1-уми октябр — Рӯзи байналмилалии куҳансолон

Оид ба ин масъала зиёд навиштаанду гуфтаанд. Ҳатто чанд вақт боз барномаи телевизионии алоҳида низ пахш мешавад, ки мухлисони зиёде ҳам дорад. Аммо тавре мебинем, вазъ рӯз аз рӯз нигаронкунанда мегардад

24-уми сентябр ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон рафтам. Он ягона хонаи пиронсолон дар Душанбе буда, дар маҳаллаи маъруф ба «8-уми март»-и пойтахт воқеъ аст. Ростӣ, хело буд, ки мехостам он ҷо равам ва аз ҳоли ин пирони рӯзгордида огоҳ шавам. Рафтаму бо руҳи хаста ва пур аз нафрат баргаштам. Нафрат ба он фарзандоне, ки волидайни худро бо дасти худ ба ин муассиса оварда мепартоянд, нафрат ба онҳое, ки чашму дилашон кӯр шудаву падару модари худро дар замони пирӣ хору залил кардаанд, нафрат ба онҳое, ки чашмаи меҳр ва қиблагоҳи худро, ки онҳо бо сад умед ба воя расонидаанд, асои пириашон нагардиданд ва даҳҳо нафрати дигар…

Воқеан, дар муассиса ҳама тозаву озода ва олуфта буд, аз сарулибоси бошандагон сар карда, то ҳуҷраву ошхонаву ҳаммом, ҳама шароит барои зиндагӣ омода аст. Инчунин, телевизиону яхдони замонавӣ, ҳаммомҳои алоҳида дар ҳар як ошёна, ҳаммоми умумӣ, ки бо фаршҳои гарм муҷаҳҳазанд, дар хизмати бошандагон мебошанд. Кормандони марказ низ муносибаташон бо пиронсолон хуб аст. Хусусан роҳбари марказ Муҳаббат Зарипова зани ҳалиму меҳрубон ва кордон аст, ки дар муддати панҷ соли кориаш барои Марказ корҳои ободониву созандагии зиёде кардааст. Зимни боздиди мо низ дар ин муассиса корҳои ободонӣ, аз ҷумла, рангубори деворҳо ва ивази фарши ҳуҷраҳо идома дошт. Хулоса, ҳама шароит баҳри зиндагии шоиста барои бошандагони ин муассиса муҳайё аст.

Вале ягона чизе, ки барои пиронсолон намерасад, ин ҳамон меҳру муҳаббати фарзандон, гӯшаи гарму суҳбати наберагон аст. Аммо ин ҳамаро фарзандон — ҷигаргӯшаҳояшон, ки бо сад орзуву ҳавас бузург карданд, худ нахӯрданду напӯшиданд, аммо онҳоро хӯронданду пӯшониданд, аз онҳо гирифтаанд. Яъне ба ивази хубиҳои волидайн, онҳоро «бо ду дасти адаб» ва бо сад баҳонаи хушку холӣ ба хонаи пиронсолон партофта ва ё аз хона пеш кардаанду онҳо бо кӯмаки нафаре ё ниҳоде ба ин муассиса омадаанд…

Мушкил ҳам ин аст, ки ҳамасола сафи чунин пиронсолон дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттилои директори муассиса М. Зарипова, агар чанд сол пеш қисми зиёди бошандагони марказро мӯйсафедон ё кампирони русзабон, ки замони шӯравӣ ба Тоҷикистон омаданду бо сабабҳои мухталиф аз хонаҳои худ маҳрум монда, дигар ба кишвари худ барнагаштанд, ташкил медод, солҳои охир ҷои онҳоро мӯйсафедони тоҷик пур мекунанд. Тибқи иттилои мавсуф, имрӯзҳо қариб 30-40 фисади бошандагони ин муассисаро пиронсолоне ташкил медиҳанд, ки тоҷиканд, фарзандони худро дар руҳияи одоби шарқиёна ва дар доираи қавонини мусулмонӣ ба воя расонидаанд. Вале фарзандонашон онҳоро дар дами пирӣ баръакси он ки асои пириашон шаванд ба ин муассиса овардаанд. Бадбахтии дигар ин аст, ки ҳатто фарзандони нафарони шинохта ва ё ба қавле зиёӣ дар ин муассиса умр ба сар мебаранд ва ҳатто дар ҳаминҷо вафот мекунанд.

