Он чӣ таассуроте боқӣ мегузорад?

Бо ҳамсабақам бояд ба Китобхонаи миллӣ барои навиштани корҳои курсиамон мерафтем. Ҳарду маслиҳат кардем, ки тӯли як ё ду соат он ҷо нишаста, аз паси корамон мешавем.

Баъди ба итмом расидани дарсҳо ба хатсайри №8 савор шуда, ҷониби марказ равон шудем. Як истгоҳ то китобхона монда буд, ки дугонаам гуфт: “Биё ҳаминҷо фароем. Ба маркази хизматрасонии “Мегафон” даромаданам даркор. Симкортамро ҳафтаи гузашта гум карда будам. Онро бояд барқарор кунам”. Ман ҳам розӣ шудаму аз хатсайр поён шуда, ба маркази хизматрасонии наздиктарин даромадем.

Дохили марказ муштариён зиёд буданд. Онҳо бо навбат ба операторон, ки яке духтари хеле хушчеҳра ва дигаре писари ҷавон буд, муроҷиат карда, масъалаҳои худро ҳал мекарданд. Мо аз паси дигар муштариён дар навбат истода, холӣ шудани операторонро интизор будем.

Аз байн тақрибан 10–15 дақиқа гузашт. Дар ин муддат тавонистем ба ҳамаи муштариён, ҳамчунин рафтору гуфтори операторон назар андохта, онҳоро мушоҳида кунем. Агар шахс ба гуфтугӯи муштарию оператор гӯш андохтан ва ё эътибор додан нахоҳад ҳам, муомилаи миёни операторон ба муштариён ҳушу хаёли ҳозиринро беихтиёр ба худ ҷалб мекард. Ҳис кардам, ки ғайри ман, ҳамсабақам ва муштариёни дигар низ ба гуфтугӯи операторон бошавқ гӯш медиҳанд.

Чеҳраи операторон хеле кушода ва зебо буд. Гӯё ҳарду имрӯз бо кадом як туҳфаи арзанда қадрдонӣ шуда бошанд ва ё имрӯз кадом як рӯзи хушугувори онҳо бошад. Бо ҳам як-як бо чашмони пурмеҳр менигаристанду хандаи ширин мекарданд. Ҳарду бо табъи болида бо муштариён суҳбат намуда, ҳамон лаҳза аз пайи иҷрои дархости онҳо мешуданд. Дар ду-се дақиқа кори онҳоро ба анҷом мерасониданд. Ба ҳар нафаре, ки бо забони тоҷикӣ гап мезад, бо тоҷикӣ ва ба нафаре, ки ба онҳо бо забони русӣ муроҷиат мекард, бо забони русӣ ва бо чеҳраи кушода посух медоданд. Барои бо лутфу назокат ва ширинзабонӣ сухан гуфтан ва дар як муддати кӯтоҳ анҷом додани кори муштариён аз ҷониби онҳо раҳмату офарин мешуниданд. Ҳарчанд нафароне низ буданд, ки бо онҳо сахтгапӣ мекарданд ва ё нафаре бо як-ду бор фаҳмонидан, ягон амалиёти телефони мобилиашро намефаҳмид, вале операторон ҳамоно табассум ва ширинзабонии худро фаромӯш намесохтанд.

Аз дидани ин манзараи гуворо кас роҳат мебурд. Мехостам ҳарчи зудтар навбати ҳамсабақам ояду мо ба оператор аз наздик суҳбат намоем.

Баъди 20-25 дақиқаи интизорӣ навбати мо ҳам расид. Ҳамсабақам пеши духтари оператор рафта, ҳоло фурсати салом додан наёфта буд, ки духтараки оператор гуфт:

— Ассалому алейкум, духтаракони зебо. Чӣ хизмат кунам?

— Апаҷон, як ҳафта шуд, ки симкортамро гум кардаам. Мехоҳам онро барқарор кунам. Мешуда бошад?,- гуфт ҳамсабақам.

— Бале, албатта мешавад. Рақамҳоятонро гап занед, онро аз барнома пайдо кунам,- бо чеҳраи кушода гуфт оператор.

Ҳамсабақам рақамашро гуфту оператор бо дастони нозук ва нохунҳои ранги гулобӣ молидааш рақамҳоро ба компютер чид.

— То пайдо кардани рақамҳо метавонед даҳонатонро ширин кунед,- гуфта, бо чашмони зебояш ба табақчаи пешаш, ки пур аз ширинӣ буд, ишора кард.

Ман бо як дона қанди тақдимгардида даҳон ширин кардаму мунтазир шудам. Баъди якчанд лаҳза оператор симкорти навро дароз карда, гуфт:

— Марҳамат, ана симкорти нави шумо. Дар дохилаш 10 сомонӣ дорад. Агар розӣ бошед, аз ҳамон маблағ 3 сомониашро барои барқарор кардани симкорт тарҳ мекунам.

Ҳамсабақам розӣ шуд.

Баъди миннатдорӣ баён кардан, оператор бо ҳамон чеҳраи хандону хушҳол афзуд:

— Хуш омадед, зебоякҳо. Агар ягон мушкили дигар пеш омад, ҳатман муроҷиат кунед. Мо дар хизмати шумо ҳастем.

Ҳарду бо чеҳраи хандон, руҳи болида ва як ҳисси тозаи дигар аз маркази хизматрасонӣ берун шуда, яку якбора нидо кардем: “Раҳмат ба тарбиятгаронашон…”

ГУЛНОЗ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here