Ҳунар сармояи гаронбаҳоест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки меваҳои болаззат ба бор меорад. Дар ин маврид метавон аз таҷрибаи бонувони фаъолу ҳунарманди шаҳри Турсунзода ёдовар шуд.

Дар шаҳри Турсунзода 163 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият доранд, ки 39 нафарашон дар мақомоти иҷроия, 25 нафарашон дар дастгоҳи раиси шаҳр ва 99 нафарашон дар ҷамоатҳои деҳот кор мекунанд. Аз ин шумора нафарони роҳбарикунанда 21 нафар буда, 5 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳудуди шаҳр шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон 435 нафар ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳконӣ 239 аст, ки дар якҷоягӣ 837 нафарро ташкил мекунанд. Ҷиҳати таъмини мувозинати гендерӣ дар интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот номзадии занон бо ҳисоби шумора дар қиёс ба интихоботи қаблӣ зиёд гардида, айни замон аз ҳисоби 40 нафар вакилони халқи шаҳрӣ занҳо соҳиби 11 мандати вакилӣ мебошанд. Аз ҳисоби 1912 нафар занони дар соҳаи тандурустӣ фаъолиятдошта 20 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Дар соҳаи маорифи шаҳр ҳамагӣ 4115 нафар занон кору фаъолият доранд, ки аз ин ҳисоб 91 нафари онҳо роҳбар мебошанд. Шумораи занони роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5 нафар, дар соҳаи фарҳанг 1 нафарро ташкил медиҳад. Бо мақсади омода намудани занону духтарон барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар назди Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода махзани кадрӣ таъсис дода шуда, айни ҳол 65 нафар занону духтарони болаёқат дар қайди он қарор доранд. Ҷиҳати ба мансабҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шудани занону духтарони лаёқатманд, тибқи квотаи Президентӣ аз соли 2006 то инҷониб 135 нафар духтарон таҳсилоти олӣ гирифтаанд, ки аз ин шумора 2 нафар дар дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода фаъолият доранд.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳриТурсунзода Бобоҷонзода Фахрия, дар шаҳри Турсунзода шумораи занони ҳунарманд сол то сол афзуда истодааст. Мавсуф ба фаъолияти бонувони ҳунарманди шаҳри Турсунзода боҳои баланд дода, зикр намуд, ки “дар асоси Паёми Пешвои миллат ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар қатори дигар масъалаҳо бештар ба масъалаҳои рушд додани ҳунарҳои мардумӣ миёни занон ва зинда сохтани ҳунарҳои қадимае, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, аз қабили адрасбофӣ, шерозбофӣ, қолинбофӣ ва ғайра диққати махсус дода мешавад”.

Мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Уракова Хуршеда иттилоъ дод, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои суннати ниёгон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими заминаи мусоид баҳри оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили ҷудошавии оилаҳо, никоҳи бармаҳал, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ”, Озмуни гулҳо: “Сайри гули Лола”, фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз” дар байни занону духтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида, бо дипломҳои дараҷаи 2 ва 3 сазовор шудаанд. Бино ба иттилои ӯ, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақшаи чорабиниҳо дар Шуъбаи кор бо занон ва оила тасдиқ гардидааст, ки аз 14 банд иборат мебошад. Дар ҳамаи чорабиниҳо занони фаъоли шаҳри Турсунзода иштирок мекунанд. Маркази касбомӯзӣ барои калонсолон аз рӯйи 10 ихтисос фаъолият менамояд. Занону духтарон дар ин марказ касб омӯхта, соҳиби сертификат мешаванд. Бонувон — апаи Ҷумагул ва Рисолат, ки дар ҷамоати Қаратоғ истиқомат мекунанд, ба ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ машғуланд. Дар Маркази касбомӯзии калонсолон мо бисёртар занони хонашинро ба кор ҷалб менамоем, то ҳунар омӯхта, дар зиндагӣ мустақил бошанд”,- афзуд ӯ.

Хуршеда Уракова дар идома афзуд, ки ба Шуъбаи кор бо занон ва оила тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд: “Қисми зиёди муроҷиатҳо — ин бо ҷойи кор таъмин намудан буд. Фасли мавсимӣ буд ва бо корҳои мавсимӣ таъмин шуданд. Қисми боқимонда оид ба касбомӯзӣ буд, ки мехостанд фарзандонашон соҳиби ҳунар гарданд. Тариқи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Маркази касбомӯзии калонсолон ҳамаи онҳо соҳиби сертификат гардиданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроия мо ба ҳамаи ниёзмандон кумакҳои молӣ расонидем. Дар назди Шуъбаи кор бо занон ва оила комиссияи доимамалкунанда фаъолият мебарад, ки аз ҳисоби занони собиқадор ташкил карда шудааст. Ҳамарӯза муроҷиати он занҳоеро, ки дар хусуси пароканда нагардидани оилаҳояшон ворид мегарданд, мо дар ҳамин комиссияи доимамалкунанда дида мебароем. То қадри имкон оилаҳоро барқарор месозем. Дар комиссияи мазкур 60 баҳси оилавӣ баррасӣ шуда, аз ин тедод зиёда аз 47оила аз ҷудошавӣ нигоҳ дошта шуда, зери назорати доимии шуъба қарор доранд”.

