Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26.01.2021 сармашқи кори худ намуда, тамоми нақша — чорабиниҳои таъсисдодаи худро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ба нақша мегирад.
Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун соли 2020 фаъолияти худро дар доираи амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси шаҳри Роғун марбут ба соҳаи маориф ва дар ҳамин замина рушд додани соҳаи иҷтимоию иқтисодии соҳаи маориф ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, 12 Шӯрои шуъбаи маориф барои ҳалли 84 масъала оид ба таълиму тарбия, 25 маҷлиси назди мудири шуъбаи маориф оид ба ҳалли 167 масъалаҳои ҷорию назоратӣ доир карда шудааст. 105 аризаи шаҳрвандон оид ба таълим, таҳсил, кор ва беҳбудии шароити таълиму тарбия баррасӣ гардидаанд.
Бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати давлат ва ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз он ҷумла 1 мактаб-интернат, дар маҷмуъ 42 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 10075 нафар хонанда, аз он ҷумла 4787 нафар духтар фаъолият намудаанд. Шумораи омӯзгорон 609 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки 270 нафарашон занҳо мебошанд.
Айни ҳол бо маълумоти олии омӯзгорӣ 324 нафар (занҳо 131 нафар), бо маълумоти олии ғайрипедагогӣ 75 нафар (занҳо 20 нафар), бо маълумоти олии нопурра 27 нафар (занҳо 12 нафар), бо маълумоти миёнаи касбӣ 74 нафар (занҳо 51 нафар), бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ 76 нафар (занҳо 35 нафар), бо маълумоти миёнаи умумӣ 33 нафар (занҳо 18 нафар) ба кор ҷалб карда шудаанд.
Ҳамчунин, 1 Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон бо фарогирии 402 нафар кӯдакону наврасон, 2 Боғчаи бачагона бо фарогирии 295 нафар кӯдак, 1 Хонаи бачаҳо бо ҷалби 31 нафар кӯдак, 1 Мактаби бачагонаи мусиқӣ бо фарогирии 106 нафар наврасон, 1 Гуруҳи мақсадноки тиббии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби 60 нафар донишҷӯ, 1 Коллеҷи муҳандисию техникӣ бо ҷалби 340 нафар донишҷӯ фаъолият намудаанд.
Дар МТМУ №1, 2, 3, 4, 17, 28 бо мақсади омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ-риёзӣ синфҳои 10-11 ба равияҳои таълимӣ ҷудо карда шудаанд.
Шуъбаи маориф бо мақсади тарғиби донишҳои назариявӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ва тақвияти кӯшиши онҳо ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилу беҳдошти маҳфилҳо, инкишофи майлу хоҳиши онҳо ба кори эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти мактаббачагони лаёқатманд ва инкишоф додани нерӯи ақлии онҳо, ҳамкорӣ, ташкили алоқаи дутарафаи мактаббачагони шаҳри Роғун соли таҳсили 2019-2020 ба даври минтақавии Олимпиадаи мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ 60 нафар хонандагони синфҳои 9-10 ва 30 нафар хонандагони синфҳои 11-ро сафарбар кардааст. Дар натиҷаи даври минтақавӣ 4 нафар хонанда — 1 нафар ҷои якум, 2 нафар ҷои дуюм ва 1 нафар ҷои сеюмро соҳиб гардидаанд. Аз ҳисоби хонандагони синфи 11-ум 10 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.
