Он зиён ба саломатӣ ва зарар ба буҷаи оила аст

Падидаи номатлубе, ки чанд даҳсола боз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, истеъмол кардани тамоку аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз дар байни ҷавонон  сигоркашӣ ба қавле мӯд шудааст.

Боиси зикр аст, ки сигор на танҳо боиси бад шудани саломатии сигоркаш мегардад, балки зарари он ба атрофиён низ мерасад. Дар баъзе мавридҳо чунин ҳолат сабабгори марги нафароне мегардад, ки онҳо умуман тамокуро истеъмол намекунанд. Аз назари тиб, истеъмоли тамоку боиси тангшавии рагҳои хунгард мегардад ва дар натиҷа одам ба сактаи дилу пӯсидашавии бофтаҳои бадан мубтало мегардад. Сигоркашӣ ба вайроншавии рагҳои хунгарду чашм низ сабаб шуда, нури онро хира карда ва оқибат ба нобиноӣ оварда мерасонад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, дар таркиби тамоку зиёда аз 1200 навъи моддаи заҳрноку кислотаҳо мавҷуд аст, ки боиси мубталошавии инсон ба бемории саратон мегардад.

Агар шахси сигоркаш ба навиштаҷоти рӯйи қуттии сигор аҳамият диҳад, он ҷо ба ҷумлаҳое монанди «Тамоку ба саломатии инсон зарар дорад!” ва “Тамоку боиси марги инсон мегардад!» вомехӯрад. Вале мутааасифона, чунин ҷумлаҳо ҳам наметавонанд сабаби даст кашидани бархеҳо аз кашидани тамоку гарданд.

Илми муосир исбот кардааст, ки умри инсон на ба сол, балки аз рӯйи миқдори таппиши дил кам мешавад ва як омили суст тапидани дил низ истеъмоли тамоку аст. Таъсири тамоку ба насли инсон зараровар буда, фарзанди одами сигоркаш бо иллатҳои гуногуни модарзодӣ дар узви роҳи нафас ба дунё меояд. Таҳлилҳо собит кардаанд, ки чунин кӯдакон дар муқоиса бо ҳамсолони худ дар як сол зиёда аз 4-8 маротиба ба бемориҳои мавсимӣ гирифтор мешаванд, ки ин метавонад ба дигар аъзои солими онҳо зарар расонад.

Дуди сигор беш аз 4 ҳазор заҳрхимикат дошта, инсонро гирифтори бемориҳои шуш, саратон, резиши мӯй, пӯсишу зардшавии дандонҳо, бемории рӯда ва ғайраҳо мегардонад. Тибқи омори расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола аз кашидани сигор дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар одамон мефавтанд. Агар барои маҳдуд ва пешгирӣ кардани истифодаи тамоку чораҳои зарурӣ андешида нашавад, ин рақам то соли 2030 ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Ҳоло дар ҷаҳон тахминан 1 миллиарду 300 миллион нафар аз тамоку ва нос истифода мебаранд ва дар Тоҷикистон низ теъдоди тамокукашон кам нестанд. Набояд фаромӯш кард, ки истеъмоли тамоку на танҳо ба саломатии инсон зарарашро мерасонад, балки ба буҷаи оилаи сигоркаш зарари калон мерасонад. Дар кишвари мо сатҳи зиндагии бештари мардум қариб ки миёна аст, вале миллионҳо сомонӣ барои харидории сигор масраф мегардад. Айни замон як қуттии сигор аз 3 то 10-15 сомонӣ арзиш дорад. Нафароне ҳастанд, ки дар як рӯз 1-2 қуттӣ сигор мехаранд. Пас фикр кунед, ки дар як моҳ ба буҷаи оила чӣ қадар зарар меоранд.

Солҳои пеш сигоркашӣ дар байни ҷавонон кам мушоҳида мешуд ё шояд онҳо пинҳонӣ сигор мекашиданд. Мутаассифона, тайи солҳои охир сигоркашӣ дар байни ҷавонон, ҳатто хонандагони макотиби таҳсилоти миёна, ки ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, зиёд ба назар мерасад. Ин албатта бозгӯ аз маърифати пасти ҷавонон ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Ҳарчанд маълумотҳо дар бораи зарари тамоку зиёд аст, аммо чаро як маротиба фикр намекунем, ки ин амали мо баҳри саломатии хеш ва дигарон зарарнок аст ва бояд ҳатман аз ин амал даст кашем? Аз ин амали номатлуб даст кашидан, худ ва дигаронро наҷот бахшидан аст. Пас, биёед аз ин амали номатлуб, ки зиён ба саломатию буҷаи оила аст, даст кашем!

М. ДАВЛАТҚАДАМОВА,

Қ. БОДУРХОНОВА,

табибони оилавии Маркази саломатии шаҳрии №4

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here