Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Коллеҷ, фармону супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва тандурустӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти № 148 ба Муассисаи таълимии давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» табдили ном карда, айни ҳол бо ҳамин ном фаъолият дорад.
Феълан коллеҷ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори тиббӣ- профилактикӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори табобатӣ» ва «Кори дандонсозӣ» кормандони миёнаи тиббиро омода менамояд.
Усули идоракунӣ
Идоракунии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» мутобиқи қонунгузории ҶТ ва Оиннома, қонунҳои амалкунанда оид ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шуда, он аз тарафи Шӯрои омӯзгорӣ амалӣ мегардад, ки роҳбарии онро директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» ба уҳда дорад.
Айни ҳол дар базаи асосии таълимии коллеҷ 25 синфхонаи таълимӣ ва 18 кабинетҳои фаннӣ, ки аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо ҳамаи таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд, ду кабинети фаннии компютерӣ бо компютерҳои муосир таъмин буда, 1 китобхона бо қироатхонааш барои 60 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 60 ҷои нишаст фаъолият менамояд.
Фаъолияти омӯзгорону кормандони «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» баҳри амалӣ гардонидани талаботҳои асосии «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ равона карда шудааст.
Дар коллеҷ раванди таълим бо тарзи машғулияти назариявӣ, лексионӣ- семинарӣ ва амалӣ, дар охири нимсолаҳо таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии малакаву маҳоратомӯзии касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ мақсаду мароми асосии фаъолияти «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» мебошад.
Дар «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» бо мақсади дуруст ташкил намудан ва ба роҳ мондани ҷараёни таълим, назорати давомот ва сифати таълим шуъбаҳои таълимӣ, бахши идоракунии сифати таҳсилот фаъолият мекунанд.
Дар ҷодаи таълиму тарбияи кадрҳои тиббӣ Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом дар давоми соли 2018 корҳои назаррасро ба сомон расонидааст. Дар давраи соли сипаригашта иҷрои дастуру тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12. соли 2018, «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, назорати доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши муҳассилин дар маркази таваҷҷуҳи маъмурият ва кулли омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» қарор дорад.
Таъминоти кадрӣ
Омӯзгорони асосии фаъолият дошта истода дар оғози соли таҳсили 2018-2019 69 нафар буда, 58 нафарашон занҳо мебошанд. Аз омӯзгорони асосӣ 1 нафар соҳиби унвони илмӣ буда ( номзади илми химия), 2 нафар унвонҷӯ ҳастанд. 56 нафар омӯзгорон дорои маълумоти олӣ, 13 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд.
92 нафар кормандони тиб дар беморхонаи марказии шаҳрӣ, беморхонаи бачагонаи шаҳр, марказҳои саломатии шаҳрӣ ва деҳавии «Пӯлотон», «Зарбед», «Қуруқ» ҳамчун омӯзгорони ҳамкор фаъолият доранд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» 11 нафар ба ҳайси занҳои роҳбарикунанда фаъолият бурда истодаанд.
Теъдоди донишҷӯён
Дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» аз рӯи панҷ ихтисос 1109 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора дар гуруҳҳои буҷавӣ 494 нафар, дар гуруҳҳои шартномавӣ 615 нафар мебошанд. Аз ин ҷумла, 1040 нафар духтарон, 69 нафар писарон мебошанд.
Фаъолияти китобхона
Китобхона дорои 2 ҳуҷра барои нигоҳ доштани китобҳои таълимӣ, бадеӣ ва маҷаллаю матбуоти даврӣ буда, инчунин қироатхона барои 60 ҷои нишаст истифода бурда мешавад.
Дар китобхона 4297 адад китоб мавҷуд буда, аз он китобҳои дарсӣ дар соҳаи тиб 2813 адад, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ 1437 адад, китобҳои бадеӣ 985, аз ҷумла 499 адабиётҳои методӣ (тоҷикӣ 1437 адад, ба забони русӣ 552) ададро ташкил медиҳад. Аз китобхона 780 нафар донишҷӯён ва 65 нафар омӯзгорони асосӣ мунтазам истифода мебаранд. Гардиши китоб ба ҳисоби миёна дар як ҳафта 130-160 ададро ташкил медиҳад ва дар як моҳ беш аз 720 адад мебошад.
