Муқобилнишинӣ нисбати талаботҳои табиат ва танҳо ташкили муносибатҳои истифодабарӣ ва сӯйистеъмолӣ оқибати фоҷиабори тамаддуни башарият мебошанд. Бо рушди ҷомеа талаботҳои ниёзмандӣ нисбати истифода­барии захираҳои табиат зиёд мегарданд ва дар ин таносуб бо зиёд гардидани талаботҳо захираҳо дар табиат дар навбати худ рӯз аз рӯз кам мешаванд.

Бояд дар хотир дошт, ки ягон муқобилнишинӣ нисбати равиши табиӣ беасар намемонад, бо гузашти вақт табиат нисбати хатоҳои содиргашта «қасос­гирӣ» менамояд ва ин қасосгириҳо дар шакли тағйирёбии иқлим ва аз рӯи он сар задани офатҳо дар системаи экологӣ пеш меоянд.

Муносибати эҳтиёткорона нисбати табиат яке аз асосҳои равиши босуботи истеҳсолоти биологӣ мебошад. Дар асоси қарордодҳои байналхалқӣ калимаҳои истеҳсолоти биологӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ ва органикӣ синоними ҳамдигар мебошанд. Аз рӯи ин қарордодҳо дар рафти истифодабарии захираҳои табиат таъсироти антропогенӣ бояд мувозинаи экологӣ ва занҷираи ҳаётро дар табиат халалдор насозад. Барои риояи ин амалҳо одамият бояд интихоби экологии технологияҳои санҷидашудаи мувофиқро намояд ва пасон онро дар ҳама намуди истеҳсолот ва саноат истифода барад.

Мавриди имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати дарёфти ҳосили баланд фермерон аз технологияҳои гуногун зиёд истифода мебаранд ва дар байни онхо технологияҳои носолим ва носанҷидашудаи воридгашта низ зиёданд, ки истифодабарии онҳо дар нисбати мувозинати экологӣ, таъмини ҳосил ва барои саломатии инсон оқибати хуш надоранд. Дар ин ҷода, бахусус истифодабарии маводҳои глифосфатдорро мисол оварданӣ ҳастам, ки сарчашмаи асосии сарзании касалиҳои саратон, диабети канд ва дигар бемориҳои шадиди инсон ва ҳайвонот ба ҳисоб мераванд. Инчунин, дигар дар марҳилаи имрӯза истифодабарии технологияи инженерии генҳо, ки бар тағйирдиҳии гени растанӣ ва ҳайвонот асос мегиранд, дар истеҳсолоти кишоварзӣ ба шакли васеъ истифода шуда истодааст ва меваи ин технологияи мухолифи экосистема дар бозорҳои истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад. Тариқи истифодаи ин технология ба организми растаниҳо ва ҳайвонот гени дигар намуди ғайриоилавии бегона дохил карда мешавад ва ин тағйирот сабабгори бамиёноварии сафедаҳои мухолиф ва организми омехта мегардад, ки дар оқибат ин организмҳои нав вайроншавии мувозинати экологӣ ва дар ҳаёти инсон бошад, касалиҳоро аз рӯи таъсироти алергении ин сафедаҳо ба миён меоранд.

Бояд рушан сохт, ки дар мамлакат саноати истеҳсоли семент, оҳангудозӣ, истеҳсоли полиэтиленҳо, истихроҷ ва коркарди маъданҳои гуногун рушд доранд ва ин равиш хуб аст, вале дар як маврид дар ин муносибатҳо дар баъзеашон ҳадафҳои меркантилӣ низ мавҷуданд ва ҳамаи ин дар оқибат нисбати мувозинаи экологӣ ва занҷираи истеҳсолоти солими кишоварзӣ таъсиргузор мегарданд ва набояд сарфи назар созем, ки масъалаи солимии муҳит ва инсоният решапайванди гирдгардиши ин занҷираи биологӣ мебошанд. Ногуфта намонад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои истеҳсолӣ аз рӯи иҷораи замин барои истеҳсолотчиёни хориҷӣ низ арзи вуҷуд доранд ва оид ба интихоби технологияҳо, натиҷаҳо ва баробарвазнии ин технологияҳо нисбати талаботҳои муҳити зист аҳамияти лозимӣ доданамон талаботи замон мебошад. Аз рӯи ин равишҳо бояд нисбати истеҳсолоти солими биологӣ ва саноатикунонии экологии мамлакатамон диққат диҳем ва онро устуворона дар алоқамандӣ ва ҷавобгӯй бар асоси қонуниятҳои экологӣ бунёд намоем.