Соли таҳсили 2020-2021 дар даври шаҳрии озмуни мазкур 374 нафар хонанда иштирок намудаанд, ки нисбати соли таҳсили гузашта 104 нафар хонанда зиёд иштирок намуда, ба 99 нафари онҳо ба даври минтақавӣ роҳхат дода шудааст.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар даври ҷамоатию шаҳрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуда, 27.04.2020 ҷамъбаст карда шудааст. Дар натиҷаи даври дуюм 4 нафар тарбиятгирандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 46 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ ва 9 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври шаҳрии озмун, ки 11-уми сентябри соли 2020 доир гардид, 76 нафар хонандагону омӯзгорон иштирок намудаанд, ки аз онҳо 2 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 нафар омӯзгорон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври минтақавӣ 12 нафар хонанда иштирок намуда, муассисаҳои таълимии шаҳри Роғунро муаррифӣ намудаанд. Аз онҳо 2 нафар — Ширинзода Сафия — хонандаи синфи 8-и МТМУ №3 аз рӯи номинатсияи адабиёти бачагона ва Низомова Санавбар — хонандаи синфи 10-и МТМУ №2 аз рӯи номинатсияи шоирӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифтаанд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон — ватани азизи ман» Шарипов Муин — хонандаи синфи 11-и МТМУ №1 сазовори ҷои чорум ва туҳфаи пулии 20 000 сомонӣ гардидааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ва низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020» ва «Мураббияи соли Тоҷикистон-2020» шуъбаи маориф озмунҳои мазкурро дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ва шаҳр доир намуда, иштироки фаъолонаи ғолибони озмунро дар даври минтақавӣ таъмин намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсадноки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои соли 2020-ум 86 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.
Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2020, №1189 «Оид ба гузаронидани семинарҳои омӯзишии 5-рӯза (марҳилаи 1) дар мавзӯи «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим барои омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ» рӯзҳои 25-30-юми марти соли 2020 ва аз 7 то 12.08.2020 (марҳилаи 2) дар муассисаҳои таълимии №2 ва №3 курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, дар онҳо 219 нафар омӯзгорони фанҳои таърих, ҳуқуқ, маърифати оиладорӣ, суруд ва мусиқӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ ва дигар фанҳо ҷалб карда шудаанд.
Бо мақсади бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ таъмин будани муассисаҳои таълимӣ, бартараф сохтани норасоиҳои китобҳои дарсӣ аз фанҳои мушаххас соли 2020 аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ миқдори 18389 нусха китобҳои дарсӣ, 1093 дастурҳои методии «Роҳнамои фанҳои таълимӣ», дафтари синфӣ (журнал), 6500 адад рӯзномаи талабагӣ оварда ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст. Аз ҳисоби гардиши маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 245 505 сомонӣ гузаронида шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №31 ва №7 ба маблағи 32400 сомонӣ мизу курсӣ ва ҷевон харидорӣ карда шудааст.
Бо мақсади дар соли таҳсили 2020-2021 таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ бо корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Фариза и КОМ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба миқдори 3280 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ ба маблағи 57600 сомонӣ шартнома баста шуда, айни замон миқдори 3280 ҷуфт либос дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст.
Аз тарафи Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии шуъбаи маориф озмуни «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» гузаронида шудааст, ки дар он 15 муассисаи таълимӣ иштирок намуда, муассисаи таълимии №3 ғолиби озмун дониста шудааст. Дар ҳамин давра аз тарафи маркази мазкур курси «Малакаҳои асосии истифодаи компютер» бо омӯзгорони фанҳои таълимӣ ташкил кардаву гузаронида шудааст, ки 215 нафар омӯзгорон иштирок намудаанд. 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз аттестатсия ва 3 муассисаи таълимии дигар аз аккредитатсия гузаронида шудаанд.
Дар натиҷаи дуруст бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмонидани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф аз 547 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 354 нафар тариқи низоми нави марказонидаи имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супоридаанд.
Нисбати қабули довталабон тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар 20 ҷои муқарраргардида 20 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ сазовори номи донишҷӯ гардида, нақша 100 % иҷро гардидааст.
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» бо ташаббуси раиси шаҳри Роғун аз тарафи ташкилоту муассисаҳо 24 адад компютер ба муассисаҳои таълимӣ ворид карда шуда, нақшаи компютеркунонии соли 2020 пурра иҷро гардидааст. Дар ҳамин самт аз 5 тахтаи электронии ба нақша гирифташуда 2-тояш харидорӣ гардидааст.
Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» аз 8 кабинети дар нақша буда 7 кабинети методӣ таҷҳизонида шудааст.
Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар назди муассисаҳои таълимии №1, №2 ва муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту» бо ҷалби 46 нафар кӯдакони синни томактабӣ маркази инкишофи кӯдакон кушода шудааст.
