳад маъракаи фотеҳаи рӯзи ҳафташро дарёб мекунед.

Ҷалолобод- яке аз вилоятҳои давлати ҳоло исломии Афғонистон. Дар қатори дигар вилояту минтақаҳо яке аз нуқтаҳои доғи ҷанги таҳмили дар ин мамлакат буд. Бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаи Афғонистон дар охири соли 1979 қисмате аз қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ барои мубориза ба муқобили муҷоҳидин ба хоки ин давлат ворид гардида буданд. Вобаста ба ҳамин дар байни ҷанговарони Шӯравӣ чунин зарбулмасал низ машҳур гардида буд.»Если хочеш пулю в зад, поезжай в Джалалабад».

Роҳи қисмат Салоҳиддини хушмуомилаю меҳнатдӯстро аз фазои ободу осудаи Тоҷикистони Шӯравӣ ба майдони ҷанге , ки соли шашумаш идома дошт, баҳори соли 1985 овард. Муддати 2 сол ё худ ба ибораи дигар беш аз 700 шабонарӯз дар кӯҳу пушта, дашту водӣ ва зоваю доманакӯҳҳои ин сарзамини пурасрору таърихӣ дар ҳолати ҷангӣ супоришҳои пайдарпайи фармондеҳони олирутбаи Шӯравиро ҷасуронаю сарбаландона иҷро намудан кори осону саҳл набуд. Дар гармиҳои тоқатфарсои тобистону сардиҳои зимистон, барфу боронҳои баҳорию тундбодҳои тирамоҳӣ гоҳҳо зери фишори гуруснагию ташнагиҳои чандиншабонарӯзи паси сар кардани рӯзу ҳафтаҳои умри ширину бебозгашти қисмат танҳо бо сухан рондан осону ноаён аст. Ҳар рӯзе, ки саҳаргоҳон аз ҷойи хоб бархостаю рахти сафари навбатиро мекашиданд, чанде аз ҳамяроқону ҳамсафонашон бо кати хоб ва болину бистарашон хайрбод мегуфтанд. Чун лаҳзаҳои разми нобарору асирафтоданҳо ва ё ҳангоми муҳорибаҳои тӯлонӣ ба охир расидани захираи тиру воситаҳои дигари ҳимоявию размандагӣ ба ёдашон мерасид, на танҳо бо рахти хобу дару девори қароргоҳ, балки ба ҳар дарахту бутта ва гулу себаргаҳои ҳавлии қисми ҳарбӣ хайру хуш менамуданд. Ва тасавур кунем, ки оё дар чунин лаҳзаю мавридҳо падару модар, хоҳару бародар, ёру рафиқон, кӯчаю ҳавлӣ ва хонаю дари зодгоҳашон ба ёд намеомад? Лаҳзаҳои ширину гуворо ва бетакрору хотирмони айёми мактабхонию ҷавонӣ, ишқварзиҳои аввалину мулоқотҳои гоҳҳо ошкору гоҳҳо пинҳони дар гузашта монда ба ёдашон намеомад? Лаҳзаҳои панду насиҳат ва навозишҳои бемислу ширини волидайн, ҳазлу шӯхӣ, шабнишинию хурсандиҳои идона, меҳмонию ҳашарҳо, сайру саёҳати кӯҳсорон, гулчинию торонканӣ, гӯсфандбонию подаронӣ, боғкорию дарахтшинонӣ ва садҳо номгӯи шуғлу лаҳзаҳои то даврони хизмати ҳарбияшонро ёд намекарданд?

