Баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон то рӯзи якуми ноябри соли равон 1 ҳазору 691 нафар ба озодӣ баромаданд.

Файзалӣ Расулов — яке аз авфшудагон аз муассисаи ислоҳии Ят 9/7-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Бохтар, ки тибқи моддаи 244, қисми 3 ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, аз имзо шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” изҳори хушҳолӣ кард.

— Ман тайи 9 моҳи охир дар маҳбас будам. Ба Президенти кишвар барои авфи гуноҳам раҳмат мегӯям ва чун дигар маҳбусони озодшуда дар ҳақаш дуо хоҳам кард. Ба ҷавонон муроҷиат карда, мехоҳам бигӯям, ки даст ба ҷиноят назананд ва ба қадри озодӣ бирасанд,- гуфт Ф. Расулов.

Шаъмигул Расулова, ки ба пешвози додари авфшудааш омада буд, гуфт: “Додари ман аз ҷинояти содиркардааш сахт пушаймон шуда буд. Мо умед дорем, ки ӯ дигар кори хато нахоҳад кард. Аз Роҳбари давлат миннадорем, ки бори дигар ба ҷавонони роҳгумзада авфро раво дид”.

Анзурат Албова — модари ҷавони дигаре аз шаҳри Бохтар, ки барои бурдани фарзанди ҷавонаш ба муассисаи ислоҳии шаҳри Бохтар омада буд, гуфт: “Писарам чор сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, аммо бо татбиқи Қонуни авф пас аз як солу се моҳ ба озодӣ баромад”.

Ин модар дар суҳбат бо ашк изҳор дошт, ки фарзанди 18-солааш Худобахши Ғоибназар бо модаи 244 ҷазо гирифта буд ва минбаъд чунон амалро такрор нахоҳад кард.

Ибронҷон Қаҳоров, ки соли 2002 ба муҳлати 19 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, гуфт: “Ҷазои ман ду маротиба дар авфҳои пешина кам гашт ва имрӯз хушбахтона бо ғамхории Президенти кишвар, ки “Қонуни авф”-ро ба имзо расониданд, ба озодӣ баромадам. Дигар ҳеҷ гоҳ ҷиноят нахоҳам кард. Зеро, зиёда аз 17 соли ҳаёти ман паси панҷара гузашт”.

Ба ин монанд даҳҳо маҳбусони дигари озодшуда аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ карда, модарни худро, ки ба пешвози онҳо омада буданд, ба оғӯш гирифтаву ашк мерехтанд.

Давлат Тағоев — ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон гуфт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаи ислоҳии низомаш умумии ноҳияи Ёвон 793 маҳкумшуда озод карда шудаанд. Аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак бошад, 171 нафар озод гардидаанд.

— Аз муассисаи ислоҳии Ят 9/7-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Бохтар бошад, 30 нафар маҳбус озод шуданд. Аз ин 18 нафар аз боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО), 5 нафар аз маҳкама, 7 нафар аз хоҷагии ёрирасон мебошанд, ки дар байни онҳо ду ноболиғ, як зан ва як марди куҳансоли аз 77-сола боло ҳастанд,- илова кард Д. Тағоев.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки аз муассисаи ислоҳии сукунатии шаҳраки Ғароутии ноҳияи Дӯстӣ 697 маҳбус озод шуданд ва ҳоло озодшавии маҳбусони дигар дар доираи Қонуни авф аз муассисаҳои ислоҳии вилоят идома дорад.

— Дар умум, баъди ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” то санаи болозикр аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон 1 ҳазору 691 нафар ба озодӣ баромаданд,- гуфт Д. Тағоев.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни авф, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуд, дар маҷмуъ нисбат ба беш аз 20 ҳазор шахси ҷиноятсодиркарда татбиқ мешавад. Соҳибназарон ин қонунро як ҳуҷҷати гуманистӣ унвон карда, мегӯянд, ки он метавонад ашхоси роҳгумзадаи зиёдеро ба ҳаёти осоишта баргардонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here