Бояд иқрор гашт, ки ғояи бунёди хоҷагидории биологӣ дар мамлакат дар қадами аввал начандон хуб ва боварибахш аз тарафи баъзе аз истеҳсолотчиён дар маҳал пазироӣ мегардад ва барои боварибахш сохтани он бароямон лозим аст, ки аз ҳама пеш низоми расмӣ ва системаи муайянеро дар равиш ва шаклдиҳии хоҷагии биологӣ, донистани роҳҳои ташкили истеҳсолоти биологӣ, ташкили марказҳои фаҳмонидадиҳӣ ва хизматрасониҳо ва тарбияти маҳоратҳои баландихтисоси касбиро ташкил ва таъмин созем.

Дар навбати дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ташкили истеҳсолоти биологӣ стандартҳои муайяни худро дошта бошад ва ин стан­дартҳо бояд дар замина ва ҷавобгӯи стандартҳои байналхалқӣ тартиб дода шаванд. Маҳз доштани ҳамин стандарт метавонад барои эҳтиёҷмандон ва истеҳсолотчиёни тоҷикистонӣ имконият диҳад, ки маҳсулоти худро бо номи «тоза-биологӣ» истеҳсол намоянд ва ба бозор бароранд, дар ин бозори серталабот ва рақобатнок ҷойи муносиб гиранд ва сазовори боварии истеъ­молкунандагон гарданд. Бояд илова сохт, ки бо доштани стандарти истеҳсолоти биологӣ дигар сохторҳои истеҳсолот низ имконот пайдо месозанд, ки рӯзмарра гарданд ва бозори биологии хешро пайдо намоянд, бахусус дар назар дорам саноати бофандагии биологии мамлакатро, ки талаботҳои ҷаҳонӣ нисбати ин намуди маҳсулот ва бозор бо суръати кайҳонӣ ба миён омада истодаанд.

Бояд рушан сохт, ки аз рӯи мавқеҳои ҷугрофӣ ва истеҳсолии Тоҷикистон амалисозии истеҳсолот, саноат ва бунёди бозори истеҳсолоти биологӣ маблагузорӣ ва заҳмати зиёдеро талаб наменамояд, зеро ҷойгиршавии минтақаҳои истеҳсолӣ худашон сари ин масъала аз ҷиҳати табиӣ дар заминаи аввал кумакрасон мебошанд. Масалан, ҳама минтақаҳои истеҳсолии кишоварзӣ дар ҳудуди ВМКБ, водии Вахё, минтақаҳои дигари куҳӣ, аз қабили Куҳистони Масчоҳ, деҳоти дигари водии Зарафшон доираи васеи истеҳсолоти биологиро ташкил ва таъмин месозанд. Дар ин минтақаҳо имрӯз заминаи асосӣ ва устувори истеҳсолоти биологӣ мавҷуд мебошанд ва барои масъулин лозим аст, ки ин минтақаҳоро нисбати истеҳсолоти биологӣ аз ҷиҳати техникӣ ва ҳуқуқӣ асоснок ва расмӣ созанд ва дар қадами дигар бунёди бозори маҳаллии маҳсулоти биологиро кумак ва онро дар заминаи талаботҳои ҳуқуқӣ ба бозори маҳсулоти биологии ҷаҳонӣ пайваст намоянд.

Мизроб АМИРБЕКОВ,

коршиноси масоили кишоварзӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here