Замоне, ки ҳама ҷоро сардӣ фаро бигрифта буду шоҳзодаи фасли дай ба шиддат ҳукм меронд, маликаи гармӣ бо дурахши нурҳои хеш ба зиндагии мардуми русто гармиро ҳадя намуд.

Муаззама Аҳмадовна — зодаи деҳаи Қаълачаи Мазори ноҳияи Исфара аз қабили занҳои эҷодкоре буд ба монанди Робия, Маҳастӣ, Зебунисо. Вале ӯ дар адабиёти чандинасраи тоҷик аввалин зани нависанда ба ҳисоб мерафт. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд мебошад. Баъди хатми донишкада Муаззама як муддат дар мактаби деҳааш аз фанни ҷуғрофия дарс гуфтааст.

Меҳри сухан ва меҳри эҷодкорӣ дар риштаи адабиёт, навиштани ҳикояву мақоланависӣ Муаззамаро дар ибтидои солҳои 80-ум аз деҳа ба Душанбе меорад. Духтари эҷодкори боистеъдодро аввало ба сифати мухбири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва баъдан ба ҳайси мухбир дар нашрияи “Адабиёт ва Санъат” ба кор қабул менамоянд. Отахон Латифӣ ӯро ба “Адабиёт ва Санъат” мефиристад ва дар шуъбаи адабиёт то дами марг фаъолият мекунад. Аввалин ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои “Адабиёт ва Санъат”, “Комсомоли Тоҷикистон” маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Занони Тоҷикистон” нашр гардидаанд.

Муаззама ногуфтаҳои зиёде дошт. Чандин ҳикояву мақолаҳояш нокомил монданд. Ӯ дар авҷи парвози эҷодиаш ин зиндагиро падруд мегӯяд. Ҳикояҳои навиштаи ӯ, аз қабили “Гули сари девор”, “Соҳиби аспи сафед”, “Афсонаи танҳоӣ”, “Келини шаҳрӣ” ва ғайр аз ин якчанд ҳикояҳову қиссаҳои нотамом мебошад. Ӯ дар қиссаи “Гули сари девор” аз даврони ба балоғат расидани духтараке қисса мекунад. Чӣ гуна он духтар хобҳои ғалатӣ медиду бо сад орзуву ҳавас рӯймолча гулдӯзӣ мекард ва сари девор мегузошт, то касе рӯймолчаро дида, аз ӯ пурсад, ки чӣ хобе дидааст, аммо ҳеҷ кас ба ӯ аҳамият намедоду боре ҳам аз хостаҳои ӯ намепурсид. Танҳо мегуфтанд, ки духтари калон бояд садояш баланд набарояду кору бори хонаро омӯзад. Билохира, як субҳ вақто ки духтарак аз хоб бармехезад, ҷои рӯймолчаи гулдӯзӣ кардааш гулро мебинаду ба орзуяш мерасад. Ва ё дар қиссаи “Келини шаҳрӣ” нависанда ба хонандагонаш бовар кардан ба инсонҳо ва ба қудрати муҳаббат боварӣ доштанро меомӯзонад.

Муаззама шеър ҳам мегуфт, гарчанде шеърҳои навиштааш каме нуқсон доштанду аз ҷиҳати вазну қофия дорои камбудиҳо буданд, вале хеле самимию содаю равон навишта шуда буданд.

“Хотираҳо аз ӯ зиёданд. Ман ҳамагӣ ду сол дар рӯзномаи “Адабиёт ва Санъат” ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият доштам ва пасон ба кори дигар гузаштам, аммо бо Муаззама аз давроне, ки дар рӯзнома ба кор омада буд ва пеш аз он ҳам дӯстӣ доштем. Ин дӯстии мо то охири умраш ҷовидон монд. Бо ӯ дар бахши назм ошно гаштем. Зане буд, ки навиштаҳояш аз дигарон ба куллӣ фарқ мекард. Ҳамеша оромтабиат, маслиҳатгар ва дардшунави хубе буд”,- мегӯяд нависанда Абдулҳамид Самад.

“Ҳар шаб бо ҳам телефонӣ суҳбат мекардем, роз мегуфтем, маслиҳатҳо мекардем. Охирин бор Нодирпурро бароям маслиҳат дод. Ҳар шаб занги телефон як садои аҷибе дошт, аммо он шаби шум садои занги телефон куллан дигар буд, ваҳме ба дил оварда буд, ҳангоме ки гӯшаки телефонро бардоштам, садои гиря буд. Садои Муаззама шунида намешуд. Овози гиряву нола ба осмон расида буд. Ин вақт дарк намудам, ки Муаззама дигар байни мо ҳамқаламон нест, ӯ моро видоъ гуфта, ки дигар садояшро намешунавему навиштаҳояшро намехонем. Дарки ин дард хело сангин буд. То дер боз ба худ омада натавонистам. Аз даст додани як дӯст, як розшунав, як хоҳар мисли фарзанди падар хело сахт аст”,- мегӯяд бо ҳасрат шоира Фарзона.

Аз Муаззама ду ятиме монда, яке “Соҳиби аспи сафед” (соли 1986), дигаре “Афсонаи танҳоӣ”, ки Талъат Нигорӣ комилу ҷамъовариаш намудааст. Ин маҷмӯаҳо нишонае аз нависандаи нокомгашта дар масири зиндагӣ мебошанд.

Муаззама хеле зуд бо ин зиндагиву дунё, наздикону ҳамқаламонаш видоъ гуфт. Баъди як муҳокимаи тезутунди мақолаи Турдихонов, ки профессор Бердиева низ дар он ҷо иштирок дошт, ба ҷои кораш бармегардад ва дар утоқи кориаш бо ин зиндагӣ падруд мегӯяд.

Муаззама гирифтори бемории саръ будааст. Ҳангоме, ки ҳамкасбон субҳ ба кор меоянд, ҷисми беҷони ӯро дар утоқи кориаш пайдо мекунанд. Ин як даҳшатеро бар дили ҳамкасбонаш меандозад. Ҷасади ӯро ба зодгоҳаш мефиристанд. Ва моҳи феврали соли 1988 хуршед ғуруб мекунад, зиндагӣ барои наздикони Муаззама торик мегардад.

Устод Бозор Собир дар васфи Муаззама марсияе гуфтааст бо номи “Ёдат ба хайр, Муаззама”:

Рафтӣ ҷавону сӯхт барои ту сад ҷавон,

Ошиқ ҷудову ҳамқадаму ҳамқалам ҷудо.

“Аспи сафед”-и ишқи ту, эй духтари адаб,

Дар синаҳои аҳли қалам мекунад чаро?!

Ҳамчун сутун тарошидаи рукни ҷумларо

Бо тешаи хаёл чу устои Исфара,

Рангобаранг буд матоъи баёни ту,

Монанди он матоъи заминҳои Исфара.

Чиндӣ ту аз замини сухан санги сактаро

Чунон, ки сангҳои заминро дар остин,

Мечинад исфарагиву аз халқи кӯҳ яке

Қирғиз хамида мебарад аз дасти ӯ замин.

Рӯзе, ки бебаҳонаву бо сад баҳонае

Дасти аҷал даричаи қалби туро бибаст.

Гуфтам ба худ, ки риштаи нуре бурида шуд,

Сандуқчаи тиллоии ҳарфу ҳиҷо шикаста шуд.

ГУЛНОЗ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here