Муҳаммад (с) пайғамбари барҳақ аст. Ӯ охирин пайғамбари инсоният аст. Аммо охирин пайғамбари Бани Исроил ҳазрати Исо (а) буд. Худованд Исоро чун дигар пайғамбарони собиқ баҳри ҳидоят ва роҳнамоии қавмаш фиристод. Ҳамроҳ китоб низ дошт, бо номи Инҷил. Онро ба қавму қабила ва пайравонаш ба таври бояду шояд таблиғ кард. Дар Инҷил дарҷ буд ва ӯ низ ба мардум мегуфт, ки пас аз ман пайғабари барҳаққе хоҳад омад ва номаш Аҳмад аст.
Баъди хотима ёфтани рисолат ва ҳаёти Исо муддати 500 ва ё 600 сол ба сӯи башарият аз ҷониби Худо дигар пайғамбар фиристода нашуд. Ана ҳамин фосиларо таърихнигорон расвотарин ва табоҳтарин даврони ҳаёти башар унвон намудаанд. Дар он муддат империяҳо ба вуҷуд омад, динҳову мазоҳиби мухталифи дигар низ. Ваҳшоният ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Муҳаммад (с) омаду гуфт, “Ман мабъус гардидаам, то ахлоқи накӯро дар саросари олам побарҷо созам” ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди зиёда аз панҷ асри бепайғамбарӣ мардум бори дигар таваллуди ҷадид ёфт, ахлоқи инсониро дар худ намо дод ва ҳастию ҳувияти худро шинохт…
Муҳаммад (с) ва таваллуди ӯ
Ӯ соли 571 мелодӣ, мутобиқ ба 12 моҳи рабиъулаввал, рӯзи душанбе, дар соли фил ба дунё омадааст. (Соли фил, соле, ки Абраҳа бо фили азимҷусса ва пайравонаш барои тахриби хонаи Худо ҳуҷум кард ва ноком шуд). Ҳангмои вилодати Паёмбар (с) модараш Омина ба назди бобояш Абдулмутталиб нафареро фиристод, ки аз омадани тифли навзод ӯро мужда расонд. Ӯ бениҳоят хушҳол гардида, дохили Каъба шуд, дуо кард ва Худоро шукр гуфт. Худи Абдулмутталиб ба ӯ номи Муҳаммадро гузошт, ки он аз калимаи ҳамд гирифта шуда, ниҳояти сутуда будани тифлро баён мекард. Тибқи одати арабҳо бобояш Ҳалимаи Саъдияро ба унвони ширдеҳи ӯ ва деҳаро барои тарбияташ интихоб намуд. Ин кор ба хотири он буд, ки аз бемориҳо дар амон монад, асабаш пурқувват бошад, ҷисмаш қавӣ гардад ва забони ноби модариро ба хубӣ аз худ кунад.
Муҳаммад (с) ва насаби ӯ
Ӯ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Ибни Абдулмутталиб, Ибни Ҳошим, Ибни Абдуманоф, Ибни Қусай, Ибни Килоб, Ибни Мурра, Ибни Каъб, Ибни Луай, Ибни Ғолиб, Ибни Феҳр, Ибни Назр, Ибни Кинона,Ибни Хузайма, Ибни Мудрика, Ибни Илёс, Ибни Музар, Ибни Низор, Ибни Маъд, Ибни Аднон мебошад. Номи модараш Омина духтари Ваҳб, ибни Абдуманоф, ибни Зуҳра аст. Ин аст пушту боб ва насаби Паёмбар (с). Бузургӣ ва каромату шарофати насаби ӯ дар он аст, ки аз “зинокориҳои даврони ҷоҳилият” ба он заррае нарасидааст. Яъне дар насаби Паёмбар (с) ба шаҳодати худи Ӯ боре амали фаҳш ва ё зинокорӣ, ки дар ақвоми он замон кори маъмулӣ буд, сурат нагирифтааст. Аз Алӣ ибни Абӯтолиб ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфтанд: “Ман аз никоҳ ба дунё омадаам, на аз зино, аз замони Одам (а) то он ки падару модарам маро таваллуд карданд, ба ман аз зинокории даврони ҷоҳилият чизе нарасидааст” (Ривояти Табаронӣ).
Муҳаммад (с) бузургтарин марди таърих
Ӯ бузургтарин шахсиятест, ки таърихи башарият дар масири ҳаракати худ шинохтааст. Чунки Худованд тавассути ӯ тамоми рисолатҳои осмониро хотима бахшид. Ӯро бо рисолати Ислом фирситод ва дине, ки ӯ овард хотимабахши динҳо шуд. Худованд Муҳаммад (с)-ро баргузид, то ки ҳидоятгари тамоми инсоният бошад. Агар дигар паёмбарон баҳри роҳнамоии қавму қабилаи худ омада буданд, омадани Муҳаммад (с) чунин набуд. Тибқи қазои илоҳӣ мебоист ӯ ҳақиқати Ислом ва дини ягонапарастиро ба тамоми атрофу акнофи олам расонад. Аз ин лиҳоз ба ӯ ва дини Ислом таваҷҷуҳи хос ва ҳамаҷониба намуда, онҳоро ҳифз кард. Ҳамин тавр Муҳаммад (с) беҳтарин халқи Худо ва бузургтарин марди таърих гашт.
