Назари дини мубини ислом оид ба коронавирус

Ҳар як фард новобаста аз мансубияти динӣ ва миллаташ дар рафти ҳаёт ва кору фаъолияташ ба бемории ин ё он аъзо дучор мегардад. Аммо баъзе бемориҳоро организми инсон дар натиҷаи фаъолияти худ вобаста ба синну сол инкишоф ёфтан намемонад. Аз рӯи мушоҳидаи гуфтору рӯзгори гузаштагони хеш, бемориҳое будаанд, ки ҳазорҳо одамро ба ҳалокат расонидаанд ва аз бесаводиву беаҳамиятии онҳо сарчашма мегиранд.

Бемории сироятие, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба инсоният таҳдиди рабудани ҳаётро менамояд. Олимони соҳаи вирусшиносӣ онро “Коронавирус — тоҷвирус” ном мебаранд. Бояд тазаккур дод, ки сабабҳои пайдоиши ин ва ё он вирусҳое, ки дар байни аҳолии сайёра пайдо мегарданд, аз беэътиноии инсонҳо, аз қабили риоя накардани тозагӣ дар ғизою покии хеш сарчашма мегирад. Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, аз ҷумла наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Пешгирии чунин беморӣ бо роҳи риояи тозагӣ дар замони ғизохӯрӣ ва муошират бо мардум аз байн хоҳад рафт. Ҳар як шахси мусалмон бояд огоҳ бошад, ки ҳаёти инсон дар дини мубини ислом баҳои хеле баланд дорад ва он ҳадяи Худованд ба шумор меравад. Имрӯзҳо яке аз назарияҳои илмӣ ин аст, ки пешгирӣ аз беморӣ беҳтар аз муолиҷаи он аст. Мувофиқи таълимоти исломӣ, мусулмон набояд фикр кунад, ки ҳаёти ӯ дар ихтиёри худаш мебошад ва бо он ҳар чӣ хоҳад, карда метавонад. Худованд ба инсон ҳаётро ҳамчун амонат ато намудааст, ки таълимоти дини мубини ислом ҳам ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд. Ислом мусулмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб намуда, аз пайравонаш даъват менамояд, то аз алоқаҳои номашруъ дурӣ ҷӯянд. Худованд барои мо бандаҳояш фармудааст: «Дар корҳои нек бо ҳамдигар ҳамкориву дастгирӣ намоед, аммо дар роҳи гуноҳ ва корҳои бад ҳаргиз ҳамкорӣ накунед» (сураи Моида, ояти 2).

Чанд рӯзи охир бинобар сабаби паҳн гардидани вируси мазкур ва пешгирӣ аз хатарҳои он тибқи қарори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастҷамъона баргузор намудани намозҳои панҷгона ва ҷумъа манъ карда шуд, ки ин ҳам ба хотири пешгирӣ аз «Тоҷвирус» мебошад. Аммо баъзе нафароне, ки тафаккури паст доранд, дар байни ҷомеа сарусадоҳои иғвоангез паҳн намуданд, ки чаро фаъолияти мактабу боғчаҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо манъ нагардиду фақат дар нисбати масҷидҳо ин амал ба вуқуъ омад?

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ нисбати ибодатгоҳҳо аз ҷониби мардум ба масъалаи тозагӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Ба мисли он, ки агар як нафар хонанда ва ё доншҷӯ замоне, ки ба муассисаи таълимӣ меравад, либоси дарзмолкардашудаи тозаву озодаи махсуси мактабӣ ба тан намуда, ба таълимгоҳ ворид мешавад ва ҳолати санитариро низ ба таври бояду шояд риоя менамояд. Дар донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабу боғчаҳои бачагона аз ҷониби ҳамшираи тиббӣ ҳолати саломатии онҳо назорат карда мешавад.

Аммо баъзе нафароне, ки ба ибодатгоҳ меравад, чи корманди бозор бошад ва ё нафари дигар, дар ҳолати либоспӯшӣ ва ё шустани аъзои хеш баҳри ибодат, одитарин ҳолати тозагӣ риоя намегардад. Ба мисоли он, ки як нафар агар бемории зуком шуда бошад, фикри дигаронро намекунад ва ба ибодатгоҳ ворид шуда, дар ҳолати адои намоз сулфа менамояд ва он вирус тавассути оби даҳон ба макони саҷдаи ӯ мегузарад ва пас аз адони намози ӯ нафари дигаре меояд, ки солим аст, аммо намедонид, ки дар он макон нафари бемор намоз гузоштааст ва ӯ низ дар он ҷой саҷда намуда, он беморӣ тавассути макони саҷдаи бемори сироятёфта ба нафари солим мегузарад.

Воҳимаи дигаре низ аз ҷониби ҳангоматалабон рӯзҳои қаблӣ дар марказҳои савдо ва бозору мағозаҳо ба вуқуъ пайваст, ки боиси таассуф аст. Мардум худ огоҳ ҳастанд, ки ду чиз дар ихтиёри банда нест — яке ризқ ва дигаре марг. Ин амалҳои ноҷо аз рӯи бетафаккурӣ мебошад.

Дар ин маврид Паёмбар (с) мефармоянд: «Ба худ ва ба дигарон зарар нарасонед» (Абусаиди Худрӣ, бо ривояти ибни Моҷа).

Пас, биёед эй мардум, тавассути қалби пок, либоси пок ва риояи покӣ аз Худованд талаби нест кардани ин ваборо бихоҳем. Зеро нишонаи муъмини комил он аст, ки он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои дигарон низ бояд дӯст дорад.

Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳар дарде давое дорад, ҳар гоҳ даво ба дард расад, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад» (Ба ривояти Муслим).

Искандаршо УМАРОВ,

муовини ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here