Рӯзи 1-уми ноябр буд. Ҳаво хело хунук, борон меборид. Субҳи содиқ аз хоб хестаму телефонамро гирифта, ба модарам занг задам ва бо як овози муносиб ба худ модарамро табрик кардаму дар охир чанд шеъреро пайи ҳам такрор хондам. Аз ин табрикоти ман модарам хело хурсанд шуданду овози гиряашон аз он тараф ба гӯшам меомад. Модарам гуфтанд, ки беҳтарин табрикот буд ин табрикоти ман. «Шояд модарам ин суханро барои дилбардории ман гуфта бошанд»,- худ ба худ меандешидам ман. Баъд либосҳои донишгоҳиро ба бар кардаму ба донишгоҳ шитофтам, то ба дарс дер накунам.
Аудиторияи донишгоҳ низ сард буд. Аммо, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дарси аз рӯи ҷадвали дарсӣ мондаи факултетро ба итмом расонидем. Баъди тамом шудани дарс осемасар аз донишгоҳ баромадаму ба сӯи хонаи иҷораамон давидам, то ҳарчи зудтар ба хона равам. Зеро, субҳ ҳангоми бо модарам гап задан гуфта будам, ки ба хона меравам баъди дарс. Худам танҳо не, балки ҳамроҳи ҷиянам (писари тағоям), ки мо бо ҳам дар як ҷо иҷоранишин ҳастем. Зуд табдили либос кардаму ба ҷиянам низ фармон додам, то либосҳояшро пӯшаду якҷоя ба роҳ бароем. Ҳамин тавр низ кардем. Аз рӯи маслиҳати пешакиамон, писари тағоям бояд бо ман мерафт, аммо бо чӣ сабабе аз раъяш гашту ба хонаи худашон рафт.
Чун 1-ум дар рӯзи панҷшанбе рост омада буд, ман бо либосҳои донишгоҳиям ба роҳ баромадам, то аз он тараф омадан дарси донишгоҳро низ зуд дарёб кунам. Дар китф ҷузвдони донишгоҳӣ буд. Аз шиддати борон маҷбур будам дар ҷое истам, ки аз борон тар нашавам. Модарам бошанд, лаҳза ба лаҳза занг мезаданд, то зудтар ба хона равам, аммо таксие набуд, ки барвақттар ба хона равам ва ҳам бояд пуламро аз усто мегирифтам, то роҳкиро шавад. Ӯ бошад, ҳамоно дер мекард. «Ана расидам, мана расидам» гӯён, маро ба интизор шудан водор, аммо ҳамоно дер мекард. Қариб ду соат ӯро интизор шудам. Билохира омад. Сад сомонӣ дод, то роҳкиро кунам. Ман зуд рафта торте харида, таксии ноҳияро ёфтам. Ба хона равон шудам.
Як километр поёнтар аз дӯғфурӯшҳои деҳаи Даҳанакиик роҳе ба сӯйи деҳаи мо ҳаст, ки бояд дарёчаеро убур карда гузарӣ. Дар ҳамон роҳ аз таксӣ поин шудам. Борон чунон меборид, ки гӯё аз сарат бо сатил об рехта истодаанд. Аз роҳи мошингузар ба он тарафи роҳ, ки ба сӯйи деҳ мебурд, гузаштам. Дар ҳамин лаҳза модарам занг заданд. Гӯширо бардоштам. Модарам гуфтанд: «Хоҳарат ҳанӯз наомадааст. Занг зада фаҳм чӣ шуда бошад олимпиадаашон?». Ман хуб гӯён, гӯширо хомӯш кардаму ба занг задан ба устоди хоҳарам пардохтам. Аз суханони устодаш маълум шуд, ки олимпиада ҳанӯз тамом нашуда будааст. Ҳамсояписарамон, ки ӯ низ рафта будааст, ӯро интизор будааст.
