Таваҷҷуҳ ва рушд додани соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Бешак чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд: “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Табаров Ҳасан Солеҳович иброз дошт: “Бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо- аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Ҳасан Табаров дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти худро дар давоми соли 2020 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Нишондиҳандаҳои оморӣ

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А. Ҷомӣ якҷоя бо роҳбарони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ дар давоми соли таҳсили гузашта, тибқи нақшаи корӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонид. Ба ин мақсад дар давоми соли сипаришуда 10 ҷаласаи шӯрои шуъбаи маориф, 6 семинари амалии роҳбарон гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои вобаста ба омӯзиш, амалишавии Барномаҳои давлатӣ ва мушкилотҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Айни замон дар ноҳия 63 муассисаи таҳсилотӣ умумӣ, 1 литсей, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия ва 6 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд.

Шумораи омӯзгорон дар соли таҳсили 2020 — 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2161 нафар буда, аз онҳо 990 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ба 43007 нафар хонандагон дарси адаб меомӯзанд.

Маркази инкишофи кӯдакон

Қобили тазаккур аст, ки айни ҳол дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №157 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бо дар назардошти имкониятҳои мавҷуда дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумии №3,13,15,16,20,21,27,29,55 ва 62 аз ҳисоби  «Ассотсиатсияи волидайн»  дар 10 гуруҳ Маркази инкишофи кӯдакон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Вале ин тадбир ҳанӯз нокифоя буда, мудирони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо «Ассотсиатсияи волидайн» ва Кумитаи падару модарон дар муассисаҳои боқимонда низ Маркази инкишофи кӯдаконро таъсис дода, теъдоди зиёдтари кӯдакони то синни мактабиро ба таълиму тарбия фаро гиранд.

Таваҷҷуҳ ба занони роҳбар

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи маорифи ноҳия ба нақш, эътибор ва мартабаву мавқеи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст. Натиҷатан ҳоло дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳа 64 нафар занҳо кору фаъолият доранд.

Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки ҷалби духтарон дар соли  таҳсили 2019-2020 дар зинаи сеюми таҳсилоти баъди хатми синфи 9-ум хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз ҳисоби духтарони хатмкарда 62 нафар ба омӯзишгоҳҳои тиббӣ, ҳунарию дӯзандагӣ ва дигар курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ҷалб гардиданд.

Натиҷаи мушоҳида ва санҷишҳои назоратӣ нишон дод, ки вазъ ва сифати таълиму тарбияи шогирдон, рафти иҷрои қарору фармоишҳо, назорати дохили мактабӣ, ҳуҷҷатдорӣ, назорати ҳаракати хонандагон, амалӣ намудани санаду ҳуҷҷатҳои меъёрии гузаштан ба усулҳои муосири таълим ва ислоҳоти соҳаи маориф дар Литсейи ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти умумии №1, 2, 3,4, 6, 11, 20,  23, 32, 33,34,35,36, 39,57 ва  62  қаноатбахш ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин радиф дар асоси нақша аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимии  №11,16,40 ва Кӯдакистони №5 гузаронида шуда, фаъолияти онҳо мусбат арзёбӣ гардид ва ба муҳлати 5 соли минбаъда иҷозатнома гирифтанд.

Сифати таҳсилот ва сатҳи дониш

Фаъолияти гуруҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон дар ноҳия ба ҳисоби миёна 3,6 бал ва дараҷаи азхудкунии дониши хонандагон 74%-ро ташкил намуд, ки дар сатҳи миёна қарор дорад.

Тибқи Низомномаи амалкунандаи квотаи Президентӣ 168 нафар довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даври ноҳиявӣ ширкат варзиданд, ки 78 нафарашон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Мутаносибан ба ҳар ҷой то 5 нафар беҳтаринҳо барои суҳбат ба комиссияи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Аз миёни онҳо 20 нафар (10 нафар писар ва 10 нафар духтар) ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ гузашта, соҳиби номи донишҷӯӣ шуданд. Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2019-2020 аз 2506 нафар хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ 1700 нафар аз қайд гузаштанд, ки 1107 нафар довталабон ба муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ дохил шуда, феълан таҳсилро давом дода истодаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки сатҳи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони соҳаи омӯзгорӣ нисбат ба солҳои пешин хуб шуда истодааст. Соли 2020 33 нафар мутахассисони ҷавон бо маълумоти олии омӯзгорӣ ва 14 нафар бо маълумоти миёнаи касбии омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия фиристонида шуда, дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим

Бояд қайд кард, ки тибқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ба Ваколати мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гузошта шудааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи нақшаи бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар мувофиқашуда, 327 нафар омӯзгорони фанҳои таълимӣ, 41 нафар кадрҳои роҳбарикунанда ихтисосҳои худро такмил доданд.

Дар асоси Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои таълимӣ таҷдиди назар шуда, дар асоси таълими салоҳиятнокӣ барнома ва китобҳои дарсӣ дастраси  хонандагон гардонида шуд. Бо ин мақсад аз 25 то 30 марти  соли  2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар мавзӯи “Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим барои омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ” гузаронида  шуд. Дар семинари омӯзишӣ дар маҷмуъ 88 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисоси таълими салоҳиятнокӣ гузаштанд.

Қобили тазаккур аст, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо китобҳои таълимии тозанашр сол ба сол муътадил гашта истодааст. Дар ҳамин ҳол, танҳо китобҳои воридшуда дар соли 2020 75 612 ададро ташкил дода, аз ин ҳисоб 970 000 сомонӣ ба хазина супорида шудааст.

