Қиссаи як маҳбуси ислоҳшуда

Таксӣ назди чойхонаи “Роҳат” қарор гирифт. Зани ғарқи зару зевар ҳамёнашро кушода панҷоҳ сомонии навро ба ронанда дароз кард. Рауфи ронанда ба ҳамёни пур аз пули зан нигарист.

— Бақия лозим нест, — гуфт зан, — фақат як хоҳиш, ҳамроҳам то тӯйхона меравӣ, баъд бармегардӣ.

— Ба ҷону дил, — даст сари сина гузошта Рауф дари мошинро кушод.

Зан вориди тӯйхона шуду Рауф паси чанбари таксиаш нишаст. Ҳамоно ҳамёни серпули мусофир аз пеши чашмаш дур намешуд. Шайтон васваса мекард. Ба тӯйхона баргашт. Зан дар саҳна мерақсиду ҳамёнаш болои миз меистод. Рауф ҳамёни бесоҳибро оҳиста ба кисааш гузошт ва ҷоми шаробро ҳам нӯшид. Назди мошинаш баргашту боз хумори шароб гирифт. Дар тӯйхона ба ҷуз ҳамон зан касе ӯро намешинохт. Боз даст ба шароб бурд. Ширакайф назди мошин омад, ки ҳомиёни ҳуқуқ дастгираш карда ҳамёнро ба соҳибаш баргардонданд.

Субҳ, Рауф завлона ба даст, ҳушёр шуд. Парвандаи ҷиноятӣ пас аз исботи ҷиноят ба суд равона шуд ва баъд Рауф ба зиндон рафт. Ҷавон буд, нав оиладор шудааст. Дигар зиндагӣ паси панҷара мисли чойхонаи “Роҳат” набуд. Дар иҳоати ҷинояткорони мухталиф буд, аммо аз кирдори худ пушаймон шуда, ҳарчӣ зудтар адои ҷазо карда назди ҳамсари ҷавонаш баргаштанӣ буд. Якнавохтии ҳаёти маҳбасро маҳфили ҳунаромӯзӣ дигар кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва маркази таълимии калонсолон муаллимон вориди маҳбас шуда ҳунари дуредгарию кафшергариро ёд доданд. Кафшергар шуд Рауф.

Мутобиқи қонуни афв як қисми адои ҷазояш кӯтоҳ ва нафаси озодӣ кашид, аммо дарёфти кор барояш осон набуд. Гузаштаи доғи судӣ дошта шабеҳи сиккаи бадномӣ ҳатто ба ҷои кори аввалааш барқарор накарданд, ронандаи таксии  доғи судидошта ба манфиати коргоҳ нест, пиндоштанд роҳбарон. Ба ҳуҷҷати ронандагӣ остонаи чанд ширкати тиҷоратиро низ охурча кард. Пас аз сӯҳбат корманди шӯъбаи кадрҳо баодобона  “Мо ба шумо занг мезанем” мегуфт. Чунин посухро борҳо шунидааст Рауф ва бесаброна занги телефонро интизор мешавад, аммо телефон хомӯш аст.

Ҳарчанд аз зиндон озод шудааст, ҳамоно сиккаи бадномӣ бар гарданаш.  Зангҳои даҳшатноки паси панҷара аз хобаш бедор мекунад. Кобус хобе мебинад, Рауф. Завлона ба даст гӯё паси чанбари мошин нишастааст ва мусофирзани ғарқи зару зевар аз пасаш қоҳ-қоҳ механдаду рақс мекунад ва Рауф аз ӯҳдаи идораи мошин набаромода ба ҷарии кӯҳистон сарозер мешавад.

Аз хоби кобус бо табъи хира бедор гардид. Маюъс ва рӯҳафтода даст ба худкушӣ зад. Арғамчинро мисли дор ба оғил овехта худро овехтанӣ шуд, аммо  якбора занги телефон ӯро аз банди навмедӣ раҳо кард. Бовар накард. Наход ба кор гирифта бошанд? Пас аз ин қадар моҳҳои интизорӣ ҳамон занги даъват ба кор бошад? Бо шубҳа гӯшакро бардошт.

— Салом, узр, шумо Рауф Маҳмудов? — овози маҳини бонуе барқосо ба гӯшаш расид.

— Бале, худам, — ҳайратомез посух дод.

