Ба наздикӣ ба русто рафта будам. Обу ҳавои тоза, обҳои ширину мусаффо, табиати пур аз манзараҳои зебо ва мардуми хуби деҳот ба кас як нерӯву фароғат мебахшад. Аз суҳбати нарму аз лаҳҷаи гарми деҳотиён кас роҳат мекунад. Ҳатто шӯхиҳои мардуми деҳот дигар аст. Дар зер чанд ҳазлу зарофат ва лаҳзаҳои гуворои мардуми деҳотиро ба қалам овардаам, ки гумон мекунам каме ҳам бошад, хотири шуморо хуш мекунад.

   

Акаи Ҳасанҷон

 

— Акаи Ҳасанҷон? Ҳой, акаи Ҳасайҷон! Акаи Ҳасанҷон?- марди бегонае аз дигар деҳа дар пушти хонаи Ҳасанҷон ӯро ҷеғ мезад. Як гуруҳ бачаҳои русто каме дуртар аз хонаи Ҳасанҷон ҷамъ шуда машғули суҳбати худ буданд ва бо овози баланд ҷеғ задани марди бегона диққати онҳоро ба худ ҷалб намуд. Ин дам Мирхӯҷа аз байни онҳо, ки доим ба ҳар як кору ҳар як гап худро ҳамроҳ менамуд, ба он мард муроҷиат карда гуфт:

— Хонаи акаи Ҳасанҷон дар кӯчаи дигар, поёнтар аст.

— Дар кадом кӯча?

— Мана бо ҳамин роҳ рост поён равед, пурсед нишон медиҳанд.

Мард ба Мирхӯҷа ташаккур гуфту ҳанӯз даҳ қадам намонда буд, ки Мирхӯҷа суханашро боз идома дод:

— Ин ҷо хонаи худаш ҳаст, хонаи акояш поёнтар.

Инро шунида мард зери лаб ким чӣ гуфта, боз ба пушти хонаи Ҳасанҷон омада, ба ҷеғ задан оғоз намуд:

— Акаи Ҳасанҷон! Ҳой акаи Ҳасанҷон!

Ҷавонони ҷамъбуда дигар худро дошта натавониста, бо овози баланд қоҳ- қоҳ хандиданд.

 

Санги дайду

 

Ҳар сол мардуми рустои Тагоба гову гӯсфанд ва бузҳои худро аз миёнаҳои фасли баҳор то моҳи сентябр ба чупонҳо месупоранд. Чупонҳо моли мардумро ба чарогоҳ, ки чандин куҳҳо аз деҳа дуртар аст, бурда, муддати чор-панҷ моҳ нигоҳубинӣ мекунанд. Аз чарогоҳ чорвои мардум фарбеҳу солим бармегарданд ва халқ мувофиқи нархи гузоштаи чупонҳо барои ҳар моҳи молбонӣ ҳаққи хизматро пардохт карда, аз чупонҳо розӣ хона ба хона мешаванд. Аммо гоҳе мешавад, ки чупонҳо моли мардумро пурра намеоранд. Ба ҷои гӯсфанд ё буз гӯшҳои онҳоро меоранд. Вақте, ки чупон гӯшҳои молро ба соҳибаш нишон дод, ин нишонаи он аст, ки моли онҳо ё ба ҷарӣ афтода мурдааст, ё онро хирс хӯрдааст ва ё санг ҷар шуда онро зада куштааст. Аммо ба гуфти коршиносон, чупонҳо баъзан аз моли мардум яктогӣ — яктогӣ кушта мехӯранду баъд гӯшҳои онҳоро ба соҳибонашон нишон дода, ба номи хирс ё санг ба қавле «оформит» мекардаанд. Чӣ қадар онҳо мехӯрдаанд, ин аз инсофи онҳо вобастагӣ дорад.

Боре дар ҳалқаи панҷ — даҳ мардони деҳа будам ва гап сари ана ҳамин масъала мерафт. Яке гуфт: имсол аз мо як ҷуфт гӯш овардаанд. Дигаре гуфт, хушбахтона аз мо имсол гӯш наоварданд. Савумӣ гуфт, аз ман як ҷуфт оварданд, вале гӯши гов. Ин дам яке аз Мирхӯҷа — сокини ҳамин русто, ки нав аз Русия омада буд, пурсид, ки шунидем аз Шумо ҷуфти бисёри гӯш овардаанд??? Мирхӯҷа ғазаболуд гуфт:

— Ҳа, ман дар Русия будам, аз ман ман се ҷуфт овардаанд, сарашона хӯрад: гӯшҳои гов, гӯсфанд ва буз.

