Дар Тоҷикистон тибқи оморҳои расмӣ беш аз 150 ҳазор шахсони дорои маъюбият зиндагӣ мекунанд, ки бештари онҳо дар дастрасӣ ба таълиму кор ва хизматрасониҳои барқарорнамоии саломатӣ ба мушкилоти гуногун дучор мешаванд. Аммо новобаста аз тамоми мушкилоти мавҷуда, ҳастанд нафароне, ки ҳама заҳмату маҳорати худро барои беҳтар намудани зиндагиашон равона мекунанд.

Лутфуллои Мирзовалӣ сокини деҳаи Ҳойити водии Рашт буда, маъюбияти ҷисмонӣ дорад. Муддати як соли охир ба парвариши занбӯри асал машғул аст, ки аз ин ҳисоб зиндагии худу хонаводаашро пеш мебарад.

— Ман миннатдории худро ба ташкилоти DVV International ва ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб «Иштирок» баён кардан мехоҳам, чунки бо шарофати онҳо дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок кардам ва баъдан соҳиби гранти бебозгашт шудам. Аз ҳамин ҳисоб соҳаи занбӯрпарвариро, ки яке аз соҳаҳои сердаромади кишвар аст, пешаи худ кардам ва имрӯз кори худро дар ин самт идома дода истодаам,- мегӯяд Лутфуллои Мирзовалӣ.

Лутфулло яке аз 50 иштирокчии тренингҳо оид ба тиҷорати хурд мебошад, ки дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» баргузор шуда буд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи тренингҳои “тиҷорати хурд” баланд бардоштани сатҳи зиндагии шахсони маъюбиятдошта тавассути омӯзонидани малакаҳои тиҷоратӣ ба онҳо буд. Пас аз анҷоми тренинг ҳар як иштирокчии он имкон дошт нақшаи кории худро навишта, дар озмуни дарёфти грантҳо дар ҳаҷми то 3000 евро иштирок намояд.

Ҳамзамон, иштирокчиён имкон доштанд аз тренерон ҳангоми татбиқи лоиҳаашон маслиҳат гиранд. Дар натиҷаи озмуни мазкур тақрибан 30 дархост аз ҷониби шахсони дорои маъюбият ва ташкилотҳои марбут ба фаъолияту омӯзиши онҳо пешниҳод гардид, ки дар натиҷа 17-тои он дастгирии молӣ ёфт.

Дар баробари Лутфулло, ки кори худро дар водии Рашт аз панҷ оилаи занбӯри асал шуруъ карда, ҳоло дар пайи зиёд кардани шумораи онҳост, иштирокчии дигари лоиҳа — Ситора Раҷабова низ баъд аз хатми бомуваффақияти курсҳои омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе низ ба тиҷорати хурди худ оғоз намуд.

— Ман аз як ҳамсояамон шунидам, ки ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб «Иштирок» ба одамони маъюбиятдошта кумак мекунад. Вақте ба онҳо муроҷиат кардам, хабар ёфтам, ки курсҳои омӯзишӣ оид ба бизнес баргузор мекунанд. Ман дар чунин тренинг бори аввал иштирок кардам ва вақте фаҳмидам, ки баъди тамом шудани ин курсҳо, ман ҳам дар баробари дигарон имкон дорам грант гирифта, бизнеси худро сар кунам, хеле хурсанд шудам,- бо ҳаяҷон мегӯяд Ситора ва идома медиҳад: “Бо ёрии тренерон дар раванди тренинг бизнес-плани худро навиштам ва баъдан онро коркард карда, барои гирифтани грант пешниҳод намудам. Бизнес-нақшаи ман дастгирӣ ёфт ва ба ман мошинаҳои дарздӯзӣ гирифта доданд. Ман ҳам худам кор мекунам ва ҳам чанд нафар духтари дигарро бо кор таъмин мекунам,- бо ифтихор гуфт ҳамсуҳбати мо.

Хайём Ҳабибов, ки дар шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунад, мегӯяд аз хурдӣ шавқи сохтани таҷҳизоти мебелиро дошт ва вақте аз модараш шунид, ки ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб «Иштирок» ба ашхоси маъюбиятдошта кумак мекунад, аз пайи дарёфти маълумоти бештар шуд.

— Ман ҳамеша мехостам мебелсоз бошам ва ба мардум чизи дилхоҳашонро сохта диҳам. Вақте модарам гуфт, ки Созмони занони маъюб «Иштирок» ба маъюбон ёрӣ мерасонад, ман хостам фаҳмам, ки бо кадом роҳ ва чӣ гуна. Ба назди корманди ташкилот Дилфуза Эсоева рафтам, ӯ ба ман фаҳмонд, ки чӣ кор кунам ва аз ҳама имкониятҳои мавҷуда бароям маълумот дод. Дар назди шуғли аҳолӣ рафта курсҳои кӯтоҳмуддати мебелсозиро омӯхтам. Ва баъдан дар тренингҳои “Бизнеси худро шуруъ намо”, ки аз тарафи Созмони занони маъюб «Иштирок» дар Панҷакент гузаронида шуд, иштирок кардам ва аз он чӣ гуна навиштан ва амалӣ кардани лоиҳаро омӯхтам. Баъди ин тренинг ман бизнес-плани худро бо номи “Сохтани мебел” навиштам ва хушбахтона лоиҳаи ман дастгирӣ ёфт. Барои оғози кор ташкилоти DVV International ба ман таҷҳизоти мебелсозиро харида дод ва ман имрӯз кори худро дар ин самт пеш бурда истодаам,- мегӯяд Хайём.

Барои ба даст овардани натиҷаҳои муассир, яке аз чорабиниҳои дигари лоиҳаи “Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» — омӯзонидани ҷавонони маъюбиятдошта аз рӯи ихтисосҳое буд, ки онҳо худро ҳамчун мутахассис нишон дода тавонанд, яъне мутобиқ кардани ин қишри аҳолӣ ба бозори меҳнати маҳаллӣ. Дар доираи ин чорабинӣ курсҳои омӯзишӣ бо назардошти талаботи таҳсилоти фарогир аз рӯйи чор ихтисос: қаннодӣ, занбӯриасалпаварӣ, гулпарварӣ ва таъмири асбобҳои рӯзгор таҳия ва аз ҷониби МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” татбиқ карда шуд.

— Барои худро бо кор таъмин кардан, инсон бояд доимо чизеро омӯзад. Барои таъмини оила танҳо ихтисос кофӣ нест. Имрӯзҳо барои одамони солим кор ёфтан душвор аст, бинобар ин, шахсони маъюбиятдошта низ бояд дар пайи омӯзиш ва мутобиқнамоии донишу малакаҳои худ ба замони муосир бошанд, то тавонанд ба бозори меҳнат роҳ ёбанд,- мегӯяд Хайём.

М. НОЗИМӢ

 Маводи мазкур дар лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here