Истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар шароити хона
Ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирии занони танҳо “Нури умед” соли 2009 бо ташаббуси Саломат Аёзова таъсис ёфтааст. Ташкилот аз соли 2014 инҷониб фаъолиятро дар сартосари ҷумҳурӣ ба роҳ монда, мақоми ҷумҳуриявиро гирифтааст. Ин марказ аз оғози нимаи моҳи июни соли ҷорӣ дар 5 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритуз, Дӯстӣ ва Ваҳдат лоиҳаи “Занони танҳо ва фарогирии иҷтимоии онҳо дар Тоҷикистон”— ро амалӣ карда истодааст. Лоиҳаи мазкур аз деҳаи Чорсӯи ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 42 нафар зани танҳоро, ки бо сабабҳои гуногун аз шавҳар ҷудо шудаанду дар як вақт аз таъминоти оилавӣ маҳруманд, фаро гирифтааст.
Турсуной Зуҳурова як тан аз занони танҳои деҳаи Чорсӯ аст. Ӯ низ узви лоиҳа мебошад. Номбурда мегӯяд, ки ба воситаи ин лоиҳа аввалин бор аз машварати равоншиносу ҳуқуқшинос баҳравар гардида, иловатан, бо доруворӣ низ таъмин шудааст.
— Мо 42 нафар зани танҳо ба 2 гуруҳ ҷудо шудем. Ба ғайр аз гузаронидани машварти равониву ҳуқуқӣ ба мо компосткунӣ ва оташдонсозиро ҳам ёд доданд. Ман худам 20 гулдон доштам. Баъди тайёр шудани чуқурии компости аввалинам хоки ҳамаи гулҳоямро нав кардам. 3 нафар ҳамсоязан ҳам аз компости ман кор гирифта, хоки гулҳояшонро нав карданд. Дигар ҳамсоязанҳо низ аз мо ёд гирифта, дар ҳавлиашон компост карданианд. Якумин чуқурии компости ман давоми 30 рӯз тайёр шуд, ки қариб 20 кг баромад. Баъди чанд рӯз вақти кӯчати гулҳо мерасад, то он дам чуқурии дуюми компостам тайёр мешавад. Ҳозир ҳама гулпарвар шудаанд. Ин кор ҳам ба мо ва ҳам ба дигарон фоида дорад. Оташдонро низ аз ҳисоби лоиҳа сохта доданд. То ҳозир 10 оташдони каммасрафро бо сарпарастии лоиҳа сохтем. Сохтани онро мо — аъзои лоиҳа низ ёд гирифтем,- гуфт Турсуной Зуҳурова — узви лоиҳаи “Занони танҳо ва фарогирии иҷтимоии онҳо дар Тоҷикистон”.
— Лоиҳа ба он заноне, ки барои гирифтани шиносномаи миллӣ ё шаҳодатномаи таваллуди фарзандонашон, шаҳодатномаи САҲШ танқисӣ мекашиданд, ёрӣ расонид,- илова кард ёвари лоиҳа Сабоат Бобоҷонова.- Дар нақша ҳаст, ки аз моҳи сентябр курси омӯзишии қаннодӣ ва мӯлчоқбофиро дар доираи лоиҳаи “Занони танҳо ва фарогирии иҷтимоии онҳо дар Тоҷикистон” роҳандозӣ карда, занҳоро ба ин машғулияти даромаднок ҷалб созем.
Натиҷаҳои аввалини кори лоиҳаро ёвари лоиҳа Сабоат Бобоҷонова чунин шарҳ дод: “Айни ҳол 6 нафар дар оилаи худ “компост” сохтанд. Компост — тарзи тайёр намудани нуриҳои минералӣ аз масолеҳи маҳаллӣ аст. Агрономи лоиҳа бо иштирокчиён тарзи кор бо “компост”-куниро фаҳмонд. Аллакай 6 нафар иштирокчӣ дар як кунҷи майдонашон чуқурии лозимаро кофта, ба истеҳсоли якчанд намуди нуриҳо оғоз кардаанд. Дар он чуқурӣ андохтани устухон, маҳсулоти ширию равғанӣ, селофан, гиёҳҳои хушбӯ, барги дарахти чормағз, хокистари ангиштсанг, поруи сагу гурба мумкин нест. Ба “компост”-кунӣ асосан хазон, барг, пучоқи сабзавоту полезӣ, поруи гову гӯсфанд, хокистар кор меоянд. Аъзои лоиҳа ин маҳсулотро метавонанд дар майдонҳои наздиҳавлигии худ кор фармоянд ва ба бозор ҳам бароранд. Акнун дигар занҳо ҳам ба “компост”-кунӣ диққат дода, дар хонаҳояшон шароит фароҳам оварда истодаанд. Ба 10 оила оташдонҳои каммасраф низ сохта доданд, ки камхарҷии он боис мешавад, то нерӯи барқ сарфа шавад”.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур баробари ба шуғли доимӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани занҳои танҳо, иловатан, баланд бардоштани шароити иқтисодии онҳо низ дониста мешавад.
Файзуллохон ОБИДОВ