Даҳ гуфторе, ки паҳлуи дигари тарозуро пур мекунанд

Фикри аввал:

ЧАТР

Ман фикр мекунам…

Дуруст аст, ки мо муваффақияти баъзе ҷавононамонро мебинем, онҳоро каму беш дастгирӣ мекунем, онҳоро муаррифӣ мекунем, аз номи онҳо сухан мекунем, онҳоро ба сухан гуфтан водор мекунем ва кӯшиш мекунем, ки ҳамагиро дар қатори онҳо ноаён ғунҷонем. Мо тавре саҳифаҳои матбуотро сиёҳ мекунем, ки гӯё муваффақтарин ҷавонони сайёра ҷавонони мо ҳастанд. Мо тавре эфири радиову телевизонамонро пур мекунем, ки ҳама ҷавонони мо орӣ аз камбудиҳо, зиндадилтар аз зиндадилҳо, зеботар аз зебоиҳо, пурҳунар аз боҳунарҳо, комёбтар аз комёбони ҷаҳон, ошиқтар аз ошиқони олам ва бенафстар аз тамоми оламиён ҳастанд. Дуруст мекунем? НЕ!

Хатои нобахшидании мо дар он аст, ки ҷавонони муваффақамонро ҳамчун чатр истифода бурда, тавре нишон медиҳем, ки ҳама ҷавонони кишвар хушбахту комёб ва аз ҳаёти доштаашон розӣ ҳастанд. Албатта, бо ин ҷумла гуфтанӣ нестем, ки хушбахт нестем, балки ба нуқтаи кулминатсионӣ нарасидаем ва набояд тавре нишон диҳем, ки гӯё ҳамааш хуб аст. Бояд амалан кӯшиши аз ин дида ҳаёти беҳтарро ба ҷавонон доданро кунем.

Ман зидди гуфтану нишон додани муваффақиятҳои ҷавононамон нестам ва ҳаргиз чунин буда наметавонам, аммо куллан зидди он ҳама васфҳои дурӯғин ва “ҳамааш хуб аст” ҳастам. Як паҳлуи тарозуро мо ҳамеша холӣ мемонем. Ин боис мегардад, ки қишри мушкилидор, номуваффақ, хаставу ранҷур аз ин роҳи ноҳамвор, бекорон ва дигарон дилхунук шаванд, ҳатто аз ҳама. Ҳам аз давлат, ҳам аз мансабдорон, ҳам аз ВАО ва ҳам аз ҳамон ҷавонони муваффақ.

Биёед, ҳамон чатре, ки аз чанд нафари муваффақ сохтаем, ба ҳамон монанд ба дигар ҷавонони кишвар ҳам созем ва ҳар кас дар сояи худ сабзад. Ҳар кас дар зери чатри худ бошад.

Фикри дуввум:

ДАР ҶУСТУҶӮИ МУСОҲИБ

Ман фикр мекунам…

Дар мо як гапи хуб аст: “Назди духтур не, назди бемор рав”. Ин маъноеро дорад, ки дар бораи деҳқон деҳқони дигар, дар бораи тоҷир тоҷири дигар, дар бораи бемор бемори дигар аз ҳама зиёд медонанд. Ва бояд қабул кунем, ки дар бораи ҷавонон ҳам аз ҳама зиёд худи ҷавонон зиёдтар медонанд. Ҷавонони мо асосан довталабон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон, муҳоҷирон, коргарон ва он нафароне мебошанд, ки бо сабабҳои гуногун ҷое таҳсил накардаанд ва ҳоло коре намекунанд.

Чун ҳоло мо дар арафаи Рӯзи ҷавонон қарор дорем, бо чанд ҷавон суҳбат кардем ва дар зер манзури шумо мегардад.

Хоби аввал:

ОЯНДА, ЯЪНЕ ЧӢ?

Ман хоб рафтам…

Довталабони зиёдеро мебинам. Онҳо сарсону саргардонанд. Чӣ кор карданашонро намедонанд. Аз чӣ будани тақдири ояндаашон дар ҳаросанд. Ҳеҷ ба як қарор омада наметавонанд… Аз миёни онҳо якеашро наздам мехонам.

— Салом, довталаби азиз! Чӣ ҳол дорӣ? Касби ояндаатро, нону номи ояндаатро, хандаву ғами фардоятро, муҳаббату нафрати пагоҳатро, ширинию талхии нафасҳои боқимондаатро интихоб кардӣ?

