Дар курси 1 дар ҳамин рӯз барои ту 3 то гули садбарг харида, ба хона рафтам.

Дар курси 2 бо аввалин гонорарам баҳрат туҳфа гирифта, ба шодбошиат рафтам.

Дар курси 3 мехоҳам хотираҳои хешро рӯйи авроқ биёрам.

Ман модарамро “ту” мегӯям ва аз ин ҳарфам мефахрам. Ҳеҷ шарм намедорам, ки “шумо” намегӯям, чунки медонам, агар “шумо” гӯӣ, дар байни очаву бача фосила пайдо мешавад ва ҳарфи дилро рӯшод гуфта наметавонӣ! “Ту” гуфтан ин нишонаи аз ҳад зиёд дӯст доштан аст. Медонам, баъзе нафароне, ки модаронашонро “шумо” мегӯянд, ягон зарра меҳру муҳаббат дода наметавонанд. Аз ин “шумо” гуфтанҳо чӣ фоида!?

Модар бароям на фақат модар, балки дӯсти аз ҳама наздик аст, ки тамоми розҳоямро ба ӯ мегӯям. Ману модарам якҷоя хӯрок мепӯхтем, хона мерӯфтем, либос мешустем. Ӯ тамоми корҳои хонаро ба ман ёд медод. Модарам мегуфт, ки “пагоҳ донишҷӯ шуда ба шаҳри бегона рафтӣ, азоб намекашӣ, бачам!”.

— Гӯш кун, ҷони дилам, аз сабаби набудани шароит 4 фарзандам орзуямро амалӣ карда натавонистанд. Ақаллан, ту рав, хонда биё,- бо як ҷаҳон орзу дуои фотиҳа медод фариштаи олампаноҳам.

Мана, ман имрӯз донишҷӯ ҳастам ва очаҷонамро ба орзуяш расонидам. Вақте бо модарам бо телефон суҳбат мекунам, мегӯям, ки “сабақҳои додаи туро дар зиндагӣ кор мефармояму ҳеҷ пушаймон намешавам, очаҷон!”.

Дар ёдам ҳаст, ки аз қафои модарам дар ҳама меҳмониҳо ҳозир будам, ҳатто пеш аз ӯ либосҳои “ҳарҷоравакам”-ро пӯшида, мегуфтам: “Очаҷон, ман ҳам меравам!”. Агар модарам не мегуфт, дар замин чунон худро партофта гиряро сар мекардам, ки ягон ҷойи тозаи либосҳои навам намемонд. Медонистам, ки ҳар бор маро бо худ мебарад, аммо чаро ин дафъа не гуфт!? Очаам аз инҷиқиҳоям зиқ нашуда, бо навозиши руҳнавоз либосҳои нав пӯшонида, мегуфт: “Хез бачаҷон, меравем, охир ҷое, ки ман меравам, барои кӯдакон мумкин нест. Он ҷо азо, ҳама гиря мекунанд, ту метарсӣ!”. Ман аз мурда метарсидам, аммо аз модарам ҷудо нашавам гуфта, “не, не, не ман меравам” мегуфтам.

Ҳар як хона эрка дорад. Ман ҳам эркаи очаам ҳастам. Чор фарзанде, ки аз ман бузургтаранд, модарамро “оча” мегӯянд. Ман бошам, аз сабаби бисёр бо ман наздик будан бо лаҳни кӯдакона “оч” мегуфтаму мегӯям. Ҳар боре, ки ба хона дароям, барои шунидани овози форами модарам бетоқатона “оч, э оч” гӯён, ӯро мекофтам. Аз ошхона “лабай бачам, биё, ман дар ин ҷо, чӣ, ягон гап доштӣ?”. “Не оча, ҳамту овозатро шунавам, шуд” мегуфтам ба ӯ. Рӯзҳое буданд, ки модарамро бо ҷеғ задан ёфта наметавонистам ва аз дил мегузаронидам, ки ҳатман ба хонаи ягон ҳамсоя барои нонпазӣ рафтааст. Ҳатто либосҳои дарсиямро накашида, ба хонаи ҳамсояҳо сар мехалондам. То дараки модарамро намеёфтам, қарор намегирифтам.

Занҳои кӯчаи мо бо ҳамдигар бисёр рафтуомад доранд. Зуд-зуд хонагаштак мекунанд. Ман бисёр бо модарам унс гирифтаам. Аз рафтани модарам 20 дақиқа ҳам нагузашта, боз ӯро суроғ мекардам. Занҳои ҳамсоя ба ҳоли ман механдиданд. “Ба зана шудаасту ҳоло ҳам бе очааш тоқа дар хона истода наметавонад”,- мегуфтанд онҳо. Модарам дар ҷавоб “бачама ҳичӣ наген, ӯ бачаи сари пириҳо” гуфта мемонд.

Калон шудам, дигар шарм медоштам, ки аз қафои модарам гиря кунам. Пеш аз он, ки модарам гӯяд “бачам, намеравӣ”, хуб мегуфтам. То бадар рафтани ӯ аз бараш дур намешудам. Очаам худро тамоман ороиш намедиҳад. Рӯймолашро мисли кампирҳо мебандад. Ман бошам, зуд рафта, лавозимоти ороишии апаамро гирифта, каме ҳам бошад, модари зебоямро оро медодам. Рӯймолашро гирифта, мисли духтарони ҷавон мебастам. Модарам мегуфт: “Бачам, ман аллакай 4 набера дорам, дигар ба ман намезебад ин тавр рӯймолбандӣ”. Аммо ман исрор мекарам, ки “ту ҳоло ҷавон, то фарзанди маро набинӣ, пир шудаам нагӯ!”.

Ҳоло бошад, се сол мешавад, ки аз модар дурам, аммо то ҳол ӯ аз ҳамаи розҳоям бохабар аст. Лаҳзае нест, ки ёдашро накунам. Очаҷон, ту зиндадори манӣ! Хоки қасам мехӯрам, ки фахри ту мешавам ва қарзи фарзандии худро назди ту як-як иҷро мекунам. Ту фақат дар барам бошу дуогӯйи ман бош, ОЧАҶОН!

Бизӣ, модар, оламафрӯзи ман бош,

Дар ин садсолагӣ оғози ман бош.

Машав чун хотироти рафта ҷонсӯз,

Бимон, оянда ҳам ҷонсози ман бош.

Зодрӯзи фариштаи оламафрӯзам муборак бошад!

АМИНҶОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here