Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Саломатии миллат боигарии давлат аст”. Бале, ҷомеаи солиму тандуруст баҳри беҳбудии рӯзгори худ ва мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад. Баҳри табобати беморон дар кишвари маҳбубамон бемористонҳои зиёде бо бунгоҳҳои тиббӣ хизматрасонӣ менамоянд. Ҳафтаномаи “Фараж” бо масъулони соҳаи тиб тасмими хуб гирифтааст, ки дар ҳар шумораи ҳафтанома дар бораи ин ё он табиб, беморхона ё бунгоҳи тиббӣ маълумотҳои саҳеҳ ба хонандагон пешниҳод карда мешавад.

Чанде қабл ба аёдати яке аз наздикони худ ба Бемористони ҷумҳуриявии “Ёрии таъҷилӣ” ташриф овардам. Дар ҷараёни суҳбат бо муносибати хуби кормандон ва табибони беморхона ошно гаштам. Вақте ки бемори бистаригашта Зокиров Маҳмадносирро аёдат намудам, нақли худро чунин оғоз кард: “Ман зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, аз деҳаи дурдасттарини куҳистони ин мавзеъ — Вашан мебошам. Дарде маро азият дода, аз хоб бедор намуд. Фарзандон рӯзона ба беморхонаи минтақавии ҷамоати Урметан оварданд. Бо сӯзандору дардро таскин бахшида, ба хона ҷавоб доданд. Дарди ҷонкоҳ торафт маро азоб дода, бо амри тақдиру мададгории Худованд фарзандонам маро аз ҳамин қадар роҳи дур ба ин бемористон оварданд. Соатҳои 2 ё 3-и шаб ба ин даргоҳи бузург расидам. Табибони ҳозиқи беморхона зери сарварии ҷарроҳ Бобоев Баҳодур ташхис гузаронида, ҳамон вақти шаб таъҷилан узвҳои ҳозимаро ҷарроҳӣ намуданд. Дар шуъбаи эҳё ва наҷоти беморхона якчанд рӯз хобидам. Зери роҳбарии мудири шуъбаи эҳё ва наҷот Қосимов Зайниддин Каримович табибон Тоҷибоев Боирҷон, Ҳакимов Илҳомҷон, Халифаев Умед ва ҳамшираҳои шафқат Раҳматова Гулдаста, Аҳмадова Дилором, Алимуродова Мадина, кормандони тиб Қодирова Нигина, Хоҷаева Фотима ва чанде дигарон шабонарӯзӣ ба беморон хизмат мерасонанд. Сарвари бемористон, табиби дараҷаи олӣ Абдураҳимов Бобохон Исматович ҳар пагоҳӣ бо ҳамроҳии табибони навбатдор аз ҳоли беморон огоҳ гашта, дастурҳо медиҳад. Ман ба ҳама шифокорони ин беморхонаи номдори Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он муҳтарам Абдураҳимов Бобохон, ҷарроҳ Бобоев Баҳодурҷон арзи сипос намуда, гуфтаниам, ки дасташон дардро набинад ва Худованд ҳамеша ба онҳо баҳри ҳифзи саломатии ҷомеа мададрасон бошад”.
Дар ҳақиқат табибони ин даргоҳ бо муносибату муомилаи хуб ва дониши пухтаашон ном баровардаанд. Вақте мо бо сардухтур, шахси ҳалиму хоксор, хушмуомила, донандаи касби худ Абдураҳимов Бобохон ҳамсуҳбат гаштем, аён гардид, ки таҷрибаи бойи сарварӣ дошта, нисбати кормандон серталаб мебошад. Дар бемористон дар як муддати кӯтоҳ байни ҳамкорон обрӯ ва эътибори баланд пайдо карда, тартиби хизматрасониро бо тарзи намунавӣ ташкил намудаанд. Инро аз суханронии беморон ва шахсони ба аёдат омада борҳо шунидаем.
Сарвари бемористон дар бораи дастгирии ниёзмандон нақл намуда, баъзан ба таври ройгон табобат намудани онҳоро бо дастгирии дӯстони саховатманди худ зикр карданд. Суҳбати мо дар ҳуҷраи кории сардухтур хело тӯл кашид, чунки самимӣ ва хотирмон буд. Вақте аз он кас пурсон шудем, ки «ҳангоми асабоният ба эҳсосот дода мешавед?», дар ҷавоб табиби номдор акаи Бобохон сурати модари худро нишон дода, гуфтанд: «Дар ҳолатҳои асабоният ба сурати модарам назар мекунаму пандҳои ӯ ва падари бузургворам ба ёд омада,¸аз вазъияти нобоб халос мегардам».
Дар ҳуҷра камераи назоратӣ ҷорйгир буда, мудом аз ҳоли беморон ва табибони бемористони худ огоҳ мегарданд. Муносибати хуби инсониро аз ин шахс омӯхта, барои худ як ҷаҳон маънӣ гирифтам. Барои сарвари бемористон кулли табибон, кормандони беморхона аз Худованд тансиҳатӣ, муомилаи нек, хотирҷамъӣ хоҳонанд ва орзу доранд, ки ин панди Ҳофизи бузургвор доим пеши назарашон бошад:
Зинҳор, то тавонӣ, аҳли назар маёзор,
Дунё вафо надорад, эй нури ҳарду дида.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here