Росгӯӣ ва росткорӣ аз ҷумлаи хислатҳои ҳамидаи инсонист. Инсоне, ки умри худро дар фазои олами ростӣ гузаронидааст, озодагии зоҳиру ботин дар ӯ ҳувайдост. Инсони ростгӯй дар ягон давру замон мақом ва иззату обрӯи худро аз даст нахоҳад дод. Аз сӯи дигар, ростгӯиву росткорӣ дар хони кас таровату нур ва файзу баракатро меорад.

Ба қавли Мавлоно Ҷомӣ:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Инсоне, ки дар оилаи бомаърифат ба воя мерасад, ростгӯиро пешаи худ қарор медиҳад ва аз дурӯғу дурӯғгӯй мепарҳезад. Орифе гуфта: “Дурӯғ тирест заҳрдор, аммо ҳадафро не, балки тирпарронро захмӣ мекунад”.

Вале имрӯз чӣ вабое башарро ба худ печонидааст, ки ростиро раҳо кардаву ба домони дурӯғ чанг задаанд. Кор ба дараҷае расидааст, ки ҳатто кӯдакону наврасон дурӯғгӯиро пеша кардаанд. Дар ин моваро донишандӯзеро мисол меорем, ки ба дарс дер мекунаду ба пурсиши омӯзгор “банд будани роҳҳоро” баҳона пеш меорад. Ва ё ба дарс тайёр несту мегӯяд: “Ман дар дарси гузашта набудам”… Баъзан ҳатто омӯзгорро муттаҳам мегардонад, ки “устод, вазифаи хонагӣ надода будед”. Ана, ёбу гир! Оё толибилм барои азхуд кардани сабақе омада буд? Мақсади ба таълимгоҳ омадани ӯ чӣ буд? Пас, чаро дурӯғ мегӯяд? Оё бо дурӯғ ҷонашро халос карда метавонад? Ва ӯ аз омӯзгор чӣ баҳоеро метавонад интизор бошад?

Хуб, толибилмонро, ки ҳанӯз дар ҳукми гуланд, сарфи назар мекунем ва мутаваҷҷеҳ мешавем ба рафтори бузургсолон, ки ба қавле, боғбони онҳоянд. Тифле, ки нав бо чашми ақл ба атрофу акноф менигарад, дурӯғро аз кӣ ёд мегирад? Албатта, аз бузургон! Бубинед, вақте он тифл ва ё наврас дурӯғ мегӯяд, аксарияти он “бузургони бомаърифат” бо як беғамиву фориғболӣ механданду варо меҳрубонӣ мекунанд. Ва кам касоне пайдо мешаванд, ки ононро аз ин роҳ бозмедоранд ва баъзан бо тундӣ ва ҳатто арбада мефаҳмонанд, ки ин кирдорашон ношоиста аст. Аммо ҷангу сарзаниш ҳам ба руҳияи тифл бетаъсир намемонад. Илми тиб исбот кардааст, ки тифл аксари амалҳоро бо мушоҳидаҳо ва бо дидаҳояш меомӯзад, на бо шунидаҳояш. Пас, чаро пирони батадбир бо амали наҷибонаи худ нишон намедиҳанд, ки ин кори хуб нест? Чун навниҳол дар ҳавои дурӯғ қомат рост кард, сараввал ба ҳолаш механданд ва вақте рӯ ба афзоиш ниҳоду дар он қолаб шах шуд, пас чора меҷӯянду дарахти аз самари рафтори худ ба камол расидаро табар мезананд.

Чунин ҳолатро дар миёни ҳама қишрҳои ҷомеа ҳамарӯза даҳҳо маротиба мебинему хомӯшӣ ихтиёр кардаем.

Сабаб чист, ки бани башар дурӯғ мегӯяд? Оё бо гуфтани дурӯғ худро сафед мекунад, ё…?

Дар ин айём падарҳо бар фарзандони азизи худ, бародарон бар бародарони меҳрубони худ, дӯстон бар дӯстони мушфиқ ва ҳатто шавҳарон бар ҳамсарони маҳбуби худ боварӣ надоранд. Аз нигоҳи ман, сабабаш ана ҳамин дурӯғ болои дурӯғро бебаркаш ва бе андеша ба забон овардан аст!

Биёед, бикӯшем, то дурӯғ дигар ҳаргиз аз даҳони пиру барно берун натаровад ва ҳарфи рост ҷойгузини он гардад. Чун “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” шиори озодагии ниёкони мо буд, пас, моро ҳам мебояд ба ин андеша устувор монем.

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here