Оре, ёд мекарданд. Ҳар рӯзу ҳар шаб чанд маротиба. Дилкашу ширин ва ҷолибу беҳамтост ҳар лаҳзае, ки аз умри одамӣ бо хушнудию хотири болида сипари мегардад. Мисли он ки дар ҳолати гуруснагиву ташнагӣ ҳар хӯроки момаззаю хуштамъро, ки хӯрда бошӣ, ёд мекунӣ ва орзу мекунӣ, ки бори дигар истеъмоли он хӯроку нӯшокии писандида насиб гардад. Вале чи илоҷ, қонунҳои навиштаю нонавиштаи ба чашми мо ноаёни саҳифаҳои пурасрори ҷодаи қисмат ҳукм ва хостаи худро новобаста ба дархосту армонҳои ҳаррӯзаи мо амалӣ мегардонанд. Амри ватан ва номуси ватандорӣ болотар аз ҳама буда, ҳар супоришу фармоиши он ногузир ва аввалиндараҷа амалӣ мегардад. Ва ҳамин амри ватан бо амри виҷдони Салоҳиддин, фарзанди дилбанди кӯҳистони Тоҷикистон ҳаммаром гардида буд. Гоҳе вазифаи тарҷумониро иҷро мекарду гоҳи дигар супоришҳои фаврии ҷангиро дар сангарҳо.

Амалиёти ҷангии рӯзи 26-уми декабри соли 1986 дар наздикии деҳаи Ландихоли Нангарҳор бо муваффақият анҷом додаашон аз ҳама душвортар ё хотирмонтар набуд. Зимни бомувафақият анҷом додани супориши ҷангӣ чанд тан муҷоҳидони боқимонда рӯ ба гурез оварданд. Ҳангоми тақиби онҳо ба дарачае расиданд, ки он ҷо яке аз махфигоҳҳои хурди душманон ошкор гардид. Дар он ҷо дар қатори дигар лавозимоту аслиҳа: генератор, дастгоҳи истихборотӣ, сандуқҳои тиру аслиҳа ва ду адад яроқи ба труба монанди истеҳсоли америкоӣ дастрас гардид. Дар ин бора ба ситоди қисми ҳарбӣ хабар доданд. Дарҳол чархболҳо ба имдодашон расиданду ҳамаи он маводҳои дастрасшударо бо рӯйхати аниқу дақиқ ба штаб фиристоданд. То замони ба имдодашон расидани чархбол командири рота Андрей Черемискин, ки бо худ ҳамеша дастгоҳи аккоси дошт, яроқи «Стингер»-и америкоиро ба китфаш гузошта, аз рафиқонаш хоҳиш намуд, ки ӯро аксбардорӣ намоянд. (Дар бойгонии шахсии Черемискин ин аксҳо то ҳануз маҳфузанд). Баъд бо ҳусни хати шахсии худаш дар рӯи яроқ ва қутии онҳо тавре, ки дар тамғанамои яроқ навишта шуда буд: «Маде ин Американ» навишта кард. Баъди интиқоли яроқу аслиҳа ва дигар лавозимотҳо худ бо ҳамроҳии зердастонаш Рюмсев Балдакин ва Раҷабов Салоҳиддин аз пайи иҷроиши супориши навбати рафтанд. Ҳамон рӯз бегоҳи ҳангоми фарорасии торикиҳои баъди намози шом вақти дар атрофи гулхани оташ гарм шуда нишастанашон дастгоҳи хабаррасони садо баровард. Аз ситоди қисми ҳарбӣ маълумоти оҷилӣ дар бораи ҳайати шахсии дарёфткардагони махфигоҳу дастраскардагони «Стингер»маълумоти дақиқ пурсиданд. Ному насаб, вазифа ва дигар маълумотҳои пурраро дар бораи иштирокчиён ва иҷрокунандагони амалиёт ба штаб фиристода шуд. Онҳо гуруҳи 3 нафараи ротаи разведкачиён Игор Рюмтсев летенанти калон ва сержантҳо Игор Балдакин ва Раҷабов Салоҳиддин буданд.

Баъди сипари гардидани 2 шабонарӯз дар қароргоҳи қисми ҳарбӣ командири бригада Жариков ҳамаи ҳайати шахсии қисми харбиро дар бинои клуб ҳозир намуда, эълон кард, ки мувофиқи телеграммаи Вазорати мудофиаи СССР рафиқон Андрей Черемискин, Рюмтсев Игор, Балдакин Игор ва Раҷабов Салоҳиддин ба мукофоти олии ватан ва унвони Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳамяроқону ҳамсафонашон онҳоро бо хушнудию чапакзаниҳои бардавом самимона табрик намуда, қаҳрамонони шарафманд ва сазовори Иттиҳоди Шӯравӣ номиданд.