— Салом, росташро гӯям, ҳоло интихоб накардаам. Асабӣ нашавед, мефаҳмонам. Якум, худам танҳо интихоб карда натавонистам. Дудила не, балки ҳазордилаам. Зиёда аз 500 ихтисос аст, аммо фикр мекунам ихтисосҳои “лой”-биёр барои мо нестанд ва ҳама он ихтисосҳои “белой” ва ҳатто зараррасон ба мо ояндаи хуб дода наметавонанд. Дуюм, агар таҳсилро давом диҳам, насиб донишҷӯ, магистрант, докторант… шуда меравам, аммо ба гумонам то он ҷо расидан дошт карда наметавонам ва дар нимароҳ мепартоям, зеро қувват надорам. Сеюм, сеюм, сеюм… Бовар кунед, ҳоло интихоб накардаам ва намедонам ояндаам чӣ мешавад. Ман аз хоб хестам. Умед аст, ки ин ҳолат хубтар мешавад. Чӣ хел? Ба онҳо калонсолон кӯмак мекунанд.

Хоби дуввум:

ЧӢ ТАВР ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД?

Ман хоб рафтам…

Донишҷӯёни мо бар 4 навъанд: якум, нафароне, ки дар ҳақиқат соҳибкасб шуданиянд. Дуюм, нафароне, ки волидонашон барои насабашон маҷбуран соҳибдиплом карданиянд. Сеюм, нафароне, ки аз муҳоҷирату хизмати ҳарбӣ ба даҳлезу роҳравҳои макотиби олӣ мегурезанд. Ва чорум, нафароне, ки чӣ кор карданашонро намедонанд ва донишҷӯ мешаванд. Яъне, хубу бад, бисёриҳо донишҷӯ мешаванд. Ва ман як савол дорам, ки ҳамакнун дар хобам аз донишҷӯе мепурсам:

— Як донишҷӯйи мо чӣ тавр зиндагӣ мекунад?

— Оҳ-ҳо… Наход, ки чунин одам бошад? Наход ба ҷуз волидон боз нафаре пайдо шавад, ки ба донишҷӯ аз чӣ хел зиндагӣ карданаш пурсад? Наход, бошад нафаре, ки чӣ гуна зиндагӣ кардани донишҷӯён барояш муҳим бошад?

— Таънаву кинояро як сӯ мон…

Қисми зиёди донишҷӯёне, ки дар ҳақиқат соҳибкасб шуданиянд ва бо умеди хондан омадаанд, камбудиҳои зиёд доранд: масъалаи ҷойи хоб, хӯрок, сарулибос, роҳкиро, дарсҳои бемаъниву такрорӣ…

Донишҷӯёнеро, ки барои пойдории насабашон овардаанд, рафтуомад доранд ва бовар кунед, дар аудиторияҳо аз буданашон дида, набуданашон хубтар аст.

Он донишҷӯёне, ки бо пули бародарони муҳоҷирашон аз муҳоҷирату хизмати ҳарбӣ гурехта омадаанд, на хуб мехонанд ва на партофта мераванд ва афсӯс, ки ба онҳо ҳам диплом ва ҳам шаҳодатномаи ҳарбӣ медиҳанд.

Ва донишҷӯёне, ки аз бекорӣ ё барои вақтгузаронӣ дар мизу партаҳо нишастаанд, ҳам худро ғам медиҳанд ва ҳам устодону ҳамкурсонашонро. Медонед барои чӣ? Мегӯянд, ки тасодуфӣ ба ин ихтисос гузаштем. Тамом.

Хулоса, донишҷӯйён ба дастгирӣ ниёз доранд: маслиҳатҳои ройгони психологӣ, суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони касбҳои худ, стипендияи беҳтар, сабукиҳо доир ба ҷойи хобу роҳкиро ва дигар хизматрасониҳо, ҷойи кор…

Медонам, ин донишҷӯ боз чизе гуфтанӣ буд, вале ман аз хоб хестам. Чун ман ҳам 100 сол пеш донишҷӯ будам, як чизи дигарро ҳам мегӯям ва боварӣ дорам, ки агар аз хоб намехестам, мусоҳиби ман ҳамин нуктаро қайд мекард. Одати бад ва нафратовари баъзе хонадорҳои нодидаи мо ҳамин аст, ки хонаҳояшонро ба донишҷӯён иҷора намедиҳанд, ҳатто бо нархи гарон ҳам. Гӯё донишҷӯён, бале, ҳамонҳое, ки ояндагони миллат мешуморемашон, хонаҳояшонро корношоям мекунанд. Айб нест, вақте ки бо як забон ҷавононро ояндаи миллат мегӯем ва боз бо ҳамон забон мегӯем, ки ба шумо хонаамро иҷора намедиҳам, зеро таъмирашро безеб мекунед?

