Ба идораи ҳафтаномаи “Фараж” зане ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш муроҷиат намуда, аз болои хешу табори шавҳари собиқаш ва ноадолатии суд шикоят кард.Тавре маълум гардид, ин зан Кабутова Шабистон ном дошта, духтаракро ном Умеда будааст.

Тавре Кабутова Шабистон мегӯяд, “соли 1998 бо шаҳрванд Махсудов Қ., сокини шаҳри Бохтар оила барпо намуда, 13 сол зиндагии якҷоя дошта бошем ҳам, вале дар ин муддат бо сабаби бемории шавҳарам соҳиби меваи умр –фарзанд нашудем. Ман тасмим гирифтам, аз хонаи ятимон кӯдакеро ба фарзандхонӣ қабул намоям. Дар ин вақт бо дахолати хусурам — бародари шавҳарам ва ҳамсараш, ки нав духтари дуюмашон таваллуд шуда буд, ба ман гуфтанд, ки онҳо аллакай як духтар доранд, аз ҳамин сабаб духтари навзодашонро мо ба фарзандӣ гирифта, тарбия намоем”. 

Дар идома Шабистон афзуд, ки: “Мақсудова Шамсия- зани ҳеварамба ман гуфт, ки шавҳарам барои дубора духтар таваллуд карданамбисёр чангу ҷанҷол менамояд, ҳатто чанд маротиба гуфт, ки агар боз духтар таваллудкунӣ, ҷавоби туро медиҳам.Шавҳарам низ гуфт, ки фарзанди бародарам аз хуни худам ҳаст, беҳтараш ӯро ба фарзандӣ мегирем. Ман низ розӣ шуда, кӯдаки он вақт 30 рӯза–ҳамин Махсудова Умедаи ҳоло 10 — соларо бо муҳаббати модарона ба тарбияи худ гирифтам. Ин воқеа соли 2010 сол буд. Соли 2012 шавҳарам бо сабабҳои номаълум аз ман ҷудо шуда, ба Федератсияи Русия рафт. Аз ҳамон сол кӯдак дар тарбияи ман монда, то аввали соли ҷорӣ хуб зиндагӣ доштем. Модари биологиаш Махсудова Шамсия ду-се маротиба ба аёдати Умеда омад, муносибати ман бо ӯ хуб буд. Аввали соли ҷорӣ бо сабабҳои номаълум Махсудова Ш. талаб намуд, ки кӯдакро ба ӯ диҳам. Аммо аз сабабе, ки кӯдакро ман модарвор тарбия намудаву ӯ ба ман меҳри зиёд дошт, бо модари биологиаш нарафт. Бинобар ин, Махсудова Ш. барои гирифтани кӯдак ба суди шаҳри Бохтар даъво намуд. Суд муроҷиатро баррасӣ намуда, бо сабаби ба расмият надаровардании фарзандхонии кӯдак аз ҷониби ман даъвои модари биологияшро қонеъ намуд.

Сабаби ба расмият надаровардани фарзанхондӣ ин буд, ки шавҳарам доим “баъд мекунем” гуфта, оқибат аз ман ҷудо шуда, ба Русия рафт ва ман, ки танҳо будам, барасмиятдарорӣ ғайри имкон буд. Инчунин,мо бо модари биологиаш муносибати хуб доштем, ман фикр намекардам, ки рӯзе ӯ кӯдакро гирифтан мехоҳад.

Пас аз баровардани ҳалнома оиди ба Махсудова Ш. додани кӯдак ман аризаи шикоятӣ навиштам, аммо мутаассифона, суд аризаи маро қонеъ нагардонид. Бинобар ин, ман 15.05.2018 ба суди вилояти Хатлон шикояти назоратӣ навиштам.

Хонандагони азиз, ман ҳамчун модар гуфтаниам, ки пас аз ҷудо шудан бо шавҳарам ман дигар шавҳар накардам ва тамоми меҳру муҳаббатамро ба Умеда бахшида, ӯро модарвор тарбия намудам ва вай низ то оғози мурофиаҳои судӣ аз он ки ман модари худаш нестам, хабар надошт.Умедаҷон дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад ва ба дарсҳои иловагӣ барои забономӯзӣ меравад. Дар давоми ҳашт сол бо якдигар ҳамчун модару духтар меҳр бастаем ва ман ғайр аз ӯ каси наздик надорам. Ман Умедаро бо касби дӯзандагиам, яъне дар бозор халта дӯхта фурӯхтан калон кардам. Ҳамчунин дар рафти мурофиаи судӣ суд манфиатҳои кӯдакро умуман ба эътибор нагирифта, ваҷҳҳои оварда ва дархости маро ҷиҳати бо иштироки равоншинос ва дигар мутахассисони марбута пурсидани фикри кӯдакро қонеъ накард. Умеда, ки аз навзодӣ бо ман ба воя расидааст, хонаи Махсудова Ш. барои ӯ ҷои ношинос ва номаълум мебошад, ки кӯдак дар он одат накардааст ва ин метавонад ба равони ӯ таъсири манфӣ расонад. Худи Умеда низ модари биологиашро хуб намешиносад ва бо ӯ рафтан намехоҳад.”