Аз байн зиёда аз 30 сол гузашт. 25 -уми майи соли 2017 ҳафтаномаи «Звезда»№20 (139) чопи Маскав дар саҳифаҳои 4-5 таҳти унвони Оператсия «Стингер» мақолаи рӯзноманигор Владимир Демченкоро чоп карда буд, ки мувофиқи нақли шоҳидон Рюмтсев Игор (полковники мустафӣ), Балдакин Игор Василевич ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз бойгонии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия (Бойгонии собикВазорати мудофиаи СССР) яроқи америкоии «Сингер»-ро аввалин шуда, 11 рӯз пеш аз гуруҳи летенанти калон Владимир Ковтун (рӯзи 05.01.1987 аз Қандаҳор) гуруҳи сенафараи ротаи разведкачиёни бригадаи 66 -и десантчиёни минтақаи Нангарҳор Рюмтсев, Балдакин ва Раҷабов Салоҳиддин рӯзи 26-уми декабри соли 1986 дастрас намуда, ба ситоди маркази интиқол дода буданд. Тавре, ки аз саҳифаҳои таърих маълум гардид барои ин корнамои ба летенанти калон Владимир Ковтун ҳамон шабу рӯз унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо гузашти беш аз 30 сол 15.02.2019 ба муносибати 30 солагии аз Афғонистон хориҷ шудани артиши Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Русия дода шуд. Тавре, ки ҷараёни ҳодисаю воқеъа ва маъракаю маросимҳои раванди таърих собит месозанд, баъзан ҳақиқати аслии воқеъаҳо иштибоҳан ва тасодуфан зери пардаҳои мувақати ниҳон гардида, бо вазиши боди фораму рӯҳнавози ҳақиқату адолат падидор гардида, хиҷолату хастаги ва маъюсиву ноумедиҳоро аз саҳни зиндагӣ ва саҳифаҳои таърих бардошта месозанд. Таҳқиқи ҳуҷҷатҳои бойгони собит месозанд, ки соли 2012 бо гузашти беш аз 25 соли воқеъа ва 4 соли баъди вафоташ ба афсари ГРУ Евгений Сергеев, ки дар итоати гуруҳи Ковтун буд, унвони Қаҳрамони Русия дода шуд, ки он ҳам на барои «Стингер», балки барои маҷмуи корнамоиҳо ё худ корнамоиҳои дастаҷамъона (за совокупности заслуг) дода шудааст. Дар ҳуҷҷати дигари ин бойгони чунин омадааст.

«В наградном листе к Указу Президиума Верховного Совета СССР от 23 июля 1987 года, по которому Балдакин Игор Василевич награждён медалъю » За отвагу» записано:

«26 декабря 1986 года при прведении реализатсии разведивателъних данних в провинтсии Нангархор действовал в составе группи ведушей разведивателъно-поисковие действия. Группа переодолев сопротивление мятежников, захватит их позитсии обнаружила склад с вооружением, в том числе две пусковие установки ПЗРК «Стингер».

Ё худ дар нусхаи ҳуҷҷати дигар чунин омадааст:

26 декабря 1986 г.Проводиласъ реализатсия разведданних силами 66 ОМСБР в районе н.п. Ландихейл…

Резултати: Захвачено… Установка «Стингер»-2…».

Тавре ки ҳуҷатҳои бойгони ва нақли шоҳидон- иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ, А. Черемискин, Игор Балдакин, Игор Рюмтсев аз Федератсияи Русия ва Раҷабов Салоҳиддин Каримович аз Тоҷикистон собит месозанд, яроқи америкоии «Стингер»- ро аввалин шуда, на гуруҳи Ковтун Владимир (рӯзи 05.01.1987), балки гуруҳи летенанти калон Рюмтсев, Балдакин ва Раҷабов С.К. рӯзи 26.12.1986 дастрас намудаанду бо сабабҳои номаълум то ба имрӯз мукофот ва унвони ваъдашудаи «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ба ягон нафари онҳо дода нашудааст.

