Дӯсти мо Ҳикматулло Қулматов нақли саргузашту воқеаҳои аҷибро дӯст медорад. Мехоҳад аҳли суҳбат фақат ба ӯ гӯш диҳанд:

— Замони Ҳокимияти Шӯравӣ буд, дар мактаби №21-уми ноҳияи Ҳисор кор мекардам. Сиёсат ниҳоят сахт буд. Дар ҷануби Россияву Украина пахта нағз нашъунамо карда, ҳосили хуб медод, вале мардуми он ҷойҳо кори пурмашаққати пахтакориро ба гардан гирифтан намехостанд. Дар Тоҷикистон бошад, “Пахта даромад ва ризқу рӯзии мост!” гӯён, мактабҳоро баста, талабагонро иҷборан чанд моҳ ба пахтачинӣ сафарбар мекарданд. Ҳар рӯз муаллимон шогирдони худро ба ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” мебурданд. СССР халқпарвар буд, аммо дар Осиёи Миёна кӯдакон истисмор карда мешуданд.

Дар байни бинои мактаби мо ва деҳаи Бағалак 400 метр масофа буд, ки дар ин замин юнучқа кишт карда, даравида буданд. Мо ва хонандагон аз ҳамин бедазор гузашта, ба пахтазор мерафтем. Як бегоҳӣ пахтаи чидаи шогирдонро баркашидему онҳоро ҷавоб додем ва мо — 8 нафар муаллим бо ҳисобчии колхоз пахтаи ҷамъовардаи хонандагонро ҳисобу китоб кардему аз байни ҳамон юнучқазор, ки дар он ҷо чанд гӯсфанд дар чаро буданд, суҳбаткунон азми бозгашт кардем. Дар байни гӯсфандон як тагал-гӯсфанди наринаи бузургҷусса буд, ки бе муҳобот ба болояш савор шавед, поятон ба замин намерасид. Муаллим Зиёев сари он тагалро навозишкунон гуфт: “Қӯчқорчае, қӯчқорча!”. Роҳро идома додем. Тахминан 10-12 қадам гузошта будем, ки нохост муаллим Зиёев ду метр ба пеш ҷаҳида, бо даҳон ба замин зад. Мо дар ҳайрат мондему ҳамакаса муаллимро бардоштем. Вай аз ҳуш рафта буд. Бубинем, ҳамон қӯчқоре, ки аз муаллим навозиш дида буд, бо шаст омада бо каллаи сангмонандаш аз қафо зада будаасту боз бо хашму ғазаб дар азми задан аст. Мо бисёрӣ шуда, он гӯсфанди ҷангараро пеш кардему муаллими бечораи беҳушро бардошта ба саҳни мактаб, ки 200 метр дурӣ дошт, бурдем ва ба мудири хоҷаги мактаб — Давлатови заҳматободӣ супоридем. Як муаллим ва Давлатов бо “Жигули” Зиёевро ба хонааш ё беморхона бурданд. Ман ба автобус савор шуда, ба хона омадам. Пагоҳ боз ба пахтачинӣ рафтем. Муаллим Зиёев қариб як ҳафта ба кор наомад. Мо аз пайи кору ташвиши пахтачинӣ шуда, ӯро хабар гирифта ҳам натавонистем. Ниҳоят, ӯ ба кор омад. Мо аз дидораш шод шудему гуфтемаш:

— Хайрият, зиндаву саломат будаед, акои Қӯчқорбек! Илоҳо, ҳамеша тандурусту бардам бошед! Худатон медонед-ку, ҳозир ҳаёту мамоти мо пахта аст, аз ҳамин сабаб шуморо хабар гирифта натавонистем. Мебахшед!

Минбаъд муаллим Зиёевро “Қӯчқор” ё “Қӯчқорча” ё худ “Қӯчқорбек” мегуфтем. Дар рӯйи вай ғубори хиҷолату андуҳ менишаст, вале чизе гуфта наметавонист. То охири соли хониш базӯр тоқат карду баъд ба мактаби дигар ба кор гузашт. Мабодо ягон нафари мо — ҳамкорони пештараро рӯ ба рӯ бубинад, роҳашро дигар мекард, намехост, ки ҳамкорони наваш аз ин лақабаш бохабар шаванд. Чи тавре ки ман ҷойи корамро дигар карда, аз лақаби “Ҷӯгӣ” халос шуда будам, ӯ низ аз ин лақаби нописандаш халосӣ ёфт. Ёдаш ба хайр!

Ҳ. НАЗАРИЁН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here