(Як танзи нозук дар боби зиндагии гуворои мушҳои китобхонаи МТМУ №9-и ноҳияи Хуросон)
Як муши бисёр гурусна, ки роҳгум зада буд, дар ҷустуҷӯи хӯрок афтод. Ё хело гурусна буд, ё одати пурхӯрӣ дошт, ки дигар тоқати гуруснагӣ надошт. Дар роҳ мерафт, ки пеши чашмонаш аз шиддати гуруснагӣ сиёҳ шуд ва ҳамон лаҳза ба ҷӯйбор афтод. Кӯшишу талош мекард, ки аз об берун ояд, вале маҷро ӯро бо худ бурд, то он даме ки ба чӯбе ё санге бархӯрд ва билохира дар рӯ ба рӯи бинои мактабе аз об берун шуд. Мактабе, ки қиссаашро аз мушҳои дигар шунида буд. Ба дохили мактаб даромада, худро ба “анбори хӯрока”, яъне ба китобхонаи мактаб расонд. Онҷо як муши дигар машғули коғазхӯрӣ буд. Муши нав омада низ ба хӯрдан шуруъ кард. Хӯрданду хӯрданд, то он ки ҷонашон роҳат кард. Баъд шуруъ шуд суҳбати дӯстона:
— Эҳ дӯстам, о инҷо беҳтарин ҷой будааст-ку!
— Ҳа, мо ҳам беҳтарин ҷой гуфта, интихоб кардем.
— Ин коғазу коғазпораро бин, бесоҳиб…
— Не, инҳо бесоҳиб не, соҳиби инҳо ману шумо, дӯстам.
— Дӯстам, о ин қадар коғазпорае, ки мо мехӯрем, касе пай намебарад?
— Ба фикрам, не. Ҳар хонанда 10 килограмм коғаз биёрад, аз куҷо маълум мешавад, ки мо чизе хӯрдем?!
— Оббо, зӯр ку. Мегӯям ин хонандаҳо дидаву дониста барои хӯрдани мо ин коғазҳоро меоварда бошанд?
— Э аз куҷо, барои хӯрдани ману шумо, ба онҳо супориш шудааст…
— Ин тавр бошад, хонандаҳои ин мактаб бисёр “фаъол” будаанд, ки ҳама “супориш”-ҳоро ба хубӣ иҷро мекардаанд, вале ман ҳайронам, ки чаро чунин супориш? 10 килограмм коғаз магар хандаовар нест?
— Гӯё он маҷаллаву газетаҳои ба мактаб меомадаро, ки омӯзгорон барои обунаи онҳо пул месупоранд, бояд ҷамъ карда месупоридаанд. Аз сабабе ки ё он газетаҳо наомад, ё омаду дар дохили мактаб “гум” шуд, бояд хонандаҳо ҷуброн кунанд…
— Ёфтапни 10 килограмм коғазро гӯ! О, «ҳар дардеро давое ҳаст», мегӯянд. Ин кор ягон роҳи ҳалли дигар надорад?
— Дорад! Ё 10 килограмм коғаз, ё 10 сомонӣ пул. Дар шароити пас аз карантин пулро аз куҷо меёбанд? Аз баъзе оилаҳо 3-4 нафар таҳсил мекунанд. Барои ҳамин, маҷбур коғаз меоранд.
— Лекин чӣ тавр ин мардумро ақлаш намегирад, ки он газетаҳоро пул дода мехаранд, бозпас гуфтанӣ гап нест?…
— Шумо сода будаед-да. О, инаш, ки нашуд, боз баҳонаи дигар ҳаст. Қарзи китобхона.
— О, ин қисса аҷибтар шуд-ку. Канӣ дар бораи қарзи китобхона нақл кун.
— Қарзи китобхона таърихи зиёда аз 15-сола дорад. Ҳамин қарзи китобхона буд, ки мушҳои пеш аз ману шумо низ чарида мегаштанд, вале касе пай намебурд. Қарзи китобхона гуфта, хонандаҳо ба пахтачинӣ мераванд, гоҳ-гоҳе пул меоранд. Яъне, қарзи китобхона барои ману шумо хуб аст.
— Аҷоиб! Касе намепурсад, ки ин қарз кай ба охир мерасад?
— Ин қарз солҳо мешавад, ки идома дорад, барои сокинони деҳа як чизи оддӣ шудааст. Баъдан, ин мардум назари интиқодӣ надоранд. Ҳар чӣ, ки гӯӣ, қабул мекунанд.
— Накунад, ки ин китобхона мушгирак дошта бошад?
— Не, агар медошт, мушҳои пеш аз ману шуморо медошт. Барои ҳамин, бисёр мушҳо инҷоро интихоб мекунанд. Инҷо касе ба мушҳо кор надорад.
— Агар чунин қарзҳо бошаду баногоҳ “соҳиби” қарз онҳоро бахшад чӣ?
— Он гоҳ ману шумо аз ризқу рӯзӣ мемонем. Барои ҳамин, фурсат ки ҳаст, биё хӯрданро давом диҳем.
— Биё!
Ҳамин тавр, мушҳо ба хӯрдани коғазпораҳо идома доданд. Дилашон пур буд, чунки ин китобхона солҳои охир бо вуҷуди чандин муш доштан, ҳеҷ гоҳ мушгирак надошт. Хонандаҳо низ барои гурусна намондани мушҳо гоҳ-гоҳе коғазпора меоранд.
Орифи ФАРҲОД