Барои беҳтар гардонидани фаъолияти корӣ ва барои истифодабарии донишҷӯён ва омӯзгорон дар китобхонаи коллеҷ 5 адад компютерҳои ба шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ-Интернет пайваст карда шудааст ва омӯзгорону донишҷӯён иттилооту маводи заруриро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Ҷиҳати самаранок истифода бурдани китобҳо, мутолиаи онҳо барои омӯзгорон ва донишҷӯён дар қироатхонаи коллеҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда шуда, нисбати солҳои пешин фаъолияти китобхона боз ҳам вусъат ёфтааст.
Маъмурияти коллеҷ бо китобхонаи Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом, Коллеҷи омӯзгории ш. Конибодом, китобхонаи марказии шаҳр ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ робита дорад, байни китобхонаҳои зикршуда шартнома баста шуда, барои дарёфт намудани баъзе адабиётҳои иловагӣ донишҷӯён ба китобхонаҳои номбаршуда фиристода мешаванд.
Корҳои таълимӣ
Раванди таълим аз рӯи ҷадвалҳои машғулияти назариявӣ, лексионӣ ва амалие, ки қисми таълимӣ ва қисми таҷрибаомӯзӣ барои нимсолаи II соли таҳсили 2018-2019 тартиб додааст ва cанаи 31.01.соли 2018 аз тарафи директор тасдиқ гардидааст, ҷараён дорад. Барои амалӣ гардонидани нақша ва барномаҳои таълимӣ дар коллеҷ 4 кафедраи фаннӣ фаъолият намуда истодааст.
Нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯӣ ва барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, мувофиқи нақшақои таълимӣ тартиб дода шудааст ва дастраси ҳамаи омӯзгорон мебошад. Дар кафедраҳо вобаста ба нақшаҳои корӣ дар самти таълим машваратҳо гузаронида шуда, пешрафт ва давомоти донишҷӯён, комёбиҳо ва камбудиҳо баррасӣ гардида вазифаҳои ҷорӣ муайян шуда истодааст.
Баҳри бо муваффақият ташкил намудан ва гузаронидани сессияи аттестатсионии зимистона аз тарафи роҳбарият вазифагузорӣ карда шуд, ки мудирони шуъбаҳо, масъулин аз болои санҷишот ва аттестатсия назорати қатъӣ бурда шаффофият ва натиҷаҳои воқеиро таъмин намоянд.
Равиши машғулиятҳои назариявӣ, лексионӣ ва амалӣ, давомот ва пешрафти таҳсили донишҷӯён, дар маҷмуъ фаъолияти кулли омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» дар ҷаласаи назоратии ҳафтаина, Шӯрои омӯзгорон мунтазам муҳокима карда шуда пешравӣ дар кор, камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ ва баҳогузорӣ гардида вазифаҳои ҷорӣ гузошта шудааст.
Корҳои тарбиявӣ
Корҳои тарбиявии таълимгоҳ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 3.03.соли 2006 таҳти № 94 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Роҳбарони гуруҳҳо аз рӯи ҷадвал дарсҳои тарбиявӣ гузаронида, мувофиқи нақшаҳои тарбиявии худ бо масъалаҳои мухталифи асосӣ дар мавзуъҳои хештаншиносию худогоҳии миллӣ, ахлоқию маънавӣ, ҳуқуқию ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, пешгирии бемориҳои сирояткунанда, оқибатҳои амалҳои ғайриқонунӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, тарзи либоспӯшӣ, интизому давомот, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни таҳсил дар таълимгоҳ ва зарари он, дигар масъалаҳои муфидро, ки ба ҳаёти имрӯзаи ҷавонон хос мебошад, ба ҳисоб гирифта, дар дарсҳояшон мунтазам баррасӣ менамоянд. Инчунин навигариҳои сиёсӣ, рӯзҳои таърихӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимиятҳои давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом мунтазам омӯхта шуда истодааст.
Доир ба гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба омӯзиш ва ба амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санаи 26.12. соли 2018 дар толори коллеҷ тамошои оммавии пахши мустақим бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон барпо гардид.