Масъулини Марказ нақл карданд, ки чанде пеш як нафар собиқ наттоқ маҳз дар ин Марказ вафот кард. Номбурда, ки яке аз наттоқони хуби кишвар ба шумор мерафт, соҳиби се духтар буд. Ҳамчунин, як писарро низ дар синни нуҳмоҳагӣ ба фарзандӣ қабул мекунад, то дар дами пирӣ асояш шавад. Ҳатто вақте духтарони “нозгул” ба мушкилии молӣ дучор мешаванд, модар хонаи сеҳуҷраии худро фурӯхта, маблағашро барои эҳтиёҷи духтарон сарф мекунад. Аз маблағи боқимонда барои худ ва писархондаш як хонаи якҳуҷрагӣ гирифта, зиндагӣ мекунад. Аммо фарзандхонд баъди ба Русия рафтан як муддат модарро фаромӯш мекунад. Рӯзе, ки маблағ лозим мешавад, бармегардад ва ба модар пешниҳод мекунад, ки дар Русия оиладор шудаасту хонаро фурӯхта ҳамроҳ ба ин кишвар раванд. Модари аз фиребу найранги писархонд бехабар хонаро мефурӯшад. Писар он маблағҳоро гирифта, ғайб мезанад. Баъди ин модар маҷбур мешавад ба хонаи духтарон равад. Вале дар хона ӯ рӯзи хуш намебинад. Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол, беэҳтиромӣ… Модар дигар тоқат намекунад ва маҷбур аз хона берун мешавад. Чанд рӯз дар истогоҳҳо шабро рӯз менамояд. Рӯзе корманди мақомоти қудратӣ ӯро ба хонаи пиронсолон меорад ва бо ҳамин модар дар ин ҷо зиндагиро ихтиёр мекунад. Ҳарчанд масъулин чанд маротиба духтарони ин модарро даъват намуда, барои ба парастории худ гирифтани ӯ хоҳиш мекунанд, аммо онҳо бо баҳонаи надоштани ҷой, паст будани шароити иқтисодӣ ва садҳо баҳонаи дигар аз парастории модар даст мекашанд. Вале модар бо вуҷуди ин ҳам ҳамеша дар фикру зикри духтарон буд. Ҳатто замоне, ки кормандони муассиса мегӯянд, ки омодаанд духтаронашро барои даст кашидан аз нигоҳубинаш ба ҷавобгарӣ кашанд, модар розӣ нашуда, мегӯяд, ки онҳоро азият надиҳанд, онҳо соҳиби оилаанд, корашон зиёд аст…

Бадбахтона, чанд сол пеш дар моҳи Рамазон модар дунёи фониро тарк мегӯяд. Баъди он ки барои гӯручӯби модар масъулини марказ ҳама чизро омода мекунанд, духтарон худро орову торо намуда, пайдо мешаванд ва мехоҳанд мурдаи ӯро соҳибӣ кунанд. Масъулин ҳам маитро медиҳанд. Вале дигар чӣ суд аст, ки замони зинда будан модар — фариштаро, ки ҷаннат дар зери пояш аст, хору залил намудиву имрӯз акнун мурдаашро суроғ мекунӣ?!

Чунин ҳодисаҳо дар ин марказ зиёд аст. Инҷо ҳар як бошанда як сарнавишти талхе дорад. Ин ҷо ҳар як нафар рӯзгори пур аз фоҷеаву пурҳасратро паси сар кардааст. Ин ҷо ҳар як чашм рӯзу шаб ба дур дӯхта шудааст, ки шояд фарзанди бешараф ба худ меояду ақаллан боре ба дидорбиниаш меояд. Вале ҳайҳот, ки аз ин фарзандони бешарафу бенанг дараке нест.

Қисми бештари бошандагони ин муассисаро мӯйсафедон ташкил медиҳанд. Онҳое, ки бо ҳазорон азобу машаққат, бо дастони пур аз обилаи худ фарзандонро калон намудаанд. Вале имрӯз бар ивази он ки дар назди фарзандону наберагонашон бошанд, дар хонаи пиронсолон ва бо ёду фикри онҳо рӯз мегузаронанд.

