Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва миллии мардуми ориёнажод мебошад. Наврӯз иди бостонӣ ва мардумии халқи тоҷик буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ , 21-уми марти солшумории мелодӣ ва 1-уми фарвардини солшумории яздигурдӣ рост меояд.

Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо “Иди сари сол”, “Иди соли нав” низ мегӯянд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат, оғози мавсими киштукор аст. Тоҷикон иди Наврӯзро хеле бошукуҳ ва хотирмон таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз анъанаҳои писандидаи гузаштагон — ниҳолу гулшинонӣ, гузаронидани иди гулҳо, ҷуфтбаророн, ободии кӯчаҳо, маҳалла ва ташкили озмунҳои мухталифи варзишӣ бо ҳавасмандии зиёд амалӣ мегарданд.

Ба андешаи мо, Наврӯз олиҳаи ҳусни сол буда, муҳаббати инсонро ба офаридаҳои табиат бедор мекунад.

Иди Наврӯз омаду олам мунаввар мешавад,

Зиннати рӯи Замин аз сабзаи тар мешавад.

Махсусан аҳли эҷод ин мавсими атрогинро бо илҳоми саршор истиқбол мегиранд. Наврӯз махсусан барои марди деҳқон фурсати такопӯ ва мувофиқ аст. Фаро расидани айёми кишт, ки ҳастии инсон ба он вобаста аст, оромии зимистонаро барҳам зада, аз омадани соати меҳнат дарак медиҳад. Дар ҳақиқат зиндагӣ бо меҳнат рангину ширин менамояд.

Садои чашмаҳо мисли тифли баҳор ба дили кас сурур мебахшад. Ба ибораи устод Айнӣ, «фаро расидани баҳор зангӯлаи фараҳу шодмонист».

Дар чорабиниҳои фароғатии Наврӯзӣ дастархон бо ҳафт син — сипанд, санҷид, себ, сир, суманак, сабзӣ, сирко ва ҳафт шин — шир, шакар, шамъ, шароб, шиннӣ, шавла, шоҳдона оро дода мешавад ва суннати аҷдодӣ то замони мо расида, онро ояндагон низ пос хоҳанд дошт.

Ба андешаи ман, фикри иддае, ки гӯё таҷлили Иди Наврӯз лозим нест, ботилу беасос аст. Баръакс, ҷашну маросимҳои фарҳангӣ барои фароғати мардум ва сарҷамъии миллат арзиши зиёд доранд. Иди Наврӯз ҳам бо рисолати шукуфоиаш ба ҳаёту зиндагӣ баракати нав ато мекунад. Ҳамин аст, ки иди Наврӯз бо рисолати хеш доман паҳн карда, ҷашни байналилалӣ гардид. Бигзор ҳамеша тирагии оинаи зиндагиро Наврӯз ҷилои нав бахшад, зеро марг талх буда, зиндагӣ ширин аст.

Хушбахтона, соли 2010 бо пешниҳод ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид ва ҳамасола дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз таърихи ҳафтҳазорсола дошта, имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун қадимтарин ид шинохта шудааст. Ин падидаи хуҷаста аз ватани асосии Наврӯз будани Тоҷикистон дарак медиҳад. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барҳақ Тоҷикистонро ватани Наврӯз номидааст. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2012 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -шаҳри Душанбе доир гардид. Дар қатори намояндагони давлатҳои  мухталифи сайёра роҳбарони аввали кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон дар ин чорабинии васеи идона иштирок карда, Наврӯзро моли ватани аҷдодии тоҷикон номидаанд.

Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодӣ — Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукуҳу шаҳомати хоса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад. Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз пеш аз ҳама дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагӣ. Наврӯзи оламафрӯз бо симои рангину таровати тоза ва анъанаҳои писандида дар олам маҳбубияти зиёд касб кардааст. Дар кишварҳои гуногуни олам Наврӯзро бо як дилбастагии хос пешвоз мегиранд. Таҷлили васеи ин иди бошукуҳ дар кишварҳои гуногуни дунё боиси фараҳу шодмонии мост.

Хуршеди фалак тоҷи сари Наврӯз аст,

Ин оташи лола озари Наврӯз аст.

Дар зери нигини ӯ ҳама сабзаву гул,

Довуди сабо навогари Наврӯз аст.

Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here