Хоби саввум:

МУШКИЛИҲО

Асабам вайрон шуд. Ҳар вақте ки асаби ман вайрон шавад, ё ягон чиз мехӯрам, ё хоб мекунам. Чун ҳоло моҳи шариф аст, хоб мекунам.

— Эй, магистранти муҳтарам, дарсҳоятон такрор, стипендия намегиред, ба илм бисёр кам машғул мешавед, мақолаҳои илмиятонро бо сабаби нанавиштан ё напардохтани пулаш чоп накардаанд, ба муаллимӣ ё таҳқиқотҳои илмӣ кам таваҷҷуҳ доред…

— Шумо ё одам ё аз ин олам нестед. Мо бояд дипломи магистрӣ гирем, ки он барои соҳибкурсӣ шудан пули хуб шуда метавонад, ин як. Дуюм, дарсҳо дар зинаи магистратура мисли солҳои донишҷӯйӣ “серёзно” нестанд, пас, киро куштаст ҳафтае 3-4 маротиба рафта 2-3 соат дар донишгоҳ нишастан? Сеюм, назари атрофиёнро дигар метавон кард. Яъне онҳо дигар “конкретний” будани моро дарк карда, рафтору гуфторашон дигар мешавад.

Хоби чаҳорум:

“МОТИВАЦИЯ”

Ман боз хоб кардам.

Акаи Доктор PhD, донишҷӯён ва магистрон, ки шумо ҳам ин зинаҳоро гузаштаед, аз ҳолати доштаашон шикоят мекунанд. Пас бигӯед, ки аз куҷо “мотивация” гирифтед ва ин зинаи таҳсилро убур кардан хостед?

— Мо “мотивация” гуфтанӣ чизро намедонем, танҳо ба фардои нек умед бастаем. Боварӣ дорем, ки ҳамааш хуб мешавад.

— Ҳамин қадар?

— Даҳони мо сарпӯш дорад, барои сарпӯшро гирифтану гуфтани ҳама гапҳо маҷбур накунед, вагарна аз ҷӯшиданҳои бардавомамон сабр намекунед. Ҳоло ҳамааш хуб набошад ҳам, хуб мешавад. Проблемаҳои ҷои зист, норасоии айёниятҳои хониш, стипендияи кам, мушкилӣ бо роҳбари илмӣ, мушкили мавзуъ… Ин ҳамаро ба назар нагиред, “мегузаранд”.

Хоби панҷум:

“БЕСАВОД”?

Ман хоб кардам…

Инак, ҷавоне ба наздам омада истодааст, ки аз ҳамсояҳо сар карда, то хешону шиносони дур як таъна мешунавад: “Бесавод, дар мактаби олӣ нахондааст”.

— Ху-уш, “бесавод”, чаро ба мактаби олӣ дохил нашудӣ ва ин ҳама суханҳои пасту баландро бардошта гаштаӣ?

— Дар мактаби олӣ таҳсил накарданам чанд сабаб дорад: Якум, ба ихтисосе, ки ман дохил шудан мехостам, қуввати волидонам нарасид. Дуюм, ба донишкадае, ки қувваи волидонам расид, шавқи худам камӣ кард. Сеюм, сарфу харҷи 4 соли донишҷӯйиро ҳисоб карда, ба хулосае омадам, ки дар ҳамон пул ягон бизнес кушоям ё мошине харида, ҳамчун таксисти 5-сомонӣ дар яке аз хати сайрҳо кор кунам, хубтар мешавад. Чорум, қадру қимати соҳибдипломонро дида, торафт умедам кам мешавад. Ва панҷум, агар ҳоло ман бо қарзу қаволаи додом дар мактаби олӣ таҳсил кунам, дар 4 соли донишҷӯйӣ ва боз чанд соли аввали корӣ, ки маош камтар аз 1000 сомонӣ аст, чӣ гуна оилаамонро, хусусан додову очаи деҳқону хонашинамро мехӯронаму мепӯшонам?

Ман аз хоб хестам.

Хоби шашум:

БАРОИ ЧӢ ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД?