Бояд гӯям, ки аз саҳарӣ боз хоҳарам ба олимпиадаи вилоятӣ аз фанни химия ба шаҳри Бохтар рафта буд. Баъд аз суҳбат телефонамро ба ҷайбам гузоштам ва роҳ гирифтам ҷониби хона. Шом шуда буд, ҳаво хело торик, пеши пойро дидан мушкил буд. Торт дар даст, сумкаи донишгоҳӣ дар китф, либосҳои дарсӣ дар тан роҳ мерафтам, то зудтар хона равам. Ба дарёчаи деҳа наздик шудам, нишебии гилолуде буд, аз он поин шудан лозим ва ана баъд ба деҳа роҳ меёфтам. Оҳиста-оҳиста аз он нишебӣ поин мешудам, ки мабодо поям налағжад, то ҳама ҷоям пур аз лой нашавад. Эҳтиёткорона поин мешудам. Аз худам дида бештар нигарони торт будам, ки чизе нашавад, чунки имрӯз ба хурсандии нафаре шарик аст, ки бароям аз ҳама ганҷи дунё азиз аст. Бо мушкилӣ аз нишебӣ поин ва боз аз баландии дигаре боло шудаму ба деҳа роҳ ёфтам. Ҳангоми роҳ рафтан худ бо худ мегуфтам: «О, Парвизи беақл, роҳи дигаре набуд, ки бо он мерафтӣ!? Ин хел азоб ҳам намекашидӣ». Аммо боз мегуфтам, ки «хуб кардӣ бо ин роҳ омадӣ, барвақттар ба хона рафта, апаатро ба хонааш мебарӣ».
Бо чунин сарзанишҳои худ ба хона расидам. Дарро кушода дохил шудам, аммо касе наменамуд. Хонаҳоро як-як хабар гирифтам, апаамро наёфтам. Модарам бошанд, дар ҷавоб ба ман гуфтанд: «Бисёр хоҳиш кардам, ки нарав, дар ин боронӣ бо кӯдакат азоб мекашӣ, аммо «биё мегӯянд, ман бояд равам» гӯён, рафт, ҳатто омадани туро интизор нашуда, ба роҳ баромад». Аз ин рафтори апаам хашмгин шудам. Аммо чӣ кор ҳам карда метавонистам? Ҳеҷ.
Соат ба 19:00 баробар шуд, аммо ҳанӯз аз хоҳарам хабаре набуд. Боз ба он устод занг задам. Аз суханонашон маълум гашт, ки онҳо аллакай дар ноҳия будаанд ва таксӣ онҳоро то қишлоқ меовардааст. Ман бошам, нигарони хоҳарам шуда, аз хона баромадам, то рафта ӯро биёрам. Каме аз хона дур рафта будам, ки хоҳарам, устодашон ва ҳамсояписари ҳансинфаш намоён шуданд. Хоҳарамро дида, хело хурсанд шудам. Бо устод хайрухуш кардему ҷониби хона роҳро идома додем. Дар ҳамин асно ҳамсинфи ҳамсоядухтарамон, апаи он писаре, ки бо хоҳарам аст, занг зад. Бо шарофати ана ҳамин ҳамсоядухтар хоҳари ман ба олимпиадаи вилоятӣ роҳ ёфта буд, чунки ӯ дар бахши маорифи ноҳияамон кор мекард. Ман гуфтам, ки «дар наздикии хонаем, бо хоҳараму додарат рафта истодаем». Ӯ гуфт, ки сари қадам ба хонаи онҳо дароем, албатта бо хоҳарам, то тавонад аз натиҷаи олимпиада аз ҳоҳарам пурсон шавад. Рафтем. Баъд аз салому алайк хоҳарамро пурсупос карду мо ба хонаи худамон баргаштем. Хоҳарам зуд табдили либос карда, ба густурдани дастархон шуруъ намуд. Ман бошам, ба ӯ кӯмак кардам, то зудтар дастархонро оро диҳад. Баъд аз густурдани дастархону оро доданаш, ҳама ба гирди дастархон нишастем (ману хоҳараму модарам, чунки дигар аъзои оилаамон дар муҳоҷиратанд). Хӯрок хӯрдем ва модарамро табрик намудем ба ҷашни мавлудашон. Он рӯз модари ман 45-сола шуда буданд.
— Бо се нафар ҳам ҷашни мавлуд гузаронида мешудааст,- гуфт модарам.
Ман бошам, бо аломати тасдиқ сар ҷунбонидам.
Ин буд рӯзе аз зиндагии ман дар соли 2018, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард.
Парвиз АСАДУЛЛОЕВ