Вақте ки роҷеъ ба зан суҳбат мекунем, дар ҳама ҳолат, бидуни эҳсосу авотиф ҳарф задан мушкилӣ пеш меорад, чаро ки зан маҷмӯаи эҳсосу отифат ва самимияту муҳаббат аст. Аз бомдоди таърихи башарӣ то имрӯз зан ба сифати ҷинси муҳим ва калидии зиндагӣ дар масири умри инсонӣ гом мебардорад ва бо муҳаббату латофат, самимияту назокат, меҳру шафқат, вафову садоқат ва билохира шарофату наҷобат зиндагиро рангину дӯстдоштанӣ месозад. Беҳуда нест, ки ин Олиҳаи зиндагиро бузургони башар дар баробари Худо «Офаридгори Дувум» унвон додаанд ва ин тавсиф бад-он хотир аст, ки зан ва модар тавлидгари насли инсонист ва шабеҳи Худованд, ки дар адёну мазоҳиб холиқи башар шинохта шудааст, офаридгор аст, офаридгори насл, офаридгори асл ва офаридгори васл.
Ростӣ, агар асли зан, ки дар зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ ғунҷоиш меёбад, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ — зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, шарофат, наҷобат, балоғат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмуъ, комплекси ҳаста ё ядрои зиндагӣ — Занро таҷассум мекунанд.
Донишмандону муҳаққиқини асотири бостонии иронӣ (форсӣ-тоҷикӣ), минҷумла Манучеҳри Ҷамолӣ ҳадс мезананд, ки вожаи «зан» маънои зиндагӣ, зинда будан, намирандагӣ, абадият, ҷовидониро далолат мекунад ва калимаи «мард» маънои мурдан, мирандагиро ифода менамояд. Бад-ин манзур, шинохти ҷинси зан, ҳам аз назари зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ, пеш аз ҳама, дар бархӯрд бо маргу мурдан ва мирандагӣ имконпазир мегардад ва аз ин ҷо асли фалсафии мафҳуми зан, ки бо зиндагӣ тавъам аст, пеши назар меояд. Ба сухани сареҳтар, зан фарогири зиндагӣ аст ва бар ин мабно зиндагӣ мавзӯи баҳси фалсафист. Азбаски фалсафа зиндагӣ ва маргро мавзӯи баҳс қарор медиҳад, мафоҳими марбут ба зан, қабл аз ҳама, дар доираи баҳси фалсафӣ матраҳ мегарданд ва мунтаҳо асли фалсафӣ доранд.
Қадимтарин асотири иронӣ аз он иттилоъ медиҳанд, ки фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ бо занмеҳварӣ ба арсаи тамаддун қадам ниҳодааст ва устураи Симурғ муҳимтарин қолаби устурасозии иронист, ки дар маркази он Модархудо Симурғ қарор доштааст. Симурғ ҳазорҳо сол қабл аз зуҳури Зардушт ва ойини зардуштӣ миёни мардуми форсу тоҷик ҳамчун мафкураи фарҳангӣ арзи ҳастӣ намуда, рамзи бузургӣ, шарофат, некхоҳӣ, асолат, мардумшиносӣ, инсонсолорӣ, мададгорӣ, меҳрпарастӣ ва адолатпарварӣ дар фарҳанги иронитаборон будааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, Модархудо Симурғ дар ҳама ҳолат, новобаста аз тааллуқоти динию маҳабӣ, фикрию ақидатӣ наҷотбахши одамӣ талаққӣ шуда, дар мавридҳои ба мушкилтарин хатарот мувоҷеҳ шудани мардум ҳозир гардида, барои наҷоти онон мешитобида, корафтодагонро мадад менамудааст. Ойини симурғӣ тайи асрҳои тӯлонӣ ба як фарҳанги мардумӣ бадал шуда, баданаи онро меҳрварзӣ, садоқат, дӯстдорӣ, тараҳҳум, хирадгаройӣ ва амсоли инҳо барин мақулаҳо ё категорияҳои инсонсози ахлоқӣ ташкил додаанд. Ҳифзи Зиндагӣ ва наҷоти инсонӣ аз маҷмӯаи балоҳои заминию осмонӣ рисолати Модархудо Симурғ буда, ҷонибдорӣ аз Ҳаёт ва муқобилият бо Мамот аслу бунёди ойини симурғӣ мебошад.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки беҳтарин бозгӯкунандаи фарҳанги бостонии миллист, симои Модархудо Симурғ муҷассам гардидааст ва албатта, на ба шакли қадимӣ ва қабл аз зардуштӣ. Мусаллам аст, ки Зардушт барои он ки ойинаш тавсеа ёбад, мазоҳиби қаблиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд ва дар қатори ойинҳои пешин, фарҳанги сумурғӣ низ қарор дошта, меъёрҳои он, бо назардошти талаботу муқтазиёти дини Зардушт тағйир дода шуданд. Ин аст, ки дар осори паҳлавӣ функсия ва вазифаҳои худоёни пешин тағйир хӯрда, онон дар қолабҳои фариштагон ғунҷонда шуданд. Бар ин мабно Симурғ низ тағйири вазифа кард, аммо бисёр мушаххасоти ӯ дар фарҳанги миллӣ боқӣ монд. Дар «Шоҳнома» Фирдавсӣ хасоили мададрасонӣ, наҷотбахшӣ, хайрхоҳӣ, меҳрварзии Симурғро ҳамчун фариштаи аҳуроӣ таҷассум мекунад. Парвариш намудани Золи Зар, наҷот додани Рудоба ҳангоми тааваллуди Рустам бо хоҳиши Зол, ёрӣ расонидани Рустами Дастон дар набарди ҳалкунанда бо Исфандиёри Руинтан намунаи барҷастаи мададгории Симурғ дар «Шоҳнома» мебошад.
