Баъди анҷоми дарс ҳамроҳи дӯстонам ба тамошои “Боғи парчам” рафтем. Боғ хеле зебо буду мо низ тӯли ду соат тавонистем аз он дидан карда, сайру фароғат намоем.

Баъди анҷоми фароғат хостем ба хона равем. Наздиктарин истгоҳ бароямон истгоҳи “Иттифоқи нависандагон” буд. Баробари ба он ҷой расидан, анбуҳи зиёди одамонро дидем, ки мунтазири нақлиёт буданд. Аз донишҷӯён дида шумораи хонандагони мактаби миёна зиёд буд. Хонандагони мактаб ба кӯчактарин қоида риоя намекарданд. Ҳамаашон мунтазири нақлиёти хатсайри 18 буданд. Билохира, нақлиёти хатсайри 18 омаду онҳо ба мисли тӯдаи гургон якдигарро тела дода, дашном мекарданд. Ба касе роҳ надода, вориди хатсайр шуданд. Ин ҳам кифоя набуд, ки тирезаҳоро кушода, бо овози баланд нафарони дар берун бударо масхара кардаву механдиданд. Манзара филмҳои мазҳакавиро ба хотир меовард. «Боке нест, инҳо кӯдак ҳастанду ислоҳ мешаванд» мегӯем, аммо ба калонсолон чӣ шудааст? Имрӯз ҳатто ҳангоми ба кор гирифтани ронандагону ёрдамчиёни онҳо фақат дараҷаи касбияташонро ба инобат гирифта, чигунагии муносибату муомилаашонро сарфи назар мекунанд. Имрӯзҳо бархе ҷавонони “сарвайрон” ронандаву “кондуктор” шудаанду дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд. Аз ҳама аҷибаш ин ки, кам касоне пайдо мешаванд, то “пишак”-и ин тоифаро “пишт” гӯянд…

Билохира, баъди интизориҳои тӯлонӣ хатсайри рақами 8-ум омад. Мошин лабрези одам буд. Мо кортҳоямонро ба дастгоҳ наздик кардему вориди нақлиёт шудем. Пас аз мо 3 нафари дигари миёнасол вориди нақлиёт шудан хостанд. Ронанда фикр кард, ки он се нафар корт надоранд. Ба ҷавони дар назди дар буда гуфт, ки «аввал пул медодагиҳояшро гир». Шахсони калонсол дохили автобус шуданд. Кортҳои худро ба дастгоҳ наздик карданд. Садои корти “ройгон” баромад. Ронанда хашмгин шуда, “ройгон будааст, намедаромаданд ҳам мешуд» гуфту роҳро идома дод. Ҳарчанд боиси таассуф бошад ҳам, аксари ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ чунин муносибати дағал доранд.

Аз ҳама таассуфовараш ин ки, бо вуҷуди ин қадар дағалгуфторӣ, боз мо худро “шаҳрӣ”-ву бофарҳанг мешуморем. Ҳарф аз маданияти баланду фарҳанги боло мезанем.

Набояд фаромӯш созем, ки чӣ амале мо содир менамоем, хоҳ хуб асту хоҳ бад, он намунаи ибрати хурдсолон мегардад. Мақоли машҳури халқӣ ҳам ҳаст, ки мегӯянд: “Модар чӣ гуна, духтар намуна”.

Ҷавонон, ки чунин муносибат мекунанд, пас гила аз кӯдакону наврасон чаро?

Миҷгона ШАРИФОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here