Муҳаммад (с) ва ахлоқи накӯи ӯ
Ӯ боахлоқтарини мардум буд. Ба ин ҳақиқат Қуръони карим шаҳодат медиҳад, ки Худованд фармудааст: “Бегумон эй Муҳаммад, ту дорои бузургтарин ахлоқ ҳастӣ” (Қалам, 4). Ҳазрати Оиша (р) низ дар ривояте гуфтааст: “Ахлоқи Паёмбар (с) Қуръон буд”. Ин далолат мекунад, ки зиндагии ӯ бо Қуръон буда, ахлоқаш бо пайравию итоати амрҳои Худо ва дурӣ аз манъкардаҳои ӯ қиёс мегардид. Ҳатто Таврот ахлоқи Муҳаммад (с)-ро васф кардааст. Дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ривоят шудааст, ки Ато ибни Ясор мегӯяд: “Ман бо Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) мулоқот кардам ва ба ӯ гуфтам, сифатҳои Паёмбар (с)-ро аз Таврот ба ман хабар деҳ. Ӯ гуфт, савганд ба Худо ӯ дар Таврот бо сифатҳое мавсуф гаштааст, ки бо онҳо дар Қуръон васф шудааст. “Эй Паёмбар, мо туро шоҳид, муждарасон ва бимдиҳанда фиристодем”. Ту банда ва расули ман ҳастӣ. Туро мутаваккил ном ниҳодам, бадахлоқу дуруштхӯ нестӣ, дар бозорҳо садои баланду қабеҳ надорӣ, ӯ дар баробари бадӣ, бадӣ намекунад, балки мебахшаду авф мекунад, Худо ҷони ӯро намегирад, то он дам, ки миллати каҷрафторро ба воситаи ӯ рост накунад. То он дам ки бигӯянд, “ло илоҳа иллаллоҳ” ва ба воситаи ӯ чашмони куру гӯшони кар ва дилҳои қуфлзадаро кушояд” (чунин омадааст дар Таврот) (Ривояти Бухорӣ). Паёмбар (с) барои аҳлу оила ва умматонаш беҳтарин нафар буд. То қадри тавону имкон ба онҳо некию муоширати хуб мекард, сухани хӯш мегуфт ва ахлоқи нек нишон медод. Бо ҳамсарон ва аҳли байташ меҳрубон буд, бо онҳо бозию шӯхиҳо мекард, дар корҳои хона ба онҳо мадад мерасонд ва ҳамеша кӯшиш менамуд, то ба аҳли хонадонаш зараре нарасонад.
Муҳаммад (с) ва адолати ӯ
Ӯ одилтарини мардум буд. Дар навбати аввал дар муомилааш бо Худо адолатро пеша мекард. Сифати адл дар тамоми ҳолатҳо лозимгирандаи ӯ буд. Ҳатто пас аз он ки Ислом тавсеа ёфт ва ӯ сарвари миллати Ислом гардид, барои барпо доштани ҳудуди (ҷазо) илоҳӣ сахт талош меварзид. Ва ин ба хотири татбиқи адолат ва баробарҳуқуқӣ буд. Гарчанде шахси гунаҳкору ҷиноятпеша аз наздиктарин нафарони ӯ бошад. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: “Зане, ки дар ҷанги “Фатҳ” дуздӣ карда буд, қурайшиҳоро ором нагузошт ва тасмим гирифтанд, ки бо Паёмбар (с) дар бораи он зан гап зананд. Аммо кӣ метавонад ба ин кор восита шавад? Ба хулоса омаданд, ки ба ҷуз Усома ибни Зайд, ки наздиктарин дӯсти Паёмбар (с) аст, каси дигар бо ӯ ин масъаларо ҳал карда наметавонад. Ҳамин тавр Усома он занро гирифта ба назди Паёмбар (с) бурд ва масъаларо матраҳ сохт. Ранги рӯи Паёмбар (с) гулгун гашт ва ба Усома гуфт: “Оё ту барои ҳудуди (ҷазо, қонун) Худоро бекор кардан миёнаравӣ мекунӣ? Усома гуфт, барои ман аз Худо мағфират бихоҳ эй расулаллоҳ! Бегоҳӣ расули Худо (с) ба мардум хитоб кард, Худоро ҳамду сано гуфта таъкид кард: “Аммо баъд. Дар миллатҳои пешин агар нафари бошарофату мақомдор дуздӣ мекард, ӯро раҳо мекарданд. Агар нафари заифу нотавон дуздӣ мекард ҳадро болояш ҷорӣ мекарданд, ҳамин кор онҳоро ҳалок карда буд. Савганд ба Худое, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар Фотима духтари Муҳаммад дуздӣ кунад, дасташро мебурам” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Ва он занро тибқи адолат ҷазо доданд. Адолати Паёмбар (с) дар идораи давлату давлатдорӣ то ин андоза буд.
