Дуди сиёҳи корхонаи асфалтбарорӣ ба ҳавои софи шаҳри зебои мо сиёҳӣ меорад.
Тақрибан як моҳ пеш дар деҳаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе корхонаеро бунёд карданд, ки воқеан мисли фасли хазонрез метавонад ба ҷисму ҷони одамон хатар оварад. Ҳар боре субҳгоҳон ба донишгоҳ равона мешавам, дидани як сиёҳие дар ҳавои софу беғубори шаҳрам маро ғамгин месозад. Ҳар боре ба он сиёҳӣ назар мекунам, ташвише қалбамро фарогир мегардад. Магар ниҳодҳои экологӣ танҳо ба дуди кӯчаки автомобилҳо назар мекунанду чашмашон ба ин сиёҳии абрмонанд намерасад? Агар чунин заводҳои экологияро вайронкунанда ва дуди ғализ доштаро (ин гунаҳо кам нестанд) аз Душанбешаҳр дуртар месохтанд, ҳавои Душанбе софу беғубор мебуд ва боз ҳам як зебоие ба ҳусну ҷамоли пойтахт зам мешуд.
Сорбон МУҲИДДИНОВ,
донишҷӯйи ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here