Дар нишасти матбуотӣ Абдуллоев Абдулло — муовини якуми Директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” зикр намуд, ки хона ва мошин молу амволи шахсии шаҳрвандон маҳсуб меёбанд ва суғурташавии онҳо ихтиёрӣ аст.

Ба гуфтаи А. Абдуллоев, суғуртаи молу амволи шаҳрвандон ихтиёрӣ амали карда мешавад. Ба суғуртаи ихтиёрӣ дохил мешаванд: суғуртаи ҳаёт, суғуртаи ҳолатҳои нохуш, беморӣ, тиббӣ, тиббии сайёҳон, молу ашёи шахсони воқеӣ, суғуртаи ҷавобгарии шаҳрвандон, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, мошин ва хонаҳои истиқоматӣ.- Умуман, суғуртаҳои ихтиёрӣ ягон маҳдудият надоранд,- афзуд ӯ.

Муовини аввали Директори генералӣ қайд намуд, ки суғуртаи ҳатмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ба суғуртаи ҳатмӣ аз ҷумла ҳодисаҳои нохуши шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои ба саломатиашон зарардошта фаъолият мебаранд, суғуртаҳои муассисаҳои кишоварзӣ ва сӯхтор дохил мешаванд. “Суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ ҳатмӣ буда, худи мошин ихтиёрӣ аст. Суғуртаи воситаи нақлиёт, ки ҳамчун амволи шахсӣ ҳисоб мешавад, ихтиёрӣ амалӣ карда мешавад. Масъулияти воситаи нақлиёт ҳатмӣ мебошад”,- илова намуд ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моликони мошинҳо назари дигар доранд. Аз нигоҳи Мурод ном ронанда, ки тӯли 10 сол боз дар хатсайри Истаравшан-Хуҷанд ба мусофирбарӣ машғул аст, суғуртакунии мошин аслан лозим нест.

— Дар вақти муоинаи техникӣ мошинамро суғурта кардам. Дар маҷмуъ, ман барои гузаштани муоинаи техникӣ ҳар сол 1150 сомонӣ сарф мекунам ва суғурта ҳам дар ин ҷо дохил мешавад. Ҳамаи ин маблағҳоро ман дар БДА барои гузаштани муоинаи техникӣ хароҷот мекунам. Дар сурати надоштани суғуртаи мошин, аз ҷониби кормандони БДА ба миқдори 80 сомонӣ ҷарима хоҳем шуд. Агар мошин суғурта надошта бошад, аз муоинаи техникӣ намегузарад. Ҳоло оинаи пеши мошинам дар садама шикастааст. Зӯри ронандагон ба ширкатҳои суғурта намерасад. Ронандаҳо баъд аз саргардониҳои зиёд аз баҳри ин маблағ мебароянду дигар муроҷиат намекунад,- афзуд ӯ.

Алишер ном ронандаи дигари хатсайри Истаравшан-Зафаробод, ки аз соли 1995 то инҷониб ронанда мебошад, мегӯяд, суғурта кардани мошин бефоида аст, зеро ягон маблағ намедиҳанд.

— Ба ширкатҳои суғурта эътимод нест. Мо — ронандагонро дар вақти муоинаи техникӣ гузаштан маҷбур мекунанд, ки мошини худро суғурта кунем. Агар мошин суғурта нашуда бошад, муоинаи техникӣ намегузаронанд. Танҳо барои гузаштан аз муоинаи техникӣ ман мошини худро суғурта мекунам. Чанд сол қабл оинаи мошинам шикасту чанд маротиба муроҷиат кардам барои гирифтани маблағи суғурта, аммо ягон дирам надоданд,- изҳор дошт мавсуф.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов дар шарҳи масъалаи мавриди назар гуфт, ки “тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, суғурта ҳатмӣ ва ихтиёрӣ мешавад.

— Муассисаҳои расмии давлатӣ ва ғайридавлатӣ метавонанд тибқи Низомнома, Оиннома ва дигар санадҳои таъсисӣ ба чунин фаъолият машғул шаванд. Шаҳрванд метавонад дар кадом ташкилот суғурта кардани амвол ё дигар ҳолатҳоро бо дарназардошти шартҳои шартнома ва кафолату манфиатҳо, инчунин сифати хизматрасонии онҳо ба таври ихтиёрӣ интихоб кунад. Номгӯи суғуртаи ҳатмиро низ қонунгузор муайян кардааст ва одатан чун қоида дар чунин мавридҳо авлавият ба ташкилоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад. Аммо дар шароити нави муносибатҳои ичтимоию иқтисодӣ тадриҷан ваколатҳои ташкилотҳои ғайридавлатии суғуртавӣ зиёдтар мешаванд. Бинобар ин, баъзан дар муассиса ва идораҳои давлатӣ, дар робита ба суғурта соҳибмулкони амволро водор мекунанд, ки ҷиҳати дастрас намудани санади марбута ба ташкилоти мушаххас муроҷиат кунанд, ки моҳиятан нодуруст аст ва муҳиту шароит ва имкониятҳои ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияташон халалдор менамояд. Чунин ҳолатҳо ангезаҳои мушаххас доранду дар ягон шакли ғайри машруъ дар заминаи манфиатҳои умумии иқтисодӣ бо мақсади гирифтани фоида аз ҳамкории мансабдори сатҳи марбутаи ваколатдори давлатӣ бо ташкилоти суғуртавӣ дарак медиҳанд.

Бидуни шак, ин гуна ҳолатҳо рақобатро дар миёни ташкилотҳои суғуртавӣ камтар карда, ҳақи хизматрасониро низ ба таври сунъӣ баланд намудаву боиси содир шудани ҷиноятҳо мегарданд,- афзуд ҳуқуқшинос.

Рӯзноманигор Шамсулло Фозилов, ки мошини шахсӣ дорад, мегӯяд: “Ҳар як ронанда бояд мошин ва ҳаёти худро суғурта кунад. Ин аз худи ронанда вобаста аст, ки бо чанд сомонӣ мехоҳад мошин ва ҳаёташро суғурта кунад. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки дар сурати рух додани садамаи нақлиётӣ ва зарар дидани инсон ширкати суғуртавӣ маблағи таъмири мошин ва ё ҳаёти инсонро дар доираи меъёрҳои муқарраргардида пардозад”.

Албатта, пардохти маблағ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ширкати суғуртавӣ сурат мегирад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ронандагону нафарони мошину ҳаёташонро суғуртакарда метавонанд бе монеа ва сари вақт маблағашонро аз ширкатҳо дастрас намоянд? Ин суолест, ки аз КВД “Тоҷиксуғурта” шарҳи бештар мехоҳад.

Бояд гуфт, ки имрӯз КВД “Тоҷиксуғурта” дорои 62 филиал ва 6 намояндагӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта, аз он ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст.

Нигора САИДБЕКОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here