Вобаста ба ҳамин банда вокунише ба мақолаи «Оператсия «Стингер»-и ҳафтаномаи «Звезда» чопи Маскав аз 25.05.2017, дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» №49 (1133) аз 06 12.2017 зери унвони «Қаҳрамони фаромушшуда» навишта будам. Бо умеди он ки ба ин мақола ҳамватанони азизи мо, махсусан зиёиён, шахсиятҳои сиёсатшиносу ботаҷриба, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, Вазорати мудофиа ва дигар мақомотҳои дахлдор ҳамовози намуда, дар кори муаян намудани ҳақиқати ҳол ва барқарор намудани адолати таърихӣ ёрӣ мерасонанд. Вале афсус, ба ҷуз 1 нафар: раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Варзоб Шамсиддин Маҳкамов касе ва ташкилоту муассисае таваҷҷуҳ зоҳир накарданд.

Оиди муаян намудани ҳақиқат ва барқарор намудани адолати таърихӣ банда ба Президенти Федератсияи Русия Путин Владимир Владимирович нома навиштам то ки дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо Думаи давлатӣ, Вазорати мудофиа ва дигар ташкилоту мақомотҳои дахлдори ин мамлакат ҳамин масъаларо ҳаллу фасл намоянд. Аз ирсоли ин нома беш аз 3 моҳ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз ҷавоби манфӣ ё мусбат барнагаштааст. Баъди ин интизориҳои тоқатфарсо мубориза ва талошу кӯшишҳои банда то замони муаян намудану навиштани саҳифаҳои нави адолату ҳақиқати таърихӣ дар китоби муқаддаси «Зиндагӣ» идома хоҳад ёфт, зеро ҷомеаи инсонӣ аз дигар мавҷудоти зиндаи курраи Замин бо он фарқ мекунад, ки инсон ҳангоми ба сари ёру дӯст, рафиқу ҳамзамононаш, ҳамватану ҳамдилонаш ва умуман ба ҳамаи башарияти хайрхоҳи олам омадани фалокату мусибат ҳамдарди баён менамояду ҳангоми комёбиву дастовард ва муваффақияту шодмониҳояш табрику таҳният баён менамояд, вагарна чи тафовуте миёни ҷомеаи инсонӣ ва ғайринсонӣ мемонад?

Ва ниҳоят мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ Фонди ёрӣ ба собиқадорони варзиш ва мақомотҳои қудратии Русия «Возраждение» тасмим гирифта буд, ки рӯзи 13-уми апрел соли 2019 дар шаҳри Санкт -петербург чорабинии тантанавие бахшида ба 30 солагии аз Афғонистон хориҷ шудани қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба хотири аввалин дарёфткунандагони «Стингер» баргузор менамояд, ки меҳмонони фахрии ин чорабинӣ командири ротаи разведкачиёни бригадаи 66 МС Андрей Черемискин ва аъзоёни гуруҳи 3 нафараи иштирокчиёни амалиёти «Стингер» Рюмтсев, Балдакин ва Раҷабов Салоҳиддин буданд. Бо дарназардошти хулосаҳо Фонди «Возраждение» ва иштирокчиёни ин чорабинӣ бобати барқарор намудани адолати таърихӣ ба Суд муроҷиат намудаанд. Натиҷаи ин вохӯрӣ ба чи меанҷомад маълум нест. Банда такя ба санаду далелҳои воқеи то ба ҳадди ба рӯи об баромадани ҳақиқат муборизаро идома медиҳам. Зеро аз рӯи нақли шоҳидон ва далелҳои собиткунандаи бойгонии ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (имрӯз бойгонии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия) Салоҳиддин Раҷабов яке аз қаҳрамонони шарафманди собиқ Иттиҳоди Шӯрави (СССР) дар қатори 54 нафар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар даврони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 ва як нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон (Наби Акрамов), Салоҳиддин Раҷабов 56 Қаҳрамони воқеии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Фарзанди барӯманду шуҷоъ, хоксру меҳрубон, нексиришту хушгуфтор ва шарафманду арҷманди миллати қаҳрамонпарвари мо Раҷабов Салоҳиддин Каримович дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии хоксоронаю қаҳрамононаи худро дар ҳалқаи аҳли оила, фарзандон ва ёру дӯстонаш идома дода истодааст.

Имомалӣ Табарӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here