Тибқи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Точикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун 48 маҷлиси падару модарон ва 24 вохӯрӣ гузаронида шудааст. Нисбати 45 нафар шаҳрванд барои вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои маъмурӣ андешида шудааст. Аз он ҷумла, мутобиқи моддаи 190-и Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 16 нафар ҷазои маъмурии огоҳӣ ва нисбати 26 нафар ҷазои ҷаримабандӣ ба маблағи 4350 сомонӣ тадбиқ карда шудааст.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз санаи 27-уми апрели соли 2020 то 16-уми августи соли 2020 ба таътили тобистона ҷавоб дода шудаанд. Синфи 9-умро734 нафар ва синфи 11-ро 547 нафар хонанда хатм намудаанд.
Дар давраи омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2020-2021 бо мақсади бартараф намудани камбуди ҷои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ сохтмони 3 синфхонаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Қади Об барои 120 нафар хонанда дар ду баст ба маблағи 130000 сомонӣ тариқи ҳашар (саҳмгузории сокинони маҳалла) роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, сохтмони 1 иншооти дуошёна дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Ковокдара тариқи ҳашар (саҳмгузории сокинони маҳалла, соҳибкорон), дар ошёнаи1-ум 1 анбор, 1 ҳуҷраи таомхӯрии кӯдакон ва 1 ҳуҷраи ҷои хоби омӯзгорон тахминан ба маблағи 20 000 сомонӣ роҳандозӣ шудааст. Сохтмони ошёнаи 2-юм барои 3 синфхона барои 45 нафар хонанда пешбинӣ гардида, соли 2021 сохта ба истифода дода мешавад. Ба ҳамин муассиса аз тарафи шуъбаи маориф барои таҷҳизонидани ошхона ба миқдори 16 курсӣ ва 5 миз кумак расонида шудааст. Дар МТМУ №30 ду ҳуҷраи хоб барои омӯзгорон ба тариқи ҳашар сохта шудааст.
Муассисаҳои таълимии №29, №30 тавассути кандани чоҳи амудӣ ва муассисаи таълимии №5 тавассути кашонидани қубурҳои пластиқӣ бо оби ошомиданӣ таъмин карда шудаанд.
Дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Адиб» дар маркази шаҳри Роғун ярмаркаи фурӯши китобҳои бадеӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин самт муассисаҳои таълимӣ аз нашриёти мазкур ба маблағи 63 ҳазор сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ намудаанд.
Баҳри баланд бардоштани сифати фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ» дар байни хонандагони синфҳои 5-6 ва 7-8 олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология ва география гузаронида шудааст. Шумораи иштирокчиёни олимпиада аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дӯстдорони фанҳои дақиқ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз зиёд гашта истодаанд. Дар олимпиадаи мазкур аз 22 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр 212 нафар хонандагон иштирок намуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар даври минтақавии озмун роҳхат гирифтаанд.
Мувофиқи нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 365 рӯзи фаъолияти самаранок дар ҳамаи самтҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Роғун рӯзи 19-уми феврали соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори беҳтарини фанни математика» гузаронида шудааст. Дар озмуни мазкур аз 12 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр омӯзгорони беҳтарини фанни математика иштирок намудаанд. Баъди иҷрои шартҳои озмуни мазкур омӯзгори фанни математикаи МТМУ №2-и шаҳри Роғун Солеҳова Мунира бо гирифтани холҳои бештари ҳакамон соҳиби ҷойи ифтихории озмун гардидааст.
Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун бо мақсад пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (СОVID-19) фаъолияти муассисаҳои таълимиро соли таҳсили 2020-2021 тибқи «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Роғун муҳтарам Юнусӣ Муҳайё Хурсанд, «Президенти мамлакат зимни вохӯриву суханрониҳои хеш мудом таъкид менамоянд, ки «фарзандони мо бояд илму дониш омӯзанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, чунки зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии зиёд дорад». Барои ҳамин, шуъбаи маорифи шаҳри Роғун минбаъд низ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад, то дар соли 2021 шароити таълиму тарбияро беҳтар намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати он ба комёбиҳо ноил гардад».
МТЖТ