— Баҳона хирс ё санг? Ва ё чун гӯсфандони мо ба ҷарӣ афтодаанд?-пурсид як нафар аз ӯ.

Мирхӯҷа дигар ғазаби худро дошта натавониста, бо як эҳсосот гуфт:

— Як санги дайду аз куҳ ҷар шуда, ба сухан даромадаасту ба чупонҳо гуфтааст, ки гови Мирхӯҷа куҷост? Чупонҳо гови маро нишон додаанд ва санг вайро задааст, баъд пурсидааст, ки гӯсфандаш куҷост? Гӯсфандамро нишон додаанду гӯсфандро задааст. Баъд бо ҳамон суръаташ бузамро пурсидааст ва бузамро низ задааст. Баъд пурсидааст, ки худи Мирхӯҷа куҷост? Гуфтаанд, ки ба Русия мардикорӣ рафтааст. Ин дам санг хомӯш шуда, қарор кардааст.

Мардум аз эҳсосоти Мирхӯҷа ба ханда даромаданд ва бархеҳо тасдиқ менамуданд, ки дар ҳақиқат ин номумкин ва беинсофӣ аст, ки се чорвои як хонаводаро дар як мавсим санг зада кушад.

 

Баҳси ҳарому ҳалол

 

Дар ҳуҷраи як хонаводаи рустои Хиштирок мардум сари дастархон аз ину он тарафҳо суҳбат мекарданд. Сухан аз ҳар боб мерафт ва масъалаҳое, ки мардум ба риштаи баҳс мекашиданд, хеле ҷолиб буд. Яке аз баҳсҳое, ки дар охир боиси хандидани аҳли нишаст гардид, ин масъалаи зангирии як сокини калонсоли ҳамин деҳа буд. Вақте, ки Ҳақбердӣ гуфт, ки мардум маслиҳат кардаанд, фалониро зан медиҳанду вобаста ба ин духтари нафареро аз рустои ҳамсоя гапзанон кардаанд, акаи Раҳматшо бо як эҳсосоти ба худаш хос гуфт:

— Э биёед монед, вай занро ҳаром мекунад, ӯро садқаи зан кунад.

— Чиба? Ӯро ҳам ҳамсару бистари гарм лозим аст, — гуфт ҳамсояи Раҳматшо — Малик.

— Э марадак, ту мефаҳмӣ ё не? Боз мегӯям, ки вай занро ҳаром мекунад, — гуфт Раҳматшо бо як эҳсосот.

Ҳанӯз чанд сония мардум хомӯш шуда буданд, ки ин дам Ҳақбердӣ гуфт:

— Хайр ҳеҷ гап не, ҳаромаш, ки кард, ғусл мекунад, боз ҳалол мешавад.

Аҳли нишаст ба ханда даромаданд ва Раҳматшо низ дигар ҷиддияти худро дошта натавонист.  

 

Қунғуз

 

Фарҳод дар мактаби миёнаи деҳаи Тагоба омӯзгори хонандагони синфҳои ибтидоӣ шуда кор мекунад. Мардуми русто кӯшиш мекунанд, ки фарзандони худро маҳз дар синфе, ки Фарҳод таълим медиҳад гузоранд. Чунки Фарҳод дарсҳоро бисёр шавқовар ва хуб гузаронида, кӯдаконро тавре таълим медиҳад, ки онҳо бо як шавқу завқ ба мактаб мераванд.

Боре дар синфи 1, ки Фарҳод дарси Алифбо мегуфт, як лаҳзаи аҷиб рух дод. Он рӯз Фарҳод ба кӯдакон ҳарфи «Қ»-ро меомӯхт. Аз кӯдакон суол шуд, ки ҳарфи аввали номи кадом ҳайвонот, ҳашарот ва ё парандаҳо бо «қ» сар мешавад. Кӯдакон бо навбат номҳои он ҳайвонҳоеро, ки медонистанд як-як гуфтан гирифтанд. Гуё дигар ягон ҳайвон ва ё парандаву ҳашароти номаш бо ҳарфи «қ» оғоз мешуда намонд, ки кӯдакон хомӯш шуданд. Қариб 10 дақиқа кӯдакон фикр карданд, наёфтанд. Ниҳоят Шарифҷон, ки дар дарсҳо фаъол набуду бисёр шарм медошт, даст боло намуд. Фарҳод аз ӯ пурсид:

— Канӣ чӣ будааст?

Шарифҷон гуфт:

— Қунғуз (гамбусак).

