Нақл мекунанд, ки ҷавоне ба албастӣ дучор омада, чи кор карданашро надониста, саросемавор: «Ассалому алайкум»-гуфтааст.

 

Албастӣ ба ӯ чунин ҷавоб додаст: Агар саломат намебуд як луқмаи хомат мекардам!

Аз ин ривоят чунин бармеояд, ки салом дорои қудрати бузург мебошад.

Салом ҳатто дили душманро ҳам мулоим мекардааст. Одамро одоб, рафтори ҳамидаву тавозуъ ва гуфтори нек ҳусн мебахшад. Одоб оинаи ахлоқ ва зуҳуроти ботинии одам аст. Одоб тоҷу хулқу атвори кас буда, ҳар кирдоре, ки сар мезанад, тақозои одоби шахс аст. Маҳфуми одоб ниҳоят васеъ ва чуқур буда, онро ба се фасл ҷудо мекунанд. Салом додан, тарзи муомила ва эҳтиром намудан. Гузаштагони мо боодобу рафтори ҳамидаи худ машҳури дунё буданд ва имрӯзҳо тамоми давлатҳои мутараққии дунё ашъори ахлоқию тарбиявии онҳоро тарҷума намуда, мавриди истифода қарор додаанд. Салом сарчашмаи одоб ба шумор рафта, яке аз вазифаҳои инсон аст. Дар «Футувватномаи султонӣ» омадааст, ки дар ҳафт мавзеъ салом бояд кард.

Аввал, чун бародари мусулмонро бинед, салом бояд кард.

Дуюм, чун дар роҳе равед, ба одамон салом бояд кард.

Сеюм, чун ба дари хонаи бародар равед, салом бояд кард.

Чорум, чун ба назди ҷамоате дароед, салом бояд кард.

Панҷум, чун аз мавзее, ки нишаста бошанд, бархезед ва ҷамъе он ҷо бошад, салом бояд кард, ки инро саломи видоъ мегӯянд.

Шашум, чун ба мақбарае расед, салом бояд кард.

Ҳафтум, чун ба хонаи худ даромад, бар аҳли байти худ салом бояд кард.

Ҳатто ду ҳазор сол пеш ҳиндуёни қадим «Қонунҳои Ману» ном асар эҷод карда, дар он касони аввалиншуда ба калонсолон саломдиҳандаро дорои чор фазилат: дарозумрӣ, донишманд, шуҳратманд ва боқувват маънидод намудаанд. Одоб ширки хурду калонро сарфи назар аз худию бегонагиаш эҳтиром намуда, аввалин шуда, салом додан аст. Бояд, ки савора ба пиёда, соҳибмансаб ба бемансаб ва соҳибунвон ба беунвон аввал шуда салом диҳанд. Ғайр аз ин, мард нахустин шуда ба зан салом диҳад ва то худи зан барои вохурӣ даст дароз накунад, набояд пешдастӣ намояд. Ҳангоми вохӯрдан бо ҳам «Ассалому алейкум» ва «Воалейкумусалом» мегӯем. Маънии ин калимаҳои арабӣ «сулҳ бар шумо» мебошад, «салом» калимаи арабӣ буда, маънои «сулҳ» «амон», «осуда», «сиҳат», «таҳният», «дуруст»-ро дорад.

Агар салом додан суннат бошад, пас ҷавоби салом додан фарз аст. Агар шахсе ба саломи дигарон ҷавоб надиҳад, гунаҳгор мешавад. Дар ин бобат дар сураи «Нисо» ояти 86 чунин омадааст:

«Ҳар гоҳ шуморо дуруде доранд, бо гунаи беҳтар аз он ё ақаллан монанди он ҷавоби салом диҳед»

Ҳикоят мекунанд, ки дар замонҳои қадим арбоби деҳае бо салоботи ба худ хос болои асп дар роҳ мерафт. Писарбачае ҳар гоҳ ба ӯ салом медод, вале шунавад ҳам, ҷавоби саломро намегирифт. Чун ин амал се-чор маротиба такрор ёфт, писарак ҳам аз салом додан ба он шахси мутаккабир «парҳез» намуд. Рӯзе арбоб ӯро аз роҳ бозгардонду гуфт:

Ҳой фалонӣ, чаро бар ман салом намекунӣ

Писарак фаҳмонд:

— Шояд ҳар гоҳе, ки ба шумо салом мегуфтам, ҷавобашро намешунидам, билохира маъюс гардида, такрори ин амаламро лозим надонистам.

