Соли гузашта барои таъмири меҳмонхонаи падар дар қишлоқ, аз мардикорбозори маҳаллаи 82 се мардикорро киро намудем. Ин се нафар он қадар ҳам устои моҳир набуданд, вале корҳои ба зимма гузоштаашонро дар муддати кӯтоҳ анҷом доданд. Яке аз онҳо, ки бисёр ҷавони чусту чолок ва хушчақчақе буд, саргузашти худро нақл намуд, ки рости гап маро мутаассир намуд. Мехоҳам онро бароятон нақл намоям.

«Ман дар як оилаи камбағал дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ба дунё омадаам. Он лаҳза камбағалии оилаи худро ҳис намудам, ки вақте хонаи худро ба дигар хонаҳои маҳалла муқоиса намудам. Дар ҳақиқат хонаи мо аз ҳама хонаҳо дида хонаи фақирона буд. Аз вақте, ки худро ёд дорам, падарам майнӯш ва одами дағал буд. Дар куҷо кор кардани падарамро намедонам, вале медонам, ки модарам дар як корхона фаррош буд. Тамоми хонавода рӯ ба музди меҳнати ӯ буданд, ки 800 сомониро ташкил менамуд. Падарам гоҳо ягон чизаке барои рӯзгор мехарид, гоҳо не, вале доим пулҳояшоро ҷамъ мекард. Модарам мегуфт, ки падарат пули хуб кор мекунад, вале онҳоро дар куҷо пинҳон мекунад, намедонам. Падарам метарсид, ки ман пулҳояшро медуздам. Аз ман шубҳа дошт, чунки чанд маротиба аз ҷайбаш пул дуздида будам. Азбаски ба ман аҳамият намедоданд, дарсгурез ва бадфеъл шуда будам. Гоҳо ба дуздӣ даст мезадам, гоҳо ба ягон кори дигари бад. Аз модар, падар ва хоҳаронам пул дуздида, лотобозӣ мерафтам. Рӯзи дароз дар лотобозӣ менишастам. Нодонию бепарвоӣ ва бадфеълиям боиси он гардид, ки аз синфи нуҳум тарки мактаб кунам.

Рӯзе як воқеае руй дод, ки ҳаёти маро дигаргун сохт. Нохост падарам, ки ҳанӯз он қадар пир нашуда буд, вафот кард ва ман марди ягонаи хонадон мондам. Тамоми масъулияти хонавода ба уҳдаи ман афтод ва ин чиз боиси он гардид, ки дигар аз паси бозии лото ва бадфеълию бадрафторӣ нарафта, ба мардикорӣ ва дигар корҳои сохтмонӣ машғул шавам. Дар назди ин ё он усто ёрдамчӣ мешудам, музди меҳнатамро оварда, ба модар медодам. Пули коркардаи ман ба рӯзгор намерасид, вале дигар илоҷ набуд. Модарам гоҳо гиря карда мегуфт, ки «бо ин фақирию нодорӣ ман чӣ гуна туро зан медиҳам, чӣ гуна хоҳаронатро ба шавҳар медиҳам? Кӣ бо мани камбағал қудо мешавад? Кӣ розӣ мешавад, ки духтараш дар ин кулбаи фақиронаи мо келин шавад?…».

Оҳиста — оҳиста ақли ман гӯё ба кор медаромад, камбудиҳои хонадон ва андуҳи модарро эҳсос менамудам. Мушкилоти хона акнун маро азият медоданд. Маблағе, ки ман меовардам, танҳо барои хӯрдан мерасиду халос. Падар барои ман як рӯзгори фақиронаву мушкилоти зиёди хонаводагиро мерос монда буд. Вақте ки хоҳарони ба балоғат расидаам рафта, илтимос намуда, аз хонаи ҳамсоя дар сатилҳо барои рӯзгори хона об мекашониданд, номус маро азият медод. Ба дил аз худ суол мекардам, ки чаро дар вақташ падарам як қубури об ба хона нагузаронид? Вақте, дар ҳаммоми валангору вайронаи хонаамон, ки ҳар гӯшааш сӯрохӣ дошт, модар ва ё хоҳаронам шустушӯи бадан мекарданд, дили ман хиҷил мешуд, ки мабодо касе ба он тараф назар кунад. Ҳангоме, ки ягон хешованди модарам хонаамон омаданӣ мешуд ва модарам аз хонаҳои вайронаи худ шармаш меомад, қалбамро маҳзунӣ фаро мегирифт. Доим дар андешаи он будам, ки чӣ гуна рӯзгори модару хоҳаронамро дигар кунам. Аммо шабе модарам як хобе дид ва он хоб боиси он гардид, ки рӯзгору зиндагии мо ранги дигар гирад…

