Лайло Маҳмадёрова соли 1996 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Дар оила фарзанди аввалин буда, як хоҳару як додар дорад. Соли 2002 дар синни 4-солагӣ модараш ӯро бо ҳамроҳии хоҳараш ба боғчаи бачагонаи 66-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт медиҳад. Он замон духтар солиму зирак будааст, вале баъди як эмгузаронӣ маъюб шудааст.

Ҳангоми суҳбат Лайло чунин гуфт: “Он рӯз хеле хуб дар ёдам ҳаст. Вақте ки модарам ману хоҳарамро ба боғчаи кӯдакон бурд, муаллима гуфт, ки имрӯз ҳамаи шумо аз эм мегузаред. Ман аз муаллима пурсидам, ки “оё модарамро пурсидед?”. Ӯ посухи дағал дода, ману дигар бачагонро назди духтуре бурд, ки дар ҳуҷраи дигар моро интизор буд. Бо як сӯзандору ҳамаи моро эм намуданд, ки охирин нафар ман будам. Баъд аз ин ҳарорати бадани ману хоҳарам баланд шуда, тамоми ҷисмамон аз кор монд. Модарам дар ҳайрат монда, сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани моро ҷӯё буд. Ман ба модарам гуфтам, шояд сабаб сӯзандоруе бошад, ки ба мо дар боғча гузарониданд. Баъд аз фаҳмидан, рӯзи дигар пеши муаллимаамон рафт. Вале ӯ гуфт, ки “ҳамаи бачагонро эм гузаронидем, ҳеҷ чизашон нашудааст”. Чун аҳволам боз ҳам бадтар шуд, модарам ба боғчаи кӯдакон барои шикоят рафт, вале муаллимаамон аз кор рафта будааст. Хоҳарам ҳолаш хуб шуд, фақат як пояш дардманд монд, ки ҳоло ҳам лангида мегардад. Лекин ҳоли ман рӯз аз рӯз бадтар шуда истодааст”.

Айни замон Лайло дар беморхонаи Қарияи Боло системаи асабашро муолиҷа карда истодааст. Доруҳо ва табобат хеле гарон аст. Падари духтар аз оила ҷудост ва ягон кӯмак ҳам намекунад. Онҳо бо нафақаи Лайло ва пуле, ки модараш бо рӯбучини хонаҳои шаҳрвандони пойтахт дарёфт мекунад, зиндагӣ мекунанд. Вале он ба табобати духтар ҳеҷ намерасад. Аз ин сабаб онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум кӯмак хостанд. Дар натиҷа духтур ва коркунони беморхона даъво карданд, ки “ба мо мегуфтед, ёрдам мекардем”. Вале дар асл пеш аз ин ҳарчанд онҳо аз духтурон кӯмак мехостанд, онҳо бо баҳонаҳои гуногун рад мекарданд.

Лайло аз як дӯсташ фаҳмидааст, ки духтури хубе ҳаст ва метавонад ӯро аз маъюбӣ халос кунад, вале ҷарроҳӣ хеле гарон аст.

Лайло фариштаеро, ки масъалаи маблағи ҷарроҳӣ ва дигар мушкилиҳои ӯро ҳал намояд, интизор аст. Биёед, фариштаи наҷоти Лайло шавем!

Телефон барои тамос: 501-27-61-03

 

Таҳияи Гулрӯ КАЛБОДОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here