Фарҳод Шарифҷонро ончунон таърифу тавсиф намуд, ки гуё ӯ дар ҳақиқат донотарин талабаи синф аст. Шарифҷон аз завқ дар курта намеғунҷид ва фахр мекард, ки муаллим ӯро таърифу тавсиф мекунад.

Фарҳод боз аз талабаҳо пурсид, ки канӣ кӣ боз ягон номро мегӯяд? Ҳама хомӯш буданд. Дигар гӯё ягон ном намонда буд. Шарифҷон аз таърифоти муаллим руҳбаланд шуда, бо тамоми ҳастӣ фикр мекард ва майнаашро ба кор дароварда кӯшиш менамуд, ки ягон ном ёфта гӯяд. Аммо ҳеҷ намеёфт, номи ҳамаи ҳашароту ҳайвонот гуфта шуда буд. Ин дам боз даст бардошт. Фарҳод ба ӯ таъриф зада пурсид, канӣ Шарифҷон гӯед чӣ будааст? Шарифҷон гуфт:

— Қунғузи мурдагӣ.

 

Мазам ва Ҳавло

 

Мазам бародари Ҳавло аст. Мазам дар як кӯча ҳамроҳи аҳли оилааш ва Ҳавло дар дигар кӯча зиндагӣ мекунанд. Онҳоро дар деҳаи Б. ҳама нағз мешиносанд ва эшон соҳиби иззату эҳтироманд.

Пеш аз иди Қурбон Ҳавло бародараш Мазамро бинобар кадом як камбудие суханҳои пасту баланд гуфт. Нафарони зиёде нохост дар сари кӯча шоҳиди моҷарои ду бародар шуда, ягон маротиба чунин бо ғазабу пуписа ҳарф задани Ҳавлоро надида буданд.

Рӯзи иди Қурбон як гуруҳ мардуми маҳала дар як хонаи аҳли русто сари дастурхони идона аз ҳар хусус суҳбат менамуданд, ки нохост гап сари моҷарои дирӯзаи Ҳавло ва бародараш рафт. Яке мегуфт, ки «ин қадар гизалла будани Ҳавлоро бори аввал дидам», дигаре мегуфт, ки «ҳар ду мардакои хубанду ба онҳо чӣ шуда бошад?». Ин дам аз берун овози гирямонанд шунида шуд. Тирезаҳои хона кушода буданд ва мардум аз тиреза ҳамсоя ва хеши Ҳавло — Маҳадро диданд, ки дар назди ҷӯйбори об бо ду даст сарашро дошта оҳу воҳ дорад. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё кадом як ҳодисаи нохуше шуда бошаду ӯ аз ин кор доду вой дорад. Ин буд, ки чанд нафар ба назди ӯ давида баромаданд ва яке аз ӯ пурсид:

— Маҳадҷон чӣ шуд ба ту?

— Ҳавло мазама паронд, — гуфт бо овози гиряолуд.

— Кай? Дар куҷо?

— Ҳозиракак, дар хонаи Мазам.

Ин дам яке аз аҳли нишастагон бо овози баланд гуфт:

— Мардум, хезед рафтем, ки нохушӣ рух додааст. Ҳавло Мазамро парондааст. Рафтем ҳама ба хонаи акаи Мазам.

Дар як дақиқа мардуми сари дастархони идона нишаста саросема пойафзоли худро пӯшида, ба хонаи Мазам омаданд. Дар ҳавлии Мазам ҳеҷ ягон гапу кореро ҳис накарда, рост ба меҳмонхона даромаданд. Дар ҳуҷраи меҳмонон Мазам, Ҳавло ва чанд ҳамсояҳо бо ҳам сари дастурхони идона нишаста суҳбат мекарданд. Даромадани саросемавори ҳамдеҳагонро дида, Мазам гуфт:

-Тенҷӣ ми? Идгардак ин хел намешавад ку?

Яке аз даромадагон гуфт:  

— Маҳадҷони ҳамсояатон имрӯз хонаатон омада буд?

— Бале. Навакак ҳамин ҷо буд. Ҳавлои сафедакро бисёр хурд дилашро беҳузур кард, ки шикамашро қапида баромада рафт.

— Ҳа, — тасдиқ намуд ҳамсояи Мазам ва илова кард: — Ҳавло мазаашро паронд.

Ин дам мардуми нав аз дар даромада, чӣ будани гапро акнун гӯё дарк намуданд, ки ба якдигар нигариста, дигар тоқат накарданду ба қоҳ — қоҳ хандидан оғоз намуданд.

 

Олимҷон САФОЛОВ

Добавить комментарий