Дар рафти суҳбате, ки хабарнигори “Фараж” бо Умеда дошт, ӯ худ чунин гуфт: “Ман дар мактаби миёнаи №4,дар синфи 3-и “г” таҳсил менамоям. Модари ман Кабутова Шабистон аст. Шамсия худашро модари ман мегирад, аммо ман ӯро ҳамчун модари худ қабул намекунам. Майда будам, маро тарк кард.Дар як кӯрпачаи рӯйпӯш маро баста ба очаам дод.Ман намехоҳамхонаи бобоям равам. Маро омада хабар мегирифтанд. Бад  ҳамаи онҳо кӯдакатро мегирем гуфта, очама ба суд  додан. Вақте ки маро тавваллуд кард, худаш нахост маро, дасти очамба дод, духтар шуд, шавҳарам маро талоқ мекунад,гуфта, аз ман рӯ гардонд.Падарамро фиреб карда, Русия равон карданд, гуфтанд, ки ӯ девонакасал шудагӣ, дигар омада наметавонад, мо ӯро табобат карда истодааем.Аз рафтани падарам 8 сол сипарӣ шуду ман ӯро то ҳол надидаам. Модарам маро танҳо калон кард…”

Умеда бо дастони худ оби чашмонашро пок карда,пайдарпайба Шабистон, ки ӯро модар медонад,бо илтиҷо мегуфт, ки “очаҷон, маро ба онҳо надиҳед. Ман ягон ҷо намеравам. Модари ман шумо ҳастед…

Сипас, бо умед ба ман дида дӯхта, суханашро идома бахшид:

-Ман мехоҳам, ки бароҳат бо ҳамроҳи модари худам Кабутова Шабистон зиндагӣ кунам. Дар мактаби худам мехоҳам бо ҳамсинфонамбихонам. Дар синфамон сардори синф ҳастам. Забони русӣ ва англисиро омӯхта истодаам. Дар рӯзномаам фақат баҳои 4 ва 5 дорам. Муаллимони мактаб маро бисёр дӯст медоранд. Ман ҳам муаллимони мактабамро бисёр дӯст медорам, онҳо хеле хуб дарс медиҳанд…Қариб як моҳ мешавад, ки ман мактаб намеравам. Як рӯз дар мактаб дарс хонда истода будам, ки одамони суд ҳамроҳи милиса ва як занак тарафи ман хандида омада маро гирифта бурданӣ шуданд, ман гиря карда, дасташро сар додам, зеро намехостам ҳамроҳи онҳо ба такси шинам. Бобоям холааму очаамро дар пеши ман зад. Ҳатто дилашон ба ман ҳам насӯхт. Дар суди шаҳрӣ бошад, очаам маззааш нашуд, духтурҳо омада ба ману очам укол карданд. Чанд рӯз ман касал шудам…

Дар ҳамин ҳол падари биологии Умеда- Махсудов Ҳалим дар суҳбат бо мо гуфт, ки:

-Ман фарзанди худро бо маслиҳат ба бародари худам, ки фарзанд надошт, додам. Ман ба хотири он надодаам, ки ин зан ҳамроҳи худаш гирифта барад. Асосан мо ду бародарон маслиҳат карда, ин корро анҷом додем. Барои ба фарзандхонӣ қабул карданаш ман ягон ҳуҷҷат надодаам. Дар вақти бемор шуданаш  беморхонаи “Истиқлол” бурда табобат кардам. Кӯдакро гирифта рафт. Фишор овард, ки агар гирифтанӣ шавед, ман худамро ба дарё мепартом. Падарам гуфтанд, ки “бачаам, кордор нашав, мон тарбия кунад, фарзандат як рӯз худаш меояд. Бе ягон ҳуҷҷат, бе рухсати ман кӯдакро гирифта Қурғонтеппа омад. Вақте ман ба дидорбинӣ меомадам, рӯйи хуш намедод, муомилааш хуб набуд. Ба кӯдаки ман бисёр гап ёд медоданд. Ман бисёр мехостам, ки маслиҳат карда, ба як хулоса биёем, аммо ӯ ҳамроҳи хешовандонаш саркашӣ карда, гуфтанд, ки дигар ба дидорбинии кӯдак набиё. Рости гап, байни зану шавҳар чи гапе шуд, ман онқадар дар хотир надорам, барои чӣ аз ҳам ҷудо шуданд, намедонам. 

