Муассисаи давлатии коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи куҳӣ — металлургии Тоҷикистон яке аз коллеҷҳои маъруфи кишвар буда, 30 майи соли 2008 аз Техникуми геологӣ ва маъдани ба номи С. Юсупова ба МД Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова табдил дода шудааст. Муассиси муассиса Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, директори Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова мебошад.

Дар коллеҷ 113 нафар устодон аз ҷумла 1 нафар профессор, 6 нафар номзадҳои илм ва 16 нафар аълочиёни маориф фаъолият мекунанд.

 

Факултаҳо ва шуъбаҳои коллеҷ

Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи куҳӣ — металлургии Тоҷикистон дорои 3 факултет: — факултети геология, факултети куҳкорӣ ва факултети иқтисодиёти саноати куҳӣ буда, аз 11 кафедра, аз ҷумла — кафедраи истихроҷ ва тоза кардани маъдан, кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, кафедраи топография ва корҳои маркшейдерӣ, кафедраи геоэкология, кафедраи менеҷменти соҳавӣ, кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва кафедраи системаи иттилоотӣ-географӣ иборат аст. Донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

 

Ихтисосҳо

Дар муассисаи таълимӣ айни замон аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тайёр карда мешаванд:

геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок; экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ; коркарди нафт ва газ; топография; истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (аз рӯи самтҳо); тоза кардани канданиҳои фоиданок; менеҷмент (аз рӯи соҳа); истихроҷи конҳои маъдан ва истихроҷи канданиҳои ғайримаъдани фоиданок; иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот; таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ; ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ; иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи саноати химия; маркетинг; ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат; ҳисобдор; хазинадор-назоратчӣ; ёрдамчии пармагар ва ҷустуҷӯи пармакунии чоҳ дар соҳаи нафту газ; ороиши сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо.

Аз рӯи ихтисосҳои номбурда, 760 нафар донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 129 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 269 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 491 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд, бо идрорпулӣ (стипендия) таъмин карда мешавад.

 

Таълим бо истифода аз технологияи муосир

Дар коллеҷ, ҳайати профессорону омӯзгорон аз рӯи барномаи таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо истифода аз технологияи муосир гузаронида мешаванд. Рейтингу имтиҳонҳо дар марказӣ тестии коллеҷ ба таври тестӣ қабул карда мешавад. Бояд қайд кард, ки дар коллеҷ зиёда аз 50 компютер, 2 тахтаи электронӣ, 11 проектор, 26 тахтаи пардагӣ дар низоми таълим истифода бурда мешаванд. Барои назорати доимии ҷараёни таълим ҳамаи синфхонаҳо бо камераҳои назоратӣ таъмин мебошанд, ки таҳлили дарсҳои омӯзгорон тавассути камераҳои назоратӣ сурат мегирад.

 

Раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар коллеҷ

Таҷрибаомӯзӣ (таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ) мувофиқи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои тасдиқгардидаи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ гузаронида мешавад. Таҷрибаомӯзӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ мақоми фанҳои таълимии ҳатмиро доро буда, ҷузъи асосии муайянкунандаи самти таҳсилоти донишҷӯ ва салоҳиятҳои касбии хатмкунанда мебошад.

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар коллеҷ дар масъалаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи хоа зоҳир шуда, роҳбарияти муассиса бо ин мақсад бо якчанд корхонаву муассисаҳои соҳаи саноати куҳкорӣ ва геологӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, аз ҷумла бо: ҶСК “Сементи тоҷик”, КМКД ҶТ «Тиллои тоҷик», КМ «Зарафшон, ҶДММ КМ «Анзоб», ҶСК “Ҷамаст”, КФ «Фон-Яғноб», Саридораи геологияи назди ҲҶТ, ШСХК “Барқи Тоҷик”, КВ «ЭҶАГ», ҶСК «НБО-Роғун», ҶСК “Корхонаи бойгардонии Тагоб”, ҶДММ “Хуаксин”, ҶСК «Нафту газ», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва ғайра.

Инчунин дар сохтори коллеҷ мавзеи таълимии “Геолог” дар ноҳияи Варзоб таъсис дода шудааст, ки барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва машғулиятҳои амалӣ истифода бурда мешавад.

 

Китобхонаи коллеҷ

Китобхонаи коллеҷ аз як толори хониш барои 60 ҷойи нишаст, як қироатхона ва як китобхонаи электронӣ бо 10 ҷойи нишаст иборат мебошад. Компютерҳои китобхона ба шабакаи интернет пайваст буда, донишҷӯён ва устодон аз онҳо фаъолона истифода мебаранд. Фонди умумии китобхона 7256 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 262 адад китобҳои сиёсӣ, 559 адад китобҳои бадеӣ ва боқимондаи онҳо китобҳои дарсӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ мебошанд. Дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 2324 китобҳои дарсӣ ҷой дода шудааст.

 

Хобгоҳ

Коллеҷ дорои хобгоҳи чорошёна буда, барои 129 нафар пешбинӣ шудааст. Барои донишҷӯёни ятиму бепарастор ва камбизоат дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда имтиёзҳо дода шуда, тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст. Ҳуҷраҳо бо ҷевон, рахти хоб, мошини ҷомашӯӣ, ҳаммом, ҷои хӯрокпазӣ ва қироатхона таъмин мебошанд.

