Дар давоми фаъолият 10 корманди “IRS” зимни иҷрои вазифа ба ҳалокат расиданд

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият, барои боз ҳам беҳтар шудани некӯаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисодӣ нақши арзишманд бозид.

Далел меорем: Баробари ба фаъолият оғоз кардани филиали Ширкат рафтуомади мусофирон ва боркашонӣ аз шимол ба ҷануби мамлакат ва баръакс, ҳаматарафа мусоиду осон ва албатта, арзон гардид, ки дар шароити кунунӣ муҳим маҳсуб мешавад.

Далели дигар: Боришоти бесобиқа дар тирамоҳи соли 2016 ва зимистони соли 2017 барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба маънои томаш имтиҳони ҷиддӣ буд, ки бидуни муболиға онҳо ин имтиҳонро сарбаландона гузаштанд. Шоҳиди ҳол будем, ки сарфи назар аз боришоти бошиддат ва тармафароии беист, кормандони он фаъолияти худро шабонарӯз ва ҳатто бо баҳои ҷони худ ба роҳ монда (дар давоми фаъолият 10 корманди IRS ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расиданд), тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин бошаду мусофирону воситаҳои нақлиёти дар банди барф дармонда ба мавзеи бехавф интиқол шаванд.

Сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, роҳбарияти Вазорати нақлиёт эътироф менамоянд, ки ҳолати роҳи Душанбе — Чаноқ, ки дар мувозинаи ин ширкат қарор дорад, нисбат ба дигар роҳҳо хеле беҳтар аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки пойгоҳи техникии филиали Ширкат дар кишвар беназир буда, аз 210 техника ва механизмҳои махсусгардонидашуда таркиб ёфтааст.

Дар самти таъмир ва таҷдиди роҳи Душанбе — Чанок низ IRS хеле фаъол буда, бунёди 3 корхонаи истеҳсоли асфалт ва корхонаҳои коркарди масолеҳи сохтмонии бахши роҳу нақлиёт далели ин гуфтаҳост. Мунтазам ривоҷ гирифтани таъмиру таҷдид далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти IRS маҳсуб мешавад. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Хуб дар хотир дорем, ки дар гузаштаи на чандон дур ин роҳи аҳамияти стратегидошта дар ҳолати ногувор қарор дошт. Фаромӯш накардаем, ки пештар барои то нуктаи ниҳоии ин масир рафтан 13 соат вақт лозим буд. Ҳоло бошад, дар 4 — 5 соат ин масофаро тай кардан имконпазир гардидааст.

Бояд эътироф намоем, ки имрӯз бо шарофати фаъолияти пурмаҳсули ширкат чунин хароҷот ва хатарҳо бартараф шуда, бо меҳнати шабонарӯзии кормандонаш роҳи мазкур, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ умуман баста нест.

Бинобар ин, таҷрибаи ширкати IRS-ро вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр дар як нишасти хабарӣ намунаи беҳтарин арзёбӣ намуда, минҷумла гуфта буд, ки “Шумо шоҳид шудед, ки роҳи пулакии Душане — Хуҷанд аз лиҳози аҳамияти иқтисодӣ худро ба таври мусбат нишон дод. Агар ин роҳ пулакӣ намешуд, дар барф ва тармафуроии охир Вазорати нақлиёт бо маблағҳои ҷудошуда, аз уҳдаи ба истифода додани роҳ баромаданаш амри маҳол буд”.

Ба ин суханон чизе илова карданро ҷоиз намедонем…

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Иннговейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here