Махсудова Шамсия — модари биологии Умеда бошад,мегӯяд, ки барои дидорбинии фарзандаш Кабутова Шабистон бисёр мушкил эҷод мекард: “Намехост, ки ман кӯдакамро ба хона барам. Ҳатто ба ман даст бардошт, ман маҷбур шудам, ки ба суд муроҷиат кунам.Вақте ман фарзандамро ба дунё овардам, шавҳарам гуфт, ки акаам бефарзанд аст, биё, кӯдакро ба ӯ медиҳем. Рости гап, ман розӣ набудам. Ноилоҷ кӯдакамро додам. Кӯдаки ман якунимсола шуду муносибаташ дигар хел шуд. Байни зану шавҳар чи гап шуд, хабардор нестам… Ман дар як сол 4 маротиба Умедаро бо сару либос, бо хӯрока ёрдам мекардам. Вақте иҷозат медоданд, омада хабар мегирифтам. Соли гузашта кӯдак касал шуд. Якҷоя духтур бурда, табобат карда овардем. Дар ин миён ҳардуямон ҷанг шудем ва ӯ маро зад… Ман аз дилсӯзӣ фарзандамро ба вай додам, то ин ки зиндагиаш хуб шуда, ба қатори мо дарояд. Дигар худашро қанотшикаста ҳис накунад. Бар ивази ҳамин қадар хубиҳо ба ман даст бардошт. Оби рехтаро дигар ҷамъ карда намешавад ва ман ҳам аз алама маҷбур шудам, ки ба суд муроҷиат кунам. Ҳама қарорҳои суд ба манфиати ман ҳал шуд. Марҳамат, омада хабар гирад. Ман зид нестам. Лекин ман мехоҳам фарзандам ҳамроҳи ман бошад.

Равоншинос Заррина Кенҷаева мегӯяд, ки ҳамаи баҳсҳо ин як зарбаи психологӣ мебошад, ки духтарак аз ҷиҳати психологӣ корношоям хоҳад шуд. 

-Албатта ин як проблемаи бисёр ҷиддӣ аст. Ҳам модари биологӣ ва ҳам модархонд бояд вақте ки кӯшиш мекунанд, фарзандро ба тарафи худ моил кунанд, бо ин амалҳои худ боз як зарбаи психологӣ ба кӯдак мерасонанд. Мумкин аст, ки духтарак аз ҷиҳати психологӣ корношоям шавад. Кӯдаке, ки аз ҷиҳати равонӣ мустаҳкам нест, ӯ ҳеҷ гоҳ ба ягон модар кӯмак расонда наметавонад. Ҳамон модароне, ки фарзандони худро бо розигиашон ба нафаре медиҳанду баъдан талаб менамоянд, ҳаёти кӯдакро ду тақсим мекунанд: Кӯдак дигар на дар ин оила солим буда метавонад, на дар дигар оила. Ба ҳамин хотир бисёр хуб мешуд, ки фарзандро фарзандхонӣ мекарданд. Аз рӯйи қонуну ҳуҷҷат мешуд. Ҳамчун равоншинос ман ба ҳарду модар тавсия медиҳам, ки модарандар нашаванд. Кӯшиш кунанд, ки модари ҳақиқӣ шаванд. Гумон мекунам, модаре, ки бефарзанд, буд, фарзанди дигар касро гирифта тарбият кард ва арзиши модарӣ дорад. Модари биологиаш бояд кӯшиш кунад, ки фарзандаш нороҳат нашавад. Агар аз фарзандаш ҷудо кунад, ҷабр мешавад, хушунат хисоб мешавад.Боварии комил дорам, ки ин фарзанд ҳам дар хонаи модари биологиаш нороҳат мешавад, ӯ ҳис мекунад, ки дигар баргашта наметавонад ва як қисмати ӯ мемонад. Агар фарзанд дошта бошад, ба хотири руҳан солим будани ин фарзандаш бахшад, бигзор фарзандаш бароҳат зиндагиашро пеш барад.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки:

-Ин масъала на танҳо ҳуқуқӣ аст, балки ҷиҳатҳои ахлоқию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ дорад. Бояд таъкид кард, ки мо дар ҷомеаи анъанавӣзиндагӣ мекунем. Агар бисёр мавридҳо ҷонибҳо кӯшиш менамоянд, ки бо риояи урфу одат ва маросимҳои солҳои тӯлонӣ ташаккулёфта ин гуна масъалаҳоро танзиму ҳал намоянд, вале Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ бо дар назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ба таври мушаххасу муфассал муносибатҳои ҷамъиятиро дар робита ба фарзандхонӣ танзим кардааст. Бинобар ин, агар аз лаҳзаи аввал ҷонибҳои манфиатдор бо назардошти омилҳои объективию субъективӣ ба таври ихтиёрӣ ва дарки паёмадҳои фарзандхонӣ чунин заруратро ба анҷом мерасонданд, эҳтимолияти ба вуҷуд омадани чунин баҳс пайдо намешуд. Ҳоло бояд мақомоти дахлдору ваколатдори давлат зимни баррасии масъала қарори дуруст қабул кунанд.

Нигора Саидбекова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here