Дар давоми фаъолият 9 корманди IRS ҳангоми иҷрои рисолат ба ҳалокат расидаанд

Ногуфта пайдост, ки роҳи Душанбе — Чаноқ бинобар аз минтақаи нисбатан зиёдатар осебпазир аз офатҳои табиӣ гузаштан махсусиятҳои худро дорад. Ҳарчанд дар паҳноиҳо бориши барф охири моҳи январ шуруъ гардид, вале дар масири роҳи мавриди назар аз шашуми октябри соли гузашта оғоз шуда буд.

Месазад аз он ёдовар шавем, ки дар давоми фаъолияти зиёда аз 10-солаи филиали Ширкат 9 корманди он ҳангоми иҷрои рисолат зери тарма монда, ҳалок шуданд. Омили мазкур далели бебаҳси он аст, ки мо ба нигоҳдории роҳ ба ҳеҷ ваҷҳ муносибати дуюмдараҷа надоштему надорем. Чанд рӯз пеш Туғён Умаров — яке аз собиқадрони филиали Ширкат бо техникаи пуриқдтидор зери тарма монд.

Барои «аллома»-ҳое, ки дар утоқҳои гарм, сигор дар лаб ба курсии роҳат такя зада, фаъолияти роҳнигоҳдоронро зери суол бурдан мехостанду мехоҳанд, омори мазкур моҳиятан ғизо аст. Бояд дарк кунанд, ки аксар маврид кормандони филиали Ширкат бо баҳои ҷон роҳ мекушоянд…

Лозим ба ёдоварист, ки 2 рӯзи моҳи январ ва 4 рӯзи моҳи феврал бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама воситаҳои нақлиёт аз километри 47-ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81-уми ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуда буд.

Якуми марти соли равон бинобар зиёд будани тармафароӣ ва афзунии хавфи фаромадни тармаҳои нав ҳаракати ҳама намудаи воситаҳои нақлиёт боздошта шуда, дар давоми ин рӯзҳо аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” зиёда аз 85 тармаи хурду бузург бартараф гардид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар моҳҳои январ — марти соли равон дар ин масир зиёда аз 300 тарма бартараф шуд.

Ба шарофати тадбирандешиҳои бетаъхир нимаи дуюми 3-юми марти соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои мошинҳои ядакдор ва “Фура”-ҳо, бо фосила аз як самт имконпазир гардид. Барои мисол, 3-юми март ҳаракати нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе таъмин шуда, субҳи 4-уми март аз Душанбе ҷониби Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

Бамаврид аст зикр созем, ки замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт аз километри 47-ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81-уми ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Панҷакент ва навоҳии Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ таъмин буд.

Дар мавсими сармои имсола тадбирандешиҳо хеле зиёд буда, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ таъсис ёфта, аъзои он тасмим мегиранд, ки дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ва ё дигар омилҳо, ҳаракати нақлиёт мутаввақиф карда шавад.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи талаботи Фармоиши мавриди назар, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меоранд, дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ (км 95) ва аз км 136 ноҳияи Айнӣ то км 181-уми ноҳияи Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 тонна буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад.

Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ — аз мавзеи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб то деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ ва аз мавзеи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Айнӣ то мавзеи «Охтанги»-и ноҳияи Шаҳристон зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҷорӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба реҷаи болозикр вобаста аз шароити роҳ, дар мувофиқа бо масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки мушкилӣ асосан дар километри 48-82-ум мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин омил, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шуруъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш падидаи маъмул маҳсуб мешавад. То ин замон барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 10 ҳазор метри мукааб маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 85 тонна ангишт ва ба миқдори зарурӣ сарулибоси зимистонаи махусус барои кормандон ва ғайра захира шуда, ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Дар маҷмуъ, дар ҳама қитъаҳои роҳи Душанбе — Чаноқ барф бисёр буда, дар баъзе мавзеъ баландии он ба 2 метр мерасад.

Аз ронандагон даъват ба амал меорем, ки тасмими ширкатро, ки аз Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат маншаъ гирифтааст, дарк кунанд, зеро муваққатан боздоштани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар навбати аввал ба бехатарии шаҳрвандон рабт дорад.

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here