Ё чӣ бояд кард, то пойтахти азизамонро тозаву озода нигоҳ дорем?

Шаҳри Душанбе солҳои охир чунон тез ба як шаҳри зебову дилкаш табдил ёфта истодааст, ки воқеан агар ободкорӣ бо ин суръат идома ёбад, дар 10-15 соли оянда ба як шаҳри пешрафтаву шинохтанашаванда табдил хоҳад ёфт. Ободу васеъ шудани кӯчаву хиёбонҳои дохилишаҳрӣ, қад афрохтани биноҳои баландошёнаву замонавӣ, гулгашт шудани хиёбонҳову боғҳои фароғатӣ ва даҳҳо тағйироти дигари мусбатро мушоҳида намудан мумкин аст, ки ду даҳсола пеш дида намешуд. На танҳо сайёҳону меҳмонони хориҷӣ, балки сокинони худи пойтахт низ аз чунин пешрафт хушнуданду сукунат дар пойтахтро боиси ифтихор медонанд.
Банда қариб ҳар ҳафта аз ин ё он гӯшаи шаҳр дидан мекунам, боғҳои фароғатии шаҳрро зиёрат намуда, аз сайру тамошои он ҳаловат мебарам. Аз натиҷаи мушоҳидаҳои худ ба хулосае омадам, як камбудии хеле ҷиддие вуҷуд дорад, ки ҳам ҳусни шаҳрро коста мекунад ва ҳам боиси ташвиши меҳмонону сокинон мегардад, ки фавран бояд бартараф карда шавад. Ин ҳам бошад, дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр набудани партовқуттиҳо барои коғазпораву баклашкаҳо ва ё умуман чизҳои хурди зиёдатӣ аст. Шояд мавзуи мазкурро ҷиддӣ нагирем, вале мегӯянд, ки ба маданияти ҳар халқ аз шаҳрдорӣ ва тозагии кӯчаҳои шаҳрҳо, бахусус пойтахташ баҳо медиҳанд. Агар воқеан чунин аст, меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон вақте ба кӯчаҳои пур аз коғазпораву ҷӯйборҳои пур аз баклашкаҳои шаҳри Душанбе нигаранд, ба мо чӣ гуна баҳо медода бошанд? Аз ҳама муҳим он ки, вақте мардум дар кӯчаву паскӯчаҳо коғазпораҳои худро зери дарахтону даруни ҷуйборҳо мепартоянд, кӣ бояд посух гӯяд?
Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан бо коғазпорае дар даст ба шаҳр баромадам ва ба худ аҳд кардам, ки то ёфтани ҷои махсусе, ки барои гузоштани чизҳои нозарур муайян шуда бошад, онро намепартоям. Аз назди гардиши маъруф бо номи «Танка» то истгоҳи Сирк пиёда омадам, дар ҳеҷ куҷое як партовқуттӣ (урна) наёфтам, ки онро партоям. Роҳро пиёда то охирин истгоҳи маршрути 13 (ГАИ) идома додам. Ҷустуҷӯи партовқуттӣ (урна) ба назар бефоида намуд. Ин аст, ки коғазпораро ба ҷайбам гузошта, ба хона даромадам. Субҳ бо ҳамон коғазпора боз ба нақлиёти 13 савор шудам ва дар истгоҳи назди бинои асосии «Тоҷиксодиротбонк» фаромада, то назди фурӯшгоҳи «Олами китоб» пиёда омадам. Дар инҷо низ ягон партовқуттӣ (урна) пайдо накарда, ба самти меҳмонхонаи «Серена» ҳаракат кардам ва танҳо дар назди ҳамин меҳмонхона партовқуттиеро пайдо кардам, ки он ҳам ба худи меҳмонхона тааллуқ дошт.
Баъди ин мушоҳида ба хулосае омадам, ки мардуми мо дар ифлосшавии кӯчаҳои пойтахти азизамон ҳеҷ гуноҳе надоранд. Зеро, агар хоҳанд ҳам, онҳо барои партофтани коғазпораву баклашкаҳои дасти худ ҷуз зери дарахтон, дохили ҷӯйбор ва ҷойҳои дигар, ҷое намеёбанд.
Нафаре нақл кард, ки «ҳар бегоҳ, вақте дар маҳаллаи 82 кӯдаконамро аз боғча мегирам, ҳатман барояшон шириниву об мегирам. Қариб якуним километрро пиёда тай карда, то хона меравем ва ҳеҷ ҷое барои партофтани коғазпора намеёбем. Гоҳо ноилоҷ чизҳои партофтаниамонро то хона мебарем ва гоҳо зери ягон дарахте мепартоем».
Воқеан, агар мо дар тамоми кӯчаҳои пойтахт сайр кунем ҳам, ҷуз хиёбонҳои марказӣ ва боғҳои истироҳатӣ, кам ҷое пайдо мекунем, ки дар он партовқуттиҳо (урнаҳо) гузошта шуда бошанд. Ба фикри ман, барои он ки масъулин ба мардум маданияти тоза нигоҳ доштани шаҳрро ёд диҳанд, бояд нахуст шаҳрро бо партовқуттиҳо (урнаҳо) таъмин намоянд. Ман боварӣ дорам, ки агар пойтахти азизамон шаҳди Душанбе чун шаҳрҳои кишварҳои дигар бо партовқуттиҳо таъмин карда шавад, ҳеҷ як нафаре партовҳои худро ба кӯчаҳо намепартояд.
Ин масъала, на танҳо нозук, балки хеле ҷиддӣ низ ҳаст. Мардуми мо одат кардаанд, ки дар сурати набудани партовқуттиҳо, чизҳои зиёдатии худро ба ҳар куҷое рост ояд, партоянд, вале меҳмони хориҷиро ин камбудӣ хеле азият медиҳад. Зеро меҳмони хориҷӣ дар кишвари худ ба он одат кардааст, ки чизҳои зиёдатии худро танҳо ба партовқуттиҳо партояд, вале чун дар пойтахти мо чунин партовқуттиҳоро намебинад, маҷбур мешавад, ки ҳатто агар обе бинӯшад, баклашкаи холишудаи обро бозпас ба меҳмонхона барад. Бояд ин камбудиро масъулин хеле зуд бартараф кунанд ва дар ҳама кӯчаҳову хиёбонҳои шаҳр партовқуттиҳо гузошта, мардумро бо оини шаҳрдорӣ шинос кунанд. Дар акси ҳол, аҳвол чуноне, ки ҳаст, боқӣ хоҳад монду ҳама ободкориҳо ва заҳматҳо дар назар пинҳон мемонанд.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here