Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» ягона литсейе мебошад, ки барои қабули наврасони душвортарбияи аз сини 14 то 18 сола мутобиқ гардонида шудааст.

Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ аксари омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ба литсейҳо табдил дода шуданд ва дар соли 2014 омӯзишгоҳи мазкур низ ба «Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» дар назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муасисаи махсуси таълимӣ фаъолият дорад. Литсей дорои иҷозатномаи АУ №8 0002509 буда, дар айни замон устоди соҳибтаҷриба Ҷалилов Шаҳром Назармадович роҳбарии онро ба дӯш доранд.

 

Ихтисосҳо

Дар Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» аз рӯи ихтисосҳои зерин дар заминаи синфи 9 коргар тайёр менамоянд:

«Кафшергари барқӣ»; «Системаи компютер ва интернет-технология»; «Кафшергари газ» ва «Сартарош».

Дар муассисаи мазкур ба ғайр аз ихтисосҳои дар боло қайдшуда, ҳамчун мактаби таҳсилоти умумӣ аз синфҳои 7, 8 ва 9 хонанда қабул мекунад.

Литсейи мазкур ягона литсейест, ки тарбиятгирандагон пурра аз буҷаи давлат бо се вақт хӯроки гарм, сару либосу пойафзоли мавсимӣ, маводҳои хониш ва либосҳои варзишӣ пурра таъмин карда мешаванд.

 

Ҳайати кадрӣ

Мувофиқи ҷадвали штатӣ дар литсей 50 нафар устодону омӯзгорон ва кормандонни назорати тартибот, мураббиён, кормандони тиббӣ ва техникӣ кору фаъолият доранд:

Аз инҳо — омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ 18 нафар бо маълумоти олӣ, бо тахассуси якум 4 нафар, бо тахассуси дуюм 1 нафар ва бетахассус 9 нафар мебошанд.

 

Пойгоҳи моддӣ-техникӣ

Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» дорои 2 адад устохонаи кафшергарӣ ва дуредгарӣ, 10 кабинети дарсӣ ва инчунин кабинетҳои ҷиҳозонидашудаи фаннии риёзӣ, физика, география, забони русӣ, биология, забони англисӣ мебошад.

 

Вазъи хобгоҳ ва ошхона

Боздиди мо аз литсейи мазкур нишон дод, ки хобгоҳи литсей дуошёна буда, барои 80 нафар тарбиятгиранда мувофиқ гардонида шудааст. Дар хобгоҳ 1 ҳуҷраи фароғатӣ барои истироҳати хонандагон, инчунин бунгоҳи тиббӣ, сартарашхона, ҳуҷраи кории мураббиён ва ҳуҷраи кории кормандони назорати тартибот шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Дар даромадгоҳи литсей ҳуҷраи махсус барои вохӯрӣ бо волидайни тарбиятгирандагон, ки рӯзҳои муайян ба аёдати фарзандон меоянд, амал мекунад. Ҳуҷраи дигар бо ҳунарҳои мардумӣ ва нигораҳо оро дода шудааст.

 

Китобхона

Китобхонаи литсей дар бинои мактаб ҷойгир буда, дорои 20 ҷои нишаст мебошад. Фонди умумии китобхона 1850 адад китобро ташкил медиҳад.

Барои гирифтани ғизои маънавӣ дар китобхона барои тарбиятгирандагон мунтазам конфронс, вохӯриҳо бо шоирону нависандагон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, маҳфилҳои шеъру суруд гузаронида мешавад.

 

Варзиш

Дар Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар доираи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2020 ҷиҳати машғул шудани тарбиятгирандагон ба варзиш ҷадвали машқҳои пагоҳирузӣ тартиб дода шуда, тарбиятгирандагон мунтазам ба варзиш фаро гирифта мешаванд. Дар саҳни литсей ду майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол ва валейбол вуҷуд дорад. Инчунин литсей дорои 1 толори варзишӣ низ мебошад, ки таъмирталаб аст. Роҳбарияти литсей бо роҳбари ташкилоти ғайридавлатии хайриявии «Вдохновение» Когай А., барои таъмири капиталии толори варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ музокира намуда, шартнома ба имзо расониданд. Тибқи шартномаи ба имзорасида ташкилоти мазкур таъмирро пурра ба дӯш гирифта, рӯзҳои наздик таъмир оғоз мегардад. Дар оянда инчунин харидории як мизи теннис ба нақша гирифта шудааст.

 

Ба ҷои охирсухан

Аз суҳбат бо директори литсей Ҷалилов Шаҳром Назармадович маълум гардид, ки литсейи мазкур дар ҷумҳурӣ ягона муассисаи таълимие мебошад, ки барои аз нав тарбиянамоии наврасоне, ки бо сабабҳои мухталиф ба оворагардию дуздӣ, мактабгурезӣ, авбошӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб даст мезананд, аз тарафи коммиссияи кор бо ноболиғони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо қарорҳои судӣ ба литсей барои ислоҳшавӣ фиристода мешаванд. Ҳайати омӯзгорон ва мураббиён маҳорати педагогии хешро ба он равона мекунанд, ки тарбиятгирандагон ин даргоҳ соҳибкасб шуда, дар оянда роҳи зиндагии худро ёбанд.

Маъмурият ва коллективи омӯзгорони муассиса бо он фахр мекунад, ки шогирдони онҳо роҳи дурусти ҳаётро интихоб карда, дар қатори коллективи педагогӣ кору фаъолият доранд ва монанди собиқ тарбиятгиранда Шириншоев Мазҳабшоҳ, ки баъд аз ба итмом расонидани таҳсил дар муассиса, хизмати ватанро сарбаландона адо намуда, ҳоло дар қатори омӯзгорон кору фаъолият мекунад. Инчунин соли гузашта 2 нафар хатмкунандагони литсей дар Коллеҷи ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояш таъкид менамояд, ки ба тарбияи насли наврас диққати махсус дода шавад. Ҳайати устодони муассиса ин таъкидро чун сармашқи кори худ қабул карда, ҳама нерӯву дониш ва малакаи касбии худро ба тарбияи дурусти шогирдон равона карда, дар баробари тарбияи хуб, ба онҳо касбу дониш меомӯзонанд, то онҳо дар оянда тавонанд, ки дар ҷомеа бо шуғли худ коре пайдо кунанд ва ё таҳсилро дар муассисаҳои олии кишвар идома диҳанд.

 

Мавод дар ҳамкорӣ бо устоди собиқадори 

МДТ «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе»

Ватаншоев Ҷонибек омода карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here