— Шуморо аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон”  ташвиш медиҳем, — худро муаррифӣ кард бону. —  Дар хотир дошта бошед, дар маҳбас бароятон  курси кафшергарӣ омӯзонида будем.

— Ҳа, албатта, апаи Фотима шумоед? — мусоҳибро шинохт Рауф.

— Бале, силсилаи семинарҳои омӯзиширо берун аз маҳбас дар мавзӯи тартиби нақшаи тиҷорат, тарзи лоиҳанависӣ идома медиҳем ва агар имкон бошад дар ин маҳфилҳо ройгон малакаи худро сайқал диҳед, — мақсади сим задани худро иброз дошт Фотима.

— Ҳа, албатта, меравам, — хушҳолона посух дод Рауф.

Ришашро тарошида ба либоси тоза роҳи маҳфили сайқали ҳунарро пеш гирифт. Дар ин ҷо ҳамқисматони худро дид. Аз сӯҳбати эшон дарёфт, ки онҳо низ заҳри доғи судӣ чашидаанд ва иштирок дар ин маҳфилро ягона сафинаи умед мебинанд. Хайруло ном ҳамсабақаш ӯро ба тиҷорати таъмири мошину хонаҳо таклиф кард. Бо кӯмаки устодон тарҳи тиҷорат кашиданд ва роҳи устохонаро пеш гирифтанд.

Чанбари мошинро ба олоти кафшергарӣ иваз кард Рауф.  Ба шавқи том пайи пешаи нав гардид. Маҳсули кораш писанди мизоҷон шуд.  Акнун ҳама гуна корҳои таъмириро ба сифати хуб иҷро карда, унвони усто Рауфро ба даст овард. Маоши хуб гирифта ба назди оилааш бо дасти пур баргашт. …

Монанди Рауф нафарони гумроҳ дар маҳбас кам нестанд, ки ба умеди дидори фарзанду нашъаи озодӣ кашидан аз пайи омӯзиши пешаи нав ва тасмими ислоҳ шудану дигар даст ба ҷиноят назаданро доранд. Ва маҳз дар ҳамин ҳолат ба мадади онҳо шарики лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» ва муаллимони муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» мерасанд.

Тайи чанд соли охир, маҳкумшудагони ду муассисаи ислоҳии кишвар дар доираи  лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо “Ташаббуси Аврупо дар масоили демократия ва ҳуқуқи инсон” ба корҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ҷалб карда мешаванд. Назар ба гуфтаи сарвари иттиҳодияи ҷамъиятии “Ҷаҳон” Шаҳло Абдунабизода лоиҳаи мазкур усули ба ҳуқуқи инсон асосёфтаро барои мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои инсонии маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда тавассути як қатор семинарҳои омӯзиши шаҳрвандӣ ва машваратҳои инфиродӣ татбиқ мекунад. Ҳамчунин, механизмҳои машваратиро оид ба ҳамгироии иҷтимоӣ байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ тавассути Барномаи давлатии реинтегратсияи иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодшуда беҳтар мекунад.

Яке аз мушкилоти асосие, ки собиқ маҳкмшудагон дучор меоянд, ин рад кардани онҳо дар ҷои кор аз ҷониби корфармоён мебошад. Бо мақсади мусоидат ба ҳалли ин мушкилот, барои сохторҳои тиҷоратӣ ва корфармоён як силсила нишастҳои иттилоотӣ баргузор гардид, то ин қолибҳоро коҳиш диҳад ва ба онҳо оиди қуқуқҳои собиқ маҳкумшудагон маълумот диҳанд.

***

— Оҳҳо, пешайвонро хуб ба оҳан наққошӣ кардаед-ку, — ба ваҷд омада аз соҳибхона пурсид меҳмон. — Ин кори кадом кафшергар аст?

— Ин кори усто Рауфи кафшергар, — ба лутф посух дод соҳибхона. — Дасташ гул, кафшери нозуки қисмҳои автомобилро ҳам ба хубӣ иҷро мекунад.

— Эҳ, ҳамин хел усторо мекобам, — гуфт меҳмон. — Шумораи телефонаш чанд?

Акнун телефони усто Рауф хомӯш нест. Беист мизоҷон занг мезананд. Ин ҷавони ҳунарманд дарк кард:

Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз,

Куҷо боҳунар шуд асири ниёз?  

Зайниддин Орифӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

P.S. Ному насаби қаҳрамон бо хоҳишаш тағйир дода шуд.  Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here