 

Дастовардҳои коллеҷ дар соли 2018

Аз суҳбат бо директори коллеҷ Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ маълум шуд, ки соли 2018 барои муассиса соли пурбарор будааст. Нахуст бояд ёдовар шуд, ки маҳз дар соли 2018 сохтори коллеҷ бо мувофиқаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи низоми кредитии таҳсилот аз нав тасдиқ карда шуд. Шӯрои илмӣ ба Шӯрои олимони Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова табдил дода шуд, ки аъзоёни шӯро 1 нафар профессор, 6 нафар номзадони илм мебошанд. Тибқи талаботи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ (силабус) аз тарафи тамоми омӯзгорони фаннӣ омода карда шуданд. Ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатгузории раванди таълим дар шакли низоми кредитӣ ба ҳайати омӯзгорон ва кормандони коллеҷ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар давоми сол гузаронидани тамоми намуди машғулиятҳо бо истифодаи технологияи нави муосир (проектор ва компютер) ва усулҳои нави интерактивии нави таълимӣ ба роҳ монда шудаанд.

Маҳфилҳои илмии донишҷӯён вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда дар назди кафедраҳо ташкил карда шуд, ки тибқи нақша маҳфилҳо гузаронида мешаванд. Дар асоси нақшаи курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ 27 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд. Ба китобхонаи коллеҷ китобҳои дарсӣ, дастур ва адабиётҳои методӣ-таълимӣ харидорӣ карда шуданд.

 

Дастгирии фаъолияти навоварӣ ва ихтироъкорӣ

Дар коллеҷ барои дастгирии фаъолияти навоварӣ ва ихтироъкорӣ фонди идоравӣ ташкил шуда, бо нақшаи муайян татбиқ карда мешавад. Натиҷаи чунин дастгирӣ аст, ки устодони зиёде патентҳои хурди гуногун ба даст оварданд. Аз ҷумла: Патенти хурд- Раҳимов Б.Н., Аминов Б., Гулов Б.Х. «Тарзи тоза намудани металлҳо ва нимноқилҳо дар дастгоҳҳои контейнери чархзананда», №TJ 768, МПК, аризаи № 1500934,2015с.

Патенти хурд — Раҳимов Б.Н., Аминов Ҷ.Б., Гулов Б.Х. «Дастгоҳ барои таҳқиқи электргузаронандагии ҷисмҳои сахт вобаста аз ҳароратҳои баланд дар фазои холӣ», №TJ 692, МПК, аризаи № 1500918,2015с.

Патенти хурд — Миршариф М., Саломов Н., Каримов Ф. “Тарзи беҳтар гардонидани сифати гудозишҳо бо роҳи изолятсия аз микросейсмҳо” №ТҶ 935, (51) МПК В 22 С 9/06 2018с.

Патенти хурд — Тураҳасанов И.Т., Иноятов М.Б., Низомов Б., Саидов Р.Ҳ.“ “Дастгоҳ барои тадқиқӣ вобастагиии электрогузаронии металҳо ва хулаҳо аз ҳарорат” №ТҶ 667 МПК, аризаи №3000817, 2017с.

 

Чорабиниҳо

Вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар коллеҷ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он корҳо амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла дар муассиса конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи олимону муҳақиқон ва мутахассисони соҳаи геология ва экология бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои геоэкологӣ, иқтисодӣ ва истифодабарии захираҳои табиӣ” бо даъвати олимон ва мутахассисони соҳа гузаронида шуданд. Инчунин конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Истиқлолияти миллӣ таҳти унвони «Ба истиқболи истиқлол», конферонсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи “Созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ”, семинар дар мавзӯи “Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи сабз ва саҳми НБО-и Роғун дар рушди ояндаи кишварҳои минтақа”, конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои имрӯзаи геологӣ ва рушди соҳаи геология дар замони соҳибистиқлолии кишвар” дар рӯзи “Геологияи тоҷик”-ро мисол овардан мумкин аст, ки бо иштироки васеъи мутахассисони соҳа, олимон ва коршиносон, ҳайати кормандон ва омӯзгорон баргузор гардиданд.

 

Чорабиниҳои варзишӣ

Донишҷӯёни Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова пайваста дар чорабиниҳои гуногуни варзишии сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 1, ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот: Донаева Мунисаро номбар кардан мумкин аст, ки санаи 16.10.2018 дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба “Таэквандо” дар шаҳри Тошканд иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гаштааст. Сафарова Шоира донишҷӯи курси 1, ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот бошад дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Таэквандо” дар шаҳри Душанбе санаи 12.10.2018 иштирок намуда, ҷои сеюмро ишғол намудааст.

Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 22-уми юми декабри соли 2018 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии ш. Душанбе  озмуни «Рафиқона» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ш.Душанбе ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар ин озмун Тоҳиров Фурқат донишҷӯи бахши якуми ихтисоси менеҷмент аз фанни физика ва Давлатзода Ҳазратҷони Саидалӣ донишҷӯи бахши якуми ихтисоси экологияи саноатӣ ва  истифодаи оқилонаи сарватҳои табииӣ аз фанни технологияи информатсионӣ ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.

 

Ифтихорномаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон

Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова 9 феврали соли 2019 дар даври финалии фестивали заргарии “Ҳунар омӯз…” бо дастовардҳои маснуоти заргариву сангҳои ороишӣ фаъолона иштирок намуд. Дар фестивали мазкур аз тарафи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар фестивал ва тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои маснуоти заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, рушди соҳаҳои заргарӣ ва муаррифии навъҳои гуногуни заргарӣ коллеҷ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.

Аз боздиди коллеҷ ва суҳбат бо устодону донишҷӯён дарёфтем, ки барои ҳар нафаре, ки мехоҳад дар оянда мутахассиси хуби соҳаи геология, куҳкорӣ, иқтисодиёти саноати куҳӣ ва дигар касбҳои муосири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй шавад, Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи куҳӣ- металлургии Тоҷикистон беҳтарин интихоб буда, рамзи коллеҷ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 529 мебошад.

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here