Як саҳар модарам гуфт, ки дар давоми шаш моҳи баъди маргаш ягон маротиба падаратро дар хобам намедидам, имшаб дар хобам даромад. Ӯ бо таҳдид дар хобам мегуфт, ки ҳама ҷоро таъмир карданӣ шудед ҳам, боми ошхонаро нарасед…

Ҳамон бегоҳ ман бо модарам маслиҳат намуда будам, ки ба наздикӣ маошамро мегираму оҳиста-оҳиста хонаҳоро худам таъмир кардан мегирам. Аввал аз ҳамин боми ошхона оғоз мекунам, ки аз вайронагӣ қариб фурӯ равад. Баъди нақли модар дар тааҷҷуб мондам. Ба андешаи он рафтам, ки чаро руҳи падарам аз ин нақшаи мо безобита шудааст? Чаро падарро таъмири боми ошхона нороҳат намудааст? Аҷоиб. Баъд ба хотирам расид, ки ӯ дар зиндагиаш ба ошхона бештар медаромад. Рӯзе набуд, ки ӯ ба ошхона надарояд. Ман фикр мекардам, ки ӯ он ҷо барои бухории хона ё барои чагдони модарам ҳезум майда мекунад. Дарҳол як андешаи ғайриодие ба сарам омад ва ба сӯи ошхона давидам. Ҳар гӯшаву канори ошхонаро кофтан гирифтам. Як зинапояи вайронае дар ошхонаамон буд, онро дар бори девор гузошта, шикофиҳои гирди чӯбҳои сақфи ошхонаро мекофтам. Ба ҳар сӯрохие, ки дастам медаромад, дастамро пеш мекардам. Нохост дар як гӯшаи сақфи ошхона дар байни девору чӯби сақф холигиеро пайдо намудам ва ба даруни он холигӣ даст дароз намудам. Эҳсос намудам, ки он ҷо як чизи чоркунҷа истодааст. Онро гирифтам. Бинам як сандуқчаи хурдакаки чӯбине ҳаст. Ба ёдам расид, ки ин сандуқчаро замони хурдсолиамон ману хоҳаронам бозӣ мекардем. Бетоқатона сандуқчаро кушодаму моту маҳбут гаштам. Даруни сандуқча пур аз пулҳои панҷсадсомона буд. Сандуқчаро пӯшида як сӯ мондаму зинапояро ба дигар гӯшаи девор гузошта, болояш баромадам ва боз ҷустуҷӯямро идома додам. Ба ҳар сӯрохии хурд ё калон дастамро пеш мекардам. Нохост як гили калони хушки девори сақф диққати маро ба худ ҷалб намуд. Гили хушкро оҳиста гирифтам, дар ҷои истодаи гил сӯрохии тахминан якваҷабае намудор гардид. Дастамро дароз намудам. Он ҷо як қуттии пластмасие меистод. Онро саросема кушодам. Боз диламро шодӣ фаро гирифт. Даруни қуттӣ пур аз саддолларӣ буд. Боз ҷустуҷӯро идома додам. Дигар чизе пайдо нашуд. Сандуқчаро бо он қуттичаи пластмасӣ гирифта, ба назди модарам омадам. Модар рангу рӯи пур аз хурсандии маро дида, гуфт: “Ҳа, чӣ шуд ин қадар шодӣ дорӣ?”. Сандуқчаву қуттичаи пластмасиро дар пешаш кушода, гуфтам: «Мана барои чӣ падарам дар хоб гуфтааст, ки боми ошхонаро нарасед». Модарам пулҳои даруни қуттичаҳоро дида, чашмонашро калон кушод ва ончунон тааҷҷуб ӯро фаро гирифта буд, ки чӣ гуфтанашро намедонист. Гоҳо мегуфт, ки «бачам, ин пулҳоро аз куҷое надуздида бошӣ, ки ҳаёти ҷавониат даруни маҳбас мегузарад». Гоҳо мегуфт, ки «инҳо дар ҳақиқат пулҳои падарат ҳастанд. Чанд бор ба ман гуфта буданд, ки шавҳарат аз асъорфурӯшон доим доллар мехарад. Худам дар ҷайбаш чанд бор панҷсадсумаро дида будам. Чанд бор гуфта буд, ки ман пуламро ҷамъ дорам, то ки дар ягон гӯшаи шаҳр замин хараму аз ин кулбаҳои вайрона рафта, як хонаи хуб бунёд кунам. Аммо марг ӯро чунон ғофилгир намуд, ки ҳатто васият карда натавонист»…