Ба гуфтаи мавсуф, “аз рӯзе, ки бемории коронавирус дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта шуд, ситоди доимамалкунанда дар назди МИҲД-и шаҳр фаъолияти худро оғоз намуд. Тамоми кормандони бахшу сохторҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва клиникаҳои шахсӣ ба гуруҳҳо тақсим шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намудем. Ҳамин фаҳмондадиҳиву хизматрасонии кормандони тиб буд, ки шаҳрвандон солим гардонида шуданд. Дар вақти роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷомеа ба нафароне, ки ниқоб надоштанду ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намекарданд, зиёда аз 15790 ниқоб тақсим карда шуд”.

Зимнан, мутахассиси пешбари Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Ганҷина Ҳабибӣ мегӯяд, ки “ман аз кору фаъолияти занони ҳунарманди шаҳри Турсунзода, ки барои духтарони арӯсшаванда ҳунарҳои зебои худро пешкаш мекунанд, аз ҳунару истеъдоди ҳамаи бонувони ҳунарманди шаҳр хеле хурсандам. Ҳамаи ин ҳунарҳо аз давраи қадим то замони мо аз модару модаркалонҳоямон мерос мондааст. Айни замон занони ҳунарманди мо кӯшиш доранд, ки ҳунарҳои аҷдодонамон аз байн нараваду аз нав эҳё гардад. Аз тасмими ҳамаи онҳо ман хеле шод ҳастам”.

— Агар занони мо дар зиндагӣ мустақил шаванду дастнигари шавҳари худ набошанд, ин кумак ба шавҳар мешавад. Ин гуна занони ҳунарманд боз фарзандони худро соҳиби ҳунар мекунанд. Ман шахсан худам дар хонаи яке аз ҳунармандон қарор доштам. Духтараконро мушоҳида кардам, ки шавқу рағбати зиёд доранд барои азхуд кардани ҳунар ва дар оянда ҳамаи онҳо метавонанд мустақил бошанду дастнигари шавҳари худ нашаванд. Аз кори ин духтаракони ҷавон ман хеле шод шудам. Фахр кардам, ки чунин духтаракони ҷавони ҳунарманд дорем,- афзуд ӯ.

Директори филиали КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе”дар шаҳри Турсунзода Ҳайитова Мавлуда зикр намуд, ки “маркази мазкур аз соли 2013 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Имрӯз якчанд дастовард дорем. Дар маркази касбомӯзии мо 46 ихтисосҳои гуногун мавҷуд аст. Таваҷҷуҳи мардуми шаҳри Турсунзода зиёд мебошад. Талаботи бозори меҳнат, ки ихтисосҳоро талаб мекунад ва рақобатпазирии касбҳо ҳаст, ки имрӯз мувофиқи эҳтиёҷоти мардум кору фаъолият дорем. Курсҳои кӯтоҳмуддат дар се самт фаъолиятдоранд. Ҳамаи ин курсҳои кӯтоҳмуддат тариқи ройгон ба роҳ монда шудаанд. Мо инчунин бо ташкилоти “Умедбахш” робитаи корӣдорем. Аз моҳи январ то инҷониб касбомӯзонро бо касб ва сертификат таъмин намудем. Дар маркази мо адрасбофӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ, кулолгарӣ роиҷанд ва шаҳрвандон ба ин касбҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Инчунин, нафарони зиёд ба оҳангарӣ машғуланд. Дар маркази мо ҷавонписарон ва ҷавондухтароне, ки бешуғл ҳастанд, ба ҳамаи ин касбҳо ҷалб карда мешаванд. Дар марзаки мазкур 15 ҳунарманд фаъолият карда истодаанд. Дар марказ таҷҳизоти ба талаботҳои замон ҷавобгӯи қолинбофӣ ва адрасбофӣ мавҷуд аст. Ман худ аз хурдсолӣ ин касбҳоро азхуд кардам ва ҳозир шогирдони худро тайёр карда истодаам. Ду духтари худам низ ҳунарманданд, чакан, попур, тоқича, куртаҳои миллӣ медӯзанд. Дар ҳамаи чорабиниҳои шаҳри Турсунзода ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, шоҳҷоизаи шаҳриТурсунзодаро ба даст овардем. Бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шудем. Ҳамаи ҳунармандони муассисаи мо кӯшиш доранд, ки ҳунари худро омӯзонанд. Мехоҳем, ки дар оянда теъдоди чунин корхонаҳо зиёд гардад. Мо ҳунармандон кӯшиш дорем, ки ҳунари дасти худро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз ҷумҳурӣ низ муаррифӣ намоем”.

— Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ҷавондухтарон худашон дар алоҳидагӣ дӯкони дӯзандагӣ доранд. Дӯкони қаннодӣ кушодаанд, ки кор ва фаъолият доранд. Як бонуи ҳунарманди шаҳри Турсунзода Муборак Ахмедова мебошад, ки бо ҳунари қаннодии худ дар бозор нуқтаи савдо дорад. Маҳсулоти ӯ ба тамоми талаботҳои замонавии бозор ҷавобгӯ мебошад. Ин бонуи ҳунарманд касби худро бисёр дӯст медорад. Яке аз кадбонуҳои беҳтарин аст гӯям ҳам, хато намекунам. Қаннодиҳои худро ба бозор бароварда, зиндагиашро пеш бурда истодааст. Чанде қабл ин бону ба маркази мо барои касбомӯзӣ муроҷиат карда буд ва аз мо хеле миннатдор аст. Инчунин, мо 5 нуқтаи касбомӯзӣ кушодем, ки ин нуқтаҳои касбомӯзӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Сешанбе, Ҷӯра Раҳмон, Қаратоғ ҷойгир буда, шогирдонамон дар он ҷо фаъолият доранд. Дар ҷамоати деҳоти Навобод Баҳриддинова Насибахон, Ёқубова Фотимахон ва Алишерова Фотима кор карда истодаанд. Нуқтаи оҳангарӣ низ дорем, ки дар он ҷо Нарзиқулов Ҳикматулло кор мекунаду шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Дар деҳаи Сешанбе аз ҳисоби як соҳибкор як нуқта ташкил намудем, ки шогирдони мо кору фаъолият доранд, ба бофандагӣ, дӯхти либоси миллӣ, қаннодӣ машғуланд. Бо дастгирии Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ курсҳоро тариқи ройгон ташкил намудем ва талаботи мардуми деҳот хеле зиёд аст,- гуфт ӯ.

Қуроқдӯз аз шаҳри Турсунзода Ҷамолбибӣ Ҳомидова мегӯяд, ки аз модаркалону модараш ин ҳунарро аз худ кардааст: “Қариб 10 сол мешавад, ки ман бо ин ҳунар машғулам. Ман худ дар оилаи ҳунармандон калон шудам. Падарам низ ҳунарманд буданд, гаҳвора месохтанд. Солҳои зиёд дар хона-интернати пиронсолон (33 сол) кор кардам. 20 сол ба ҳайси пешхизмат ва 13 соли дигар ҳамчун дӯзанда фаъолият намудам. Қуроқдӯзиро аз намуди пештара то гулҳои замонавӣ бо нигинҳо оро дода медӯзам. Гулҳояшро худам фикр карда медӯзам. Шогирдонам 20 нафаранд. Дар бахши шуғли аҳолӣ муаллима шуда, ҳунари худро ба шогирдон омӯзонидам, соҳиби сертификат шуданд. Ман се нафар духтар дорам. Ҳамаи духтаронам низ ҳунарҳои маро омӯхтаанд, либосҳои арӯсӣ медӯзанд. Куртаҳои тоҷикиро попур мезананд. Ман ҳунари худро бисёр дӯст медорам. Беҳунари худ зиндагиамро тасаввур карда наметавонам. Агар кор накунам, худамро бемор ҳисмекунам. Раиси шаҳри Турсунзодабо 3 сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ маро қадрдонӣ карданд. Бо маоши хуб 3 моҳ маро таъмин карданд. Дар ҳама чорабиниҳо фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойи намоён гаштам. Дар “Шоми деҳот” дар байни 12 ҷамоату деҳот чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид ва ман ҷойи аввалро ишғол кардам. Бо ҳунари худ писарамро соҳиби маълумот кардам. Духтаронам бо ҳунари худ дар зиндагӣ мустақил шуда, даромади хуб ба даст меоранд”.

— Ман ҳамчун як бонуи ҳунарманд ба ҳамаи бонувони тоҷик чунин таъкид менамоям, ки урфу одати миллии худро гум накунанду ҳунарҳои мардумӣ аз байн наравад. Мо ҳунармандон бояд ҷавононро ба ҳамин ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намоем. Ман ҳунари дӯзандагиро касб ҳисоб намекунам. Бояд ҳама занҳои тоҷик дӯзанда бошанд. Бояд ҳар як зани тоҷик аз уҳдаи ҳунарҳои мардумии аҷдодони худ барояд,- афзуд мавсуф.