Муҳаммад (с) ва далерии ӯ
Ӯ дар роҳи ҳақ шуҷоъу далер ва боҷуръат буд. Дар талаби ҳақиқат чизе ва касе ӯро монеъ шуда наметавонист, гарчанде шуҳрату шаҳомат ва қуввату тавонаш ба авҷи аъло мерасид. Аз ин лиҳоз мутлақан ӯ далертарин нафари дунё маҳсуб мегардад. Аз ҷумлаи ҳолатҳое, ки шуҷоату далерии ӯро исбот месозанд, дар рӯбарӯи мушрикон истодагарӣ кардани ӯ мебошад. Бо боварии том онҳоро ба Ислом даъват мекард ва дар ин роҳ на тарс дошту на ҳарос. Ҳамчунон дар ғори Савр ҳамроҳи рафиқаш Абӯбакр менишаст, дар ҳоле ки мушрикон атрофи ғорро иҳота карда буданд. Ӯ бо як ҷуръат ва диловарӣ ба Абӯбакр мегуфт, “ғамгин машав, ки Худо бо мост”.
Муҳаммад (с) ва парҳезкории ӯ
Ӯ парҳезгортарини мардум буд ва зебогию зиннати дунё фирефтааш намекард. Бо вуҷуди он ки вай кашварҳои зиёдро фатҳ намуд, аммо бештар вақт дар хонааш таом набуд. Ва аз эҳтиёҷоташ бештар аз Худованд талаб намекард. То он ҳад парҳезкор буд, ки мегуфт “Ман вақте ба хонаам бармегардам, хурмоеро дар рахти хобам афтида мебинам. Онро мегирам, то бихӯрам, аммо метарсам, ки садақа набошад ва гашта дар ҷояш мемонам”. Тақвову парҳезкории Паёмбар (с) то ин ҳад буд, ки ҳатто аз рахти хоби худаш таҳқиқ накарда як хурморо намехӯрд. Гарчанде ӯ гуноҳе содир намекард, ҳамеша ба ибодати Худо машғул буд, хуллас ба биҳишт мужда дошт, бо вуҷуди ин ҳама тақвову парҳезкориро пеша мекард ва аз Худо метарсид. Чунон ибодат мекард ва аз Худо талаби мағфират менамуд, ки боре Оиша ба ӯ гуфт, туро Худо бахшидааст, пас чаро ин қадар хавф дорӣ? Ӯ гуфт “Чаро ман бандаи шукргузор набошам?”.
Муҳаммад (с) ва вафоти ӯ
Ӯ рӯзи душанбе, 12 моҳи рабиъулаввал, нисфирӯзӣ олами фониро падруд гуфт ва бо рафиқи аълои худ, Худованд пайваст. Ин дар соли 11 ҳиҷрат ба вуқуъ пайваст. Башарият сарвару пешвояшро аз даст дод, он ки ҳидоят ва дини яккапарастиро овард.
Ӯ мурдааст, аммо рисолати ӯ, китоби ӯ, суннати ӯ, пайравони ӯ то абад боқӣ хоҳанд монд. Ҳар ки мехоҳад ӯро бубинад, зиёрат кунад, пас ба Қуръон рӯ орад, ба суннат, яъне аҳодиси гаронарзиши ӯ рӯй орад, ӯро зинда дармеёбад.
Зиҳӣ Пайғамбаре, зиҳӣ Қуръони ӯ, зиҳӣ суннати ӯ, зиҳӣ ахлоқи ӯ, зиҳӣ адлу инсофи ӯ, зиҳӣ роҳи ӯ, ки инсониятро ба саодати абадӣ мебаранд…
Ӯ солрӯз дорад. Ҳамасола мусалмонони дунё, пайравони ӯ, дӯстдорони ӯ ӯро ёд мекунанд. Мавлуди ӯ сабаби зикри Худо, маҳфилҳои хайр, амри маъруфу наҳйи мункар гардидааст. Чи муносибати хубе будааст, ки дар пай зараре надорад. Яъне ҷашни солрӯзи ӯ бидъату хурофот нест, чунонки баъзе тангназарон мепиндоранд…
Ба тамоми миллати Ислом ва миллати шарафманди тоҷик мавлуди Муҳаммад (с) муборак бод!
Муҳаммад ОБИДПУР