Салом модар! Имрӯз фарзанди кенҷагиат 20-умин солгарди ҳаёташро паси сар мекунад. Даҳ соли бо муҳаббат бо ту зистан ва даҳ соли дар зулмот бе ту обу адо шудан ба гуфтан осон аст. Ростӣ, дар дилам армон зиёд аст ва чӣ гуна онро шиканам, ҳайронам…

Медонӣ, имрӯз ман тамоми лаҳзаҳои бо ту будаамро ба ёд овардам. Ҳамон рӯзи борониро, ки шамоли сахт мевазиду ҳамаро тагурӯ мекард, мани аз дунё бехабар аз мактаб меомадаму ҳушу ёдам дар осмони ҳафтум буд. Ту бо чатре сӯйи кӯча давидӣ, то маро аз таршавӣ бираҳонӣ. Лаҳзае, ки маро бӯйи ангишт бурда буду беҳуш шуда будам, он ҳам чун наворе аз назарам мегузарад. “Бачаҷон, ман зинда гӯ, ман зинда гӯ, бачам” гуфтанат то ҳол дар гӯшам садо медиҳад. Вақте ба худ омадам, аз нав ҷон дамид. Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки ягон ҷоямро захмӣ кунам, бӯсаи ту малҳами дардам мешуд. Ҳоло қалбам дардманд асту касе нест, ки давоям бахшад. Агар тамоми доруҳои дунёро ҷамъ кунем ҳам, қудрати шифобахшии як бӯсаи туро надоранд. Ёд меорам ҳамон дами охиринро, ки бӯсаборонам карда, хайр мегуфтӣ. Ҳар шаб дуо мекунам, ки дар хобам чеҳраи гулгуни туро бубинам. Дастони пурнавозиши туро гарм-гарм бӯсидан мехоҳам. Барои хушнудии ту ба ҳама чиз тайёрам, модар!

Имрӯз аксариятро мебинам, ки модар доранду ба қадраш намерасанд, қалби фариштаи ҳаёташонро озурда месозанд, аз чашмони пурмеҳраш ашк мерезонанд, ҳатто дашному ҳақорат медиҳанд. Лекин, агар ту зинда мебудӣ, ман туро тоҷи сар мекардам.

Ту обрӯямӣ, ту ҳастиямӣ, модар! Тамоми пайвандонат дар симои ман туро меҷӯянд. “Аҷаб зани фариштахӯ буд” гуфта, васфат мекунанд.

Ин умр чӣ қадар тез гузашту моро ҷудо сохт. Кош маргатро медонистаму бозиҳои кӯдакиро як тараф монда, як сония ҳам аз барат дур намешудам!

Эҳ, қисмат! Сарамро ба куҷо занам? Охир, туро хеле пазмонам, модар! Хонаву дар холӣ, ҷоят ҳув-ҳув мекунад, либосяҳоятро бӯй мекунам, воқеан, онҳо бӯйи мушкини туро ба машомам меоранд. Эй воҳ, магар ҳама мисли ман мунтазири дидор мешуда бошанд?

Шунида будам, ки гузаштагон аз пушти гиряи пайвандон дар он дунё азоб мекашанд. Модар, маро бубахш, агар ашкяҳоям сабабаи озурдагии ту гашта бошанд. Акнун ман ҳеҷ гоҳ намегирям. Саодати ту салобати ҳаётам…

Ин мактубро боз ба ҳамон ҷои муқаррарӣ мебарам, даруни сандуқ. Ҳамон сандуқе, ки замоне ту ҳам розҳои навиштаи худро пинҳон мекардӣ… Акнун ман мекӯшам бо корҳои шоиста ному нишони туро зинда нигоҳ дорам.

Модарон зинда бошанд!

Абдуғаффор ШОДИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here