Ҷилои истеъдодҳо

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар соли таҳсили 2019-2020 озмуну олимпиадаҳоро дар сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ қаноатбахш ҷамъбаст намуд. Дар ҷамъбасти олимпиадаи вилоятӣ хонандагони болаёқати ноҳия аз синфи 9-ум сазовори 1-ҷойи якум, 3-ҷойи дуюм, 2-ҷойи сеюм ва 2-ҷойи ифтихорӣ, аз синфи 10-ум 1-ҷойи якум, 4-ҷойи  дуюм, 2-ҷойи сеюм ва синфҳои 11-ум 7 нафар хонандагон сазовори  ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи  ноҳия аз 26.10.2020, №38/1 аз 3 то 9 ноябри соли 2020 даври ноҳиявии  олимпиадаи фанни мактаббачагон дар маркази ноҳия гузаронида шуд. 320 нафар беҳтаринҳо аз фанҳои таълимӣ ба даври вилояти роҳхат  гирифтанд. Боиси хушҳолист, ки маорифчиён, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар соли 2020 кӯшиш ба харҷ додаанд, то дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ — сиёсӣ, озмуну мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзанд. Натиҷа ин шуд, ки онҳо дар миқёси вилоят фаъолияти нисбати солҳои пешин хуби муассисаҳои таълимиро муаррифӣ намуданд.

Соли дуюм аст, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронда мешавад. Бо ин мақсад санаи 25 апрели соли 2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд. Дар озмун 7 нафар мураббӣ, 18 нафар омӯзгор ва 178 нафар хонандагон аз рӯи 5 номинатсия маҳорати худро нишон доданд. Аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир Мӯсоева Г.-мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №4, номинатсияи адабиёти бачагона Девхолова Ҳ. — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №2 ва Кассирова Д. — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №5 ғолиб дониста шуданд.

Аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ бошад, Хокироева Х.- омӯзгори МТМУ №62, адабиёти муосир Камолиддинова Р.- омӯзгори МТМУ №7, Одинаева Н.- омӯзгори МТМУ №1, Боронов М.- омӯзгори МТМУ №62, Тӯхтаева Д.- омӯзгори МТМУ №2, ҳамчунин, аз номинатсияи адабиёти бачагона Камолова Г.- омӯзгори МТМУ №62, Усмонова С.- омӯзгори МТМУ №4, аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон Назаров З.- омӯзгори Литсейи №1 ва аз номинатсияи шоирӣ Қараева Ш., Шарифова Ш. ва Ҳасанова Н.- омӯзгорони МТМУ №55 фаъолияти густурда доштанд.

Дар маҷмуъ, аз рӯи панҷ номинатсия 178 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баромад намуда, аз байни эшон 45 нафар ғолиб дониста шуданд.

Боиси сарафрозии аҳли маорифи ноҳия мебошад, ки аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир омӯзгори МТМУ №1 Одинаева Нилуфар дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.

Сатҳи таъминот бо компютер

Баҳри баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили тирамоҳӣ 935 нафар омӯзгор курсҳои омӯзиши истифодаи технологияи нави муосирро гузаштанд.

Феълан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1341 адад компютер,  337 адад принтер ва таҷҳизоти нусхабардорӣ, 50 адад синфхонаи компютерӣ, 89 адад генераторҳои барқӣ ва 179 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд мебошанд. Иҷроиши барнома 89%-фоизро ташкил медиҳад.

Аммо боиси нигаронист, ки танҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо шабакаи Интернет пайваст мебошад. Шояд сабаб ҳамин бошад, ки сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз фанни  технологияи  иттилоотӣ  ба  талабот ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, бо назардошти маҳдуд будани имкониятҳои молиявии ноҳия барномаҳои давлатӣ дар ин самт иҷро нагардида истодаанд. Умед ҳаст, дар солҳои минбаъда ин мушкилот ба нақша гирифта мешаванду иҷроишашон таъмин мегарданд.

Вазъи таъмир ва таъминот

Дар баробари ин, тайи солҳои 2018-2020 аз ҳисоби Кумитаи падару модарон, сокинони маҳал ва дастгирии буҷети маҳаллӣ 36 адад синфхонаи иловагӣ бо 900 ҷойи нишасти хонандагон сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои таълимии №25 аз ҳисоби БМИМТ барои 240 ҷойи нишаст дар соли таҳсили нав мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло бошад, дар назди 6 муасисаи таҳсилоти умумӣ сохтмони 16 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 400 хонанда идома дорад.

Қобили тазаккур аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи падару модарон ва АВО таъмири бино, дару тирезаҳо, таъмини муассисаҳо бо ангишт ва ҳезум чораҳои мушаххас андешида шуда, то имрӯз муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия бо  520 метри кубӣ ҳезум, 892 адад печкаҳои оҳанӣ, 2562 адад лӯлаҳои дудбаро ва 95 адад гармкунакҳои барқӣ таъмин шудаанд.

Умед ба фардои нек

Албатта, қайд кардан ба маврид аст, ки бо вуҷуди чораҳои зиёди андешидашуда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия сифати дониши хонандагон ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй набуда, ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти роҳбарони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳбудии ҷиддиро металабад. Вале мудири тозатаъйини Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Табаров Ҳ. С. бар ин итминон аст, ки: “Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад. Барои рсидан ба ин ҳадафи созанда бояд кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, коллективҳои омӯзгорӣ, кумитаи падару модарон, АВО ва умуман аҳли ҷомеа ба масъалаҳои шароити таълиму тарбияи хонандагон диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон тадбирҳои таъҷилӣ андешанд, — зикр мекунад номбурда ва ҳамзамон меафзояд: — Бешак, рисолати мо — кормандони соҳаи маориф дар оянда низ тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here