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, раиси ҷамоати деҳоти Қаратоғ Истатой Муҳаммадиева мегӯяд, ки “мо- занони фаъоли деҳа якҷоя бо хонандагони муассиса ба омӯхтани ҳунарҳои аз байн рафтаи деҳа, ба монанди гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ машғулем. Дар як ҳафта як маротиба ҷамъ омада, ҳамин ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё намуда истодаем. Ман аз хурдӣ ба ҳамин ҳунар машғул мебошам. Ба ғайр аз дӯхтани рӯймол ва ҷойнамоз, ба қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ низ машғулем. Дар як муддати муайян ҳамаи ин ҳунарҳо аз байн рафта буд. Дар баробари эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мо тасмим гирифтем, ки ин ҳунарҳоро аз нав эҳё намоем. Устоди ман дар ин ҷода модарам ҳастанд. Ман дар оилаи ҳунарманд ба воя расидаам. Ҳар як бонуи тоҷик ба ғайр аз он ки соҳибкор, коргар аст, боз метавонад бо касбу ҳунари худаш ба оилаи худ як даромади иловагӣ изофа намояд”.

Ҳунарманди мардумӣ, кулолгар Фозил Носиров мегӯяд, ки “дар мактаби санъат ва мактаби кулогарӣ, ки аз тарафи шуъбаи маориф ташкил шуда буд, ҳамин ҳунарро ба наврасон меомӯзонем. Дар як давра барои занони бекор ҳам курсҳои кӯтоҳмуддат гузаронида будем. Ва аллакай дар устохонаи таълимии назди осорхона барои мо ҷой ҷудо карданд. Шароитҳои хуб муҳайё шудааст. Дар тамоми чорабиниҳо ҳамеша фаъолона иштирок мекунем. Кӯшиш мекунем дастовардҳое омода созем, ки барои меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ писанд бошанд. Як маҳсули эҷоди ман дарвозаҳои Қалъаи Ҳисор буд. Мақбараи мазори Рӯдакӣ ва мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башорои Мазори Шарифи Панҷакентро ҳам сохтам. Дар ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дарвозаи Саразмро сохтам. Дар ин баробар, маҳсули гуногуни эҷодие дорем, ки хусусан аз кӯзаҳову гулдонҳо иборатанд. Кӯшиш мекунам шогирдонеро омода намоям, ки дар оянда давомдиҳандаи кори мо бошанд”.

Бояд гуфт, дар шаҳри Турсунзода ташкили касбомӯзии аҳолии бекор ва корҷӯянда, ки яке аз самтҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ мебошад, асосан тавассути филиали дар шаҳр фаъолиятдоштаи Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. То ба имрӯз дар ин самт дар байни аҳолӣ, махсусан занону духтарон оид ба моҳияти ҳунарҳои мардумӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, айни замон аз ҳисоби биноҳои масҷидҳои ғайрирасмӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, махсусан дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Регар ва Навобод ба роҳ монда шуда, шумораи занони хонанишин барои таъмини ҷои кор ва шуғл зиёд гардида истодааст.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити муосири Тоҷикистон нақши хеле муассир дорад. Ин омил баҳри осудаҳолии қисми зиёди аҳолии кишвар чӣ аз лиҳози иҷтимоӣ ва чӣ аз лиҳози иқтисодӣ чун ҷузъи таркибии зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандони мо гаштааст. Бояд гуфт, ки дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ки имрӯз фарогири ҷаҳони муосир аст, фоизи муайянеро муҳоҷирати занон ташкил медиҳад. Метавон гуфт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ миёни занон хусусияти худро дорост. Сатҳи номусоиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, яъне набудани ҷойи кори доимӣ дар баъзе мавридҳо, мавҷуд набудани манзили доимии зист ва ё дигар омилҳо занонро водор менамояд, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оранд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, шумораи заноне, ки аз шаҳри Турсунзода дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, 2140 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли 2019 ин нишондод 2120 нафарро ташкил медод. Аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад мақому мартабаи бонувони ҳунарманди тоҷикро коҳиш диҳад, зеро онҳо ҳар куҷое набошанд, бо ҳунари худ роҳи зиндагияшонро меёбанд.

Тавре мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Уракова Хуршеда изҳор медорад, “мо имрӯз дар симои зан модарро мебинем. Дар симои зан роҳбарро мебинем. Дартамоми гӯшаю каноре, ки набошем. Занҳоро мебинем, ки роҳбар ҳастанд. Бисёр фахр мекунам, ки мо зан ҳам бошем, дар қатори мардон мардонавор фаъолият менамоем”.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here