Донишгоҳ макони илму адаб ва сайқал додани донишу малака мебошад. Ҳар як фарди ҷомеа барои идомаи таҳсили худ мехоҳад ба донишгоҳ, донишкада ва ё ҳадди ақал колеҷе дохил шавад, то тавонад дониши худро боз ҳам мукаммалтар намояд. Аммо ба донишгоҳ дохил шудан шарту шароитҳои худро дорад. Масалан, агар хоҳем донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шавем, бояд тариқи имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, ки тӯли якчанд соли охир дар кишварамон роиҷ гаштааст, бали баланд гирему ба он макон дохил гардем.

Дохил шудан тариқи Маркази миллии тестӣ беҳтарину қулайтарин роҳ аст. Вале баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар баъзе ихтисосҳо тасодуфан дохил мегардем. Ин аз сабабе рух медиҳад, ки мо бо айби худ бали гузариши ихтисоси интихоб кардаамонро ба даст оварда наметавонем ва ба ихтисоси пасттар дохил мегардем. Ба донишгоҳ дохил шавем, аз хурсандии зиёд гӯё дар осмони ҳафтум парвоз мекунем. Аммо лаҳзае мефаҳмем на буҷавӣ, балки тариқи шартномавӣ, ҳамон пару боламон дар як лаҳзаяки ночиз мешиканаду аз парвоз бозмемонем. Зеро пеши назарамон дарҳол аз куҷо пайдо кардани маблағи гарону чӣ тавр супоридани он ҷилва менамояд. Охир, мо чӣ гуна метавонем пули шартнома супорем, модоме, ки волидон дар ҷое кор намекунанд ва ё даромади хуб надоранд? Дуруст аст, ки шартномаро мо худ имзо мекунем, худ розигӣ медиҳем. Вале мо дар вақти интихоби ихтисосу роҳи таҳсил онро бо волидон муқоиса намекунем. Ҳамеша мекӯшем, то дар ихтисоси волое таҳсил намоем. Боре андеша наменамоем, ки оё шартномаи таҳсили мо бо маоши падару модарамон мувофиқат мекунад.

Ғайр аз ин, ҳар сол дар донишгоҳҳо нархи шартнома боло меравад. Баъзе шартномаҳо чунон гаронанд, ки дар даҳсол агар пули маоши падарро ҷамъ кунӣ, яксола пули он гуна шартномаҳо намебарояд. Агар фарзанди деҳқони хокпош ҳамон ихтисосро интихоб кунад, вой бар ҳоли ӯ. Агар фарзанди якрав бошад, ё падару модарро маҷбуран дар қарз андохта, пули шартномаро месупорад ва ё аз ихтисосаш даст кашида, тарки ватан намудаву ба муҳоҷирати корӣ меравад. Аммо дар ғарибӣ пул накоридаанд, ки ҷавонон он ҷо рафта, онро даравида гиранд.

Хуллас, аз тамоми ҷавонони кишвар хоҳиш дорам, ки ҳангоми дохил шудан ба макотиби олӣ сари як андешаи аниқ биёянд. Дар боби то чӣ андоза савод доштанашон фикр намоянд. Вазъияти хонаро аз пеши чашм гузаронанд. Ҷайби падару модарро андеша намоянд ва билохира, ихтисосеро интихоб намоянд, ки дар оянда ҷойи кори муайяне дарёфт намуда, онҷо адои вазифа кардаву дастгири волидон гарданд.

 

Парвиз АСАДУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here