Муҳаббат Зарипова бо такя ба собиқаи кориаш сабабҳои аслии ба ин муассиса овардани волидайнро аз ҷониби фарзандон аз дилмондагии фарзандон, ки замоне падарашон онҳоро тарк намуда, зани дигар гирифта ва ё ба хориҷи кишвар рафта, баъди чандин солҳо баргаштааст, ба таври доимӣ кӯч бастани фарзандон ба кишварҳои хориҷӣ ва фаромӯш намудани волидайн, аз надоштани шароити иқтисодӣ ва ноуствуории оилаҳо маънидод намуд. Ӯ ба таври мисол нафареро ёдовар гардид, ки падар бо сад азобу машаққат ду фарзанди худро калон намуда, ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил кард, аммо онҳо баъди хатми донишгоҳ дар ин кишвар монданд ва дигар ёде аз падар намекунанд. Ин ҳодисаҳо воқеан ҳам ҷои ташвиш аст ва оила ва масъулинро мебояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд, то дар оянда сафи чунин нафарон зиёд нагардад. Роҳбари марказ низ инро таъкид намуд ва қайд кард, ки бояд фарзанадонро аз кӯдакӣ дар руҳияи эҳтироми падару модар ва наздикон тарбият намоем, дар боғчаву мактаб ва донишгоҳу донишкадаҳо низ ҳамеша аз эҳтироми волидайн, қадри падару модар, хизматҳои онҳо ёдовар шавем ва нагузорем, ки сафи чунин нафарон дар марказҳо зиёд гардад.

Зимни мушоҳида маълум гардид, ки пирони рӯзгордида дар ин муассиса бо ҳам дурудароз рози дил мекунанд, аз сарнавишти худ ба якдигар қисса мекунанд, гоҳе сахт механданд, гоҳе аз тақдири якдигар талх мегирянд. Гиряе пур аз дард, пур аз ғам ва пур аз талхиҳои зиндагӣ ва ё сарнавишт…

Ҳамчунин, дар тӯли солҳои охир дар ин даргоҳ 4 бошанда ба якдигар хонадор шудаанд. Воқеан ҳам замоне, ки инсон синну солаш ба ҷое мерасад, муҳтоҷи дастгирӣ ва навозишу хушгуфториҳо мегардад. Ва оиладории онҳо имконият медиҳад, ки ба ҳамдигар наздиктар гарданд ва ғамбардору ғамбарори якдигар бошанд…

Ин муассиса аз соли 1992 инҷониб фаъолият дорад. Аз аввал он барои 25 пир ва маъюби бесаробон пешбинӣ гардида буд. Имрӯз он қариб дорои 75 ҷой аст. Ба ғайр аз ин ки дар ин муассиса пирони бесаробон бо ҷои зист таъминанд, ҳамчунин, онҳо ба нафароне низ кӯмак мерасонанд, ки ҷои зист доранд, вале барои хӯрок ва либос имконият надоранд. Онҳо саҳар меоянд, се вақт хӯроки гарм тановул мекунанд, аз хизматрасониҳои марказ, ба мисли хизматрасонии тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона истифода мебаранд ва бегоҳ ба хона бармегарданд.

Хулоса, инҷо ҳама барои хурсандиву зиндагии шоистаи куҳансолон омода аст, вале танҳо меҳру муҳаббати фарзанд ва хандаи наберагон ба онҳо намерасад. Зиндагӣ дар ин марказ бо ҷараёни зебою дилпазир идома дорад. Замоне, ки бармегаштам, кампирони тоҷику рус, ки дар чанд дақиқа ҳамроҳи мо унс гирифта буданд, беихтиёр нидо дармезаданд: «Ҳарчанд ҷигаргӯшаҳоямон моро партофтанд, вале ин ҳамаро дида, дили кас мехоҳад ҳаргиз намирад ва зиндагиро дар ин ҷо идома диҳад»…

Воқеан, ин ҷо як ҳаёти дигар, зиндагии дигар, муҳити дигар аст. Аммо, ҳар касе дар замираш заррае виҷдон ва номус дорад, ҳеҷ гоҳ чунин амали нораво, яъне аз сар соқит карданро ба падару модари хеш раво намебинад. Танҳо онҳое ба ин кор қодиранд, ки аз асли худ дур монда, виҷдону имони худро фаромӯш кардаанд. Чизе дигар аз ин зиёда наметавон гуфт.

 

Мазҳаб ҶУМЪА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here