— Аҳмақ, — гуфт мансабдор ба хашм омада ва гуфт: — Шояд хар гоҳе ҷавоби саломатро бо тасдиқи дил ё ишораи сар дода бошам? Ту инро пайхас накардӣ- худро сафед карданӣ шуд он мард.

Писарак гуфт:

— Шояд ман ҳам ба дил ё ишораи андаке бар шумо салом гуфта бошам? Чун арбоб ин суханҳо бишнид ва хатои хешро минбаъд ислоҳ намуд.

Мутаассифона, баъзе коркунони идораҳои маъмурию сиёсӣ ба касони ғайри маъмурии худ салом доданро иснод ба шаъни мансаби худ мешуморанд, лекин маҳфуми одоб аз он ташкилотҳое, ки вай кор мекунад, боло буда, аз ин рӯ, риоя кардани он қарзи инсонӣ ҳисоб меёбад. Маънои саломи ҳаррӯзаи мо чунин аст: «Ман мусулмонам, Худои таъоло шуморо саломатӣ ва офият бахшад». Чӣ кадар боодоб будани шахсро аз донистани одоби саломаш мефаҳмед. Салом ба ҳар кас қарзу фарз аст. Салом додан на танҳо қарзи инсонӣ набуда, яке аз шартҳои муҳими дини мубини ислом ба шумор мерасад. Расули Акрам (с) савоби салом доданро чунин баён намудааст:

«Ба шиносу ношинос салом диҳед. Агар касе ба ҷамоат омада «Ассалому алайкум» гӯяд, соҳиби даҳ савоб мешавад. Агар нафаре «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ» гӯяд, соҳиби бист савоб ва агар шахсе «Ассалому алайкум ва баракатуҳу» гӯяд, соҳиби сӣ савоб мешавад.

Мутаассифона, қисме аз ҷавонону духтарони мо одоби саломро вайрон карда, ибораҳои кӯчагиро мисли «Ҷон дастатро парто», «Привет», «Салом гуфтем!», «Эй гаранг салом!» ва ғайраҳоро истифода мебаранд.

Дар кӯчаҳо баъзе ҷавонон кала ба кала монда, монанди «шох задан»-ро мӯд намудаанд. Ин нишонаи бемаданиятии онҳоро собит месозад. Ё байни мардон бусобусӣ, ки амали номатлуб аст, роиҷ шудааст. Духтарон бошад, якдигарро дида, ба ҷои «Ассалому алейкум» гуфтан «Чӣ хелӣ?» гӯён «чалап-чалап» дар байни одамон шарм накарда бӯсобӯсӣ менамоянд. Ин амал ба назокату шарму ҳаёи занони мусулмон хос нест. Баъзе одамон ҳангоми вохӯрӣ нӯги дасташро дода, бо дили нохоҳам салом мекунанд, ин одати хуб нест. Дигар одати номатлубе, ки аксар вақт мо мушоҳида мекунем, баъзе шахсон дар маъракаҳо одамонро болои дастархон маътал намуда, даст дода салом мекунанд. Беҳтараш ҳангоми ворид шудан салом дода, ба ягон ҷои холӣ нишастан лозим аст.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дорои одоби хубу анъанавии муошират мебошад. Махусан тавассути салом инсон маданияту рафтору гуфтор, муоширати худро бозгӯ мекунанд. Мо бояд фарзандони худро аз хурдӣ одоби салом, муоширати байни одамонро биёмузем, то ин ки дар оянда дар дили онҳо меҳру муҳаббат ва дӯстию меҳрубонию хушсуханӣ маскан гирад. Боқӣ саломат бошед!

Рӯзимади ТОҲИР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here