(Қиссаи як дӯстам аз шаҳри Панҷакент)

Намедонам ҳаштсола ë даҳсола будам, ки падару модарам пайи ҳам аз дори фонӣ ба абадият сафар карданд. Ман дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондам, зеро ягона фарзанд дар оила будам. Баъди марги эшон борони ғам ба сарам боридан гирифту рӯзи равшан бароям чун шаби ялдо торик шуд. Аз кулбаи вайронаи меросӣ ҳам, ки як вақтҳо мо аз рӯи ноилоҷӣ зиндагӣ мекардем, маҳрум гаштам. Чунки амакҳоям онро «мусодира» карданд.

Аслан, бобову бибӣ ва хешу табори волидайнам аз онҳо, ки ҳамдигарро дӯст дошта оила барпо кардаанд, рӯй гардонида буданд. Ва дар саҳнаҳои душвору пуртазоди зиндагӣ бекас гузоштаанд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, мардум шиками худро базӯр сер мекарданд. Баъзан барои соҳиб шудан ба як пора хлеб рӯйканиву мӯйканиҳо мешуд. Бо вуҷуди шароит надоштан, тағоям Азимбой ба болои ду фарзандаш маро ба тарбияи худ гирифт. Янгаам Гулрухсор, ки ҳеҷ исмаш ба ҷисмаш мувофиқ набуд, аз ҳамон лаҳза тамғаи «ғуломӣ»-ро ба пешониам гузошта буд. Онҳо ҷойи хобамро айвон, ки як қолини аз давраи дақëнус монда дошт, муайян карданд. Дар зимистон бошад, ҷои гармтар аз «кошона»-и чорво дида ҷойи беҳтар ëфт намешуд.

Янгаам доимо чизеро баҳона карда, сари ман дод мезад ва ғут-ғутҳои худро нӯшдору номида буду ман ҳам онро ба таври худ нешдору тафсир мекардам. Ва ë «дарди сар» ном ниҳад, қарзро ба қиëмат намонда, «каждум» меномидам ва ин ташбеҳи худро ҳақ мешуморидам. Ӯ ҳар саҳар барвақт маро барои рӯфтани таги чорво ва ба пода бурдан бедор мекард. Лекин тағобачаҳоям то соати нуҳ маззаи хобро мегирифтанд.

Рӯзе пода баста шуду чаронидани чорво ба зиммаи ману писарони тағоям Далеру Парвиз монд. Мо пуштаву теппаҳои зиëдеро тай карда, гӯсолаҳоро хуб сер кунондем. Вақти баргаштан тағобачаҳоям маро ҳам нештар мезаданд. Шояд бо ин амалашон вақташон чоқ мешуд, ки завқ бурда ба навбат мезаданд. Агар гиря карда, ба тағоям хабар кашиданамро гӯям, аз хонаашон рондан ва ë дар дашти бекас гузошта рафтанашонро гуфта, таҳдид мекарданд. Ба тағоям хабар кашидан аз дусар ба ман нафъ намебахшид. Баръакс, ду шаппотии обдор зада, «хабар накаш, лаънатӣ» мегуфту халос.

Ҳини омадан Далеру Парвиз аз чӯбзаниҳояшон қонеъ нашуда, маро болои гӯсола савор карданд. Ҳарчанд бо тамоми қувват банди онро маҳкам медоштам, ҳаракати афтонидани маро мекард. Дод занам ҳам, касе ба имдодам намерасид. Билохира гӯсола ба санге заду гумбурос ба замин афтид. Дасту поям маиб шуданд. Замин як порча пойи гӯсоларо канда гирифт. Тағобачаҳоям бошанд, шикамашонро дошта механдиданду халос. Фиғонам ба фалак мерасид, аз тарси он ки мабодо зери по накунанд, дарақ-дарақ меларзидам. Тағобачаҳоям баъди хандаи хунуки дурудароз фикри чӣ гуна гуфтани «фоҷиаи дар роҳ рух додаро» мекарданд.

Ниҳоят бо пои ланг ба хона расидам. Янгаам аз воқеа воқиф гашт ва инро аз тағоям пинҳон кард. Лекин, «аз пушти ту нонхӯри дарди сар шудааст» гӯëн, қасди Исро аз Мӯсо гирифта, маро зери шаттаи давомдор қарор дод.

Баъди гузаштани се ҳафта Далеру Парвиз зери чархи мошин монда, ҷон ба ҷонофарин таслим карданд. Янгаам Гулрухсор бошад, аз ғаму ғуссаи зиëд ва ашки беинтиҳо ба бемории фалаҷи пой гирифтор шуд. Ва ман асояш, такягоҳаш дар зиндагӣ гардидам. Ҳамаи озорҳои ӯро аз лавҳи хотир дур кардам. Тағоям баъди ин фоҷиа бе ному нишон ғайб зад. Янгаам аз корҳои кардаи худ пушаймон шуда, ашк мерехту ашк мерехт.

«Шояд сабаби ин балоҳо аз оҳи дили мани ятим бошад»,- фикр мекардам ман. Дар урфият мегӯянд: «Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад».

Бале, имрӯз янгаи оинанамоям муҳтоҷи мани хокистар гардид.

Таснифи Абдуғаффор ШОДИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here