Чанде аз поси шаб гузаштааст. Рӯзона майли чизе навиштан надоштам. Шаб. Ҳама ҷо ором. Одатан дар хобгоҳ  ғалоғулаи донишҷӯён то дергоҳ идома мекунад. Ман низ мунтазири ҳамон оромӣ будаму инак, он лаҳзаи хомӯшӣ фаро расид.

Ҳуҷрае, ки барои дарсомодакунии 20-25 нафар донишҷӯ бунёд шудааст, чароғакаш фурӯзон. Ман бошам, қалам ба нуқтае, жарф менигарам. Як соли пурра мешавад, ки барои омӯхтани пешаи журналистӣ талош меварзам. Имшаб авроқи хотироти хешро варақгардон карданиам. Ростӣ, бори аввал ба таври ҷиддӣ ба худ суол медиҳам, ки барои чӣ пешаи журналистӣ ё рӯзноманигорӣ интихоб намудам? Магар кору пешаҳои аз ин бештар набуд? Чаро ман ҳуқуқшинос, духтур, инжинер ё муаллим нашудам?

Як танафуси кӯтоҳ мекунам. Қаламро як сӯ гузошта, даст ба сӯйи пиёла мебарам. Чойи дохили он хунук шудааст. Боке надорад. Як-ду қулт менӯшам, пас ба кори худ идома медиҳам.

Ёди даврони кӯдакӣ мекунам. Мехоҳам аз хотироти кӯдакӣ чизеро барои худ бознигарӣ кунам. Хурд будам. Чандсолагиям дақиқан дар хотирам нест. Ҳафт ва ё ҳаштсола будам, ки дар ниҳодам орзуи журналист шудан пайдо шуд. Шахсе, ки мудом дар ҷустуҷӯ ва кашфи навгониҳост. Аз чизе ҳарос надорад. Аз монеаҳо наметарсад. Ба таъбири халқ, шахси “берӯ” аст. Барои ифшои чизи нав ва кашфи чизи нав аз ҳама роҳу усул истифода мебарад. Баъзан барои пайдо кардани маълумот ва хуб қарин гардидан бо ҳамсуҳбаташ, ба ӯ низ дурӯғ мегӯяд. Чусту чолок аст. Ҷузвдон дар китф, болопӯши беостине, ки кисаҳои зиёд дорад, дар тан. Дар дасташ қаламу қоғаз, дар ҷайбаш диктофон. Суратгирак дар гарданаш овезон. Тасвири як журналист аз диди кӯдаконаи ман ҳамин гуна буд. Ҳарчанд аз хотироти 10-12 сол қабл ёдовар мешавам, вале ҳанӯз ҳам тасаввурам дар ин бобат дигаргун нашудааст.

Оҳиста-оҳиста чун бузург мешудам, меҳри пеша дар вуҷуди ман зиёдтар мегардид. Кам-кам машқи шеър мекардам ва дар ин замина як чиз-як чиз аз хотироти хеш рӯйи қоғаз меовардам. Навиштаҳоям аз зиндагии ҳаррӯза буд. Бо ҳидояти устодон онро дар газетаҳои бачагона нашр мекардам. Дар ин миён боре орзуи табиб шуданро низ доштам. Вале он ҳавасе беш набуд. Боре дар як озмуни вилоятии “Эҷодкори навраси беҳтарин” иштирок доштам ва нигоштаҳои шогирдонаи хешро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод кардам. Хушбахтона ё бадбахтона, аз озмун афтидам. Лекин чун ба ҳакамон ҷиҳти маро ба озмун роҳ надоданашон эътироз нишон додам, як бону, ки худро сармуҳаррир муаррифӣ  карда буд, дар ҷавоб гуфт: “Ҷомеа бе рақобат пеш намеравад. Маводи ту бад набуд, аммо озмун — озмун аст. Нафаре бояд ғолиб ояд, вале ту ба ин чиз руҳафтода нашавӣ. Истеъдоди нигорандагӣ дар ту кам-кам ҳаст, туро мебояд, ки онро сайқал диҳӣ. Умед мебандам, ки дар оянда чун журналисти воқеӣ ба воя расӣ”.

Вале ин шикасти ман ибтидои муваффақиятҳои ман буд гӯям, хато нахоҳам кард. Баъд аз он ҳамвора ҷадал меварзидам, то чизи беҳтаре рӯйи қоғаз орам. Меҳр ба пешаи журналистӣ водорам кард, ки ҳуҷҷатҳоямро ба риштаи журналистии ДМТ супорам. Ҳаёт бароям собит кард, ки чун талош варзӣ, подоши хубе ба даст меорӣ. Мисли оне, ки донаро киштиву хуб меҳнат кардӣ, ҳосили хуб ба бор меорад. Алъон дар соли дуюми ҳамин ришта таҳсил дорам ва боз фаротар ба дунёи журналисӣ ворид мешавам. Аммо аз худ нохушояндам, ки то ҳанӯз натавонистам дар баробари эҷод намудан, навиштаҳоямро тавассути матбуот ба аудитория пешниҳод намоям. Албатта, ин шояд аз камҳавсалагиам бошад, вале дар идома ҷаҳд мекунам, то андозае навиштаҳоямро пешниҳоди аудитория намоям. Пайваста мехоҳам дар такопӯ бошам ва чизи наверо ба омма ба пешниҳод созам. Зеро муҳаққиқ И. Усмонов қайд кардаанд, ки “Журналистика институти иҷтимоиест, ки вазифааш ҷамъоварӣ, таҳқиқ, коркард ва ба омма пешкаш кардани иттилоот аст”.

Аслан, журналист бо сухан сарукор дорад. Талоши ман низ ҳамвора барои хубу боварибахш таҳия намудани иттилоот барои омма аст. Чун мегӯянд, журналист бояд дарди ҷомеаро гӯяд, ҳарфе рӯйи авроқ орад, ки дархӯри ҷомеа бошад. Вале дар зиндагӣ ҳеҷ коре нест, ки осон бошад. Махсусан кори эҷод пастиву баландиҳои зиёд дорад. Чун моҳ хоҳиши дурахшидан намоӣ, баъзан абрпораҳо пеши роҳатро мегиранд. Роҳи эҷоду эҷодкор ҳам ҳамин гуна аст. Дар роҳи ба ҳадаф ноил гардидан, дарҳол муваффақият насиби шахс нахоҳад шуд.

Хулоса, рӯз аз рӯз меҳрам нисбат ба журналистика афзун мегардад. Мехоҳам ҳар рӯз чизи наве нависам, ки дардхӯри ҷомеа бошад. Бурду бохти ҷомеаро баҳри худи ҷомеа пешниҳод намоям. Аз монеаҳо наҳаросида, танҳо баҳри музаффарият талош бояд кард.

Агар гӯйӣ, ки битвонӣ, қадам барнеҳ, ки битвонӣ,

Агар гӯйӣ, ки натвонӣ, бирав биншин, ки натвонӣ.

Маҳкам МАҲКАМЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here