Гузориш аз Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ
“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”,- омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми декабри соли 2017.
Воқеан, ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, бахусус ашхоси имконияти маҳдуддошта, аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад ва аз замони ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум тадбирҳои назаррас анҷом дода мешавад. Кодекси тандурустӣ ва қонунҳои ба тасвиб расида, махсусан “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, “Дар бораи ветеранҳо”, “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати НБА Чернобил зарар дидаанд”, “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”, “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” аз қабили он қонуну санадҳоеанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолияти маъюбон дар Тоҷикистон қабул гардидаанд.
Барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мушкилоти маъюбон ва умуман пешгирии афзоиши маъюбӣ ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар Форуми мазкур, ки рӯзи 18-уми октябр дар толори Китобхонаи миллӣ доир гардид, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои муштаракулманофеъ, намояндагони ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Тасним Ататраҳ, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ Гунта Анча (маъюби гуруҳи якум, ки тариқи аробачаи барқӣ ҳаракат мекунад) иштирок ва суханронӣ карданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, ки раисии Форумро ба зимма дошт, дар оғоз иштироккунандагон, бахусус меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба эшон сиҳативу саломатӣ орзу кард. Номбурда қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, хусусан раванди маъюбиятро дар кишвар ба эътибор гирифта, онро дар қатори дигар Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ворид кардааст.
— Бо назардошти хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ маблағгузории муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамасола зиёд гардида истодааст. Дар соли 2016 барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 54 441 969 сомонӣ равона гардидааст, аммо дар соли 2019 бошад, нишондиҳандаи мазкур 83 499 886 сомониро ташкил медиҳад, яъне дар се соли охир маблағгузорӣ ба соҳа 53,4 фоиз бештар гардидааст,- гуфт вазир.
Муаррифии сиёсати иҷимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ ва манофеи шахсони дорои маъюбият, инъикоси фаъолияти вазорату идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбони Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт ва инчунин, ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби шарикони рушд оид ба масъалаҳои маъюбӣ, муайян кардани харитаи роҳи кишвар оид ба амалӣ сохтани муқаррароти Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” аз мақсаду аҳдофи асосии Форум арзёбӣ гардид.
Дар Форуми мазкур муовини Сарвазири мамлакатАзим Иброҳим, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ Гунта Анча интирок ва суханронӣ карданд.
Теъдоди маъюбон дар ҷаҳон ба беш аз як миллиард рақам зада шуд, ки 15 дарсади аҳолии рӯи заминро дар бар мегирифтааст. Гуфта шуд, ки феълан дар Тоҷикистон наздик ба 149 ҳазор нафар ашхоси маъюб ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 15 ҳазор ба гуруҳи якум, беш аз 27 ҳазор маъюбони то18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.
Боиси зикр аст, ки ҳуқуқи маъюбон дар кишвар бо ашхоси солим баробар буда, давлат барояшон шароити кору аз худ кардани касби дӯстдоштаашонро муҳайё кардааст.
Рӯзигули Абдурасул зодаи ноҳияи Муъминобод ва маъюби гуруҳи дуюм аст. Ӯ мегӯяд, соли 1996, замоне, ки се сол доштааст, аз пои равон маҳрум гаштааст. Рӯзигул аз қавли модар мегӯяд, ки сабабгори маъюбии ӯ гузаронидани нодурусти сӯзандору (прививка) дар кӯдакӣ будааст. Номбурда ҳамаро амри тақдир медонад, вале мегӯяд, ки ба тақдир тан надодааст ва хонда, соҳиби касб ҳам гардидааст. Рӯзигул мисли дигар маъюбони ҳунарманд, намунаи маҳсули ҳунару заҳмати худро барои намоиш ба Душанбе овардааст.
— Айни ҳол донишҷӯи соли дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳастам. Илова бар ин, тӯли як сол мешавад, ки дар Маркази ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону” зери роҳбарии Абдуқаюмова Қаламнисо ҳунари гулдӯзӣ, бофандагӣ ва пухтупазро омӯхтам,- гуфт Рӯзигул.
Муяссара Деҳқонова духтари хандонрӯйи ҳунарманд аст. Ӯ зодаи шаҳри Конибодом буда, маҳсули ҳунарашро, ки аз дастбанду гарданбандҳои аз муҳра омодакардашуда иборатанд, барои тамошо ва фурӯш ба Форум пешниҳод кардааст.
— Ман аз зиндагиам розӣ ҳастам. Орзуҳои зиёд дорам. Ҳаёт бе орзу ширин нест. Орзу калиди расидан ба мақсад аст. Агар орзу бошад, аллакай хоҳиш ва ҳаракат пайдо мешавад, вагарна одам шахшуда ва беҳаракат мемонад. Ман панҷ сол боз ба ин ҳунар машғулам. Ин фантазияи худам аст. Як ташкилот ҳунари маро дида, ба намоиш гузоштанд. Баъдан ба ман телефон туҳфа карданд ва аз интернет тамошо карда, баъзе нақшаҳоро аз он ҷо гирифта месозам. Тариқи интернет фармоиш мегирам. Бо бештари мизоҷонам тариқи интернет мубодила мекунам. Бо сарояндаҳо ҳамкорӣ дорам,- гуфт Муяссар.
Номбурда бо ифтихор мегӯяд, ки беш аз 200 шогирдро тарбия карда, ҳунарманд кардааст ва илова бар ин, ҳунари сарояндагӣ ҳам дорад.
