Суди вилояти Хатлон пас аз чор мурофиаи судӣ ҳукми зани 37-солаи ноҳияи Панҷ Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевнаро содир кард, ки дар марги ду нафар аз наздикони шавҳар ва заҳролудсозии беш аз 30 каси дигар айбдор дониста шудааст.

Адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов дар сӯҳбат бо «Фараж» гуфт, ки ҳукм рӯзи 9-уми ноябр содир гардидааст ва аз болои ҳукм ба Суди Олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
— Прокурор барои зерҳимояи ман 28 соли маҳбас талаб кард. Судяи парванда Маҳмудзода Зубайдулло ҳукмро 25 сол эълон кард, вале бо дастрасии Қонун «Дар бораи авф»-и соли 2016-ум аз чор як ҳиссаи ҷазо кам карда шуда, дар умум иҷрои ҳукм ба 18 сол расонида шуд,- гуфт адвокат Ш. Қарахонов.
Муфаттиши Прокуратураи вилояти Хатлон Салимзода Восеъ Саид, ки тафтиши ин парвандаро анҷом додааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҷинояти куштори ду нафар аъзои оилаи Насриддиновҳо аз деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддини ноҳияи Панҷро бо роҳи заҳролудсозӣ келини хонавода Ҳимматова Моҳпора соли 2014-ум бо мақсади аз худ кардани манзили истиқоматӣ анҷом додааст. Салимзода инчунин гуфт, тафтишот муайян кард, ки Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна, сокини деҳаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ аз рӯзҳои аввали оиладоршавӣ бо Насриддинов Мирзошои 38-солаи сокини деҳаи Пахтакори ҳамин ноҳия ва наздикони ӯ хусумат пайдо кардааст. Ба гуфтаи муфаттиш, заҳролудсозиро маҳкумшуда пай дар пай, чанд маротиба анҷом додааст.

Сайлонбӣ: Келинашон рашку ҳасад ва хусумат дошт

Сайлонбӣ Хабирова, холаи ҷавонмаргҳо — Мирзохӯҷа ва Мирзошо, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад, дар сӯҳбат бо мо келинашон Моҳпораро дар марги шавҳараш Мирзошо низ гунаҳгор медонад.
Ӯ Моҳпора Ҳимматоваро ба сабукпоӣ муттаҳам карда, мегӯяд, ки то рӯзи келин шуда омаданаш ӯ боз се шавҳари дигар карда будааст ва чанд фарзанд низ доштааст.
— То ба хонаи апаам келин шуда омадани Моҳпора оилаашон тинҷу осуда зиндагӣ доштанд ва ягон хел ҷангу ҷанҷолу нофаҳмиҳо миёни бародарон ва хоҳарон вуҷуд надошт. Як оилаи маъмулӣ буд. Сабаби ба ин кор даст задани Моҳпора рашку ҳасад ва хусумати ӯ нисбат ба Мирхӯҷа ва зану фарзандони ӯ буд. Гап сари он аст, ки моҳи феврали соли 2014-ум худораҳматии Мирхӯҷа «дизентерия» шуда, дар беморхонаи инфексионии ноҳия бистарӣ мегардад. Ҳимматова Моҳпора, ки он вақт ба ҳайси фаррош дар беморхона кор мекард, бо ҳар роҳ мехост бо Мирхӯҷа муносибати маҳрамона дуруст кунад, вале Мирхӯҷа рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки оиладор асту се духтарчаи дӯстрӯяк дорад ва як тори мӯйи духтараконашро ба сад Моҳпора баринҳо намедиҳад. Ҳамин тавр, вақте Моҳпора мебинад, ки бо Мирхӯҷа наметавонад муносибат дуруст кунад, ба бародари Мирхӯҷа — Мирзошо, ки бемордорӣ мекард, «мечаспад». Бо Мирзошо, ки аз Русия омада буду он замон зан надошт, бо ҳар роҳ алоқа пайдо мекунаду ду моҳ пас, моҳи апрел ба хонаашон келин шуда меравад. Келини нав дар дил рашку ҳасаду хусумат ба зану кӯдакони Мирхӯҷа ҳисси бадбинӣ зоҳир мекунад,- гуфт оҳ кашида Сайлонбӣ.

Хонаводаи Насриддиновҳо чор маротиба заҳролуд шудаанд

Номбурда ҳамчунин нақл кард, ки то дар қурутоб заҳри ҳашарот илова кардану куштани Мирхӯҷа, келинашон Моҳпора ду маротибаи дигар онро дар шир илова карда, ба кӯдакон ҳам хӯронида будааст, вале хушбахтона, кӯдаконро сари вақт ба беморхона расониданду аз марг пешгирӣ шудааст.
— Маротибаи сеюм 29-уми июни соли 2014, рӯзи дуюми моҳи Рамазон буд, ки заҳрро дар қурутоб илова кард ва он замон чанд нафар заҳролуд гаштанд, вале танҳо Мирхӯҷа фавтид. Маротибаи чорум 7-уми сентябр ба хамири кулча заҳрро илова кард, ки дар ноҳияи Панҷ духтарчаи 2-солаи раҳматии Мирхӯҷа вафот кард ва аз кулчаҳо, ки Мирзошо ба хонаи мо — ноҳияи Вахш овард, бегоҳи 7-уми сентябр 9 нафар дар оилаи мо заҳролуд гашт ва сари вақт ба бемористони шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ карда шуданду хушбахтона табобат ёфтанд,- мегӯяд Сайлонбӣ Хабирова.

