Аслия мубталои молу нафси бад шуда, даст ба ҷиноят зад. Муаллимае, ки то дирӯз раҳнамои шогирдон буд, имрӯз завлона ба даст дар курсии айбдорӣ менишаст. Дар такя ба далелҳои шайъӣ гунаҳкориаш исбот шуд ва дар гӯшаи маҳбас маскан гирифт Аслия. Ба рӯзгори якранги сарди маҳбасиаш рӯзе хушхабаре расид. Маҳфили касбомӯзӣ барои маҳбусон доир мешудааст. Номнавис намуд худро Аслия.

Роҳбарияти муассисаи ислоҳотӣ маҳбусони майли касбомӯзӣ доштаро ба курсҳои омӯзишии касбҳои «қаннодӣ» ва «сартарош-стилист» тақсим намуд. Муаллимон, устодони ин касбҳо барномаҳои таълимии худро бо назардошти низоми муассисаҳои пӯшида барои ташкили омӯзиш мутобиқ карданд.

— Ман дигар талхиро намехоҳам,- баён дошт Аслия,- маро ба курси “қаннодӣ” нависед.

Бо шавқу ҳаваси том асрори пухтани кулчақанду тортро аз худ менамуд ва бо гулу сабки хоса маҳсулоти қаннодиро оро медод. Акнун маҳсулоти қаннодии Аслия натанҳо пештахтаи мағозаи маҳбас, балки мағозаҳои ширинифурӯшии қаннодии шаҳри Норакро зеб медод.

Шаҳло Абдунабизода — сарвари созмони ҷамъиятии “Ҷаҳон” ба Аслияву ҳамсабақонаш ишора намуд, ки зиндагӣ берун аз маҳбас бо дарёфти касби хуб идома меёбад. Муҳим некбинӣ ва дили гарм ба зиндагӣ аст. Пас аз хатми омӯзиш, занон касбҳои «қаннодӣ», «сартарош-стилист» ва мардон касбҳои «дуредгар» ва «кафшергари газ»-ро мегиранд. Ҳамчунин, баъд аз хатми курсҳои касбомӯзӣ ҳамаи донишҷӯён (маҳкумшудагон) соҳиби шаҳодатномаи давлатӣ мешаванд. Ин ба онҳо пас аз озодшавӣ барои кор пайдо карданашон кумак мекунад ва имконият медиҳад, ки вазъи иқтисодии худро беҳтар созанд, узви комилҳуқуқи ҷомеа бошанд.

— Иштибоҳи ҷавонии ман ба васвасаи зару зевар афтидан ва туъмаи дастаи ҷинояткорон шудан буд,- бо таассуф иброз дошт Аслия,- ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки дар паси панҷара дӯзахи рӯи заминро мебинаму касбомӯзӣ умеди тоза мебахшад…

Шабеҳи Аслия занони гумроҳ дар маҳбас кам нестанд, ки ба умеди дидори фарзанду нашъаи озодӣ кашидан аз пайи омӯзиши пешаи нав ва тасмими ислоҳ шудану дигар даст ба ҷиноят назаданро доранд. Ва маҳз дар ҳамин ҳолат ба мадади онҳо шарики лоиҳаи «Ҷаҳон» — муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» мерасад.

Маҳкумшудагони 2 муассисаи ислоҳӣ дар заминаи муассисаҳои ислоҳӣ ба корҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ҷалб карда мешаванд. Ин ба маҳкумшудагон имкон медиҳад, ки дониш ва малакаҳои нав гиранд, инчунин бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии худ ба фаъолияти даромаднок машғул шаванд.

… Аслия акнун дар ҳалқаи оила нашъаи озодӣ мекашад. Дигар касби худро тағйир дод ва дӯкони маҳсулоти қаннодии “Аслия”-ро боз намуд. Чунин шириниҳоро мудом харидоре ҳаст.

— Хуб, Аслияхонум, мошинро аз маҳсулот пур кардем,- ба назди Аслия ҳозир шуд мудири анбор,- борхатро ба кадом мағоза нависем?

— Ба мағозаи муассисаи ислоҳотии 3/8-и шаҳри Норак,- оромона посух дод Аслия.

— Чӣ? Ба маҳбас?,- ҳайрон шуд ронанда.

— Бале,- масрур гуфт Аслия,- бигзор аз маҳсулоти мо маҳбусон даҳон ширин карда, ба зиндагии озоди ширин майл намоянд.

Мошини боркаш бо навиштаҷоти “Шириниҳои Аслия” роҳи Норакро пеш гирифт. Тамъи шириниҳои озодиро маҳбусони муассиса пазмон шудаанд. Худи Аслия паҳлуи ронанда нишаст. Ин бонуи соҳибҳунар мехоҳад бонувони раҳгумро ба зиндагии шоиста дар доираи қонун ҳидоят намояд.

Дари муассисаи ислоҳотии 3/8-и шаҳри Норак во мешавад. Ба машом бӯйи муаттари маҳсулоти қаннодӣ ва аз радио ба гӯш суруди ҷолибе мерасад:

Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест

Зайниддин ОРИФӢ

 P.S. Ному насаби қаҳрамони мавод бо хоҳишаш тағйир дода шуд.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here