Ёд дорам, як нависандаи халқии Тоҷикистон (бо хоҳиши он кас номашро намегӯям) дар як пурсиши телевизионӣ гуфта буд, ки ба кӯча кам мебароянд. Агар бароянд, ба хона хеле хастаҳолона бармегарданд. Рафтору кирдори баъзе шаҳрнишинони имрӯза димоғи мардумони закиву бомаърифатро ноҷур мегардонад ва баъзан аз кӯча ба ҷои фароғати руҳу бадан гирифтан, парешонфикру мондашуда бармегарданд. Устод боз як мисоли аҷибе оварданд, ки вақте шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин, дар натиҷаи ҷангҳои хунин камодам мегаштанд, зарур мешуд, ки рустоиҳоро ба шаҳр кӯчонанд. Пеш аз ба шаҳр овардан муддатҳо онҳоро одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ ёд медоданд. Яъне шаҳр дару дарвоза дорад, қонуну қоида дорад. Одоби шаҳрнишин бояд дигар ва намуна бошад.

Агар 26 соли даврони Истиқлоиятро қиёс карда назар андӯзем, нисбат ба солҳои навадуми асри сипаригашта ва даҳсолаи асри навин, одоби шаҳрнишинӣ куллан тағйир ёфтааст. Тавассути Воситаҳои ахбори омма,  тарғибу роҳандозӣ дар муассисаҳои таълимӣ оид ба ҳамин раванд  пешравиҳо ба назар мерасанд. Наврасону ҷавонон, ки ба қавле «хуни гарм» доранду аз рустоҳо ба шаҳр кӯчидаанд, ба тадриҷ урфу одати шаҳриҳоро пайгирӣ мекунанд.                                                                     

Мутаассифона, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки то ҳол боиси нигаронианд. Ин ҳолатҳо бештар дар муассисаҳои таълимӣ, нақлиёт, бозор, роҳ, кӯча, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба чашм мерасанд. 

Дар тангкӯча ва гардишҳо ронандаҳоеро дучор шудан мумкин аст, ки бо сигналҳои гӯшхарош, ҳуштаку фарёдҳои бемаънӣ боиси нороҳатии роҳгузарон ва мардуми шаҳр мегарданд. Дар баъзе давлатҳо, барои беасос халалдор кардани авзои руҳии одамони роҳгузар ва мусофирон, ба ронандаҳо ҷарима мебанданд.

Аксарияти ронандаҳои хатсайрҳо, аз он ҷумла, маршруткаҳо, ки воситаи асосии нақлиёти шаҳрӣ маҳсуб меёбанд, аз деҳот омадаву шаҳрнишин гаштаанд. Пулчинакҳои (контролёрҳо) деҳотӣ бо овози гӯшхарош оромии роҳгузаронро вайрон месозанд. Фарҳанги шаҳрнишиниро намедонанд, ё ин ки риоя намекунанд. Бисёр маврид кормандони БДА, ки дар паҳлӯи онҳо мебошанд, гӯшҳои худро ба «карӣ»» мезананд, ки ин боиси нигаронист. Ин бенизомиҳо бештар дар истгоҳҳои назди маҷмааи «Садбарг», бозорҳои Корвону Саховат, Деҳқон, Политехникум, истгоҳи Зарнисор ва дигар маҳаллаҳои сераҳолӣ ба чашм мерасанд. 

Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» масъалаҳои ҷой доштани тамба, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи шаҳрвандон, бахусус дар маҳаллаи маҷмааи «Садбарг», масъалаи рӯз маҳсуб гардидааст. Барои мисол як муштарӣ чӣ менависад: «Имрӯз ҳам дар маҳаллаи «Садбарг» будам. Бетартибӣ ба ҳамаи маънояш. Мошинҳо овозҳои гӯшхарош медиҳанду ба қавле якдигарро тела додан мехоҳанд. Пулчинакҳои аз қишлоқҳо омадагӣ бо тамоми қувват аррос мезананд. Ҳамаи ин дар маркази пойтахт. Ин чӣ гап? Кормандони БДА- и МВД гӯё ин ки дар таку даванд. Ин тарафу он тараф ҳуштак мекашанд. Ба «қавли» онҳо ронандагонро идора кардан мушкил аст. Шоир гуфтааст: «Адаб сармояест, ки ҳаргиз зарар намекунад, аммо ба даст овардани он осон нест» 

Дар зиндагии инсон баъзан чунин бархӯрдҳое пеш меоянд, ки ҳам риққатовару ҳам дилхарошанд. Чанде пеш азм гирифтам, ки солҳои ҳаштодумро ба хотир овардаву савори душохаи оҳистарав сӯи хонаам, ки дар тарафи бозори Қаряи Боло аст, раҳсипор гардам. Ҳам вақт кифоят буду ҳам ёдрасӣ аз солҳои ҳаштодум доштам. Кайфиятам дар он буд, ки симои дигаргунгаштаи шаҳрро бо ҳаловати хосса тамошо кунам. Зеро троллейбус яке аз воситаҳои муҳими нақлиёти даврони пеш маҳсуб меёфт. 

Дар назди истгоҳи меҳмонхонаи навсохти «Сирена» ба троллейбуси хатсайри рақами 10 савор шудам. Дар истгоҳи дигараш, ба ин мошине, ки ҷойҳои холӣ дошт як гуруҳ ҷавонон нишаст карданд. Аз борхалтаву сумкаҳояшон маълум мегардид, ки онҳо донишҷӯянд. Магар «кайф»- ҳояшон баланд буд, ё ин ки аз чорабиние баргашта бошанд, якбора телефонҳои мобилиашонро ба мусиқӣ ҳамоҳанг карда дар долони охири троллейбус ба ҳофизиву рақс даромаданд. Аз гуфторашон маълум мегардид, ки аксарияти онҳо деҳотиянду навомад аз донистани одоби шаҳрнишинӣ ориянд. Рақсу бозии онҳо то варзишгоҳи марказӣ давом кард. Аз истгоҳи ба ном «Ҷазира», се нафар омӯзгорони ДМТ савор шуданд. Чунин «худфаъолиятӣ»-ро дида, ин омӯзгорон паси ҳам дар истгоҳҳо фаромаданд.   

Ман аз он пулчинак (контролёр) пурсон шудам, ки ягон илоҷе нест, то ин «манқуртҳоро» ором бигардонӣ. Охир ин ҷои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбаду бо чунин рафтор онҳо мусофиронро мегурезонанд.

— Муаллимҷон, медонед чӣ, шумо барин ҳуҷҷатдорон ҳазорҳоянду чунин касоне, ки ҳақи роҳкироро медиҳанд, ангуштшуморанд. Пас, бигузор, истироҳату фароғат ва бозӣ кунанд. Шумо гӯшҳоятонро ба карӣ гиреду, аҳамият надиҳед ва аз паси коратон шавед. Ана, маслиҳати ман ҳамин. 

Фаҳмидам, ки барои чӣ он зиёиён паси ҳам аз мошин фаромаданд. Зери андеша мондам. Ба ин «контролёр» — и навакак аз қишлоқ омадагӣ чӣ гӯям, ки аз санге садо ҳасту аз ӯ не. Ӯ ҳанӯз, намедонад, ки нақлиёти ҷамъиятӣ чисту барои чӣ ин қадар ҳуҷҷатдорон ба он ворид мегарданд. 

Пас аз ин дидаҳо ва шунидаҳо, ман ва даҳҳо барин зиёиён чӣ бигӯянд, ки фарҳанги шаҳрнишинии мо дар  кадом сатҳ қарор дорад. Чаро  сарварони онҳо фарҳанги муомила ва муоширатро ба онҳо  намеомӯзонанд? Баъзе контролёрҳо чунон дағаланд, ки ҳатто ба шахсият, ки профессор ё академик ҳаст эътиборе намедиҳанд. Сабаби асосӣ дар бемаърифатӣ ва бефарҳангист. 