Он шаб бо модару хоҳаронам то саҳар аз шодӣ хоб накардем. Нақша мекашидем. Ба хулосае омадем, ки ин сирро ба касе нагӯем. Пулҳо дар дасти модарам истоданд ва ман аз онҳо кам-кам гирифта, ҳамроҳи чанд устои шиносам хонаҳоро ба таъмир кардан оғоз намудам. Аввал ҳисори гирди хонаамонро сохта, баъд ҳавлӣ ва ҳаммомро ба таври замонавӣ таъмир намудам. Азбаски худам ҳамроҳи устоҳо кор мекардам, маблағ кам сарф мешуд. Баъд пул дода, ба хона қубури об гузаронидам. Дигар хоҳарону модарам барои кашондани об ба хонаи ҳамсоя намерафтанд. Хонаҳоро кандам. Як хонаи хуби дуошёна бунёд намудам. Ҷиҳози хонаро аз қолину кӯрпача сар карда то ҷевону парда ҳамаро нав кардам. Барои худ, модар ва хоҳаронам сарулибоси нав харидам. Хоҳаронам илтимос намуданд, ки аз сари ҳамин пул чаллаву гӯшвору гарданбанди тиллоӣ барояшон харам. Ба хотири хурсандиашон рафта, аз бозор ин чизҳоро барояшон харидам. Тамоми хӯрданию нӯшиданиро ба хона овардам. Охирон ошхонаро ба кандан оғоз намудам. Ба модарам шӯхӣ кардам, ки «фардо кори ошхонаро сар мекунем, тайёр шав, имшаб падарам дар хобат медарояд…».

Баъд модарам духтари як хеши дурашонро бароям хостгорӣ намуд. Тӯй кардем. Ҳама хешу таборон омада, хонаву ҳавлии моро дида дар тааҷҷуб мемонданд. Бисёриҳо фикр мекарданд, ки ман кадом манзилеро ғорат карда, пули калон ба даст овардаам. Доим байни ҳам пичир-пичир мекарданд. Аммо ҳамоно мо ин асрорро фош намекардем. Чунки модарам мегуфтанд, ки агар ин сирро кушоем, бегонаҳо не, балки ҳамин амакҳоят мегӯянд, ки ин пулҳоро падарат аз мо пеш аз маргаш қарз гирифта буд ва онро талаб мекунанд.

Дар вақти тӯйи ман хоҳарам ба як меҳмон писанд омад ва баъди тӯй хостгорҳоро ба хонаамон равон намуд. Оила оилаи хуб буд ва модарам бечуну чаро розӣ шуд. Як моҳ нагузашта, тӯйи хоҳарамро ташкил намудем. Хоҳарамро бо як обрӯ ва хушиву хурсандӣ ба хонаи шавҳараш гусел намудем. Ҳамроҳи арӯс хоҳари хурдиам буд. Дар хонаи домод кадом хешовандашон хоҳари хурдиамро таги чашм намудааст. Як ҳафта баъди тӯйи хоҳари калониам хостгорҳо барои хоҳари дуюмам омаданд. Ҷиҳози ӯро низ харида, тӯяшро гузаронидем. Хулоса, дар як сол ҳам хона таъмир намудам ва ҳам се тӯйро гузаронидем. Модарам аз хурсандӣ гоҳо мегирист. Мардуми маҳалла ба пуррагӣ ба он бовар буданд, ки ман аз куҷое пули калонеро дуздидаам ва дер ё зуд ин сир кушода мегардад. Гоҳо мепурсиданд, ки “кадом бонкро ғорат намудаӣ ва чӣ қадар?”.

Мехостам аз бақияи он пулҳо як мошини “Опел” барои худ харам, аммо бо гузаронидани маъракаи тӯйи хохарам, пулҳои ёфтшуда ба пуррагӣ тамом шуданд. Акнун ман ҳамроҳи устоҳои шиносам гоҳо дар мардикорбозори маҳаллаи 82 кор меёбем ва гоҳо худи корафтодагон моро тавассути телефон меёбанд. Худоро шукр, бекор нестам.

Ана ҳамин тавр, ҳамон хоби дидаи модарам боиси он шуд, ки ман пулҳои пинҳоннамудаи падарамро ёбаму зиндагониамонро ба ранги дигар дарорам. Ин пулҳоро падарам дар муддати чанд сол ҷамъ намудааст, намедонам. Аммо ҳамин қадарашро медонам, ки агар модарам чунин хоб намедиданд, дар ягон гӯшаи хаёли мо набуд, ки падарам пулҳояшро маҳз дар он ошхонаи вайронаи пур аз муш ва ҳезум пинҳон мекунад. Баъди марги падар мо дар ҳақиқат чандин ҷойҳои тахминиро ҷустуҷӯ намудем, аз дӯстонаш пурсидем, вале ягон нишонае аз будан ё набудани маблағе аз ӯ маълумамон нагардид. Маҳз ҳамон хоби модарам дар дили ман ман рушанӣ андохт, ки шояд пулҳои раҳматии падарам маҳз дар ошхона пинҳон карда шуда бошанд. Ин чиз ишорае аз тарафи Худованд буд ва ё мувофиқоӣ, намедонам. Боз Худо доност».

Олимҷон САФОЛОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here