Ҳамчунин, дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ, соатҳои тарбиявӣ, рӯзҳои ягонаи сиёсӣ аз рӯи мавзуъҳои «Волоияти қонун — кафили пешравии ҷомеа», «Пешгирии ҳодиса ва ҷиноятҳои номатлуби доғи рӯз», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масоил пайваста баромаду суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 8/25 оид ба тарзи ҳаёти солим, тарбияи ахлоқии донишҷӯён ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ аз рӯи нақша корҳо рафта истодааст. Ҷадвали махсуси баромади омӯзгорон аз рӯи масъалаҳои мубрами рӯз тартиб дода шудааст, ки аз рӯи он омӯзгорони ботаҷриба доир ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷӯён ба варзиш, пешгирии рафтори номатлуб, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тадбирҳо зидди паҳншавии ақидаҳои динию экстремистӣ дар байни донишҷӯён, эҳтироми либоси миллӣ, роҳ надодан ба ақидаҳои ифротгароӣ, ки ба зеҳни донишҷӯён таъсири манфӣ мерасонад, вохӯрӣ ва баромадҳо ташкил мегарданд.
Аз ҷониби Иттифоқи касабаи коллеҷ ба донишҷӯёни эҳтиёҷманд ғамхории доимӣ зоҳир гардида, ба онҳо ёрии моддӣ расонида мешавад.
Дар фурсатҳои мувофиқ ба нақшаи кории беруназсинфӣ баҳри баланд бардоштани маданияту ҷаҳонбинии донишҷӯён, огоҳ будан ва аз наздик шинос гардидан бо таърихи кишвари азиз сайру саёҳат ба ҷойҳои таърихии шаҳри Конибодом ва вилояти Суғд, ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии омӯзгорони фанни таърих ташкил мегардад.
Корҳои методӣ
Баҳри амалӣ намудани нақшаи корҳои методӣ Шӯрои методӣ фаъолият менамояд. Аз ҷониби услубшиноси коллеҷ Арипова Дилором Абдуҳамидовна нақшаи корӣ тартиб дода шуда корбарӣ мувофиқи он ба роҳ монда шудааст.
Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом” ҳуҷраи методӣ мавҷуд аст, ки он мувофиқи талаботи педагогӣ бо маводҳои таълимӣ — методӣ, гӯшаи таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, дастурҳои методӣ, мақола ва маводи таълимии аз тарафи омӯзгорон таҳия гардида, намунаҳои аёнии дарсҳои назариявӣ ва амалиявӣ, тартиби гузаронидани корҳои хаттии хатмӣ, услубҳои дидактика, педагогикаи илмӣ, дар бораи вазифаҳои асосии омӯзгорон, услубҳои таълими муосир, барномаҳои миллии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи давлатӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва ва дигар маводҳо ҷиҳозонида шудааст.
Ҳар як кафедра оид ба амалӣ гардонидани барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзӣ фаъолият бурда истодааст. Ин ҷо гузаронидани дарсҳои кушод, мониторинги сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёнро қайд намудан лозим аст, ки дар муҳлати муайян иҷро шуда истодаанд. Оид ба санҷидани сатҳу сифати дониши донишҷӯён доимо мониторинги донишазхудкунӣ гузаронида шуда, натиҷааш дар Шӯрои методӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Мувофиқи нақша дар кафедраҳо омода намудани дастурамалҳои методӣ тартиб дода шуда, омӯзгорон аз рӯи фанҳои худ ва мавзуъҳои гуногун маводи худро пешниҳод менамоянд. Ҳар як омӯзгор аз таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дастовардҳои навин истифода бурда, аз болои такмили ихтисоси худ кӯшиши худро ба харҷ дода истодаанд. Дар ин замина аз тарафи омӯзгорони коллеҷ Нуриён Амирҷон Рӯзихонзода ва Ҷӯраева Фарида Муродовна китоби таълимии «Сотсиология» бо қарори шӯрои омӯзгорӣ ба чоп тавсия гардида, ба Шӯрои табъу нашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, дастурамал ва роҳнамои таълимӣ аз ҷониби омӯзгори фанни «Забони хориҷӣ» Тоҷибоева Мижгона Акбаровна таҳия ва чоп гардида, он ҳам ба Шӯрои табъу нашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Назорати дохилӣ