Ман хоб рафтам…

Дуд. Курдуд. Мушкилӣ. Доду вой. Дашном. Фиреб. Найранг. “Кидат”. Дурӯғ. Даводав. Тарс. Пинҳонӣ. Ва тӯдаи ҷавонони беболу пар. Ва тӯдаи ҷавонони муҳтоҷ ба дастгирӣ. Ва тӯдаи ҷавонони аз волидон ҷудошуда. Ва тӯдаи ҷавонони ҷавонӣ надида. Ва тӯдаи ҷавонони муҳоҷир, ки нонбиёрони хона ҳастанд. Ва тӯдаи ҷавонони умеди ягонаи хонадон. Ва тӯдаи ҷавонони аз Ватан дурбуда ва ба Ватан дилкашолбуда… Ин ҳамаро ман дидам ва беихтиёр ин саволи бемаънӣ аз забонам баромад:

— Шумо барои чӣ зиндагӣ мекунед, чист он баҳонаи зистан?

— Нон бурдан ба хона. Зиндагиро беҳтар кардан. Муҳтоҷи ҳар касу нокас нашудани аҳли оила. Пайдо кардани қутти лоямуте… Мо ба фардои нек бовар дорем!

Ман аз хоб хестам.

Хоби ҳафтум:

УМЕД ҲАСТ?

Ман ба рағми ин ҳама боз хоб рафтам…

Намедонам дар куҷоям. Намедонам ин ҷо киҳо ҳастанд. Намедонам ин ҷо чӣ корхонаест ва киҳо кор мекунанд. Вале назарам ба ҷавоне, аниқтараш ба коргари наве меафтад, ки ба гумонам нав аз курсии мактаби олӣ омадааст ва бо шавқ кор карда истодааст…

— Ҳо-оо бародар, ба фикрам шумо коргари нав ҳастед?

— Бале, чӣ хизмат кунам?

— Ҳеҷ хизмати ту ба ман лозим нест, танҳо як чиз пурсиданӣ будам. Ту 4 сол бо пули деҳқонии падарат дар мактаби олӣ таҳсил кардӣ. Ту 4 сол аз ҳисоби говҷӯшии модарат иҷорапулӣ додӣ. Ту 4 сол бо ёрии бародари муҳоҷират роҳкиро кардӣ. Ту 4 сол бо пулҳои додаи тағою амакат хӯрок харида хӯрдӣ. Ту 4 сол… Майлаш, дигарҳояшро намегӯям, танҳо бигӯ, ки аз ин маоши 850-сомонаат розӣ ҳастӣ ва ба фардои нек умед ҳаст ё не?

— Раҳмат, ки як бори дигар хотиррасон шудед, ки ман аз киҳо қарздорам. Дар ин шароит албатта бо чунин маош дар пойтахт ҳатто иҷора гирифтан номумкин аст ва мутаассифона, ҳоло ҳам ҳамон нафарони болозикратон барои аробаи зиндагиро ҳаракат додан ёрӣ расонида истодаанд. Вале ба ин ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, ба шумо гуфта метавонам, ки ҳамааш мегузарад, ҳамааш хуб мешавад ва мо ҳам ба рӯзҳои нек мерасем. Маошамон то ҳадде мешавад, ки ҳам хона мегирем, ҳам ба бозориамон мерасад, ҳам ба сарфу харҷи хона, ҳам ба наздикони таҳсилнакарда кӯмак мекунем ва ҳам тобистонҳо истироҳат меравем. Умед ҳаст!!!

Фикри саввум:

Барои чӣ фикр мекунам? Барои чӣ хоб мебинам? Барои чӣ дар хоб бо мусоҳибон гуфтугӯ мекунам? Барои он ки ин тавр хубтару беташвиштар аст. Ҳеҷ кас аз ҳеҷ каси дигар хафа намешавад. Ҳар нафар то қадри фаҳмиши худ масъаларо дарк мекунад. Ва ҳар нафар метавонад хулосаи худро бе ёрии дигаре барорад.

Яктарафа гуфтам? Фақат мушкилӣ гуфтам? Кӯрам, ки муваффақиятҳоро намебинам? Чаро чунин кардам? Бовар кунед, зарар надорад, бисёранд нафароне, ки паҳлуи дигари тарозуро бо “гулу гиёҳ”-ашон пур мекунанд ва касе чизе намегӯядашон. Пас, ин гуна матлаб ҳам даркор аст, зеро паҳлуи дигари тарозу набояд холӣ монад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S. Рӯзи ҷавонон, ояндагони миллат, умеду армонҳои мардум, давомдиҳандагони роҳи кулли башарият муборак бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here