Сайлонбӣ Хабирова: Моҳпора ба Мирзошо занг зада гуфтааст, ки кулчаҳоро партояд
Сайлонбӣ Хабирова, мегӯяд, яке аз заҳролудшудшудагон худи ӯст, ки ду рӯз дар бемористони Қӯрғонтеппа табобат гирифтааст.
— Пас аз ҳодисаи заҳролудшавӣ муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Вахш Мирзошоро даъват карда, дар ҳозирии ман мавриди пурсиш қарор дод. Мирзошо ҳамон ҷо гуфта буд, ки барои чӣ дар роҳ ба ноҳия Вахш ду маротиба занаш ба ӯ занг зада, хоҳиш кардааст, ки кулчаҳоро партояд ва аз бозор нон харида барад. Лекин бо вуҷуди ин ҳама айбҳо муфаттиш Нуриддин Қурбонов, ки он замон дар Прокуратураи ноҳияи Панҷ фаъолият дошту феълан ба Прокуратураи вилояти Хатлон гузаштааст, гуфт, шумо ягон шоҳид барои исботи гуноҳи Ҳимматова Моҳпора надоред ва онҳо низ ягон асос барои эълон кардани айб надоранд,- гуфт Хабирова.
Нуриддин Қурбонов, ки соли 2014-ум дар Прокуратураи ноҳия Панҷ тафтишоти ҳолати заҳролудшавии оилаи Насриддиновҳоро аз қурутоб ба зимма дошт, суханҳои Сайлонбӣ Хабироваро рад карда, гуфт, парванда он замон дар Прокуратураи ноҳия оғоз гардида, мавриди баррасӣ қарор дошт: «Баръакс, ҳукме, ки Суди вилояти Хатлон нисбати маҳкумшуда Моҳпора Ҳимматова эълон кард, дар асоси маводҳои ҷамъовардаи муфаттиши парванда дар ноҳияи Панҷ содир карда шудааст». Нуриддин Қурбонов тариқи телефон нахост дар ин маврид сӯҳбати бештар дошта бошад ва гуфт, ки танҳо пас аз дархости расмӣ метавонад сӯҳбат кунад.
Аз рӯи маълумотҳои расида, соли 2014-ум бо моддаи 207-и Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба заҳролудшавии оилаи Насриддиновҳо парванда оғоз гардида буд, ки ин модда «Вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ» ном дошта, дар қисми 1-и он барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо таъйин шудааст. Дар қисми 2-и ин модда бошад, агар ҳамин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Номаълум боқӣ мемонад, ки агар ҳукми Суди вилояти Хатлон аз рӯи маводҳои ҷамъовардаи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Панҷ асоснок шуда, содир шуда бошад, чаро ин ҷиноят танҳо пас аз се сол бо дахолати Прокуратураи вилояти Хатлон рӯи об бароварда шуд? Ин суолест, ки аз роҳбарияти вақти Прокуратураи ноҳияи Панҷ ҷавоб тақозо мекунад.

Мирзошои ҷавонмарг зери фишори равонӣ қарор дошт

Ба гуфтаи Сайлонбӣ, пас аз ин муносибати ёру рафиқони Мирзошо бо ӯ дигар мешавад: «Дар ҳар куҷо, ки ӯро бинанд, фишор меоранд, гапҳои ҳархела, ба монанди «занатро саришта карда натавонистӣ, додарат ва духтарчаи бечораашро кушт!», «ҷавоби марги онҳоро дар қиёмат ту медиҳӣ!» мегӯянд. Ҳатто дар ҷамъомаде, ки ӯ пайдо мешуд, ҷӯраҳояш он ҷоро тарк мекарданд, бо ӯ салом намекарданд, хулоса, зери фишори равонӣ қарор дошт».
— Ҷияни бечораам Мирзошо ба ин азобҳои равонӣ тоқат накарда, як бегоҳ дар сари дастурхон дар пеши чашми худам аз ғояти хашму ғазаб бо корди ошхона ба шикамаш зад. Ӯро ба духтур бурдем, духтурон гуфтанд, ки захм чуқур нест, ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале субҳи барвақт хабари маргашро оварданд,- холаи Сайлонбӣ бо сӯзу оҳ ва ашки чашмон лаҳзаҳои марги ду ҷигаргӯшаи ҷавонмаргашро ба ёд меорад.
Ҳамчунин, Сайлонбӣ Хидирова гуфт, ки Моҳпора Ҳимматова аз моҳи июни соли 2014, пас аз он, ки ҷиянаш Мирхӯҷа Насриддинов аз қурутоб заҳролуд шуда фавтид, дигар бо шавҳараш набудааст ва дар хонаи падар зиндагӣ мекардааст: «Шаби 23 ба 24-уми сентябр ба шавҳараш Мирзошо паёмак равон мекунад, ки агар ӯро дар қазия гунаҳгор ва зиндонӣ кунанд, ҳатман Мирзошоро низ дар ҳамдастӣ тӯҳмат карда, аз қафояш мебарад».
— Маҳз ҳамин паёмаки Занаш сабаб шуд, ки ӯ дигар тоқат накард ва дар пеши чашми худам корди ошхонагиро гирифта ба шикамаш халонд,-гуфт Хабирова.

