Мегӯянд, ки агар ба бозор равӣ, пулат тамом мешавад. Тамом ҳам гап-мӣ, “бонкрот” мешавӣ. Охир, вақте ки ба бозор меравӣ, ҳам гушна мемониву ҳам ташна ва либосҳоят куҳна мешаванд. Чӣ хел, мегӯед?!
Магар ба бозор равед, намехоҳед, ки либоси нав гиреду ягон чизи бомазза истеъмол намоед?! Ҳамин тавр?! Албатта! Ин ҳеҷ гап не. Савдогарон чунон меҳрубонанд, ки фақат дар ғами шумоянд. Агар як чиро нархашро пурсӣ, даррав онҳо ба шумо дилсӯзона мегӯянд, ки “аслан нархаш ин қадару барои шумо арзон карда медиҳам”. Ва ба шумо мечаспанд. Чунон гапро тоб медиҳанд, ки ба хайрхоҳ будани онҳо бовар мекунед. Агар ба ҳама чунин “меҳрубонӣ” намоянд, аз ин чӣ суд медида бошанд?
Эълон: Ҷой барои савдо
Фурӯшандаҳои муҳтарами мо! Хоҳед, ки бозоратон гарм шавад, маҳсулотатонро ба пайроҳаҳои назди роҳи мошингарди бозори «Панҷшанбе» гузоред. Зеро маҳсулот хурокворӣ бошад, бомаззатару ҷилодор мешаваду агар маҳсулотатон либосворӣ бошад, диққатҷалбкунанда мешавад. Ҳайрон нашавед. Зеро имрӯзҳо ҳамаи фурӯшандаҳо ин мавзеъро интихоб кардаанду аксарияти онҳо то андозае “муваффақ” ҳам шудаанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки онҳо аз “муваффақият”-ҳояшон мағрур шуда, муносибатҳои гарму самимиро аз ёд баровардаанд.
Маҳсулоти сервитамин
Хоҳед, ки чунин маҳсулотро зуд дарёб кунед, пас моро ҳамроҳӣ намоед. Дур намеравем, дирӯзакак ба бозор рафтам. Дар назди “Афғонбозор” холаи кабудифурӯшро дидам, ки дар роҳи зери пойи одамон маҳсулоташро гузошта, савдо мекард. “Кабуди-ба биё, арзон шуд. Гир бачам, кабудӣ ба саломатӣ фоида дорад. Инҳо витаминанд”. Ба фикрам кабудиҳои ин хола аз дигар кабудиҳо сервитаминтар аст. Зеро ба ҷуз витаминҳои дар таркибаш буда, боз ду витамини дигар — витамини “Ч” ва “Ғ” мавҷуд аст. Инро чӣ хел фаҳмидӣ мегӯед?! Хеле оддӣ. Як бандча кабудии холаро гирифтаму ба чашмонам наздик бурдам, бинам, ки рӯи он лой шудааст. Нигоҳ кунам, ки хола барои тару тоза истодани кабудиҳояш ҳар замон ба он об мепошид. Баъд фаҳмидам, ки ин лой аз куҷо пайдо шудааст?! Ин лой аз он сабаб пайдо шудааст, ки вақте ба витаминҳои “Ч” ва “Ғ” об ҳамроҳ мешавад, ҳамаи онҳо якҷоя шуда, витамини наверо бо номи “Л” ҳосил мекунанд. Ин витаминҳо барои саломатӣ хеле “муфид”, аниқтараш барои духтурон хеле заруранд.
Ин ҳам ҳеҷ гап не! Зеро кабудиҳоро покиза шуста истифода бурдан мумкин. Вой бар ҳоли он салат ё хӯришҳое, ки дар сари роҳ фурӯхта мешаванд. Ё онҳоро ҳам мисли ин кабудиҳо шуста истифода барем?! Чӣ чора бояд ҷуст?
Чанд маслиҳат ба холаҳои салатфурӯш
— Аввал, ҳеҷ гоҳ хӯришҳои мефурӯхтаатонро ба зарфҳои сарпӯшида нагиред, зеро ду витамин — “Ч” ва “Ғ” ба он ҳамроҳ намешавад.
— Дуввум, ҳеҷ гоҳ дар ҷойҳои камодамтар савдо накунед, зеро маҳсулотатон ба савдо намеравад, охир, ба онҷо ҳеҷ кас намеравад-ку!
— Сеюм, ҳар гоҳ хӯришҳоятонро омехта карда истед, то ки витаминҳои иловагӣ нағз омехта шаванд, вагарна, қисми зиёди хӯришатон бевитамин мемонаду тезтар вайрон мешавад.
— Чаҳорум, ҳамеша муомилаи хуш кунед, то ки “клентҳо”-и такрориятон зиёд шавад…
Либосҳои хушсифати пеши шашликбозор
Чун аз назди холаҳои салатфурӯш гузаред, он тараф ба қавле шашликбозор аст, ки дар рӯ ба рӯи он мағозаҳои либосворӣ ҷойгиранд. Аввал ин ки, дар бораи ҷои ба қавле шашликхӯрӣ ҳоҷати гап задан нест. Зеро он ҷои зебову тоза ва дилкаштар аст. Инҷо ман мехоҳам дар бораи бӯйи атрҳои либосҳои ин мавзеъ гап занам. Шахс ҳайрон мешавад, ки фурӯшандаҳои инҷо чиқадар ғамхоранд, ки пешакӣ ба либосҳояшон атри қимматбаҳои “ДУД” зада мемонанд. Ин ҳам ҳеҷ гап не! Либосҳои инҷо чунон пурҷилоянд, ки аз гарду чанг ва дуди зиёд ранги либосҳо парида, рангоранг гардидаанд…
Эҳ, гап гапу ин хел масъалаҳо зиёданд. Дар инҷо натанҳо савдогарон, балки мо — истифодабарандагон низ гунаҳгорем. Агар мо рафта ин маҳсулотро харидорӣ накунем, онҳо роҳи ҳалли мувофиқро меёбанд. Ҳаминашро гуфта метавонам, ки агар ҳамаи ин гуфтаҳо иҷро гардад, аксарияти духтурон аз “нони равғанин” бенасиб мемонанд. Чӣ хел? Хеле оддӣ! Агар гигиена риоя карда шавад, беморӣ аз куҷо пайдо мешавад?! Дуруст-мӣ? Дуруст!
Пас, Худо мегӯем, ки ба ҳама инсофу виҷдон диҳад!
Ҳафиза БЕГОВА