— Дар шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва дигар навоҳӣ, аз ҷумла Ашт консерт баргузор кардаам. Соли равон маро ба ноҳияи Шаҳритуз ба Иди маъюбон даъват карданд. Иштирок карда, суруд хондам. Ҳамин тавр, дар чорабиниҳои наврӯзӣ, 8-уми март ва ғайраҳо ширкат карда, суруд мехонам. Ба наздикӣ барои иҷрои нақш дар кино даъват шудам. Сенария омода шавад, нақш мебозам,- гуфт Муяссар бо табассуми хос ва руҳи болида, ки ҳеҷ нишоне аз маъюсӣ дар ӯ дида намешуд.
Абдусаттор Бекматов 39 сол дорад. Бо ӯ замоне шинос шудем, ки бо асбоби заргарии худ гӯшвора омода мекард. Номбурда зодаи шаҳри Кӯлоб аст ва дар корхонаи “Зар”-и ин шаҳр аз соли 2006 фаъолият дорад. Тавре Абдусаттор гуфт, маъюби гуруҳи дуюм ва соҳиби ду фарзанд аст. Маъюбии ӯро табибон ба системаи асаб рабт додаанд.
— Соли 1993, замоне, ки дар ноҳияи Фархор аз ҳисоби гандум аҳолӣ заҳролуд ва шикамдамак шуд, дар Кӯлоб ҳам ин ҳодиса рух дод. Ман ҳам ба ин беморӣ гирифтор шудам ва ба системаи асабам таъсир кард, ки аз пойи равон мондам. Маҳсулоти тайёркардаи мо аз тиллову нуқра аст. Баъзан мардум маҳсулоти қадимаи миллиро оварда, нишон медиҳанд ва баробар ба вазну сохт аз он фармоиш медиҳанд,- гуфт Абдусаттор.
Абдусаттор Бекматов гуфт, маҳсулоти омодашударо дар мағозаи махсус дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе ва намоишгоҳҳои дохилию хориҷӣ ба фурӯш мебароранд.
Гулафрӯзи Ҳошимӣ зодаи деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара ва магистранти факултаи Идораи давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон мебошад. Ӯ ба иштирокчиёни Форум маҳсули ҳунарҳои дастии худро, ки аз гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, болиштҳо ва куртаҳои арӯсӣ, кокулҳо барои духтарон, гарданбанду дастмона, гӯшвораҳо барои бонувон иборатанд, пешниҳод кардааст.
— Қисми зиёди ҳунарҳои дӯзандагиро аз модарам омӯхтам, вале гарданбанду гӯшвора ва дастмонасозиро дар як курсе, ки аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии созмони занони маъюб дар Душанбе ташкил шуда буд, иштирок карда, аз худ намудам. Маҳсулоти моро бештар хориҷиён мехаранд ва ҳамчунин арӯсҳо фармоиш медиҳанд. Маҳсулоти мазкурро дар якҷоягӣ бо духтарони маъюбиятдошта омода кардем. Ман қаблан Донишкадаи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси дизайнер хатм кардам,- гуфт Гулафрӯз Ҳошимӣ, маъюби гуруҳи дуюм.
Таваҷҷуҳи аксари иштирокчиёни Форумро ҳунари гулдӯзии маъюби гуруҳи якум, ки на бо даст, балки бо пой онро анҷом медиҳад, ҷалб кард. Ӯ сухан гуфта наметавонад ва ягона нафаре, ки ҳарфҳояшро мефаҳмад, хоҳараш Нодира мебошад.
Нодира Мустафоева ба мо нақл кард, ки апааш Турсуной дар деҳаи Саври ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст, ки аз марказ хеле дур аст. Дар овони тифлӣ ҳарорати Турсуной хеле баланд шудааст ва то ба беморхона оварданаш аллакай дер шудааст. Табибон умеди зинда монданашро надоштаанд. Ӯ ба бемории менингит гирифтор мешавад.
— Турсуной аз соли 2001 худомӯзӣ карда, ҳунари гулдӯзиро оҳиста-оҳиста ёд гирифт. Дастонаш кор намекунанд, ҳама кор, аз дандоншӯию ҷомашӯӣ то оро додани худро бо пой анҷом медиҳад. Дар ду-се ҳафта як шерозаро барои пойҷомаи занона тайёр мекунад. Бо ҳамин кор машғул шуда, зиқ намешавад,- гуфт Нодира.
Вақте ки бо Нодира суҳбат доштем, Турсуной бо ҳаракатҳои чашму лабонаш ба хоҳараш чизе гуфтан мехост. Нодира лаҳзае пас гуфт, ки Турсуной мехоҳад аз як марди саховатпеша дар шаҳри Панҷакент — Атохоҷаев Заурбек, ки дар бозрасии давлатии автомобилӣ фаъолият мекунад, изҳори сипос намояд. Чун Нодира дар ин хусус бо ман ҳарф мезад, дидам, ки дар чашмони Турсуной ашк ҳалқа мезанад. Эҳсос кардам, ки ин марди нек дар ҳаққи ин зан чӣ кори хайре кардааст, ки ҳатто бо ёд овардани он ашки шодию миннатдорӣ аз чашмонаш ҷорӣ мешавад.
Нодира Мустафоева гуфт, ки «Заурбек Атохоҷаев ба мо хеле хубӣ мекунад. Агар ягон консерт ё чорабинӣ шавад, ӯ ҳатман Турсунойро бурда, ҷой мекунад. Камбудӣ шавад, Заурбек ба мо кӯмак мерасонад. Турсуной хеле мехоҳад, ки мақомоти шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғд Заурбекро қадрдонӣ карда, ба ӯ ягон вазифаи баландтар диҳанд».
Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»