Сино Сабзалиев 20 сол дорад. Ӯ донишҷӯи соли 2-юми факултаи сайёҳии куҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов мебошад. Нигоҳ накарда ба он ки аз рӯи ихтисос муаррифгари минтақаҳои сайёҳии куҳии кишвар аст, дар соҳаи варзиш низ борҳо Тоҷикистонро дар чемпионатҳои минтақавию байналмилалӣ муаррифӣ кардааст.

Сино зодаи деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буда, соли 2017 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияро хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, ки аз 10-солагӣ ба варзиш шуғл дорад ва ягона орзуяш парчамбардори Ватану миллат будан аст. Сино гомҳои аввалинашро дар соҳаи варзиш аз гӯштини миллии тарзи озод бардоштааст ва мувафаққияти зиёдеро ҳам соҳиб гардидааст.

Сино Сабзалиев аз номи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймумин Раҳимов дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок кардааст. Номбурда мегӯяд, ки се сол боз дар намуди варзиши муҳорибаи омехта (ММА) машқ карда истодааст ва сабаби рағбаташ ба ин намуди варзишро дар мӯд, ҷаҳонӣ будан ва зиёд гардидани мухлисони он арзёбӣ кард. Сино Сабзалиев ҳамчун донишҷӯи Донишакадаи тарбияи ҷисмонии кишвар се маротиба чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳорибаи санъати омехта (ММА), ду маротиба чемпиони Тоҷикистон оид ба Панкратион ва чемпиони Тоҷикистон оид ба самбо гардидааст. Сино дар суҳбат ба “Фараж” бо ифтихор ва сарбаландӣ аз он ёдовар шуд, ки рӯзҳои 16-уми июн ва 20-уми августи соли равон ду маротиба дар чемпионати байналмилалӣ дар шаҳри Маскав иштирок карда, дар вазни 61 кг ҷойи якумро соҳиб шудааст.

Сино Сабзалиев мегӯяд, айни ҳол дар мусобиқаҳое, ки дар ҳудуди ИДМ сурат гирифтаанд, ширкат варзидааст ва хеле орзу дорад, ки дар чемпионатҳои ҷаҳонии дар дигар шаҳрҳои хориҷа доиршаванда аз номи Тоҷикистон баромад карда, парчамбардори меҳану ватани азиз гардад.

Ин чемпиони ҷавони тоҷик, ки шарораи ғалабаҳо дар чашмонаш барқ мезанад, гуфт, феълан ба чемпионати шаҳри Маскав, ки қарор аст моҳи октябри соли равон баргузор шавад, тайёрии ҷиддӣ дида истодааст.

Ӯ дар ин ҷода варзишгари тоҷик Раҷабалӣ Баёновро устоди хеш мешуморад. Раҷабалӣ Баёнов дар толори варзишии “Ахмат Таджикистан”, воқеъ дар маҳаллаи 112-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба хоҳишмандон санъату назокати муҳорибаи санъати омехта (ММА)-ро меомӯзонад.

Худо кунад, ки сафи ҷавонон дар намудҳои гуногуни варзиш дар кишвар зиёд ва парчами Тоҷикистон дар мусобиқаҳои гуногуни ҷаҳонӣ парафшон гардад.

 

Ш. ФОЗИЛОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here