Овардани намунаҳои ноқис аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва нишон додани образи Модархудо Симурғ бад-он манзур аст, ки дар гузаштаи дури фарҳанги мо мардум ба зан ва модар эҳтироми махсус қоил будаанд ва дар иҷтимоъ ин ҷинс (зан) мақоми барҷаста ва шоиста доштааст. Илова бар ин, модарсолорӣ ё матриархат беҳтарин давраи таърихи инсонӣ талаққӣ шудааст ва дар он давра ҷаҳлу ҷаҳолат ва қатлу ғорат мунбасит набудааст, чунки зан меҳру самимият дорад ва ин сифот ҷомеаро аз дарун тағийр дода, имконоти ситезу хашмро, ки дар мардон ҷӯш мезананд, пойин бурдаанд. Ба сухани дигар, дар қадимтарин замонҳо зан ва модар ба сифати арзишу муқаддасоти мардумӣ дар миқёси фарҳанги миллӣ ва иҷтимои маданӣ ҷойгоҳи вижа дошта, мавриди парастишу қадрдонӣ қарор мегирифтааст. Истилоҳи «ритасия» дар байни ҷавомеи қадимаи форсӣ-тоҷикӣ маънои зани асилзода ва шарофатмандро ифода мекардааст ва ба касоне аз ҷинси зан итлоқ мешудааст, ки ҷуръату ҷасорат ва меҳру садоқат доштаанд.
Вожаи «бону», ки имрӯз дар шакли ҷамъи «бонувон» мустаъмал аст, маънои рӯшанӣ, покӣ, беолоишӣ, шукуҳу шаҳоматро дорад ва шукуҳмандии ҷомеаи инсонӣ, бешубҳа, ба латофату малоҳат, самимияту муҳаббати зан ва модар нисбат ба насли башар вобастагӣ дорад. Ва ҳар ҷо ки бону бо муҳаббату самимият ва ҳалимию меҳрубонӣ ворид мегардад, он макон майл ба нишоту хурсандӣ мекунад ва зиндагӣ ҷӯш мезанад. Бону занест ростину покдоман ва некуройю некандеш ва бо пиндор, гуфтор ва кирдори нек инсон меофарад, ба воя мерасонад, тартибу тарбият мекунад. Хатти марказии зиндагии бонувон меҳрпарварӣ ва меҳроварист ва дар партави меҳроварӣ ҷомеаи инсонӣ тарбият меёбад ва рушду тараққӣ мекунад. Бад-ин мазмун шоир фармудааст:
Чу бону биёмад бад-он базмгоҳ,
Ҳама гирду атроф гаштӣ нигоҳ…
Агар ҳаст бону чунин некрой,
Намонад бадӣ дар дили мард пой.
Ба меҳр андар орад ҳаме ӯ сухан,
Бубин, дар шигифтанд ин анҷуман.
Дар замони нав ва асри навин, шуруъ аз соли 1910 ба баъд бонувони рӯшанфикр ва озодихоҳи ҷаҳонӣ дар симои Клара Сеткина, Роза Люксембург, Симона де Боувар, Фурӯғи Фаррухзод ва соири занони озода ва мубориз нақши воқеии занро дар низоми зиндагии башарӣ таъйин намуда, аз ҷавомеъ талаби эҳтиром ва арҷгузорӣ карданд. Таҷлил намудани 8 март ба сифати Рӯзи байналмилалии зан-модар маҳз бо талошҳои бевоситаи бонувони урупоӣ, махсусан Клара Сеткина сурат гирифт, ки нодида гирифтани толошҳои ҷасоратмандонаи ин зани диловари ғарбӣ гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. Занону бонувони мамолики мутараққии дунё мадюни ин гуна занони ҷасуранд ва минбаъд ҳаракати феминизм, ки масоили марбут ба занон, аз ҷумла озодии ононро дар кулли дунё матраҳ мекунад, бар мабнои саъю кӯшишҳои бонувони ҷасури урупоӣ (Клара Сеткина, Роза Люксембург ва дигарон) созмон ёфт.
Имрӯз, ки дар арафаи ҷашни бонувон қарор дорем, ба бонувони тоҷик ва дар симои онҳо ба кулли занони сайёра тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигзор, меҳру муҳаббати онҳо ҳеҷ гоҳ поён наёбад ва дар партави меҳру самимияти ин ниҳоди меҳровар зиндагӣ рангину зебо шавад ва оташи ҷангу хунрезӣ, ки аз ғурури нобаҷо ва таассубу ҷаҳолати мардон рӯйи кор меояд, бо оби меҳрубонию самимияти занону модарон абадан хомӯш гардад.
Нозим Нурзода, муҳаққиқ