Рӯзҳои 27-28-уми ноябр, як гуруҳ хабарнигорон бо ҳадафи шиносоӣ бо шароити зиндагии занони шаҳру навоҳӣ ба вилояти Суғд сафар кардем. Сараввал аз шароит ва мушкилии занони шаҳри Истаравшан дидан намудем, ки аз гуфтаи мусоҳибон ба назар чунин менамуд, ки мушкилии аслии занони шаҳри мазкур пӯшиши либосҳои “бегона” ҳасту халос. Зеро аз он шумораи рейдҳои гузаронидаи бахши занони шаҳр, ки зикр гардид, метавон хулоса кард, ки занони шаҳр мушкилии ҷои кор, зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳо ва ғайраро надоранд. 

 

69 рейд давоми 11 моҳ, кам шудани талоқ, суйиқасд ба ҷони худ…

Фирӯза Муъминова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти шаҳри Иcтаравшан дар суҳбат ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар шаҳри Истаравшан 265 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда, 48,9 фисади онро занон ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ давоми соли ҷорӣ 1853 нафар ақди никоҳ баста, ки ин шумора нисбати соли гузашта 183 ҳолат зиёд мебошад: “Соли ҷорӣ никоҳи 260 оила бекор карда шуд, ки нисбати дигар шаҳру ноҳияҳо кам мебошад. Соли 2017 дар ҳамин давра шумораи бекор кардани ақди никоҳ ба 383 адад рост меомад”. Илова бар ин, зимни мулоқот зикр гардид, ки дар шаҳри Истаравшан танҳо 3 нафар зан суиқасд ба ҷони худ кардаанд. Масъулин мегӯянд, як нафар бо сабаби бефарзандӣ ва ду нафари дигар бошад бо сабабҳои бемории руҳӣ доштан мехостанд худро ба қатл расонанд: “Ба Шуъбаи мо занон омада, муроҷиат мекунанд, хушунати оилавӣ нисбати келинҳо аз тарафи шавҳар ё шахсони сеюм бошад, мо масъаларо ҳал мекунем. Дар баъзе оилаҳо 4-5 нафар оила зиндагӣ мекунанд ва ҳолатҳои хушунат дида мешавад”.

Муъминова мегӯяд, давоми соли равон ҳамагӣ ду зан бо хушунати ҷисмонӣ ба шуъбаи онҳо муроҷиат карданд: “Бо ҳамоҳангсозии ШКД-и шаҳри Истаравшан ин корҳоро пешгирӣ мекунем. Мо усули хона ба хона дошта, бо собиқадорон ба хонаи он афроде, ки бо зӯроварӣ рӯбарӯ шудаанд, рафта, бо оилаҳои онҳо суҳбат мекунем. Шавҳарони ин занон огоҳонида мешаванд”.

“Ин чиз пӯшида нест, вақте дар кӯчаҳо давр мезанем, баъзе занон ва духтарон рӯймолбандии худро бо тарзи миллӣ намебанданд. Зуҳуроти бегонапарастиро ба бар мекунанд ё ду қабата рӯймолҳои худро мебанданд, ки ин зеби шаъни занони тоҷик нест. Барои ҳамин мо бо ШКД-и шаҳри Истаравшан нақша-чорабинӣ ташкил дода, бо бахши амнияти шаҳр кор мебарем. Давоми 11 моҳ 69 рейдҳои муштарак оиди зуҳуроти бегонапарастӣ-сатру ҳиҷоб гузаронидем, ки дар он тамоми собиқадорон, кормандони амният, кормандони ШКД, прокуратура, суд ва тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ корбарӣ кардем. Хушбахтона, он либосҳои сиёҳе, ки занон ба бар мекунанд, чодар ё ҳамин чизро мо наёфтем. Лекин занҳое буданд, ки рӯймолҳои худро бо тарзи сатр мебастанд ё аз таг як рӯймоли дигар мебастанд. Ҳатто бо роҳравҳо мо вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, бо корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳоро фаҳмонидем, баъд аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамаи онҳоро рӯймолҳои худро ба пушт бастанд, яъне бо тарзи тоҷикона”. 

Илова бар ин ба гуфтаи ӯ ду оилае, ки фиреб хӯрда, ба кишварҳои Ироқу Сурия сафар карда буданд, ба Ватан баргардонида шуд: “Вале онҳо дар заду хӯрдҳо иштирок накардаанд. Занон фирефтаи шавҳарони худ шуда, сафар кардаанд. Ягон зани истаравшанӣ бо хоҳиши худ нарафтааст”. 

Масъулин мегӯянд, ин нафарон то сафар ба Ироқу Сурия, ҳатто намоз намехондаанд. 

 

Чоркуҳ: Бекорӣ, норасоии кадр миёни занон, нагирифтани квотаҳои президентӣ, монеъи таҳсили духтарон ва зиёд будани муҳоҷирони меҳнатӣ, набудани ҷои кор

Сокинони ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара аз дастрас накардани квотаҳои президентӣ ба хатмкунандагони макотиб изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд қаблан ҳатто то 20 квотаҳоро онҳо дастрас мекарданд, ки чанд соли ахир аст ҳатто як квотаи президентӣ ба ин ҷамоат равон карда намешавад.