Баҳри хушсифат гузаронидани дарсҳо ва риояи талаботҳо дар “Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом” назорати доимӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷониби назоратчии сатҳу сифати таълим дар базаи асосии коллеҷ Нуралиева Н.Д., назоратчӣ дар базаҳои таълимии воқеъ дар муассисаҳои тандурустии шаҳр Низомидинов М.Н. нақшаҳои корӣ тартиб дода шудааст ва ҷиҳати бурдани назорати доимӣ аз болои фаъолияти омӯзгорон дар раванди машғулият, иштироки донишҷӯён дар машғулият ва сифати донишомӯзии онҳо, мувофиқати низоми либоспӯшӣ, фаъолияти онҳо дар машғулияти амалиявӣ бурда мешавад. Инчунин нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯӣ, нақшаҳои дарсӣ, маводи дарсҳо мувофиқи мавзуъҳо, тарзи навиштаҷот дар нақшаҳо мавриди тафтиш қарор дода шуда маслиҳатҳои методӣ ба омӯзгорон дода мешавад. Ҳар ҳафта оид ба корҳои гузаронидашуда аз ҷониби масъулин ҳисоботи ҳафтаина ба маъмурияти Коллеҷ пешниҳод карда мешавад. Дар ин ҷаласаҳо дастовардҳо, камбудиҳои ҷойдошта муҳокима гардида, дар назди муовинон, мудирони шуъбаҳо, назоратчиҳо ва дигар масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта мешавад.
Назорати дохилии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи маъмурият қарор дошта, барои муайян намудани таҷрибаи пешқадам, ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави корӣ, таълиму тарбия, расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон ва мутахассисони ҷавон, барои беҳтар намудан ва фароҳам овардани заминаҳои моддӣ — техникии коллеҷ корҳои молиявию таъминоти пурраи кадрӣ равона карда шудааст.
Корҳои ободонӣ
МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» фармону дастур ва ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода, нақшаи кории комплексиро ба роҳ монда, дар самти ободкорӣ ва созандагӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, заминҳои корами дохили коллеҷ нарм карда шуда дар дохил ва беруни коллеҷ, саҳни ҳавлии хобгоҳ дар маҷмуъ 100 бех ниҳоли гул ва буттаҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.
Барои ободонии коллеҷ ва базаҳои таълимӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҳудудҳои таълимгоҳ ҳар ҳафта рӯзи шанбе гузаронидани рӯзҳои санитарӣ ба ҳукми анъана даромада, тамоми ҳудуди коллеҷ, синфхонаҳои таълимӣ тоза карда шуда, партовҳо саривақт бароварда шуда истодааст.
Ҳамзамон, ҷавобан ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мутобиқсозӣ ба Стандарти давлатӣ дар омодасозии мутахассисон ва фароҳам овардани шароитҳои муфиди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, ташкил намудани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар мувофиқа бо менеҷери сохтори госпитали шаҳри Конибодом ва розигии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дуюм ва сеюми шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳр ба тавозуни Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом гузаронида шуда, биноҳои мазкур баъди пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шудан, рӯзи 12 декабри соли 2018 ба истифода дода шуд, ки умед аст, ташкили маҷмӯи таълимии нави ба истифода додашуда баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тадрис саҳмгузор хоҳад буд.
Барои омода намудани донишҷӯён ба ҳаёти оиладорӣ ва омӯзонидани маҳорати рӯзгордории онҳо дар муассиса маҳфили «Лаззатфизо» фаъолият дорад, ки бо ташаббус ва хоҳиши донишҷӯёни гуруҳҳо пухтани нон, хӯрокҳои гуногун, хӯришҳо ба роҳ монда шудааст.
Маъмурият, кулли омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ, гузаронидани корҳои таъмир ва тармим нақша дорад, мувофиқи вазифа ва супоришҳои муайян корҳои ободониро боз ҳам вусъат бахшад.
“МТЖТ”