Падари Моҳпора: Духтарамро хонаводаи шавҳараш тӯҳмат карданд

Дар ҳамин ҳол, Ҳимматов Сайвалӣ, сокини ҷамоати «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ — падари Моҳпора Ҳимматова ҳама иттиҳомотро нисбати духтараш беасос Хонда, мегӯяд, Моҳпораро хонаводаи шавҳараш тӯҳмат кардаанд.
Номбурда дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки духтараш Моҳпора Ҳимматова қаблан бо бародари шавҳараш — Мирхӯҷа ягон хел муносибат ва хусумату бадбинӣ нисбат ба зану кӯдакони ӯ надошт.
— Ин гапҳо дар ҳаққи духтари ман ҳамааш тӯҳматанд. Ҳодиса моҳи июни соли 2014-ум, ду моҳ пас аз шавҳар кардани Моҳпора рух дода буд. Он замон аз ҷониби прокуратура ва идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Панҷ парванда боз шуда, тафтиш гузарониданд. Пас аз чанд муддати таҳлилу тафтиш муайян шуд, ки орде, ки ин оила аз он истифода кардаанд, кӯҳна шуда, таркибаш вайрон будааст. Инчунин, дар ганҷуре, ки орд ва дигар анвои хӯрдании хонавода нигоҳдорӣ мешудааст, як таҷҳизоти дорӯпошии олуда бо заҳри ҳашароти зараррасон низ будааст. Умуман, мақомоти тафтишотии прокуратураи ноҳия ва идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳия ҳолати санитарии ганҷурро бад арзёбӣ кардаанд ва бо сабаби наёфтани ягон далел бар зидди духтари ман, парвандаро муваққатан боз доштанд. То ҳол он халтаи орд дар Прокуратураи ноҳияи Панҷ нигоҳдорӣ мешавад. Бояд бигӯям, ки он замон Моҳпора низ ҳамроҳ бо аҳли хонавода заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда буд. Ба ин нигоҳ накарда, аҳли оила ҳама айбу гуноҳро ба гардани духтари ман бор карданд,- мегӯяд С. Ҳимматов.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванд Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо гумони куштори бародари шавҳараш — Насриддинов Мирхӯҷаи 36-сола, духтарчаи 2-солаи ӯ Насриддинова Таҳмина ва заҳролуд сохтани 30 нафар афроди пайванд ба ин оила дар соли 2014 хабар дода буд.
Дар гузориши муфассали ВКД гуфта мешуд, ки як зани 37-солаи зодаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир кардаанд. Бино ба ин гузориш, ин зан аз рӯзҳои аввали издивоҷаш бо як сокини 38-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ нисбат ба шавҳар ва хешу табори шавҳараш хусумат пайдо карда, дар фикри ҷисман нобуд кардани онҳо шудааст.
Ҳамин тавр, “рӯзи 29-уми июни соли 2014, вақте аҳли ин оила дар саҳро машғули кор буданд, ин зан барои онҳо қурутоб тайёр намуда, ба он доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли қурутоб бародари шавҳараш марди 36-сола, ҳамсари ӯ зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола, 2-сола, ҷиянҳояш ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардидаанд. Дар натиҷа бародари шавҳараш марди 36-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати корҳои дохила менависад: «Баъдан, зани гумонбаршуда кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7-уми сентябри соли 2014 ба хамири нон доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардида, духтарчаи 2-солаи ӯ дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст”.
Худи ҳамон рӯз ин зан барои маъракаи себегоҳаи тағои шавҳараш 20 кулча пухтааст. Албатта, боз ҳам бо ҳамроҳ кардани доруи ҳашарот ба хамири ин кулчаҳо: «Аз истеъмоли кулчаҳо шахсони дар он ҷо ҳузурдошта: зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар Беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ гардиданд”.
Бино ба гуфтаи адвокати маҳкумшуда, аз болои ҳукми Суди вилояти Хатлон ба Суди Олии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурда шудааст, ки рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, аммо маълум нест, ки Суди Олии кишвар ба ҳукми Моҳпора Ҳимматова, ки бо айби куштори 2 нафар аз пайвандони шавҳар ва заҳролудсозии 30 нафар аз наздикони оила ба 18 сол маҳкум гардидааст, чӣ тағйироте ворид хоҳад кард.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here