Инобат Каримова, собиқ раиси занони ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара мегӯяд, дар ҷамоат норасоии кадрии духтарон назаррас буда, наздики 60 фисади аҳолии ҷамоат новобаста аз дониши хуб доштани духтарони худ, барои таҳсили онҳо ба макотиби олӣ монеъ мешаванд: “Муҳити мо ҳамин хел тарбия мекунад, ки хондан намехоҳанд, падарҳо ба Русия рафта, духтарони худро барои таҳсил дар донишгоҳҳо намемонанд. Маҳз оилаҳое, ки камбизоату дониши кофӣ надоранд, монеи таҳсили духтарони худ мешаванд. Солҳои қаблӣ квотаҳои президентӣ барои ҷамоатҳои дурдаст буд, ҳоло бошад барои ҳамаи ҷо ҳаст ин квотаҳо. Мушкилии дигари ҷамоати мо ин набудани ҷои кор барои занон аст. Даврони шӯравӣ корхонаҳои дӯзандагӣ буд, ки занон кор мекарданд, ҳозир ҳамаи ин корхонаҳо хусусӣ шудаанд, ки коргар гирифтан намехоҳанд”.

Нодира Ҳафизова, як масъули ҷамоати деҳоти Чоркуҳ дар масъалаи квотаҳои президентӣ қайд кард, ки солҳои қаблӣ то 20 квотаи президентиро барои хатмкунандаҳои мактаб дастрас мекарданд, “чанд соли ахир аст, ки намедонем аз чӣ сабаб бошад, маҳз ба ҷамоати Чоркуҳ квотаҳои президентӣ фиристода намешавад”. 

Ба гуфтаи иштирокчиёни мулоқот аз ҳисоби ҷудошавии оилаҳо ҷамоати  деҳоти Чоркуҳ дар шаҳри Исфара дар ҷои аввал қарор дорад, ки давомим 11-моҳи соли ҷорӣ 129 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавонро Инобат Каримова дар набудани ҷои кор арзёбӣ кард: “Вақте ҷавонон оиладор мешаванд, мераванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ, духтари ҷавон дар ин ҷо ҳафта, моҳу сол танҳо меистанд. Он ҷавон бошад он ҷо духтарони дигарро дида, зани худашро фаромӯш мекунад. Билохира нофаҳмӣ шуда, бо телефон ҷавобашро медиҳад. Аз ҷиҳати дигар занон шуури паст дошта, ҳуқуқҳои худро намедонанд, ҷои кор надоштани занон, ки хонашин шуда, аз сиёсату маънавиёт дур мемонанд”.

 

Ҷамоати Сурх: Фотиҳаи бармаҳал миёни духтарон

Дар деҳаи мазкур духтарон аз синфи 6-7 фотиҳаи бармаҳал мешаванд. Гуруҳи хабарнигорон аз яке мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷамоати Сурх дидан кардем, ки дар вақти суҳбат бо мо, аксари духтарон мегуфтанд онҳо аллакай фотиҳа шудаанд. Аҷиб ин буд, ки ин духтарон номзади ояндаи худро намедонистанд, ки кӣ ҳаст ва домоди ояндаро танҳо волидайн медонистанду халос. Яке аз хонандаҳои синфи 11 дар суҳбат қайд кард, ки аз интихоби падару модараш розӣ мебошад ва агар шавҳари ояндааш барои таҳсилаш иҷозат надиҳад, метавонад дар хона шишта, бо нигоҳубини фарзандон машғул шавад. 

Вале Моҳчеҳра Каримзода хонандаи дигари ин мактаб мегӯяд аз ин кори волидайн розӣ намебошад, зеро фотиҳаи бармаҳал дар оянда барои таҳсили духтарон монеаҳо эҷод мекунад: “Масалан бештари писарон мегӯянд, ҳамсарони ояндаашон дар мактабҳои олӣ таҳсил накунанд ё дигар монеаву дахолатҳо барои духтарон пеш меоранд. Ҳар як духтар ҳаққи интихобро дорад. Вақте ношинохта оиладор мешавӣ, мушкилиҳои зиёдро метавонад пеш орад, ҳатто ба ҷудошавии оилаҳо бурда, мерасонад”.

Ба гуфтаи сокинони ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Истаравшан фотиҳаи бармаҳали духтарон ҳамчун анъана миёни онҳо роҳандозӣ шудааст. Агар оилае, ки духтарашро бармаҳал фотиҳа накунад, дигар сокинони деҳа ба ӯ механданд.

Муаззам Назирова, раиси занони ҷамоати деҳоти Сурх дар суҳбат гуфт, фотиҳаи бармаҳал солҳои қаблӣ миёни истиқоматкунандагони ин деҳа зиёд буда, ҳоло кам шудааст. Ба гуфтаи ӯ қаблан 70 фисади аҳолӣ духтарони худро бармаҳал фотиҳа мекарданд, ки бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ин шумора ба 30 фисад расидааст: “Мардум худ диданд, ки оилаҳои ҷавон зиёд ҷудо шуда истодаанд. Он тарғиботҳое, ки мо бар зидди фотиҳаи бармаҳал гузаронидем, натиҷаи хуб дод. Фотиҳаи бамаҳал дар таҳсили духтарон таъсир мерасонд”.

Бону Назирова иброз дошт, ки ҳарчанд ҷониби домод барои таҳсили духтарон розигӣ ҳам диҳанд, вале фикру андешаи худи духтарон аллакай барои хариди лавозимоти туйӣ банд мебошад: “Духтарро нопурсида ба дигар ҷавон медоданд, ки руҳафтодагии духтарро нишон медод. Дар синни ҷавонӣ духтаронро оиладор мекарданд, ки кӯдакпартоӣ зиёд ба назар мерасид”.

Ба гуфтаи Муаззам Назирова, дар натиҷаи гузаронидани корҳои тарғиботӣ, давоми 6 моҳи соли равон 80 нафар духтар аз фотиҳа даст кашида, бо дӯстдоштаҳои худ оиладор шудаанд: “Қаблан айб буд вақте духтар аз фотиҳа мегашт, вале ҳозир духтарон ҳуқуқҳо ва интихоби худро дониста, интихоби худро карда истодаанд”.

 

Мижгона ҲАЛИМОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here