Аксарияти арбобони давлатӣ, адибон, фарҳангиён, зиёиёни шинохта аз  деҳу рустоҳоянд. Мисоли равшан: Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Сорбон ва даҳҳо нафари дигарон. Ҳамаи онҳо ба шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон омада фарҳанги шаҳрдориро қабул кардаву садҳо нафар навшаҳриҳоро ба  маърифату одоби шаҳрнишинӣ ҳидоят намудаанд. Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо ободу зебо ва бомаърифат гардониданд, ки имрӯз мо аз заҳмату зарофати онҳо дар ин шаҳри гулгулшукуфон тасмими кору эҷод дорем.

Дар ин маврид бисёр хушоҳанг мегардид, ки оиди сардору сарпараст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории худро баён кунем. Президенти мардумӣ, бо вуҷуди он ки ҳамчун аксарияти мо зодаи деҳот аст, одоби шаҳрнишиниро аз рӯзҳои аввали ба шаҳр омаданашон эҳтиром дошта, ҳангоми донишҷуӣ ифтихор доштанд, ки шаҳрнишин мебошанд. Аз рӯи одоби накӯяшон Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Тоҷикистон ба ин мартабаи баланд: ҳамчун Пешвои худ  пазируфтанд. 

Тавассути сиёсати ғамхоронаи Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон ва бисёр дигар ноҳияву шаҳрҳо аз ҷиҳати ободонӣ ношинохтанӣ гардиданд, ки ин боиси ифтихори баланд аст. Хонаҳои баландошёни навсохт, ҳамавақт харидорони худро доранд. Аксарияти харидорон рустоӣ, ё худ деҳотиён мебошанд. Ин амри тақдир аст.  Волидон ва фарзандони онҳоро зарур аст, ки рӯ ба фарҳанги шаҳрнишинӣ оваранд. Падару модарон фарзандонро биомӯзанд, ки фарҳанги шаҳрнишинӣ дигар аст. Дар ин шаҳри дилнишин чунин Қаҳрамонҳои халқи Тоҷикистон чун Шириншоҳ Шоҳтемуров, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди миллат ва ҷаҳонигардонии миллати тоҷик заҳматҳо кашидаанд. Мутобиқ гаштан ба ҳама гуна шароити шаҳрдорӣ яке аз масоилҳои муҳими рӯз аст, вагарна шаҳрӣ ё шаҳрнишин гуфтани ҳар як каси номуродифу номақбул нодуруст мебошад. 

Иловатан, оид ба ҳамин мавзуъ гуфтание дорем, ки агар Кумитаи ислоҳоти забон дар нақшаҳои ояндаи худ қоидаи шаҳрнишин ва шаҳрӣ буданро бо як такмилу коркарди дуруст, ҳамчун як қонун муайян гардонида ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекард, кори хайре мебуд. Ё ин ки мақомотҳои дахлдорро ба ин раванд ҳамоҳанг мегардонид. Зеро, тибқи пешгӯиҳо бисёр рустоиҳо бо сабабҳои гуногун кӯч ба шаҳр, алалхусус, ба пойтахт мебанданд. Бисёриҳо иҷоранишин буда, аъзеҳо ҳатто ҷои зист надоранд.  Илоҷи ягона, тибқи гуфтаи он устоди бузург, онҳоро омӯзиш ба шаҳру шаҳрнишинӣ ва пойтахти кишвари гулгулшукуфон намудан ҳам қарзу ҳам фарз аст. То ин ки нагузорем навшаҳриҳои Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору таълимгоҳҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, роҳраву маҳаллаҳо ва дигар ҷойҳои пураҳолӣ беҳуда фарёду овоз бароварда, амалҳои номатлуб содир намоянд.

Убайдулло РАҲИМОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here